Олимони соҳибихтисос ва даъваткунанда
بسم الله الرحمن الرحيم
Олимони тахассусӣ (мутахассис) бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дар Уммат нақши бузург доранд, хоҳ фақиҳ, бошанду хоҳ муфассир, хоҳ аҳли ҳадис (муҳаддис), забоншинос, таърихшинос ва хоҳ дигарон.
Аллоҳи Таъоло дар Каломи Худ онҳоро алоҳида таъкид кардааст:
إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ
«Аз бандагони Аллоҳ олимон худотарс ҳастанд.» (35:28).
Онҳо меъёрҳои дини исломро, ки мардум ба он ниёз доранд, равшан мекунанд ва тафсири нодурусти Исломро пешгирӣ мекунанд. Онҳо бо шарқшиносон, ки воқеаҳои таърихиро ба таври худ нақл мекунанд, муқобил мебароянд; воқеаҳоро аз нуқтаи назари дурусти исломӣ таҳлил мекунанд.
Дар ин ҷо олимоне дар назар дошта шудааст, ки мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи худ ҳастанд, на олимони дарбори ҳокимон ва на олимоне, ки бо ҳавои нафс кор мекунанд.
وَأُوحِيَ إِلَيَّ هَذَا الْقُرْآنُ لأُنذِرَكُم بِهِ وَمَن بَلَغَ
«Ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шумо ва касонеро, ки (ин паём) ба онҳо мерасад, бим диҳам.» (6:19).
Яъне огоҳ кардани касе, ки ба ӯ ин ваҳй расидааст. Ин ҳушдорест барои шумо, эй мардум ва барои касоне, ки даъват мекунед, яъне ин даъват ба онҳо гуфта шудааст, зеро шояд онҳо аз даъваткунандагон, беҳтар дарк кунанд. Дар ин бора Паёмбар (с.а.в.) фармудаанд:
نَضَّرَ اللَّهُ امْرَأً سَمِعَ مَقَالَتِي فَبَلَّغَهَا، فَرُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ غَيْرِ فَقِيهٍ، وَرُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ إِلَى مَنْ هُوَ أَفْقَهُ مِنْهُ
«Худованд касеро, ки чизе аз мо мешунавад ва ончунон, ки шунидааст, бирасонад, хушнуд гардонад, зеро мумкин аст, ки касе, чизи ба ӯ расонидашударо беҳтар аз касе, ки онро мешунавад, биомӯзад» (Тирмизӣ).
Ва сухани Худованди мутаъол:
وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ
“Ва бояд аз байни шумо гурӯҳе бошад, ки ба некӣ даъват кунад” – яъне ба Ислом.
Ва сухани Худованди мутаъол:
وَمَنْ أَحْسَنُ قَوْلاً مِمَّنْ دَعَا إِلَى اللهِ وَعَمِلَ صَالِحاً وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ الْمُسْلِمِينَ
Кист хушгуфтортар аз он ки ба сӯйи Аллоҳ таоло даъват кунад ва ба шоистагӣ амал менамояд ва мегӯяд: «Таслим [-и амрҳои Илоҳӣ] ҳастам»? (41:33) – яъне ба дини худ даъват мекунад.
Даъват кардан ба афрод, гурӯҳҳо, аҳзоб ва давлат фарз аст, ки вазифаи худро дар даъват бо роҳи ҷиҳод анҷом медиҳанд, зеро Паёмбари Худо (с.а.в.) дар ин бора фармудаанд:
أُمِرْتُ أَنْ أُقَاتِلَ النَّاسَ حَتَّى يَقُولُوا لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ
«Ба ман амр шуд, ки бо ин мардум биҷангам, то онҳо нагӯянд: «Нест маъбуде ба ҷуз Аллоҳ.» (Бухорӣ, Муслим).
Даъват кори бузург ва бардавом аст, бисёриҳо дар ин бора бепарво ҳастанд ва маҳз ба воситаи даъват Ислом дар Уммат зинда мешавад ва бо даъват он дубора тавлид мешавад.
Саҳобаҳое, ки Исломро бардоштанд ва онро амалӣ карданд, дар миёни онҳо донишмандон набуданд, бештари онҳо даъваткунанда буданд. Мавзӯъ на дар бораи олимони соҳибихтисос, ё аниқтараш олимони махсус, балки дар бораи даъваткунандагон аст, ки ҳам олимон ва ҳам одамони дигар шуда метавонанд. Эҳёи уммат ба ҳузури донишмандон, низомиён ва раҳбарон вобаста нест, балки ба теъдоди зиёди даъваткунандагоне, ки дар даруни Уммат ҳастанд, вобаста аст.
Барқарор намудани тарзи ҳаёти Исломӣ, ҳукмронӣ бо нозилкардаи Аллоҳ ва ҷиҳод дар роҳи Худо амалҳоест, ки пеш аз анҷом додани он, дар давоми он ва баъд аз барпои он ба даъваткунанда ниёз доранд; ба олимони махсус, чанговарони тачрибанок ва ё рохбарони баландихтисос ҳамеша эҳтиёҷ ҳаст.
Даъватгарон сиёсатмадорони ҷиддие ҳастанд, ки ба як роҳбарии самимӣ ва бошуур пайравӣ мекунанд, дар дохили Уммат ҳамроҳи Уммат кор мекунанд, бори онро бар дӯш мегиранд, дар бораи имрӯзу фардои Уммат ғамхорӣ мекунанд ва дар ғамхорӣ дар тамоми корҳои он мувофиқи дастури Исломи бузурги фарогир ва илоҳӣ, ки ақида ва низом ҳам дар фикрат ва ҳам дар тариқат дорад, амал мекунанд. Ҳамаи ин танҳо бо роҳи барпо намудани Давлати Исломӣ — Хилофат ба даст оварда хоҳад шуд.
Маънои ин он аст, ки хоҳ олимон бошанду хоҳ дигарон бояд даъвати Исломро бардоранд ва онро ба ӯҳдаи худ гирад. Олимон, агар ҳомили даъват бошанд, аз лағзиш ва қаҷрафтор шудан наметарсанд, зеро онҳо сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд, аммо агар дар сафи даъватчиён набошанд ва бо он саргарм нашаванд, лағжида, гум шуда, ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд, инчунин метавонанд фармону қонунҳои бардурӯғ бароранд. Барои исботи ин як мисоли равшанкунанда меорем. Сухан дар бораи муаррихи муосир Роғиби Ас-Сирҷонӣ, дурусттараш, дар бораи тафсири воқеияти таърихии марбут ба бархӯрди сиёсиву низомии байни давлати Усмонӣ ва давлати Мамлук, инчунин шикаст ва суқути он меравад.
Ас-Сирҷонӣ давлати Усмониро як таҷовузкор тавсиф карда, ҷанги ӯ бо мамлукҳоро хатои ҷиддӣ мешуморад. Ӯ мегӯяд: «Усмониён, ки дар он замон ба он Султон Салими I сарварӣ мекард, бояд яке аз чаҳор самти сиёсати худро интихоб мекарданд — якум: ҳалли масъалаи давлати Сафавиён; дуюм: тайёрӣ дидан ба мукобили давлатхои бузурге, ки дар Аврупои Ғарбӣ ба вучуд омадаанд, монанди Испания, Португалия ва Австрия; сеюм: барои боздоштани рыцарҳои ордени Юҳанно (воқеъ дар Родос); ва чорум: ғамхорӣ дар бораи шароити дохилии давлат.
Вай дар идома менависад: «Аз Салим I интизорӣ буд, ки як ё чанде аз ин самтҳоро интихоб мекунад, вале ӯ ҳар чаҳорро рад кард ва тасмим гирифт, ки бидуни ягон далели асоснок ва қонунӣ ба давлати мусулмонии мамлукҳо ҳамла кунад, то онро ба салтанати худ дохил намояд. Ин як саркашии бузург ва зишти сиёсати усмонӣ ва хиракунонии назари солим аст. Ҳамаи ин аз он сабаб рӯй дод, ки Султон I мехост роҳбар ва ҳукмрони Макка, Мадина ва Байтулмуқаддас бошад, ҳатто агар бар болои харобазорҳои мусулмонони ҳарду ҷониб бошад ҳам.”
Аз сабаби он, ки Роғиби ас-Сирҷонӣ бори даъватро бар дӯш надорад, ӯ мафҳуми ваҳдати Уммат дар атрофи як пешво ва як халифаро дарк намекунад, инчунин васвасаи мафҳуми давлати миллӣ ӯро дар тафсири воқеоти таърихӣ мутаассир ва ғаразнок кардааст, ки ин дар воқеъ аз ҳақиқат дур аст. Ҷавоби дуруст ба гуфтаҳои ӯ аз дидгоҳи фикри поки исломӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳомили даъват ва аз дидгоҳи омадани Ислом ба сари қудрат ва татбиқи амалии он бо нуқтаҳои зерин ифода меёбад:
1 — Он чи Сулаймони I бо муттаҳид кардани Миср, Шом, Анадолу ва Фракия анҷом дод, кори бузург ва интихоби муҳимтар аз чаҳор самте, ки Ас-Сирҷонӣ зикр кардааст, зеро ин масъала марбут ба зарурати муттаҳидсозии мусалмонон дар як давлати пурқувват аст. То мусалмононро пароканда ва заиф вонагузорад.
2 — Ба давлати ягонаи Хилофат табдил додани ин сарзамини паҳновари исломӣ, интиқоли халифаи расмии Аббосиён аз Қоҳира ба Истанбул ва савганди байъати ӯ ба Салими I ба унвони халифаи мусалмонон як кори бузургу хайр аст. Ҳамин тариқ, Салими I даврони Хилофати воқеиро баргардонд, ки дар он худи халифа пас аз он ки танҳо як лӯхтак дар дасти мамлукҳо монда буд, дубора ба ҳукмронӣ шурӯъ кард.
3 — Дар мавриди чанд равиши сиёсате, ки Ас-Сирҷонӣ зикр кард ва гуфт, ки Салими I ҳеҷ яке аз инҳоро интихоб накардааст, дуруст нест, зеро собит шуд, ки Салими I давлати Сафавиҳоро шикаст дод ва пойтахти онҳоро ишғол кард ва ин кор аз тарафи давлати мамлукиҳо анҷом нашудааст. Ӯ ба минтақаҳои шарқии Аврупо ҳамла кард ва роҳи писараш Сулаймонро кушод, то ба Аврупои марказӣ ҳуҷум карда, Вена — пойтахти Австрияро муҳосира кунад.
Селим I, баъд аз ӯ писараш бо флоти испанӣ ва португалӣ задухӯрд карданд ва ин корро низ мамлукҳо низ анҷом надоданд.
Салими I баъди ӯ писараш бо роҳзанҳои салибӣ меҷангиданд ва баҳри Миёназаминро аз тасарруфи онҳо пок карданд, ки ҳамлаҳои машҳури баҳри Барбаро ба ҷазираҳо ва бандарҳои кишварҳои Аврупо шаҳодат медиҳанд ва ин корро низ мамлукҳо накардаанд ва дар мавриди самти чорум, баъдан Салими I дар дохили давлат кор ба роҳ монд ва то ҳадди имкон субот овард ва барои писараш Сулаймони Аъзам, ки бузургтарин ислоҳотро дар давлати Усмонӣ анҷом додааст ва ал-Қонунӣ номида шуд, роҳ кушод, — зеро вай бештар аз ҳамаи пешгузаштагонаш барои ислоҳи давлат қонунҳо қабул мекард ва ин ҳам коре аст, ки мамлукҳо накардаанд.
Пас чаро бар зидди як бузургворе чун Салими I, ки дар муттаҳид сохтани мусулмонон ва ҳифзи онҳо корҳои бузурге кардааст, таассуби носаҳеҳро рехт ва чаро муаллиф ин амали ӯро як инҳирофоти нопок ва тираи ақидаҳо тавсиф кардааст, ки гӯё ӯ хостори раҳбарӣ ва мақом шудааст, агарчи бар болои боқимондаи харобаҳои мусалмонон бошад ҳам?!
Суханони ас-Сирҷонӣ ва иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи Салими 1- дар тафсири таърих объективият надорад, балки ба таассубу бадбинӣ бо ангезаҳои шабеҳи шарқшиносон далолат мекунад.
Ас-Сирҷонӣ, таҳқиқодчии амиқи таърих аст. Агар ӯ бори даъватро бар ӯҳда медошт, ба ин гуна хулосаҳои нодурусти ғалатӣ роҳ намедод, зеро бардоштани бори даъват дониши олимро тартибнок ва булӯр мекунад ва ӯро аз афтодан ба ботлоқи ҳавою ҳавасҳо ва наҷот медиҳад.
Газетаи «Ар-рая»
Аҳмад Хутувонӣ
26.01.2022