Оилаи исломӣ ва болғаи ҷодугарон
Муаллиф: Аҳмад ҳоҷӣ Муҳаммад
На ҳама кишварҳои исломӣ гирифтори ҷанги низомӣ ҳастанд, мисли ҳол дар Фаластин, Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва ғайра. Аммо ин маънои онро надорад, ки кишварҳои боқимонда аз ҷангҳои навъи дигар эмин мебошанд ва агар шумо гумон кунед, ки ҷанг байни куфр ва Ислом дорои танҳо як шакл аст, яъне бо теғу туфанг, пас эҳтиёт бошед! Зеро одамон асосан қурбонии ҷанге мешаванд, ки навъи дигар дорад. Вақте ки Расулуллоҳ ﷺ ба мо «Бо молу нафс ва забонатон алайҳи мушрикон ҷиҳод кунед» (ин ҳадисро Абӯ Довуд аз тариқи Анас ибни Молик (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят кардааст) мегӯянд, ин маънои онро дорад, ки шаклҳои ҷанг гуногунанд. Дар ҳақиқат хавфноктарини онҳо ҷанги фикрӣ ва ақидавӣ мебошад, ки қурбони он дар дасти душман сарбоз ва дар лоиҳаи ӯ ходими вафодор мегардад. Дар он вақт пойгоҳи низомии ҷоҳилият истироҳат карда, корро ба онҳое вогузор мекунад, ки бо андешаи он фаро гирифта шудаанд ва истилоҳоти онро паҳн мекунанд.
Ӯ Таъоло фармуд: «Шайтон ба ӯ васваса кард. Гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти абадият ва мулки фарсуданашаванда роҳнамоӣ кунам?» (Сураи Тоҳо, 120). Дар ояти дигар мегӯяд: «Пас шайтон он дуро васваса кард, то шармгоҳашонро, ки аз онҳо пӯшида буд, дар назарашон ошкор кунад. Ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабодо аз фариштагон ё ҷовидон шавед». Ва барояшон савганд хӯрд: ман хайрхоҳи шумоям» (Сураи Аъроф, 20-21). Пас шайтон ба он дарахт номи зебою дилкаш ва дилфиреб дода, онро «дарахти абадият» номид ва гуфт, ки агар аз он бихӯранд, мулкеро ба даст хоҳанд овард, ки фарсуда нашавад, яъне нопадид ё қатъ нагардад. Ӯ ҳатто эътироф намуд, ки Аллоҳ онҳоро аз хӯрдани ин дарахт боздоштааст: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард». Аммо ӯ ба ин боздошт ибораҳои зебое зам мекунад, то бо онҳо Одам ва ҳамсарашро моил созад. Ӯ дар нафс ормонҳоеро бедор месозад, ки инсон фитратан онҳоро дӯст медорад ва он ҳам бошад муҳаббат ба мулк ва хоҳиши абадият. Яъне ӯ маъсиятро бо либоси зебо пӯшонида, онро бо сифатҳои дилфиреб зинат дод ва ба онҳо иддао кард, ки оқибати хӯрдан аз дарахт «аз фариштагон ё ҷовидон шавед» ва ба ин зинатдиҳию тақаллуб илова карда гуфт: «Ва барояшон савганд хӯрд: ман хайрхоҳи шумоям».
Ин аввалин роҳе аст, ки Иблис, ки фитнагариро таҷриба мекард, барои ба доми гуноҳ андохтан пеш гирифт. Барои ин, ӯ либоси насиҳатгӯи ростгӯю дилсӯз ва хайрхоҳеро ба бар кард, ки гӯё ба расонидани хайр ба Одам ҳарис аст ва ин лаъин дар чаппагардон кардани номҳо ва тағъири сифат комёб гашт.
Ва инак, Ғарби мустамликадори кофир имрӯз либоси панду насиҳати шайтониро ба бар карда, созмонҳо, режимҳо ва расонаҳои хабарии ба он тобеъ бо баҳонаи озодиҳо ва радди ҳама гуна табъиз истилоҳҳои хатарнокро пайваста ба забон мегиранд. Ин истилоҳҳо аз маҷмӯи ибораҳои ҷарангноке иборат мебошанд, ки агар мазлум онҳоро бишнавад, гумон мекунад, ки онҳо ӯро наҷот медиҳанд ва агар зан бишнавад, эҳсос мекунад, ки онҳо қазияи ӯ ҳастанд.
Аз ҷумла, онҳо истилоҳи «гендер»-ро тез-тез ба забон меоранд. Пас маънои он чист ва он кай ба вуҷуд омадааст?!
Дар соли 1949-и милодӣ китоби «Ҷинси дигар» аз ҷониби нависандаи фаронсавӣ Симон де Бовуар нашр шуд, ки он асоси ҳаракати феминистӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Муҳим он аст, ки Саймон дар китоби худ ҳисобид, ки зан дар як воқеияти мардона ба зан табдил меёбад. Ӯ гуфт: «Одам зан таваллуд намешавад, балки ба зан табдил меёбад». Ин маънои онро дорад, ки пас аз калон шудани зан, ҷомеаи вай ӯро, ки қаблан танҳо узвҳои занона дошту халос, зан мекунонад…». Ҳамин тавр, ӯ аввалин шуда барои назарияи мафҳуми «гендер» роҳ мекушояд.
Шумо шояд ин суханҳоро бофтаву бемаънӣ шуморед, аммо то охир ин мавзӯъро хонда, хоҳед фаҳмид, ки пайравони ин «бофта» рӯз аз рӯз меафзоянд, Аллоҳ аз ин нигаҳ дорад. Ин истилоҳ бори нахуст дар санади Конфронси Қоҳира бахшида ба аҳолинишинӣ дар соли 1994-и милодӣ дар 51 ҷой пайдо шуда, баъдан дар Конфронси Пекин оид ба занон дар соли 1995-и милодӣ боз ба миён омадааст, аммо ин дафъа бо як шарти равшан. Истифодаи он дар конфронсҳои байналмилалӣ васеъ ба роҳ монда шуд. Масалан, дар нусхаи англисии конфронси машҳури байналмилалии Пекин ин истилоҳ, бидуни таъриф, 254 маротиба зикр гардид. Ҳарчанд дар зери фишори давлатҳои консервативӣ барои муайян кардани таърифи он гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуданд, аммо дар охир Комитети таъриф қарор дод, ки таърифи ин истилоҳро муайян накунад.
Ҳамин тавр, ин моро водор мекунад, ки бо моҳияти аслии ин истилоҳ (гендер) шинос шавем, зеро он истилоҳи мубҳаме мебошад, ки баҳсҳои зиёдеро дар мавриди ҳадафҳои аслии худ ба вуҷуд овардааст…!! Мо метавонем бигӯем, ки истилоҳи «гендер» ба ҷинси сеюме ишора мекунад, ки на мард асту на зан, балки як ҷинси сеюмест, ки аз рӯи урфҳои ҷомеа ва интихоби инсон шакл гирифта, дар ин кор узвҳои ҷинсии он эътиборе надоранд. Пас ба маънои органикӣ мард ё зан будани шахс ба фаолияти ҷинсиро интихоб кардан ва бо он машғул шудани ӯ ягон алоқае надорад. Мувофиқи истилоҳи «гендер», шахс метавонад ҳувияти ҷинсии худро интихоб кунад: бар асоси нафс ва ихтиёри шахсӣ мард метавонад зан ва зан мард шавад. Зан танҳо ба сабаби он зан мешавад, ки ҷомеа ба ӯ чунин нақшро медиҳад ва мард танҳо ба сабаби он мард мегардад, ки ин нақшро ба ӯ ҷомеа бахшидааст. Ин хилофи занонагӣ ва мардонагӣ аст, ки дар офариниш, дин ва урфу одатҳои муқаррарӣ омадааст. Зеро инсон ё мард аст ё зан ва ин иродаи илоҳӣ аст, чун Аллоҳ инсонро ё мард ё зан карда офаридааст. Аллоҳи Мутаъол мефармояд: «Ва Ӯ ҷуфт – нару модаро офарид» (Сураи Наҷм, 45). Пас мардонагӣ ва занонагӣ иродаи илоҳӣ ва яке аз талаботи фитрӣ аст. Пас табиист, ки ин истилоҳ як марди боназокат ё мардеро ба вуҷуд меорад, ки зан будани худро хаёл мекунад ё занеро ба вуҷуд меорад, ки худро мард мебинад. Бинобар ин, мафҳуми «гендер» равшантарин сурати ҳолати ҳайвоние мебошад, ки Ғарб ба он расидааст. Он танҳо абзори расидан ба ҳадафҳое мебошад, ки барои оила ниҳоят хатарноканд. Мафҳуми мазкур чунин аст: модоме ки ҳама гендер ҳастанд, алоқаи ҷинсии ғайритабиӣ байни занҳо ва ё байни мардон танҳо як алоқаи гендер бо гендер аст, пас ба ин гуна алоқаҳо эътироз чӣ лозим аст?! Ҳадафи дигари ин мафҳум паҳни баробарҳуқуқии комил дар байни зану мард аст, бо баҳонаи он, ки ҳама гендер ҳастанд. Бинобар ин, онҳо гендерии сиёӣ, гендерии иқтисодӣ, гендерии иҷтимоӣ ва дигар намудҳои гендерӣ дар соҳаҳои ҳаётро талаб карданд. Онҳо ҳатто талаб намуданд, ки лафзҳои «мард» ва «зан» баробар истифода бурда шаванд ва ба чопи нусхаи ислоҳшудаи Инҷил пардохтанд, ки дар он замирҳои музаккар ва муаннасро лағв сохтанд. Инчунин онҳо соли 1997 дар Яман зери унвони «Гендерӣ дар забон» конфронс баргузор карданд.
Вақте ки шумо дар бораи истилоҳи «гендер» ва мафҳумҳои бадбӯи он мешунавед, эҳтимолан мегӯед: «Ба Аллоҳ паноҳ мебарам! Кӣ ин ифлосиро қабул мекунад?.. ». Аҷиб он аст, ки сарчашмаи истилоҳи «гендер», «феминизм», «истиқлоли ҷасад» ва дигар истилоҳе, ки оиларо вайрон мекунад, дар асл як фикрат буда, мутаассифона ин истилоҳ вирди забони аксари фарзандони уммат, ки онро бидуни идроки он ба забон меоранд, давр мезанад! Пас ин фикрати асосӣ, ки дар ҳоли барбод додани он мо онҳоро дар ақибгоҳҳояшон саркӯбкарда маҳсуб мешавем, кадом аст? Инак, қиссаро аз аввали он ба ту пешниҳод мекунам:
Дар Аврупо, аниқтараш дар Олмон, соли 1482-и милодӣ як китоби ғайриоддӣ ва як ривояти ваҳшиёнае аз ҷониби роҳибон Ҳенрих Крамер ва Якоб Шпренгер навишта шуд. Ин китоб дар тӯли ду аср ҳамчун як сарчашмаи расмии калисо дар мавриди муҷозот кардани занон пазируфта шуд. Дар ин муддат даҳҳо ҳазор занони бегуноҳ, бо иттиҳомоти бардурӯғ оид ба доштани алоқа бо ҷинҳо, ба қатл расонида шуданд. Зан, аз вақти боздошт шудани худ то ба ҳалокат расидан, ба сахттарин шаклҳои шиканҷа ва таҳқир дучор мешуд. Ӯро бараҳна карда, дар баданаш ба мисли холҳои модарзод аломатеро меҷустанд, ки тибқи даъвои онҳо ба алоқа доштани ин зан бо шайтонҳо далолат мекард. Сипас ӯро бо занҷирҳо баста, сараш ва дастонашро даруни чӯбе, ки гарданашро иҳота мекард, ҷойгир мекарданд ва ба назди қозӣ дар ҳоле меоварданд, ки пушташ сӯи қозӣ мешуд, на рӯяш. Пеш аз баровардани ҳукм онҳо дараҷаи бегуноҳии ӯро дар иттиҳоми ба ӯ гузошташуда месанҷиданд ва барои ин аз усули ғарқкунӣ истифода мебурданд: дасту пои ӯро занҷирбанд менамуданд ва ба занҷир вазниниҳоро овезон карда, ӯро ба дарё мепартофтанд. Агар зан ғарқ нашавад, ӯро бешак ҷодугар хонда, дарҳол тавассути бо оташ сӯзонидани ӯ ба қатл мерасониданд, яъне ҳатто пеш аз баровардани ҳукм алайҳи ӯ, аз ӯ халос мешуданд. Агар зан ғарқ шавад, пас натиҷа ҳамон буд, яъне марг.
Филмбардорон ва синамогарон то ҳол дар эҷоди филмҳои даҳшатбор ба ин китоб такя мекунанд, бахусус филме, ки соли 2006-и милодӣ ба навор гирифта шуда, бо номи китоб — «Болғаи ҷодугарон» номгузорӣ шудааст.
Бале, ғарбиҳо ба зан ҳамин тавр менигаранд ва барои он, ки касе даъво накунад, ки ин расму оинҳо панҷ аср пеш буданд, яъне қадимӣ ҳастанд, ман қонуни шаҳрвандиро, ки соли 1804-и мелодӣ қабул шуда буд ва бо номи «Қонуни Наполеон» маъруф аст, ёдовар мешавам, ки мегӯяд: «Зан ба мард дода мешавад, то барояш фарзанд таваллуд кунад. Зан моли мост, на баръакс». Зани шавҳардор дар қонунгузорӣ ҳамчун шахс умуман вуҷуд надошт, чунки ӯ, ба мисли ноболиғон, ҷинояткорон ва кӯтоҳақлон, аз тамоми ҳуқуқҳои қонунӣ маҳрум буд!
Дар посух ба мероси хунини ваҳшиёнаи Ғарб ва нигоҳи пасти он нисбат ба занон ҷунбиши ба истилоҳ феминистӣ ташкил шуд, ки мо онро дар кишварамон бо номҳои зиёде мешунавем: марказҳои озодкунии занон, созмонҳои тавонбахшии занон, ҷамоати Седав ва ғайра… Сарчашмаи он ба асри 18 бармегардад, замоне ки истилоҳи «феминизм» бори аввал дар соли 1880 милодӣ аз ҷониби Юбертин Оклери фаронсавӣ ворид карда шуд, ки тавассути рӯзномаи худ LaCitoyenne озод кардани занон ва ба онҳо, мувофики ваъдаи Инқилоби Фаронса, додани ҳуқуқҳояшонро талабида, ҳокимияти мардонро, ки дар он вақт «феминизм» аз он фақат таҳқир, беэътиноӣ ва бадрафторӣ дидааст, сарзаниш карда буд.
Мисли бисёре аз истилоҳот ва фикрҳои ғарбӣ, ки ба кишварҳои мусалмонӣ ворид шуда буданд, ин истилоҳ дар авоили соли бистуми асри гузашта аввал ба Миср зери номи «феминизм» ворид шуда, сипас ба манотиқи дигар паҳн шуд ва фарқ байни мероси ғарбӣ, ки мо дар борааш гуфтем, ва байни мероси арабӣ ва фарҳанги исломӣ тамоман ба инобат гирифта нашуд. Аз ин рӯ, ҳаракати феминистӣ ба таърихи занон аз дидгоҳи сирф ғарбӣ нигариста, таърихи Ғарбро ва занонро таъқиб кардани он, онҳоро манбаи бадӣ ва масдари разолат нишон додани онро ба таърихи тамоми башарият табдил дод. Аммо Ғарб, чун одат, ғайр аз мерос ва сақофати худ дигар меросҳо ва сақофатҳоро на танҳо канор гузошт, балки онҳоро комилан лағв кард. Ҳамин тавр, давраи пеш аз озодии занон ба даврони ғуломии занон ва давраи муосир ба давраи озодии занон мубаддал гашт. Онҳо ин озодиро муҳимтарин хусусияти пешравии инсоният ва ченаки тараққиёти халқҳо қарор доданд. Ғарби мустамликадор ва ҷунбиши феминистӣ ба инсон чунон рафтореро карданд, ки кафтор дар як ҳикояи халқӣ анҷом медиҳад: ба думи худ пешоб карда, онро ба тарафи қурбонии худ мепартояд ва ана мебинӣ, ки қурбонӣ, бидуни идрок, аз паси кафтор итоаткунон меояд. Кафтори ҳақиқӣ маҳз Ғарб аст. Аз ин рӯ эҳтиёт шавед, ки мабодо ба тарафи шумо ифлосии ҷунбишҳои феминистиро напартояд ва бо ин оилаҳоятонро вайрон сохта, духтарҳоятонро бирабояд.
Дар соли 1919-и милодӣ тазоҳуроте баргузор шуд, ки талаботи он аз Миср хориҷ шудани англисҳо буд. Сипас тазоҳуроти занон бо сарварии Сафия Зағлул оғоз шуд ва занон дар назди Касри Нил алайҳи истилогарон садо баланд карданд. Ногаҳон онҳо рӯймолҳоро кашида, ба замин партофта оташ заданд. Магар ин намоиш барои маҳкум кардани истилогарӣ набуд? Пас ҳиҷоб ба он чӣ иртибот дошт?! Чаро ин шахсиятҳо, аз қабили Ҳудо Шаъравӣ ва Сафияи Зағлул ҳамчун мубориз, пешоҳанг ва намунаи ибрати омма пайдо шуданд?! Ҷои шак нест, ки дар паси ин амалҳо нақшаҳое меистанд, ки тавассути он мехоҳанд кишварҳои мусалмониро ғарбгаро созанд. Ин ҳамон дастури Гладстоун аст, ки гуфта буд: «Агар мо Исломро аз байн бурдан хоҳем, бояд ҳиҷоби занони мусалмонро аз сарашон кашида, бо он Қуръонро пӯшонем».
Агар аз ҷиҳати қурбоншавӣ назар андозем, на танҳо зани мусалмон, балки занони тамоми башарият дар оташи капитализм ва демократия, ки дар мо ҳукмронӣ мекунанд, сӯхта истодаанд. Зеро баъд аз таърихи сиёҳе, ки занони аврупоӣ аз сар гузаронданд ва пас аз истифодаи занон дар қиёми ҷунбиши феминистӣ, ки даъвои ҳуқуқи худро аз қудрати мардон ба даст оварданро мекунад, онҳо зани бечораро ба якчанд чизҳо мутмаин сохтанд. Мутмаин сохтанд, ки фақат он гоҳ ӯ метавонад озод бошад, ки ба бадан ва ҳаёти худ танҳо худ хӯҷаин шавад. Пас ӯ ҳақ дорад онро ба ҳар кӣ хоҳад бидиҳад ва бо ин истиқлоли ҷасадиро ба даст орад. Ӯ ҳақ дорад онро аз ҳар кӣ хоҳад, ҳатто аз шавҳараш боздорад ва агар аз қаробати шавҳар норозӣ бошад, бо баҳонаи таҷовуз ба номуси ҳамсар ӯро зиндонӣ кунад. Онҳо ин зани бечораро мутмаин сохтанд, ки озодӣ ин ба оғӯши мардон партофтани худ аст. Озодӣ ин ба майдони таҷрибаҳо ва объекти таблиғкунандаи матои дурӯза табдил ёфтани ӯст ва ӯ комилан боварӣ ҳосил кард, ки ҳазорат ва давлати ӯ ба ӯ тамоми ҳуқуқҳояшро ато кардааст. Вале пас аз гузашти солҳо ӯ дармеёбад, ки аз неъмати амният ва суботи хонавода, неъматҳое, ки Ислом ба ҳар зани мусалмон кафолат дода, ҳамзамон тамоми ҳуқуқҳояшро ҳифз кардааст, маҳрум мебошад.
Дар ин аср аз озодии занонро бо бадахлоқии онҳо пайваст намудан дида ҷинояти бузургтаре алайҳи онҳо вуҷуд надорад. Ба туфайли фиреби онҳо зан хаёл кард, ки издивоҷ ӯро ғуломи мард намуда, ӯро асири зарҷирҳою тангӣ хоҳад кард, аз ин рӯ, ҳаёти ӯ бояд аз оиладорӣ дур бошад. Аммо дере нагузашта маълум шуд, ки онҳо мехоҳанд зан ғуломи ҳамаи мардон бошад, мехоҳанд, ки ӯ моли камарзише гардад, ки ҳама аз он истифода мебаранд, то ӯ дар маҳалҳои савдо барои ҷалби муштариён, инчунин ҳамчун меҳмондори ҳавопаймо, барои рекламаю эълон, дар филмҳою сериалҳо, рақс ва ғайра истифода шавад. Нигоҳи мазкур ба зан аз низоми сармоядорӣ баромада меояд. Бинобар ин мебинем, ки Ғарб диққати худро ба зани мусалмон нигаронида иддао мекунад, ки ӯ мазлум ва ақибмонда буда, озодии ӯ кафолат дода нашудааст ва танҳо вай метавонад ҳаққи ӯро бидиҳад. Мувофиқи даъвои Ғарб, зани мусалмон ба сабаби либоси шаръии худ ақибмонда гаштааст ва аз баёни андешаи худ маҳрум мебошад. Аҷиб он аст, ки касоне, ки ба ин иддаоҳо бовар карда, зани мусалмонро, ки модар, хоҳар ва духтараш аст, назди ҳар як инсони булҳавас ва беҳаё ба мояи истеҳзо ва ба бозича табдил медиҳад, мехоҳад, ки зани мусалмон ҷамоли худро нишон дода, рӯймоли худро аз сар барканад, гӯё бараҳнагӣ ва дар оғӯши мардон даст ба даст шудан як тамаддун аст!
Эй хоҳари покдоман ва покизаи мусалмон! Аз онҳое, ки мегӯянд, аз ҳоли ту бим доранд, эҳтиёт шав ва сақофати онҳоро дар хонаи худ ҷой надеҳ. Мисли ҳомии кафтор нашав, ки кафторро дар ҳоле, ки он аз шикорчиён мегурехт, дар хонаи худ ҷой дода, аз он ҳимоя намуд ва бо шир сер намуд. Сипас чун хоб кард, кафтор шиками ӯро дарронида, рӯдаҳояшро хӯрд ва ба ӯ хиёнат намуд… Пас эҳтиёт бошед ва кафторро дохили хонаи худ нагардонед. Бале, ҳарчанд онҳо нақшаи худро бо шиорҳои инсондӯстӣ ва бо ёрии ташкилотҳои ҳуқуқии инсон зинат медиҳанд, нақшаи онҳо бадхоҳона ва сиёсӣ аст.
Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар Яман дар соли 1998 милодӣ аҳкоми шаръӣ, ки ба муомилаи марду зан тааллуқ дорад, мавриди шубҳа ва иттиҳом қарор гирифт. Онҳо ба далели он, ки ин аҳком зани мусалмонро занҷирбанд месозад ва ба ҳуқуқи инсон мухолиф аст, хостанд онро тағъир диҳанд. Дар гузориш омадааст: «Занҳо ба маҳдудиятҳои зиёд, ки қонун, урфу одатҳои иҷтимоӣ ва дин муқаррар кардааст, дучор меоянд. Аз ҷумла, мардон иҷозат доранд, ки чаҳор зан гиранд ва қонун итоати шавҳарро ба зан ҳатмӣ мегардонад. Ӯ бояд бо шавҳари худ дар ҷое зиндагӣ кунад, ки дар шартнома зикр шудааст, ӯҳдадориҳои заношӯиро анҷом диҳад ва бе иҷозати шавҳар аз хона берун набарояд…». Дар гузориш инчунин омадааст: «Шариати исломӣ ба мард иҷозат медиҳад, ки зани насронӣ ё яҳудӣ гирад. Аммо зани мусалмон наметавонад бо марди ғайримусалмон издивоҷ намояд». Дар ин ҷо маълум мешавад, ки Амрико аз занони мусалмон чӣ мехоҳад. Вай мехоҳад, ки онҳо «талабкунандаи баробарҳуқуқӣ бо мардон бошанд», яъне мехоҳад, ки бар асоси «баробарии марду зан» зан тавонад бо чаҳор мард, аз ҷумла бо марди кофир издивоҷ кунад, бидуни иҷоза ё бидуни маҳрам мисли мардон сафар кунад. Ин аст он озодие, ки онҳо барои занҳои мо мехоҳанд ва ба он моро даъват мекунанд, озодие, ки аз камари ҳазорати пӯсидаи онҳо пайдо шудааст.
Аммо ҳазорати исломии мо истилоҳҳои чиркини онҳоро тамоман эътироф намекунад ва ҳеҷ гоҳ масъалаи баробариро баррасӣ накардааст. Зеро Ислом барои ҳалли мушкилоти инсон, ҳамчун як инсон, омадааст ва зан низ ҳамон гуна, ки мард инсон аст, инсон мебошад. Расулуллоҳ ﷺ дар ҳадиси саҳеҳ фармудаанд: «Занон хоҳарони мардон ҳастанд». Имом Хаттобӣ дар шарҳи ҳадиси шариф дар «Маолиму сунан» гуфтааст: «Яъне ҳамтоёни онҳо ва монанди онҳо ҳастанд, гӯё аз даруни мардон баромадаанд». Ислом ба зан нақши ҳақиқӣ ва муассир бахшид ва ин корро на барои таскини ӯ, балки барои он анҷом дод, ки вай ӯро аз мард ҷудо намекунад. Воқеан мо ӯро дар тӯли таърихи Ислом пайдо менамоем: дар оғози даъват, дар барпо кардани давлат, дар ҷиҳод, илм ва сиёсат ва дар амри маъруфу наҳйи мункар. Шояд ту надонӣ, ки шумораи умумии заноне, ки дар шаш китоби ҳадис бевосита ё билвосита ҳадис ривоят кардаанд, тақрибан ба яксаду понздаҳ саҳоба расидааст… Ва шояд надонӣ, ки қадимтарин донишгоҳи ҷаҳон (аз рӯи таснифоти Китоби рекордҳои Гиннес), ки соли 859-и милодӣ дар Марокаш таъсис ёфтааст, аз ҷониби як зан таъсис дода шудааст ва ӯ Фотима бинти Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Фиҳрия ал-Қайравония, муассиси Донишгоҳи Қаравин мебошад.
Эй хоҳари гиромӣ ва бародари гиромӣ! Агар мо китобҳои таърих ва сомонаҳо оид ба таърихро варақ мезадем, аз тарҷумаи ҳоли занҳои бисёр огоҳ мешудем, аз ҷумла хонуми шомӣ, ҳомии илм ва бинокори мадрасаҳо Фотима бинти Наҷмиддини Айюб ва нависанда ва олимаи Димишқ Оишаи ал-Баъуния, ки китобу маҷмӯаҳои зиёдеро таълиф кардааст, ки маъруфтарини онҳо «Ал-фатҳул-мубин фи мадҳил- амин» аст, инчунин Лубна ал-Қуртубия, олимаи риёзиёт ва наҳв ва шоирае, ки Суютӣ ӯро дар ҷумлаи олимони наҳв ва луғат номбар кардааст. Ин олимаи қуртубӣ котибаи халифа Ал-Мустансир Биллоҳ буд, ки халифа ба ӯ хеле эътимод дошт. Агар мо дар ин мавзӯъ бештар ва муфассалтар сухан рондан хоҳем, ба даҳҳо ва садҳо мақолаҳо ниёз пайдо хоҳем кард. Зани мусалмон то имрӯз низ нақши ҳақиқиро мебозад, ки иштироки ӯ дар корҳои сиёсӣ ва дар афкори ом дар инқилоби мо ва дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ тасдиқи ин суханҳо мебошад.
Хулоса: Фақат давлати исломӣ ва сақофати исломӣ метавонад оилаи исломиро аз дасисаҳои Ғарби мустамлидор ва нақшаҳои он оид ба вайрон кардани ин оила ҳифз намояд… Аз Аллоҳ ба зудӣ ва дар ояндаи наздик барпо шудани онро мепурсем.