Оиди парлумонҳои кишварҳои Исломӣ.
26.06.2019
Парлумонҳои кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла дар кишварҳои арабӣ, намунаи анъанавии парлумонҳо дар кишварҳои демократӣ мебошанд. Онҳо низ, ҳатто агар ин фақат барои расмият бошад ҳам, бо ҳамон фаъолияти қонунбарорӣ ва ифодакунии эътимоднокӣ ва ё нобоварии ҳокимон машғул мегарданд.
Аз ин рӯ, ба парлумон ҳукми иштирок дар корҳои қонунбарорӣ, ифодаи нобоварӣ ё эътимод ба ҳокимон, пешниҳодкунӣ ба номзадҳои интихоботи парлумонӣ ва интихоби номзадҳо ба парлумон дода мешавад.
Парлумонҳо аз рӯи қонуни худ, қонунҳои ғайриисломӣ, ҳатто қонунҳо ва тартиботҳои ба Ислом мухолифаткунандаро қабул мекунанд. Бо сухани дигар онҳо қонунҳои куфрро ба табъ мерасонанд, ки онро Ислом манъ мекунад. Ислом ба ин гуна амал ҳамчун сӯиқасд ба ҳукмронии Аллоҳи Таъоло менигарад:
اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ
“Олимону обидони хеш ва Масеҳ писари Марямро ба ҷои Аллоҳ ба худоӣ гирифтанд ва ҳол он, ки маъмур буданд, ки танҳо як Худоро бипарастанд, ки ҳеҷ худое барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пок аст аз он чӣ шарикаш месозанд!” (9:31)
Чунин амалро Ислом “муроҷиат ба тоғут” — гуфта меҳисобад, ки ин Шаръан ҳаром аст:
أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِينَ يَزْعُمُونَ أَنَّهُمْ آمَنُوا بِمَا أُنزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنزِلَ مِن قَبْلِكَ يُرِيدُونَ أَن يَتَحَاكَمُوا إِلَى الطَّاغُوتِ وَقَدْ أُمِرُوا أَن يَكْفُرُوا بِهِ وَيُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُضِلَّهُمْ ضَلَالًا بَعِيدًا
“Оё ононро намебинӣ, ки мепиндоранд, ки ба он чи бар ту нозил шуда ва он чи пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, вале мехоҳанд, ки тоғутро ҳакам қарор диҳанд, дар ҳоле, ки ба онҳо гуфтаанд, ки тоғутро инкор кунанд. Шайтон мехоҳад гумроҳашон созад ва аз ҳақ дур гардонад.” (4:60)
Ин роҳи куфр аст:
وَمَن يُشَاقِقِ الرَّسُولَ مِن بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُ الْهُدَى وَيَتَّبِعْ غَيْرَ سَبِيلِ الْمُؤْمِنِينَ نُوَلِّهِ مَا تَوَلَّى وَنُصْلِهِ جَهَنَّمَ وَسَاءَتْ مَصِيرًا
“Ҳар кӣ пас аз ошкор шудани роҳи ҳидоят бо паёмбар мухолифат варзад ва аз роҳе ҷуз роҳи мӯъминон пайравӣ кунад, ба он сӯе, ки писанди ӯст, бигардонемаш (боқӣ мегузорем ӯро) ва ба ҷаҳаннамаш афканем. Ва ҷаҳаннам саранҷоми бадест!” (4:115)
Ба мусалмонон чунин фармоне наомадааст, бинобар ин он рад карда мешавад:
مَنْ عَمِلَ عَمَلاً ليسَ عليه أمرُنا هذا فهو رَدٌّ
“Агар касе кореро анҷом диҳад, ки дар он фармони мо набошад, пас он кор рад шуда аст.” (Бухорӣ, Муслм.)
Азбаски ифодаи боварӣ ба ҳокимони татбиқкунандаи қонунҳо ва низоми куфр маънои розӣ будан ба қонунҳои куфрро дорад, онҳоро дастгирӣ кардан дар маъсият, дастгирии тоғут ҳисобида мешавад, ки онро Аллоҳи Таъоло барои мусалмонон ҳаром гардонидааст.
Масъалаи пешниҳоди довталабӣ ба аъзошавӣ дар парлумон бошад, ба мақсади аъзошаванда нигоҳ карда мешавад: агар довталаб минбари парлумонро барои паҳни даъват баҳри бозгашти қонунҳои илоҳӣ дар ҳаёт, инчунин барои мубориза алайҳи куфр ва муҳосабаи ҳокимон истифода карданӣ бошад, пас аз рӯи Шариат ин кор ҷоиз аст ва дар ин кор ягон ҷои ношоямӣ вуҷуд надорад.
Аммо, агар иштирок дар интихоботи порлумонӣ бо узвият ва корҳои қонунгузории парлумон алоқаманд бошад, инчунин изҳори боварӣ ба роҳбарон ва ғайраҳоро ифода намояд, он гоҳ ин гуна аъзошавӣ ҳаром аст, зеро воситаи ба ҳаром баранда низ ҳаром аст. Чунки довталаб дар қонунбарории парлумон иштирок меварзад, чунончӣ қоидаи Шаръӣ ин вазъиятро чунин изҳор кардааст:
«الوسيلة الى الحرام محرمة»
“Воситаи ба ҳаром баранда, худ ҳаром аст.”
Масъалаи овоздиҳӣ ба довталабон барои аъзошавӣ дар парлумон бошад, нигоҳ карда мешавад: агар довталаб дар оянда аъзои парлумон гашта, минбари парлумонро барои паҳни даъват, баҳри бозгашти қонунҳои Илоҳӣ дар ҳаёт, инчунин барои мубориза алайҳи куфр ва муҳосабаи ҳокимон истифода карданӣ бошад, пас аз рӯи Шариат ин кор ҷоиз аст ва дар ин кор низ ягон ҷои ношоямӣ вуҷуд надорад.
Аммо иштирок дар интихоботҳои парлумонӣ ба шахсоне, ки дар корҳои қонунбарории парлумон ва ифодакунии эътимод ба ҳокимон ва ғайраҳо иштирок меварзанд, аз рӯи Шариати исломӣ ҷоиз намешавад.
Мусалмонон ба чунин шахсон овоз дода наметавонанд. Чунки, ин барои рӯёби ҳаром истифода карда мешавад ва ин амал, кӯмак ба корҳои ҳарому адоват ҳисобида мешавад. “Воситаи ба ҳаром баранда, худ ҳаром аст.” Ба корҳои ҳаром кӯмак карданро низ Ислом манъ кардааст:
وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَى وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
“…дар некӯкорӣ ва парҳез ба ҳамдигар кӯмак намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худо битарсед, ки ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад.” (5:2)
21-уми Шаввол. С 1410 ҳ
16.05.1990с
Тарҷума аз забони русӣ.
Сарчашма — Ҳизби Таҳрир – Русия.