Нусрат, байъат ва ҳиҷрат… Чароғи ҳидоят, ки роҳи моро ба сӯи Дор-ул-Ислом равшан мекунад.
Ҳароина ҳиҷрат натиҷаи ниҳоии марҳилаи даъват дар Макка буд. Зеро тамоми амалҳои Расулуллоҳ ﷺ дар Макка барои расидан ба ҳиҷрат, яъне ба интиқол аз Дор-ул-куфр ба Дор-ул-Ислом бо воситаи барпои нахустин давлати Ислом дар Мадина нигаронида шуда буд. Аз ин рӯ, ҳиҷрат як таҳаввулоти амиқе буд, ки мобаъди он аз моқаблаш фарқ мекард. Пеш аз таҳаввулоти мазкур даъватро гурӯҳбандӣ бо раҳбарии Расул ﷺ, ки аз як гурӯҳи нотавони саҳобагон иборат буд, пеш мебурд. Онҳо дар роҳи субот бар имони худ бо вазнинтарин мусибатҳо дучор мешуданд. Аммо пас аз таҳаввулоти мазкур даъватро аллакай давлат зери раҳбарии Расул ﷺ пеш мебурд ва бо воситаи он Расул ﷺ ҳадафҳои Исломро ба рӯёб мебаровард. Ҳадафҳои мазкур аз ибодат кардани Аллоҳ тавассути ҳукмронӣ бо Ислом ва татбиқи он ва бо воситаи паҳни он аз роҳи даъвату ҷиҳод бандаи Аллоҳ сохтани одамон иборат буд. Ҳиҷрат аз муҳимтарин унвонҳое буд, ки Расулуллоҳ ﷺ ба он ноил гардид. Шояд аввалин касе, ки арзиши онро донист, халифаи дуюми рошид, саййидамон Умар ибни Хаттоб бошад, зеро ин ӯ буд, ки оғози таърихи мусалмононро аз замони ҳиҷрат гардонид, чун маънои ҳиҷрат бениҳоят бузург буд!!!
Ҳар як мусалмоне, ки имрӯз ҳиҷратро ба ёд меорад, бояд маънои онро, ки барпои Ислом аст, ба ёд орад. Бахусус бо эътибори он, ки Ислом дигар ҳамчун давлат, низоми ҳокимият ва ҳаёти исломӣ, ки бар татбиқи аҳкоми Ислом, ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, даъвати одамон ба қабули Ислом ва ташкили муборизаи байналмилалӣ бар асоси муборизаи ҳақ ва ботил, муборизаи Ислом ва куфр барпо мешавад, вуҷуд надорад… Аз ин ҷост, ки ҳиҷрат маъноҳои бузургро ифода мекунад ва агар мо хоҳем ҳаққи онро адо намоем, пас ҳаққи он бар дӯши мо хеле бузург аст.
Ҳар касе, ки воқеи рисолати исломиро, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло ҳамчун рисолати охирини оламӣ фиристонидааст, дарк мекунад, мефаҳмад, ки дар зиндагии мусалмонон мавҷуд будани давлати исломӣ ҷузъи аслии Ислом буда, аз дин ба таври равшан баромада меояд. Ӯ мефаҳмад, ки халифа мақомест, ки Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло татбиқи Ислом ва паҳн намудани онро ба он вогузор кардааст. Ҳар касе, ки Исломро дуруст мефаҳмад, бояд дарк кунад, ки ҳиҷрат ҷуз таъсиси давлати исломӣ маънои дигареро надорад… Ин аст чизе, ки Варақа ибни Навфал фаҳмид, замоне ки ба Паёмбар ﷺ, пас аз шунидани он чӣ дар ғори Ҳиро бо ӯ рӯй дод, гуфт:
«هذا هو الناموس الذي أنزله الله على موسى، ياليتني أكون فيها جَذَعًا، ليتني أكون حيًّا إذ يخرجك قومك»، قال صلى الله عليه وسلم: «أو مُخْرِجِيَّ هم؟!». قال ورقة: «نعم لم يأتِ رجل قطُّ بمثل ما جئتَ به إلّا عُودِيَ، وإن يدركني يومك أنصرك نصرًا مُؤَزَّرًا»
“Ин Ҷибрил аст, ки Аллоҳ ба Мӯсо фиристонида буд. Кош он вақте ки қавмат туро меронад, ман зинда ва ҷавон мебудам”. Паёмбар ﷺ ба ӯ гуфт: “Оё онҳо маро меронанд?!”. Варақа гуфт: “Бале, ҳар касе, ки монанди он чиро, ки ту овардӣ, меовард, ҳатман ба душманӣ рӯбарӯ мешуд. Агар ман то он рӯзҳо зинда бимонам, ба ту сахт кӯмак хоҳам кард”.
Рӯйдодҳо ҳангоми даъват дар Макка ва онро рад кардани кофирон ҳадафи ягона доштанд. Ҳадаф пешгирӣ аз паҳншавии даъват ва дар гаҳвора несту нобуд сохтани он буд, то мабодо он ба ҳадафи худ, яъне нобуд кардани бутҳо ва аз байн бурдани парастиши онҳо, ки ин дар навбати худ сабаби аз байн рафтани равобити иҷтимоӣ ва тарзи зиндагии онҳо хоҳад гашт, нарасад. Шояд иборае, ки ин гуфтаҳоро ба таври дуруст ва кӯтоҳ ифода мекунад, сухани як аъробие мебошад, ки ҳангоми шунидани даъвати Расул ﷺ гуфт: “Ин чизест, ки подшоҳон аз он нафрат доранд”. Мавриди зикр аст, ки пешвоёни куфр дар он замон маҳз аз ҳамин чиз сахт метарсиданд. Аз ин рӯ, онҳо чун аз нусрату байъат огоҳ шуданд, барои бекор сохтани он ва аз Расул ﷺ ва даъвати ӯ тамоман халос шудан шитоб карданд. Пас онҳо барои муҳокимаи масъалаи қатли Расул ﷺ ҷамъ шуда, ба тавофуқ расиданд, ки хуни ӯро дар миёни қабилаҳо пароканда месозанд. Пас бо иродаи Аллоҳ, рӯзе, ки онҳо дар он ба қатл расонидани Расулро ﷺ хостанд, оғози ин ҳодисаи бузург – барпои Давлати Исломӣ шуд. Аз ин рӯ, маҳз ҳиҷрат ба сӯи он роҳ кушод. Оё ҳиҷрат танҳо пас аз ҳосил шудани нусрат ва гирифтани байъат рӯй надод магар?! Саволе, ки акнун ба миён меояд: Чаро қабилаҳо барои иштирок дар қатли Паёмбар ﷺ омода буданд, дар ҳоле, ки ӯ аз қабилаҳои онҳо набуд? Сабаб он буд, ки онҳо медонистанд, ки ин даъват даъват ба тавҳид аст, ки бутпарастӣ ва ширкро дар ҳама шаклҳояш дар Макка ва берун аз он аз байн хоҳад бурд, чунончи инро пешвоёни Макка медонистанд. Онҳо медонистанд, ки ин даъват бо дигар динҳо ширкат карданро намепазирад, чунки танҳо бар асоси тавҳид бунёд шудааст. Пас эй мусалмонон! Пешвоёни куфр дар замони ҷоҳилият маънои ҳиҷратро аз уламои имрӯзаи мусалмонон дида хубтар мефаҳмиданд ва ҳатто имрӯз низ Ғарб ва ҳокимони нобакори мусалмонон мафҳуми ҳиҷратро аз онҳо дида хубтар дарк мекунанд!!!
Мо дар тааҷҷуб мемонем, ки чаро уламои мусалмонон ба ҳақиқатҳое, ки ҳиҷрат ифода мекунад, аҳамият намедиҳанд? Чаро ин хотира онҳоро ба сӯи эҳёи он дар ҳаёти худ водор намекунад? Воқеан, мо ба онҳо бо чунин саволҳо рӯй меорем, зеро маҳз онҳо касоне ҳастанд, ки дар навбати аввал дарк кардани воқеияти ҳиҷрат ва баъдан ба мусалмонон фаҳмонидани ин воқеият ва онҳоро ба барпои он водор сохтанро дар дӯш доранд. Аммо ин тавр нашуд ва имрӯз низ мо мунтазири он нестем, ки аз онҳо ин кор сар мезанад, зеро онҳо донишкадаҳои шаръиеро, ки динро ба таври номукаммал меомӯзонад, хатм кардаанд… Эй уламо, ин аст маънои ҳиҷрат ва вақте ки шумо ба мусалмонон маънои онро баён намекунед, шумо маънои онро тамоман нодида мегиред ва аз ин ҷавобгар ҳастед! Зеро ҳиҷрат танҳо як маъно дорад, ки мо онро баён кардем…
Бояд барои эҳёи ҳиҷрат бо эътибори маънои он кор бурда шавад. Ин кор танҳо бо фаолият бурдан барои барпои Хилофати Рошида амалӣ мешавад. Фаолият барои барпои Хилофати Рошида тақозо менамояд, ки фаолият ҷамоӣ бошад, зеро ин фарз аз ҷумлаи фарзҳои кифоя аст, ки бидуни он фарзҳои дигарро наметавон татбиқ кард. Ин чиз аз мо талаб мекунад, ки ҷамоатеро, ки барои барпои ин фарз кӯшиш дорад, ҷустуҷӯ намоем. Аммо дар хусуси ҷамоатҳое, ки барои тағъирот ва барпои Хилофат фаолият мебаранд, бо таассуф мегӯем, ки ба ғайр аз Ҳизб-ут-Таҳрир ҷамоати дигаре вуҷуд надорад… Чаро танҳо ин ҷамоат вуҷуд дораду халос? Зеро даъват ва фаолият баҳри барпои ҳукми Аллоҳ бо воситаи барпои Хилофат барои барандагони он хеле вазнин ва хатарнок аст, чун Ғарби кофир ва ҳокимони гумоштаи он ба ин даъват сахттарин машаққатҳоро ба бор меоранд. Бинобар ин, ин машаққатҳо ва таҳдидҳоро танҳо касе метавонад таҳаммул кунад, ки Исломро ба таври дуруст фаҳмида, имон ва иродааш қавитар аз чизҳое аст, ки ба ӯ дучор меояд. Ва шояд ӯ ҳамчун ёвари боваринок беҳтарин ва боэътимодтарин шахс мегардад, ки дар ихтилоф ва гуногунии раъйҳо заиф намешавад. Бар асоси ин гуфтаҳо, мавзӯи оянда ба ин ҷамоате, ки Аллоҳ онро тавассути ба ин фарз ҳидоят кардан гиромӣ дошт, вобаста хоҳад буд… Мо ба Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло барои ин ҷамоатро ҳидоят кардан, онро ҳимоя ва собитқадам сохтани Ӯ ҳамд мегӯем. Ҳароина мо аз Ӯ Таоло ҳидоят ва мадад металабем, зеро Ӯ ба ҳар коре тавоност ва бар кори хеш ғолиб аст.