БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ
Ношукрӣ нисбати шавҳар
Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Дар шарҳи имом Нававӣ ба «Саҳеҳ»-и Муслим дар мавзӯи «Ношукрӣ нисбати шавҳар ва дараҷаҳои гуногуни куфр» ҳадис оварда шудааст: Абдуллоҳ ибни Маслама аз Молик, аз Зайд ибни Аслам, аз Ато ибни Ясор, аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд:
أُرِيتُ النَّارَ فَإِذَا أكْثَرُ أهْلِهَا النِّسَاءُ، يَكْفُرْنَ قيلَ: أيَكْفُرْنَ باللَّهِ؟ قالَ: يَكْفُرْنَ العَشِيرَ، ويَكْفُرْنَ الإحْسَانَ، لو أحْسَنْتَ إلى إحْدَاهُنَّ الدَّهْرَ، ثُمَّ رَأَتْ مِنْكَ شيئًا، قالَتْ: ما رَأَيْتُ مِنْكَ خَيْرًا قَطُّ
«Ба ман оташи дӯзах нишон дода шуд ва маълум шуд, ки аксари аҳли он занонанд, ки ношукрӣ кардаанд». Аз ӯ пурсиданд: «Оё онҳо ба Аллоҳ ношукрӣ кардаанд?». Эшон посух доданд: «Онҳо нисбати шавҳарони худ ношукрӣ мекарданд ва аз неъматҳое, ки ба онҳо расонида мешуд, шукр намегузоштанд. Агар ту муддати дароз ба яке аз чунин занон некӣ кунӣ, вале баъд чизе анҷом диҳи, ки ба ӯ писанд наояд, ҳатман мегӯяд: «Ман аз ту ҳеҷ некӣ надидаам».
Ривоят шудааст, ки Асмаӣ фармуд: «Ман дар як деҳа будам ва дар он ҷо зани бисёр зебое дидам, ки бо марди зишт ҳамроҳ буд. Ман аз ӯ пурсидам: «Оё воқеан ту аз он ки бо ин мард ҳастӣ, розӣ ҳастӣ?» Ба ин ӯ ҷавоб дод: «Хомӯш бош, чӣ қадар суханҳои ту баданд! Шояд Аллоҳ маро ба ӯ ҳамчун подош барои парҳезгории ӯ дода бошад. Ё шояд Аллоҳ ӯро ба ман ҳамчун ҷазо барои кӯтоҳиҳои ман додааст. Оё ман набояд ба Аллоҳ барои вазъияте, ки дорам, шукргузорӣ кунам?» Пас аз он ман хомӯш шудам».
Имрӯз нигоҳ ва муносибати занон ба оиладорӣ тағйир ёфтааст ва он дигар бо нуқтаи назари «мукофот ва ҷазо» иртибот надорад; баръакс, манфиат асоси муносибатҳо шудааст. Занҳо ношукрӣ ва норизоиятии худро нисбат ба шавҳарон изҳор мекунанд, ҳатто агар шавҳарҳо нисбати онҳо ғамхорӣ кунанд. Расули Аллоҳ (с) ин ношукриро бо калимаи (كُفْرَانٌ) «куфрон» номидаанд, ки маънои «куфр» ё «беимонӣ»-ро низ дорад. Бо ин, Расули Аллоҳ (с) нишон додаанд, ки ин гуноҳ чӣ қадар бузург аст. Ношукрии занон танҳо бо бетамкинӣ ва набудани сабр маҳдуд намешавад, баръакс, ин ношукрӣ ба он мерасад, ки тамоми муносибатҳо ва муҳаббат байни ҳамсаронро холӣ мекунад. Оё ин ҳамон чизест, ки Ислом таълим медиҳад? Оё ин сабр аст? Ҳеҷ шакке нест, ки сабр ва ахлоқ дар байни мардум ба манфиат ва фоида иваз шудаанд, зеро дар ҷаҳоне, ки ҳукмронии исломӣ нест, тарбияти исломӣ низ вуҷуд надорад.
Ё Аллоҳ! Вақти баргаштани Хилофати Рошидаро тезтар намо, ҳукмронӣ дар он тибқи минҳоҷи нубувват амалӣ хоҳад шуд. Ин Хилофат ҳамаи мусалмононро муттаҳид мекунад ва Умматро аз азобҳо наҷот медиҳад. Ё Аллоҳ, бо раҳмати Худ заминро равшан бикун! Омин!
То дидорҳои оянда, бародарони азиз, дар барномаи мо «Бо ҳадиси шариф». Аллоҳ шуморо ҳифз кунад. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Абӯ Марям