Низоми байналмилалӣ зидди Ислом ва мусалмонон буда, равиши пешрафт барои Покистон дар баргашт ба Ислом ва бунёди давлати Хилофат ниҳон мебошад
Доираҳои стратегӣ ва сиёсии Покистон бо поёнравии иқтисод ва паёмадҳои он ба давлат ва ҷомеа мубориза мебаранд. Ҳарчанд дар Покистон қариб ҳама дар хусуси он, ки ба давлат як чизи нав намерасад, якдил ҳастанд, вале фикри нав қариб ки садо намедиҳад. Дар ҳамин ҳол, фазои бӯҳрон ва ваҳм дар рӯбарӯи он барои элитаи покистоние, ки ба равиши ғарбӣ тобеъ аст, роҳро барои муаррифии барномаи худ кушод. Барномаи мазкур аз он иборат аст, ки Покистон ба тақлиди таҷрибаи рушди Ғарб ниёз дорад ва бояд роҳи рушдеро, ки сиёсатмадорон ва олимони ғарбӣ муайян кардаанд, пеш гирад. Ин элитаи ғарбӣ ба он боваранд, ки Покистон ҳоло масофаи кофиро дар роҳи ислоҳоте, ки муассисаҳои байналмилалӣ аз вай талаб доранд, тай накардааст. Ба гуфтаи онҳо, ё бояд иқтисодро озод гузошт ё бояд Покистон нақш ва алоқаҳои байналмилалии худро бознигарӣ кунад.
Яке аз ҷанбаҳои ҷолиби ин роҳ ва барномаи ҷадиди ислоҳот ба бурду бохт дар рақобат байни Ҳиндустону Покистон вобаста аст. Азбаски Ҳиндустон пирӯз шуд ва Покистон бохт, ин бохт бояд Покистонро ба бознигарии сиёсат ва роҳи рушди худ водор созад. Ин элитаи ғарбӣ ошкоро ба он даъват мекунад, ки Покистон бояд ба воқеи нав таслим шуда, аз мавқеи идеологии худ дар мавриди Кашмир даст кашад, равобити худро бо Афғонистон бознигарӣ кунад, ба ҷои рақобат кардан бо Ҳиндустон, бо он дар заминаи тиҷоративу иқтисодӣ ҳамкориро шурӯъ намояд ва паймони худро бо Иёлоти Муттаҳида мустаҳкам созад… Элитаи мазкур чунин мешуморад, ки Покистонро лозим аст, ки худро аз нав муаррифӣ намояд ва худро “шарик”-и ҷомеаи байналмилалӣ, хусусан давлатҳои пурқуввати ғарбӣ нишон диҳад, то дар сатҳи байналмилалӣ пазироӣ гардад. Ин чиз, ба гуфтаи онҳо, ба рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Ба ибораи дигар, Покистон бояд мавқеи душманонаи худро бо Амрико бознигарӣ карда, аз ҳуввияти исломии худ даст кашад ва навгониҳоро оид ба қонунҳо ва пешрафти иҷтимоӣ қабул намояд… яъне пойдевори иҷтимоӣ ва арзишҳои ҷомеаро тағъир бидиҳад. Хулоса, он чизе, ки Покистонро дар назари онҳо аз пешравӣ бозмедорад, ҳуввият, идеология ва фарҳанги он аст, ки бо низоми байналмилалӣ ва ҷаҳони муосир, ки қудратҳои ғарбӣ шакл додаанд, созгор нест.
Пешниҳодҳо дар бораи бознигарии нақши ҷомеа ва давлат ва ба таври куллӣ тағъир додани ҳуввияти он дар баҳсҳо чунон ба таври содда матраҳ мешаванд, ки дар аксар маврид баёнгари он аст, ки ҷонибдорони ин фикрат дар хусуси он ки ҷомеа ва давлат воқеан чӣ гуна шакл мегиранд ва ҳуввияти миллӣ чӣ гуна амал мекунад, тасаввуроти дуруст надоранд. Зеро бознигарии нақши ҷомеа ва давлат ҳамеша аз майлҳо ва мафҳумҳои идеологии шахсе, ки бо ин кор машғул мешавад, вобаста аст. Гуфтори он, ки шикасти Покистон аз Ҳиндустон бояд ҷомеаро барои анҷоми кори дигар водор созад, аз як тараф онро нишон медиҳад, ки гӯянда ба он бовар аст, ки Покистон ва Ҳиндустон дар рақобати доимӣ қарор доранд. Ин маънои онро дорад, ки ҳарду кишвар, ҳамчун нишондиҳанда барои қиёси пешравии худ, ба ҳаҷми захираҳои асъори хориҷӣ, шумораи миллиардерҳо ва ширкатҳои бузург, шумора ва қудрати артишҳо ва таъсири геополитикӣ аҳамият медиҳанд ва қиёси пешравӣ на миёни Покистон ва Ҷопон ё Олмон ё Лаҳистон, масалан, балки миёни Покистону Ҳиндустон сурат мегирад. Хандаовар он аст, ки касони ба бознигарии нақши ҷомеа ва давлат фарохонанда, дар баробари даъват ба дасткашӣ аз адовати таърихии мо нисбат ба Ҳиндустон, ба рақобати таърихӣ бо Ҳиндустон ва ба сӯи мақсадҳои гуногуни иқтисодӣ равона кардани он фаро мехонанд, ҳол он ки аз таърих халос шудан кори осон нест. Ин моро боз ба як хулосаи дигар меорад, ки ин нафарон кайфияти бунёди ҷомеаҳо ва халқҳо ва танзим байни онҳоро ба таври бояду шояд намефаҳманд, ки ин меҳвари мушкилот аст.
Ҳуввияти миллӣ аз тариқи таҷрибаи сиёсие муайян карда мешавад, ки ба эътиқодҳои сақофӣ ва фикрҳои бунёдӣ, ки мардумро ба ҳам мепайванданд, реша рондааст. Покистон бар асоси фикрати он бунёд шуда буд, ки мусалмонони нимҷазираи ҳиндӣ дар таркиби давлати ягонаи нимҷазира ҳуввияти сақофӣ ва ҳазоратии худро аз даст хоҳанд дод. Дар ҳамин ҳол, конфедератсияи дунявие, ки дар сатҳи дустур ба мусалмонон кафолати ҳимоя ва доштани вазоратҳои мудофиа, корҳои хориҷӣ ва алоқаро медод ва бояд аз тарафи ҳам мусалмонон ва ҳам ҳиндуҳо идора карда мешуд, ба ормонҳои сиёсии мусалмонон, ки мехостанд ҷомеае дошта бошанд, ки бар асоси аҳкоми аз Қуръону суннат истинботшуда бунёд гаштааст, мувофиқат намекард. Ҳамин тариқ, дар паси таъсиси Покистон андешаҳои иқтисодӣ намеистод, балки ангезаи он ҳуввияти мо ҳамчун халқ ва ҷомеа буд, ки аз иқтисод муҳимтар аст.
Фикрате, ки ба тақсим кардани нимҷазираи Ҳинд ва ташкили давлатҳое, ки аксари сокинонаш ё мусалмон ва ё ҳинду ҳастанд, фаро мехонд, ба ҳуввияти динӣ ва эътиқоди аҳолӣ такя мекард. Азбаски мусалмонон яктопараст ва ҳиндуҳо мушрик ҳастанд, ба мусалмонон ҷоиз нест, ки ба ҳукмронии ҳиндуҳо сар хам кунанд. Айнан ҳамин фикрат мусалмонони Кашмирро ба он водор сохт, ки беш аз ҳафтод сол ба ҳукмронии ҳиндуҳо саркашӣ намуда, зидди он мубориза баранд. Кашмири истилошуда яке аз минтақаҳоест, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар милитаризатсия (ҳарбӣ) кунонида шудааст. Аммо ин на аз муваффақияти давлати Ҳиндустон, балки аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаҳо ва давлатҳо дар асоси воқеиятҳои нав ва ҳисси шикаст бознигарӣ намешаванд. Баръакс, ҷомеаҳо ва давлатҳо бар асоси эътиқодҳои идеологӣ ва ормонҳои ҳазоратӣ бунёд ва бознигарӣ мешаванд ва касоне, ки ба ин кор даст мезананд, ҷаҳонеро, ки мехоҳанд эҷод намоянд ва сарфи назар аз қурбониҳо, барои ба ҳақиқати воқеӣ табдил додани он кӯшиш менамоянд, хуб тасаввур мекунанд.
Пешравии Ҳиндустон бо саъю талоши вай ба даст наомад… Зиёда аз 40 сол Ҳиндустон дар ҳошияи низоми байналмилалӣ қарор дошт ва худро аз муборизаи абарқудратҳое, ки арсаи байнамилалиро ташкил медиҳанд, дур нигоҳ медошт ва бо даъвои бетарафӣ худро аз низоми байналмилалӣ, ки Амрико таъсис додааст, дур мегирифт. Пешравии Ҳиндустон бо нигаронии Амрико аз пешравии бузурги иқтисодии Чин иртибот дорад. Зеро пешравии иқтисодии Чин дар Департаменти давлатӣ ва вазорати мудофиаи Амрико изтиробро ба вуҷуд овард. Аз ин пеш, Амрико тибқи пешниҳоди Генри Кисинҷер дарҳоро дар рӯбарӯи Чин кушода буд, то урдугоҳи сотсиализмро ду тақсим карда, Иттиҳоди Шӯравиро иҳота намояд. Бинобар ин, Амрико ба ҳамгироии Чин ба низоми байналмиллалӣ мусоидат кард, то эҷоди паймонро байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин пешгирӣ кунад. Ҳамзамон, Амрико мехост Чинро ба як корхонаи ҷаҳони Ғарб табдил диҳад ва онро ҳамчун як бозори бузург барои ширкатҳои фаромиллии Амрико истифода кунад. Ҳоло, ки Чин ба як қудрати иқтисодӣ табдил ёфта, қудрати иқтисодии худро барои таҳкими иқтидори дифоъии худ истифода мекунад ва худро ҳамчун як қудрати сулҳҷӯ дар Баҳри шарқии Чин ва Баҳри ҷанубии Чин муаррифӣ мекунад, Амрико аз болоравии геополитикии Чин метарсад ва кӯшиш мекунад, ки Ҳиндустон ва Ҷопонро ба як қудрати ба Чин баробар табдил диҳад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки ҳам Ҳиндустон ва ҳам Ҷопон, дар қатори Амрико ва Австралия, ба иттифоқи чоргонае, ки Амрико ташкил намудааст, дохил мебошад. Амрико ҳамгироии Ҳиндустон ба низоми байналмилалиро, ки таҳти роҳбарии Манмоҳан Сингҳ анҷом дода шуд, барои ба қабули барномаи геополитикии Амрико водор сохтани Ҳиндустон истифода намуд, ҳамон тавре ки дар замони ҳокимияти Айюбхон, барои ба чанголи урдугоҳи амрикоӣ гирифтор кардани Покистон, онро бо кӯмак ва қарзҳои амрикоӣ пур сохта буд. Дар замони Моди, Ҳиндустон барои иҷрои дархостҳои Амрико ва барои дар тахтаи шоҳмоти Амрико ба бозингари зидди Чин табдил шудан омода будани худро нишон дод ва ҳамон тавре, ки Чин ҳамчун абзоре барои ноил шудан ба барномаи геополитикии Амрико алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода мешуд, ҳоло барои рӯёби ҳадафҳои геополитикии амрикоӣ маҳз Ҳиндустон ҳамчун абзори геополитикӣ зидди худи Чин истифода мешавад. Ин воқеияти пешравии Ҳиндустон аст. Он нишон медиҳад, ки пешравии он на ба сабаби чолок будани режими сиёсӣ дар Ҳиндустон ва на ба сабаби заковати элитаи сиёсии ҳукмрон ё иқтидори муассисаҳои таълимии он, балки ба сабаби омилҳои геополитикӣ аст. Ба ибораи дигар, пешравии он подоше мебошад, ки Амрико ба Ҳиндустон барои иҷрои сиёсати амрикоӣ дар манотиқи уқёнусҳои Орому Ҳинд ато мефармояд.
Муассисаҳои ҳарбии Покистон низ сабаби бевоситаи пешравии Ҳиндустон шуданд. Зеро дар ҷанги Амрико алайҳи “терроризм” дар ҷониби Амрико истода, сохтори артиш, доктринаи ҳарбӣ ва тавоноии низомиву амниятии Покистонро бознигарӣ кардан ва ба ҷои машғул шудан бо Ҳиндустон, қобилияти артишро барои мубориза бо “терроризм” афзоиш додан, бо Ҳундустон вориди музокироти сулҳ шудан, тарк кардани Кашмир, саркӯб кардани инфрасохтори ҷиҳодӣ дар Ҳиндустон ва оташбас дар хати назорат, тамоми чизҳои дар боло зикршуда хатогии стратегии Покистон буд, ки барои Ҳиндустон фазо фароҳам овард, то вай аз тамаркузи стратегии худ ба Покистон ба доираи васеътаре гузарад, ки ба барномаи амрикоӣ барои ин минтақа тааллуқ дорад. Бинобар ин, “пирӯзии” имрӯзаи Ҳиндустон ба сабаби сиёсатҳои фалокатборе, ки ҳокимони Покистон дар Осиёи Ҷанубӣ ва Афғонистон ҳамчун итоат ба Амрико пеш гирифтанд, имконпазир гашт. Яъне Ҳиндустон бо кӯмаки мо ба ин “пирӯзӣ” ноил гашт. Лекин ба ҷои он, ки бо воситаи сархамшавӣ ба воқеъ ин пирӯзиро ҷашн гирем, оқилонатар мебуд, агар мо аз кӯмак ба Ҳиндустон бозистем ва воқеан рақобати ҳақиқиро бо вай оғоз намоем.
Асоси мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии Покистон дар намунаи нодурусти рушд, ки элитаи ҳокими Покистон қабул кардааст, ниҳон мебошад. Зеро шурӯъ аз замони таъсиси худ Покистон аз он азият мекашад, ки рушди вай ба ҳамгироӣ бо низоми байналмилалӣ, ки Амрико пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бунёд намуд, пойбанд карда шудааст. Сарфи назар аз он, ки оё сухан дар бораи рақобати Покистону Ҳиндустон меравад ё сохтори иқтисодии Покистон ё рушди иқтидори ҳарбӣ ва рӯёби ормонҳои минтақавии он, ҳокимони Покистон ҳеҷ гоҳ тасаввур намекарданд, ки бидуни кӯмаки Амрико ва қудратҳои аврупоӣ Покистонро дар ин соҳаҳо пеш бурда метавонанд. Амрико бар ивази он, ки Покистон вайро дар қаламрави худ бо пойгоҳҳои назоратӣ зидди Иттиҳоди Шӯравӣ таъмин мекунад, системаи ирригатсионӣ ва сарбандҳо, инчунин тамоми сиёсати кишоварзии Покистонро тарҳрезӣ намуд. Илова ба ин, Покистон ба Амрико дар ҷанги Афғонистон бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ бар ивази дастгирии иқтисодӣ ва молиявӣ кӯмак кард, ки ин ба Покистон дар афзоиши иқтидори ҳарбии худ бар зидди Ҳиндустон ёрӣ расонд. Замоне ки Ҳиндустон бетарафии худро эълон карда, аз низоми байналмилалии амрикоӣ худро дур мекашид, Амрико нигоҳи худро ба Покистон равона кард. Вақте ки Покистон дар посух ба барномаи ҳастаии Ҳиндустон барномаи тавлиди силоҳи ҳастаии худро бунёд кард, Амрико барномаи силоҳи ҳастаии Покистонро ҳамчун абзоре, ки барои маҷбур кардани Ҳиндустон ба таслимшавӣ зарур буд, эътибор кард.
Ҳангоме ки Амрико пас аз ҳамлаҳои 11 сентябр ҷанги худро алайҳи Ислом оғоз кард, Покистон кафолати Амрикоро, ки ба вай ваъда дод, ки ба душмании Ҳиндустон дучор нахоҳад шуд, пазируфт ва доктринаи ҳарбии худро бознигарӣ карда, онро ба мубориза бо “терроризм” равона кард. Ин боиси тағъирот дар китоби сабзи артиши Покистон ва аз рӯйхати хатарҳои аввалиндараҷа кӯр шудани Ҳиндустон гардид. Покистон дар масъалаи Кашмир фишори Амрикоро қабул кард ва вақте ки моҳи августи соли 2019 Моди Кашмири истилошударо ба Ҳиндустон зам кард, Покистон ягон муқовимати низомӣ нишон надод. Ғайр аз ин, Покистон инфрасохтори ҷиҳодиро дар Ҳиндустон нобуд сохт. Сиёсати энергетикии Покистонро Бонки Ҷаҳонӣ тарҳрезӣ кард ва ин боиси ҷамъ шудани қарзҳои бузург дар бахши энергетикӣ шуд ва Покистон ба амалӣ кардани барномаҳои ислоҳотии Хазинаи Байналмилалии Асъор шурӯъ намуд, то соҳаи иқтисодии худро тибқи нишондодҳои Ғарб бознигарӣ кунад. Ин сабаби он гашт, ки Покистон аз як бӯҳрон ба бӯҳрони дигар, ки кӯмаки бештари Амрико ва муассисаҳои бисёрҷонибаи онро тақозо мекард, дучор шуд. Ҳатто имрӯз низ мебинем, ки элитаи ҳукмрони Покистон ва рӯшанфикрони ғарбӣ бар ин назаранд, ки Покистон ба ҷуз қабули барномаи ислоҳотии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои идомаи рушд роҳи дигаре надорад. Боз мебинем, ки ҳатто баъд аз ниҳодани қадам дар роҳи рушд, ки бояд Покистонро аз Амрико мустақил мекард, вай барои ҷалби сармоягузориҳо ба зерсохтор ва нақлиёт ба Чин рӯй меорад, ҳол он ки ба ҳама маълум аст, ки ин сармоягузориҳо бори гарони иқтисоди заифи Покистонро изофа карда, Покистонро ба остонаи муфлисшавӣ тела медиҳад.
Нокомии элитаи дар Покистон ҳукмрон дар тасаввури роҳи мустақили пешрафт қисман ба гузаштаи мустамликавии Покистон вобаста аст. Зеро Покистон давлат ва муассисаҳои худро аз Бритониё ба мерос гирифт. Қабл аз ин, англисҳо доираи сиёсиеро ба вуҷуд оварда буданд, ки пешравии нимҷазираи Ҳиндро ба тақлид аз таҷрибаи сиёсӣ ва фикрии Ғарб вобаста мекард. Имрӯз Амрико ин мероси мустамликавиро ба даст оварда, Покистонро ба доми таслимшавӣ ба низоми байналмилалии худ ҷой медиҳад.
Бешубҳа, дар низоми байналмилалӣ ва зерсохтори байналмилалии молӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ, ки имрӯз бар олам ҳукмронӣ менамояд, аз ҷиҳати тақсими қудрат дар дохили он танҳо Амрико мавҷуд асту халос, чунки Амрико қувваҳои дигарро ба ҳошияи ин низом ҷой дода, дар он ба ҳокими ягона табдил ёфтааст. Вай дар Бреттон Вудс Хазинаи Байналмилалии Асъорро таъсис дод, то доллари амрикоиро ба тиҷорати байналмилалӣ таҳмил кунад. Бӯҳрони мувозинати пардохт дар Покистон натиҷаи бевоситаи иштироки Покистон дар ин низом мебошад. Покистон ва тамоми олами исломӣ бо дилу ҷон розӣ шуд, ки байни ҳам бо доллар савдо намояд ва дар паси ин Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамчун чораи охирин барои кишварҳое, ки аз танқисии долларҳои нақд азият мекашанд, таъсис дода шуд. Ҷолиб он аст, ки ҳам Покистон ва ҳам Амрико дар остонаи муфлисшавӣ қарор доранд. Дар ҳамин ҳол Покистон маҷбур аст, ки шартҳои сахти барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъорро бар ивази доллар бипазирад, ки ин аллакай иқтисодиётро ба бунбаст оварда, боис ба амиқ шудани бӯҳрони иқтисодӣ ва ранҷу азоби мардум шудааст. Аммо Амрико интизори тасмими Конгресс оид ба боло бурдани ҳадди ниҳоии қарзи худ аст, зеро Амрико мавқеи беназире дорад, ки ба вай имкон медиҳад тавассути Бонки марказии худ (Захираи федералӣ) доллар чоп кунад. Дар ҳоле, ки Покистон ва ҷаҳони исломӣ бояд доллар ба даст оваранд, то тавонанд дар тиҷорати байналмилалӣ ширкат варзанд, Амрико аз тариқи низоми мураккаби молии эҷодкардааш мувофиқи эҳтиёҷоти худ онро чоп мекунад. Инчунин, вай барои назорат бар равиши рушди кишварҳо Бонки Ҷаҳонӣ таъсис дод, то тавассути он лоиҳаҳоеро, ки ба манфиатҳои Ғарб ва корпоратсияҳои фаромиллии Ғарб мувофиқанд, маблағгузорӣ намояд. Қазияи маъруфи кони мис ва тилло “Рико Дек”, ки вобаста ба он Суди Байналмилалии Арбитражӣ, ки ба Бонки Ҷаҳонӣ тобеъ аст, барои ба ширкати Barrick Gold надодани ҳаққи коркарди кон ба Покистон ба миқдори 11 миллиард доллар ҷарима таъин намуда буд, танҳо як мисоли қарорҳои гегемонӣ ва мустамликавии ин ниҳодҳои байналмилалӣ аст. Бо таҳдиди хориҷ кардан аз низоми “SWIFT” ва ҷилавгирӣ аз дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сармоя, хатти интиқоли байналмилалӣ, хидматрасониҳо ва ғайра, Амрико алайҳи кишварҳое, ки сиёсати онро риоя намекунанд, таҳримҳо ҷорӣ мекунад ва ба ин васила онҳоро зери барномаи худ қарор медиҳад.
Ҳамин тариқ, низоми байналмилалӣ комилан таҳти назорати Амрико қарор дорад ва Амрико ҳамонест, ки ғолибону мағлубонро дар ин низом интихоб мекунад. Амрико ба Ҷопон ва Олмон иҷоза дод, ки аз ин низом баҳра баранд, ба шарте ки пас аз шикасти худ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ халъи силоҳ кунанд. Ҳоло тавассути таҳдиди ҷанг дар гулӯгоҳи Тайван ва ҷанги Украинаву Русия дар Аврупои Марказӣ, Амрико ҳам Ҷопон ва ҳам Олмонро маҷбур кардааст, ки буҷаи дифоии худро афзоиш диҳанд ва дар хидмати ҳадафҳои геополитикии Амрико нисбат ба Чин ва Русия мавқеи душманонатар ишғол намоянд. Чин замоне дар паҳлӯи афзалиятноки ин низоми байналмилалӣ қарор дошт ва ҳоло дар тарафи баръакси он аст. Ҳиндро замоне аз ин низом дур афканда буданд, аммо ҳоло вай аз баракатҳои он бархӯрдор мебошад. Элитаи ҳокими Покистон омода аст, ки бар ивази айнан ҳамон имтиёзҳои ба Ҳинд аз ҷониби низоми байналмилалӣ додашуда Покистонро ба як кишвари гумошта, ки дар меҳвари нуфузи амрикоӣ давр мезанад, табдил диҳад. Воқеан онҳо борҳо ин масъаларо ба Амрико бардошта, қувва ва захираҳои худро барои хидмати манфиатҳои геополитикии Амрико пешниҳод намуданд, ки ин аз соддагии доираҳои стратегии Покистон шаҳодат медиҳад. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки давлати гумошта ҳеҷ гоҳ аз барномаи давлате, ки ба он марҳамат мекунад, берун шуда наметавонад, аммо таблиғи Ғарб элитаи ҳокими Покистонро кӯру кар кардааст, зеро онҳо намефаҳманд, ки Амрико ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки давлати мусалмоннишин дар ин низом қудрат ва нуфуз ба даст орад. Сабаб адовати амиқи идеологие аст, ки Амрико зидди Ислом дорад ва тарси он аз қувваи тамаддуни фикрати исломӣ мебошад. Сад сол пеш ва пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ дар сарзаминҳои исломӣ давлати Хилофат, ки то миёнаҳои қарни 18 дар арсаи байналмилалӣ як бозигари тавоно буд, ҳукмронӣ мекард. Гузашта аз ин, ҳарчанд лоиҳаи мустамликадории Ғарб, ки дар асри 15 оғоз ёфт, тавонист бисёре аз қисматҳои ҷаҳонро (аз ҷумла Африқо ва қитъаи Амрикоро) зери назорат бигирад, кишварҳои исломӣ ва тамаддуни исломӣ дар роҳи истеъмор ба Ғарб монеаи ҷиддӣ нишон медод. Ниҳоят, дар замони истеъмори аврупоӣ ва баъдан амрикоӣ, аввалин маротиба Аврупо ва Ғарб ҳамчун лоиҳаи сиёсӣ дар атрофи фикрати ягонаи ҳазорати ғарбӣ муттаҳид шуда, алайҳи давлати Хилофат ҷангҳои салибии масеҳӣ эълон намуд. Ҳамин тавр, асосе, ки ба ҳазорати ғарбӣ, ки ташаккули худро оғоз намуд, шакли муайян дод, адоват ба мусалмонон ва давлати Хилофат буд ва ин адовати отифӣ дар анъанаҳои сиёсии масеҳӣ реша давонда, ҷузъи ҷудонопазири ҳазорати ғарбӣ гашт. Ҳатто пас аз қабул шудани идеологияи дунявӣ дар асрҳои 17-18 аз ҷониби кишварҳои мухталифи ғарбӣ, дар ин масъала чизе тағъир наёфт. Имрӯз низ Ғарб ба олами исломӣ аз дидгоҳи бархӯрди ҳазоратҳо миёни Ислом ва Ғарб назар карда, ба ҳимояи куфр аз муқаддасоти исломӣ бо баҳонаи озодии баён пофишорӣ мекунад. Талоши ахири Ғарб барои маҷбур кардани олами исломӣ ба қабули амали пасти ҳамҷинсгароӣ ба бархӯрди ҳазоратҳо далели беҳтарин мебошад.
Ягона роҳи пешрафт барои Покистон ва олами исломӣ ин беруншавӣ аз низоми байналмилалӣ ва дар асоси фикр ва ҳазорати исломӣ роҳи хос ва мустақили пешрафт ва рушди худро муайян кардан мебошад. Саркашии мусалмонони Ироқу Афғонистон аз таслимшавӣ ба нуфузи амрикоӣ решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Уммати исломӣ дар сояи давлати Хилофат ҳокими ҷаҳон буд ва ҳангоме ки Исломро дар кишварҳои исломӣ татбиқ менамуд ва рисолати Исломро ба олами боқимонда аз тариқи ҷиҳод мерасонд, дар арсаи байналмилалӣ нуфуз дошт. Уммати исломӣ дар тӯли асрҳо таслим шудан ба воқеиятро рад кард ва ҳамзамон империяҳои Рум ва Форсро шикаст дод. Вай империяи Румро бо ҳамла ба Константинопол хароб кард. Гузашта аз ин, вай баъд аз шикаст хӯрдан аз олами масеҳӣ дар муддати 90 сол, Фаластинро баргашта аз нуфузи масеҳӣ озод намуд ва зидди истеъмори аврупоӣ, ки барои ба даст овардани Фаластин дохили ҷанг бо вай шуда буд, мубориза бурд. Роҳи халосӣ аз нуфузи Амрико маълум аст ва он ҳам бошад, ба курсии ҳокимият ва салтанат баргардонидани Ислом мебошад. Уммати исломӣ уммати ягона аст, ки Покистон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, кишварҳои исломии Шарқи Дур ва Африқоро дарбар гирифта, зери ҳукмронии як халифа қарор мегирад. Пас вай дорои захираҳои сершумор шуда, ба давлати тавоно мубаддал хоҳад гашт ва бо воситаи ин давлат мавқеи ҷаҳонии худро, ҳамчун уммати беҳтарине, ки барои башарият бароварда шудааст, ишғол хоҳад намуд. Аллоҳ Таоло гуфтааст:
هُوَ ٱلَّذِىٓ أَرْسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلْهُدَىٰ وَدِينِ ٱلْحَقِّ لِيُظْهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوْ كَرِهَ ٱلْمُشْرِكُونَ
“Ӯст, ки паёмбарашро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад, агарчи мушрикон инро намеписанданд” (Сураи Тавба, 33).
Муҳандис Муизи Покистонӣ