Низоъи байналхалқӣ ва таъсири он ба Уммати Исломӣ

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Низоъи байналхалқӣ ва таъсири он ба Уммати Исломӣ

  Ҷанги Русия бо Украина умқи пурраи низоъи байналхалқиро барои манфиат ва нуфуз дар ҷаҳон ошкор намуд, ки ба он, аз ҷумла, Аврупо ва Амрико ҷалб шудаанд. Дар мавриди Уммати Исломӣ бошад, ӯ низ дар ин низоъ ҷойгоҳи худро ишғол намуд.

Ба ин бошад потенсиал(тавоноӣ)-и пинҳонии Уммат, ки қодир аст ба муносибатҳои байналхалқӣ таъсир расонад ва воқеият, ки имрӯз Уммат қурбонии низоъҳои байналхалқӣ шуда, бо он рӯ ба рӯ мегардад, далолат мекунад.

Барои равшанӣ андохтан ба таъсири низоъҳои байналхалқӣ ба Уммати Исломӣ, нахуст масъалаи иштирокчиёни ин низоъро баррасӣ менамоем, ки онҳо метавонанд ба ҷараёни рӯйдодҳо таъсир расонда, воситаҳои худро дар он истифода баранд. Пас аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон Амрико, Британияи кабир, Франсия, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Хитой дар ҳама низоъҳои байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ тарафҳои  аз ҳама таъсирбахш гардиданд.  Гарчанде ки дар имконияту қобилияти ин мамлакатҳо барои таъсир расондан ба вазъият, чи дар алоҳидагӣ ва чи тавассути бастани иттифоқҳо, фарқиятҳо ҳастанд.

Дар замони «Ҷанги сард» бо Иттиҳоди Шӯравӣ аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта то соли 1991, Амрико тавассути Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бар болои маҳдуд сохтани имкониятҳо ва нақши иттифоқчиёни аврупоии худ кор мекард. Инчунин давраи баъд аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон то рӯзҳои мо бо назорати раднашавандаи Амрико аз болои рафти муноқишаи байналхалқӣ ва қобилияти ба ин муноқиша ҷалб намудан ё аз он хориҷ кардани дигар давлатҳо мувофиқи манфиати худаш тавсиф карда мешавад. Вақте ки Амрико  соли 1991 ҷангро дар Ироқ оғоз  кард, ӯ ба ин ҷанг бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҷонибҳои бонуфузи  низоъи байналхалқиро ҷалб намуд. Амрико ба  ҷанги кунунии Украина давлатҳои асосии аврупоиро ҷалб кард ва ҳатто онҳоро ба яке аз тарафҳои низоъ табдил дод.

Муноқишаи байналхалқӣ дар атрофи якчанд рукнҳо тоб мехӯрад: таъсири сиёсӣ, манфиатҳои молиявӣ ва иқтисодӣ, таъмини манбаъҳои энергия ва ашёи хоми барои саноат зарурӣ, қувваи корӣ, хоҳ техникӣ бошад хоҳ илмӣ, ресурс(захираҳо)-и инсонӣ ва бархӯрди тамаддунӣ. Ҳамаи давлатҳо, сарфи назар аз қувва ё заъифии онҳо, сарфи назар аз он ки дар арсаи байналхалқӣ пешсафанд ё вобаста, кӯшиш мекунанд, ки ба манфиатҳои худ ноил гарданд, мақоми оламшумул ва ё ҳатто мавҷудияти худро нигоҳ доранд.

Тафовут танҳо дар он аст, ки кишварҳои калон барои комёб шудан ба манфиатҳои худ ва нигоҳ доштани нуфузашон қудрат ва мақоми байналхалқии худро истифода мебаранд. Мамлакатҳои дигар бошанд ба қувваи давлатҳои калон такя намуда, кӯшиш мекунанд ё бо роҳи  пурра тобеъ шудан ва ё бо роҳи таъмини манфиатҳои онҳо дастгириашонро соҳиб шаванд. Айнан ҳамин чиз имрӯз бо Украина рӯй медиҳад, яъне ӯ мехоҳад пуштибонии  Амрико ва иттифоқчиёнашро дар Аврупо ба даст орад, то соҳибихтиёрии худро нигоҳ дорад.

Ҳарчанд асосҳои моддии низоъҳои байналхалқӣ, бахусус нуфузи сиёсӣ ва манфиатҳои молиявӣ-иқтисодӣ равшан ҳастанд, аммо бархӯрди тамаддунӣ асоси муҳимтарин аст. Алалхусус ин асос замоне дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар тӯли асри гузашта то  барҳамхӯриаш дар соли 1991 мабдаи сотсиалистӣ ва коммунистиро бардошта мебаромад. Тамоми ин муддат мубориза барои нуфузи сиёсӣ, манфиатҳои молиявию иқтисодӣ, манбаъҳои энержӣ, ашьёи хом,  ресурсҳои инсонӣ нисбат ба асос дуюмдараҷа менамуд. Вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрду ҷумҳуриҳои собиқаш ба мабдаи ғарбӣ гузаштанд, заминаи тамаддунии низоъ муваққатан аз арсаи байналхалқӣ нопадид шуд. Ин Амрико ва Аврупоро аз яке аз кортҳои муҳимтарин, ки бо ёрии он ба мақсаду ҳадафхои дигар ноил мешуданд, маҳрум сохт.

Дере нагузашта давлатҳое, ки муносибатҳои байналхалқиро ташаккул медиҳанд ва ҷонибҳои муноқишаи байналхалқӣ аз болои сарҷамъкунии диққат нисбат ба мабдаи исломӣ, ҳамчун рукни асосии низоъи байналхалқӣ,  ба кор шурӯъ карданд. Ин ду сабаб дорад. Якум, мафкураи исломӣ аз ҷиҳати назариявӣ барои мухолифат бо мафкураи ғарбӣ аз бисёр ҷиҳат мувофиқ аст, хоҳ аз нигоҳи асосҳои идеявӣ, тарзи зиндагӣ ё низоми арзишҳо бошад. Сабаби дуввум ин аст, ки Ислом дар сарзаминҳои васеъи Осиё ва Африқо, ки дорои сарватҳои молиявию иқтисодӣ, захираҳои бузурги энержӣ ва ашёи хом, инчунин ресурс(захира)-ҳои инсонӣ мебошанд, паҳн шудааст. Ҳарчанд Амрико ва пайравонаш комилан дарк мекунанд, ки Ислом дар ҳоли ҳозир зиндагӣ ва имкониятҳои ин кишварҳоро назорат намекунад, аммо он ногузир ба вуқӯъ мепайвандад, агар Амрико ҳамроҳ бо иттифоқчиёнаш имрӯз Исломро ба майдони низоъ набарорад.

Ҳамин тавр, Амрико кишварҳои мусалмониро пеш аз он ки онҳо  ба монанди Аврупо, Чин ва Русия ба як қудрати байналхалқӣ табдил ёбанд, ба майдони низоъҳои байналхалқӣ баровард. Аврупо дар симои Бритониёи Кабир, Фаронса ва Олмон, инчунин Чин ва Русия имконияти муноқиша карданро доранд,  онҳо мақсадҳо(амбитсияҳо)-и гегемонистӣ доранд, худкифоя ҳастанд, ки ин чизҳо онҳоро қувваҳои нуфузнок мегардонад. Барои ҳамин ин нерӯҳоро зери назорат нигоҳ доштан ва пайгирӣ кардан лозим аст, то ин ки онҳо дар чаҳорчӯбаи низоми оламшумул(глобалӣ) ё он чизе, ки андаке пеш «суботи стратегии оламшумул» номида шуда буд, боқӣ бимонанд.

Дар мавриди Уммати Исломӣ, ки ба панҷоҳу панҷ кишвар пора-пора шудааст чунин аст, ки дар байни онҳо давлате нест, ки бо қудрат ва нуфузи худ фарқ карда истад ва дар миёни онҳо, чун дар Иттиҳоди Аврупо, робитаи сиёсӣ вуҷуд надорад. Дар асл Ислом ягон муаммои байналхалқӣ эҷод намекунад, ба ҷуз аз нигоҳи нерӯи ақидавии ниҳонӣ, ки метавонад ба як нерӯи динамикӣ табдил ёбад, ки сарзаминҳои исломиро дар давлати ягонаи Хилофат муттаҳид месозад. Ва он гоҳ Давлати Исломӣ намегузорад, ки ҷонибҳои кунунии низоъ дар сарзаминҳои мусалмонӣ  имкониятҳои энержӣ ва ашёи хом, ресурсҳои инсонӣ ва ҳаёти сиёсиро зери назорат гиранд.

Ба майдони муноқишаҳои байналхалқӣ овардани Ислом ва ҳамлаи мустақим ба он пас аз анҷоми «Ҷанги сард»  бо Иттиҳоди Шӯравӣ ба як монеаи ҷиддӣ табдил ёфт, ки пеши роҳи эҳёи Уммати Исломиро мегирад. Бо ибораи дигар, ҳамла ба Ислом пеш аз барпо намудани Давлати Исломӣ сурат мегирад, ки бояд онро намояндагӣ намуда, низомҳои онро татбиқ мекард ва имкониятҳои Умматро назорат менамуд. Ин аз воқеи коммунизм, ки дар ибтидои асри гузашта рӯй дода буд, вақте ки он то ташкил ёфтани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1917 ба арсаи даргириҳои байналхалқӣ дохил намешуд, ба куллӣ фарқ мекунад.

Ба ғайр аз ин, ҳамлаҳо ба Исломи сиёсӣ имкон дод, ки баъзе сарзаминҳои исломӣ, аз қабили Ироқ ва Афғонистон боз забт карда шаванд, имкон дод ҷангҳои шадиди шаҳрвандиро дар Сурия, Яман ва Либия роҳандозӣ намоянд. Инчунин имкон доданд, ки пеши роҳи аввалин кӯшиши аз зери парастории мустамликадорӣ баромадани баъзе кишварҳо дар рафти «Инқилоби араб»  гирифта шуда, дар баъзе сарзаминҳои исломӣ пойгоҳҳои низомии Амрико ва Бритониёи кабир ҷойгир карда шаванд.

Аз ин рӯ, таъсири низоъҳои байналхалқӣ ба Уммати Исломӣ на танҳо айни замон, балки баъд аз барпо намудани  Хилофат низ нигаронкунанда аст. Ин аз онҳое, ки барои эҳёи Уммат бар пояи Ислом ва барпо намудани   Хилофат фаъолият мебаранд, тақозо мекунад, ки таъсири низоъи байналхалқӣ, навъҳои он, аз як шакл ба шакли дигар гузаштанашро пайваста омӯзанд, инчунин марҳилаи фаъол ва ғайрифаъоли онро мушоҳида намоянд. Он гоҳ мусалмонҳое, ки рисолати наҷоти Умматро бар ӯҳда гирифтаанд, ҳангоми ба пеш қадам гузоштан нуқтаи такягоҳро дида, ё пешбинӣ карда метавонистанд, ки чи хел ҳозир як қадам ба қафо монда, дар оянда ду қадам ба пеш раванд.

 

Газетаи «Ар-роя»

Муҳаммад Ҷилонӣ

27 шаъбони 1443 ҳиҷрӣ

30.03.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads