بسم الله الرحمن الرحيم
Нақши шахсиятҳои намоёни Уммат
Худованди мутаъол ба тамоми махлуқоташ дорогии хосиятҳои муайяне ато кардааст ва онҳо ҳама дар тобеъияти қонунҳои табиии коинот ҳастанд, Танҳо паёмбарон метавонанд қонунҳои табиатро нақз кунанд ва мӯъҷизаҳое анҷом диҳанд, то рисолати нубувватии Эшонро тасдиқ кунанд.
Ҳодисаи «Ал-Исро вал-меъроҷ» (интиқоли шаб ва меъроҷи Паёмбари Худо Муҳаммад (с.а.в.) яке аз ҳодисаҳои ғайриоддӣ буд, ки мушрикони Маккаро ба ҳайрат овард ва ин далели нубуввати паёмбарамон Муҳаммад (с.а.в.) буд.
Дар мавриди кӯшиши Муҳаммад (с.а.в.) барои таъсиси Давлат дар Мадина, онро мўъҷиза тасниф кардан мумкин нест, вагарна тамоми ин раванд ин қадар сол, яъне сенздаҳ сол намешуд, балки дар як шаб ё камтар аз он, монанди воқеаи ал-Исро ва ал-Меъроҷ сурат мегирифт. Эшон(с.а.в.) ҳангоми давлатҳои мавҷударо хароб карда, дар харобаҳои онҳо давлати нав сохтан, мувофиқи тартиби зиндагӣ ва қонунҳои табиии олам амал карда буданд. Мухаммад (с.а.в.) бо қувва ва амал, бе тардид, кӯшишу ғайраташонро дареғ надошта амал мекарданд; ҳар қадамро ҳисобу чен мекарданд ва аз он дур намешуданд, зеро барои расидан ба ҳадаф онро пайгирӣ кардан лозим буд. Ҳамзамон воқеият, шароит ва замону маконро ба назар мегирифтанд. Агар роҳу василаҳо талаб кунад, амалиёташонро тағйир ва дигаргун мекарданд.
Паёмбар (с.а.в.) дар роҳи худ ба ҳамаи ин душвориҳову машаққатҳо тоб оварданд, то ҳар кӣ аз Эшон (с.а.в.) пайравӣ кунад, бо сабру таҳаммул бо роҳи Он кас(с.а.в.) равад ва итминон дошта бошад, ки ба ҳадафи худ ҳамон тавре, ки Паёмбари Худо (с.а.в.) бо кӯшишҳои инсониву таваккули комил ба Аллохи Мутаъол ба он расида буданд, ӯ ҳам мерасад.
Масъалаи бунёди давлатдорӣ ин як амали маъруф аст. Онҳое, ки мехоҳанд ба ин ноил шаванд, бояд бо нафароне, ки афроди бузургвору бонуфуз ҳастанду мардум онҳоро пайравӣ мекунанд, ҳамроҳ амал кунанд. Маҳз хамин одамони шинохта ва бонуфуз ӯро ба сӯи мақсад мебаранд; шахсони бонуфуз ҳамеша ва дар ҳама ҷо роли азим ва муҳим бозиданд. Дар ин ҷо намояндагони мӯътабар, обрӯманд ва бонуфузи халқро дар назар доранд. Вазифаи онхо мардумро ба пеш бурдан, намояндагӣ кардан, сухан гуфтан ва роҳнамоӣ намудан мебошад.
Қуръони Карим дар чанд маврид ба онҳо таваҷҷӯҳ ва ба онҳо ишора мекунад ва дар бораи онҳо сухан гуфта, онҳоро ашроф меномад. Худованди мутаъол мефармояд:
وَقَالَ الْمَلأُ مِن قَوْمِ فِرْعَونَ
“Меҳтарони қавми Фиръавн гуфтанд…” (7:127)
أَلَمْ تَرَ إِلَى الْمَلإِ مِن بَنِي إِسْرَائِيلَ
“[Эй паёмбар] Оё [аз достони] гурӯҳе аз [ашрофу бузургони] Бани Исроил хабар дорӣ…” (2:246)
Ин гуна маъноҳоро дар оятҳои дигар низ метавон дарёфт. Худованд мефармояд:
وَاخْتَارَ مُوسَى قَوْمَهُ سَبْعِينَ رَجُلاً لِّمِيقَاتِنَا
“Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро бигирифт…” (7:155)
وَلَقَدْ أَخَذَ اللَّهُ مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ وَبَعَثْنَا مِنهُمُ اثْنَيْ عَشَرَ نَقِيبًا
“Худованд аз банӣ-Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ нақиб ҷудо кардем…” (5:12)
Дар забони арабӣ ва ба назари уламои тафсир (тафсири Қуръон) вожаи اَلنَّقِيبُ ба маънии пири қавми худ аст, вай аз пирон ҳам болотар аст, валии вафодор ва мўътамади қавми худ аст. Аллоҳи мутаъол мефармояд:
فَلَوْلاَ كَانَ مِنَ الْقُرُونِ مِن قَبْلِكُمْ أُوْلُواْ بَقِيَّةٍ يَنْهَوْنَ عَنِ الْفَسَادِ فِي الأَرْضِ
«Чаро дар миёни мардумоне, ки пеш аз шумо буданд, ғайри андаке, ки аз он миён наҷоташон додем, хирадмандоне набуданд, то мардумонро аз фасод кардан дар замин боздоранд?» (11:116)
Ин ба онҳое дахл дорад, ки ақл, фаҳмиш, дин ва идрок доранд. Ҳатто Расули Худо (с.а.в.) ба касоне, ки дар Мино барои байъаташон омада буданд, рӯ оварда, фармуданд:
أَخْرِجُوا إِلَى مِنْكُمُ اثْنَيْ عَشَرَ نَقِيباً يَكُونُونَ عَلَى قَوْمِهِمْ بِمَا فِيهِمْ
«Аз миёни шумо барои ман дувоздаҳ нафар нақиб интихоб кунед, ки тавони сарварии қабилаашон бошанд».
Ин ба онҳое дахл дорад, ки мардуми байъатдиҳандаро намояндагӣ мекунанд.
Шахсони нуфузнок дар кори Паёмбар (с.а.в.) аз даъвати Эшон сар карда, то бунёди давлат нақши бузурге доштаанд. Масалан, Паёмбар (с.а.в.) ҳангоми дархости ёрӣ (талаб ан-нусра) аз нуфузи Абӯбакри Сиддиқ (р), ки Паёмбари Худо (с.а.в.)-ро ҳамроҳӣ мекарданд, истифода бурда, даъвати Исломро ҳамчун унвони бартарӣ дар минтақа барқарор карданд. Абӯбакр (р) қабилаҳо ва насабҳои бонуфузи онҳоро медонист. Ин чиз ба Паёмбар (с.а.в.) имкон додааст, то қабилаҳоеро интихоб кунанд, ки ба онҳо бо дархости нусрат ва таъсиси Давлати Исломӣ муроҷиат кардан мумкин аст. Аз сухани Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят аст, ки фармуданд:
«Вақте ки Аллоҳи азза ва ҷалла ба Паёмбараш (с.а.в.) фармон дод, ки аз қабилаҳои гуногуни араб паноҳ ва сарпарастӣ биҷӯяд, аз хона берун шуд. Ман ва Абӯбакр (р) ҳамроҳи Эшон (с.а.в.) будем. Ӯ дар ҳар кори хайр хамеша дар пеш буд ва насабномаи арабҳоро медонист. Баъд мо ба ҷамъомади дигари арабҳо омадем. Аз рӯи намуди зоҳирӣ онҳо одамони олиҷаноб буданд. Онҳо бошарафона рафтор мекарданд, ва ором сухан мегуфтанд. Абӯбакр(р) ба онҳо рӯй овард ва пурсид: “Шумо кистед?” Гуфтанд: Мо мардуми Шайбон ибни Саълабем. Сипас Абӯбакр (р) ба сўи Паёмбар (с) рў оварда гуфт: «Падару модарам барои ту қурбон шаванд! Онҳо беҳтарин намояндагони халқи худ ҳастанд».
Яке аз онҳо Абӯзарри Ғифорӣ буд, ки исломро пазируфт, сипас тамоми қабилаи Ғифори худро ба Ислом овард.
Ҳолати дигар бо Мусаб ибни Умайр (р) фиристодаи Расули Худо (с.а.в.) рӯй дод, ки Усайд ибни Ҳузайр ва Саъд ибни Муоз барин ашрофони Мадинаро ба худ ҷалб кард, онҳо минбаъд бани Абдулашхалро аз Бани — Авс ба Ислом оварданд. Ва ғайра…
Агар дар мавриди инқилоби Шоми муборак ҳарф занем, бояд гуфт, ки он бо тавонотарин режими ба башарият маълум, ки нахуст пирони қавми худро аз байн бурд, муқобилият карданд. Баъд аз он дар байни халқ ашрофзодагон намонданд. Ин режим худро ба пешхизмате табдил дод, ки ӯ ҳар куҷое наравад, аз паи ӯ мерафтанд. Хамин ки инқилоб ба вуҷуд омад, режимҳои нодуруст дар сари роҳаш истода, онро бо пули ифлос ғарқ карданд. Рохбарияте ташкил карданд, ки ҳар гуна фармонро мунтазам иҷро мекард, отрядҳо ташкил карданд, ки пирони мардумро несту нобуд мекарданд ва кор ба ихтиёри дастони «сабзхо» омада мерасид. Ин режимхо инқилобро ба ботлоқи таҳқир ва нафрат андохта, онро ба харобазор оварданд.
Зарур аст, ки ҳама чиз ба ҳолати муқаррарӣ баргардад ва инқилоб ба роҳи аслии худ, ки ба сӯи Аллоҳ ва пешвои Ӯ — Паёмбарамон Муҳаммад (с.а.в.) нигаронида шудааст, ояд. Зарур аст, ки ашрофон баргарданд ва нақши муқарраркардаи худро дар пешбарии мардум, аз нав оғоз карда, ботаваҷҷӯҳ бошанд. Нерўи худро ҷамъ созанд ва ба пеш дароянд, то дар роҳи росте, ки аз нури асҳоби Расули Худо (с.а.в.) мунаввар гардидааст, бираванд. Рохбарии бошуурона ва софдилонаи сиёсиро, ки барои муваффакият хамаи чизҳои заруриро дорад, пайравӣ кунанд.
Дар пеши шумо Ҳизби Таҳрир истодааст. Он ҳақ дорад ба лутфи Аллоҳ Умматро ба некӣ роҳнамоӣ кунад. Ин ҳизб дорои лоиҳаи мукаммал ва муфассал мебошад, ки аз Китоби Аллоҳ, Суннати Пайғомбар(с.а.в.), Иҷмоъ ва Қиёс сарчашма гирифтааст.
Он гоҳ риштаи гумшудаи инқилоби мо барқарор мешавад ва мо ба роҳе меравем, ки боиси сарнагунии режим ва истиқрори ҳукумати Ислом мегардад. Қурбониҳо кам мешаванд, фоҷиаҳо хотима меёбанд, барои зиллат ва рехтани хун, интиқом гирифта мешавад. Он гоҳ, на танҳо мусалмонон, балки тамоми чаҳон дар зери сояи Хилофати Дувуми Рошида тибқи тариқати нубувват бӯи ширин мегирад ва аз зиндагии пурфайз, ки қавонини Ислом фароҳам мекунад, баҳра мебаранд.
Фаъолияти ҷиддӣ ва боғайратона боиси пирўзии мўъминон мегардад, зеро барои парҳезгорон натиҷаи нек омода шудааст ва Худованд ғайраткоронро аз аҷр маҳрум намесозад.
Газетаи «Ар-рая»
Амир Салим
16.02.2022