Намудҳои мункар

Намудҳои мункар

Мункар ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад, зеро макон ва замони пайдоиши он, инчунин он касе, ки сабаби сар задани мункар ва оне, ки онро содир мекунад ба назар гирифта мешавад.

1) Макон ва замон ба ҳисоб гирифта мешавад

Мункар ҳам дар ҷойҳои хусусӣ ва ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содир карда мешавад. Яке аз ҷойҳои хусусие, ки дар он мункар анҷом дода мешавад,  хона буда метавонад. Дар хона омехташавии манъшудаи ҷинсҳо (иҳтилот), зино, нӯшидани машруботи спиртӣ ва ҳоказо ба амал омада метавонад. Ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бозорҳо, масҷидҳо, кӯчаҳо ва ғайра дохил мешаванд, яъне ҷойҳое, ки барои дидан намудан иҷозати махсус талаб намешавад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои мункар дар намуди кушодани аврат, фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, фурӯши видеомаҳсулот ва маҷаллаҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ-эротикӣ ва порнографӣ, дуздӣ ва ҳоказо ба амал меоянд.

Дар мавриди вақт бошад, фақеҳон барои тағйир додани мункар лаҳзаи содир кардани гуноҳро шарт кардаанд, чунки агар гуноҳ аллакай содир шуда бошад, пас тағйир додан/бартараф кардани он ғайриимкон аст. Фақат мумкин аст, ки дар оянда аз анҷом додани он боздошта шавад, ба риоя кардани амали нек фармуда, инчунин насиҳат карда шавад.

Ҳар як гуноҳи содиршуда ҳукмҳои худро дорад, ки метавонанд аз ҳукми гуноҳи дигар фарқ кунанд. Масалан, шахсе, ки нӯшокии спиртӣ истеъмол кардааст, аз шахсе, ки куштор содир намудааст, фарқ мекунад. Аз ин рӯ, он чизе, ки Мустафо Камол Отатурк кардааст, ба ин мавзӯъ дахл дорад. Пас аз он ки соли 1924 Хилофат барҳам дода шуд ва қонунҳои дунявӣ дар Дорул-Ислом барпо шуданд, мусулмонҳо бояд  бармехестанд ва ин ҳолати гуноҳборро бо қувва тағйир медоданд. Аммо имрӯз мо дар ҳоле қарор дорем, ки гуноҳ аллакай содир шуда, кор анҷом дода шудааст  қонунҳои дунявӣ дар сарзаминҳои Дорул-Ислом реша давондааст. Ин маънои онро дорад, ки вазъияти имрӯза аз вазъияти замони Отатурк фарқ мекунад. Имрӯз дар дигаргунсозии сарзаминҳои мо, ки дар он қонунҳои дунявӣ ҳукм меронанд ба Дорул-Ислом пайравӣ аз тариқати Паёмбар ﷺ воҷиб шудааст.

2) Бо дарназардошти касе, ки сабаби пайдо шудани мункар шудааст ва касе, ки онро содир мекунад

Барпо сохтани замина барои содир кардани гуноҳ ё ин ки худи содир кардани гуноҳ ё аз афрод, ё аз ҳоким ва ё аз гурӯҳҳо бармеояд. Мункаре, ки аз ҷониби  шахс ё ҳоким амалӣ мешавад фаҳмост ва ба шарҳ ниёз надорад. Дар мавриди мункаре, ки аз ҷониби гурӯҳҳо анҷом дода мешавад, инҷо  даъвати онҳо ба барпо кардани ҳаром ё куфр дар назар дошта шудааст. Онҳое, ки бар пояи дунявият, демократия, миллатчигӣ, сотсиализм ва дигар идеяҳо асос ёфтаанд, аз шумори чунин гурӯҳҳо маҳсуб меёбанд. Тағйир додани ин гурӯҳҳо воҷиб мебошад, зеро онҳо бар ақидаҳои куфр асос ёфта, зиёда аз он, онҳо ба ин ақидаҳо даъват мекунанд.

Аз лафзҳои «он касе, ки сабаби содир кардани мункар шуд  ва он касе, ки мункар содир мекунад» дар назар дошта шудааст, ки гуноҳ метавонад содир карда шавад, аммо метавонад танҳо замина  барои содир кардани он омода карда шавад. Масалан, ҳоким ё дар шакли нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ мункар содир менамояд ё бо қабули қонунҳои куфр, ё ин ки ҳоким ба кушодани фоҳишахонаҳо ва ё муассисаҳои истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ иҷозат медиҳад. Маҳз аз ҳамин ҷо тафовути байни шахсе, ки ба содир кардани мункар сабаб мешавад ва шахсе, ки онро бевосита  содир мекунад, бармеояд.

Мавҷудияти ин тафовут барои фардҳо ва гурӯҳҳо хеле муҳим аст, алалхусус имрӯзҳо. Зеро фаҳмидани ин тафовут ва риояи он амалҳои фардҳо ва гурӯҳҳоро муайян мекунад, инчунин вазифаҳои аввалиндараҷаро дар раванди тағйир додани гуноҳ нишон медиҳад. Охир, вақте ки ҳоким дар содир кардани гуноҳ мусоидат мекунад (аксари гуноҳҳо дар замони мо бо айби ӯ содир мешаванд), пас тағйир додани ин ҳолати гунаҳкорӣ танҳо бо барҳам додани чунин ҳоким имконпазир аст. Агар барои имконияти бо қувва бартараф намудани мункар  майли бартаридошта (ғалабат уз-зонн) мавҷуд бошад, онгоҳ ин корро бояд кард. Агар аз байн бурдани гуноҳ имконнопазир бошад, он гоҳ қувва истифода бурда намешавад, зеро истифода бурдани қувва ба мақсади асосӣ (яъне, бартараф кардани мункар) бурда намерасонад. Далели ин он аст, ки дар ҳадис, дар ҳоли набудани имконияти тағйир додани гуноҳ бо қувва, яъне ҳеҷ роҳе барои халос шудан аз мункар нест, дар бораи гузаштан аз қувва ба сухан гуфта мешавад:

فَإِنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَبِلِسَانِهِ فَإِنْ لَمْ يَسْتَطِع فَبِقَلْبِهِ وَذلِكَ أَضْعَفُ الْإِيمَانِ

«…агар ӯ инро(карда) натавонад, бигзор бо забонаш  [тағйир диҳад], аммо агар натавонад, бо қалбаш [ба ин муқовимат кунад], ки ин заъифтарин [зуҳуроти] имон аст».

Аммо агар мункаре, ки (ба содир шудани  он ҳоким мусоидат намудааст) бо қувва аз байн бурда шавад, пас ин тағйироти дилхоҳи мункар намешавад, зеро чунин ҳолат дер давом намекунад. Масалан, агар як муассисаи нӯшокиҳои спиртӣ сӯзонда шавад, дар ҷои он бо иҷозати ҳоким бинои нав сохта мешавад; агар фоҳишахона вайрон карда шавад, ба ҷои он бо иҷозати ҳоким дигарашро  месозанд; агар бар ё банкро вайрон карда шавад, пас ба ҷои онҳо бо иҷозати ҳоким навашро месозанд.  Ҳамаи ин тағйир додани мункар намешавад, зеро тағйироти ҳақиқӣ танҳо ҳамон вақт ба амал меояд, ки сабабгори содир намудани гуноҳ, яъне худи ҳоким дур карда шавад.

Мавод аз китоби: «Меъёрҳои Шариат оид ба фаъолияти ба маъруф фармудан ва  аз мункар боздоштан» («Амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар»)

 

Ёсин ибни Алӣ

Шариат

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads