Мушкилоте, ки Толибон ва тамоми уммат дар пеш доранд:
- Оё ба қонунҳои низоми мустамликавии ҷаҳон итоат мекунанд,
- Барои озод кардани инсоният аз занчири гуломдории мустамликадорон саъӣ мекунанд?
- Мустамликадорон ҳеҷ гоҳ ба лоиҳаи исломие, ки ба мустамликадорон тобеъ набошад розӣ намешаванд, кӯшиш мекунанд онро дар даруни низоми худ вайрон ва пароканда кунанд, Ҳатто Чин наметавонад бар зидди низоми ҷаҳонӣ исён варзад. Пеш аз ин лагери Иттиҳоди шӯравӣ низ ба лагери кпиталистӣ истодагарӣ карда натавонист ва фурӯ рафт.
- Барои истодагарӣ карда тавонистан ба мустамликадорон, қувваи бузург лозим, аз ин рӯ, Толибон барои соҳиб шудан ба чунин қувва бояд бо дигар мусулмонон як шавад. Шағолҳои мустамликадор заифонро нахоҳанд бахшид. Мо аллакай изҳороти вазири корҳои хориҷии Олмонро пайгирӣ намудаем, ки дар он таҳдидомез гуфта буд: «Агар Толибон шариатро татбиқ кунанд, Олмон ба онҳо як сент нахоҳад дод». Бинобар ин, дар назди Толибон ду роҳ мавҷуд аст: якум, агар Толибон аз низоми ҷаҳонӣ пурра раҳоӣ шуданро интихоб намояд, тамоми ҷаҳон ба онҳо муқобилият хоҳанд кард. Дуюм, роҳе ки мустамликадорон пешниҳод мекунанд, итоат кардан ба талаботи онҳо ва ё ассимилятсияшавӣ дар низоми мустамликадорӣ.
- Ҳалли ягонаи дуруст, бояд бародарони Толибон бо Покистон дар асоси як лоиҳаи ягонаи исломӣ, ки нерӯҳои мусулмононро муттаҳид мекунад, мебошад. Дар ин сурат ин воҳид (Афғонистон ва Покистон ҳамчун як давлати ягона) вайроннашаванда хоҳад шуд. Маҳдудият дар чорчӯбаи «Аморати Афғонистон» бошад боиси мағлубшавӣ ва нотавонии Толибон хоҳад шуд ва ба шағолҳои низоми мустамликадорӣ муқобилат карда наметавонад, ба истиснои он, ки агар роҳи баръаксро интихоб кунад, Исломро дар ҳудуди қаламрави худ татбиқ карда, дар хориҷ онро паҳн карда метавонад.
Усмон Бахош