Мусулмонони Роҳинҷаро танҳо Хилофат наҷот медиҳад

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Мусулмонони Роҳинҷаро танҳо Хилофат наҷот медиҳад

Дар бузургтарин лагери паноҳандагон дар ҷаҳон сӯхтори азиме рух дод. Лагери Кокс-Базар дар Бангладеш ҷойгир аст ва тақрибан 900 000 паноҳҷӯёни Роҳинҷаро, ки аз Мянмар фирор мекунанд, ба сар мебаранд. Сӯхтор дар як маркази табобати Ковид-19 оғоз ёфт.

Дар навбати худ, шӯъбаи занони Дафтари марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир изҳорот нашр кард, ки дар он гуфта шудааст: “Бародарони роҳинҷагии мо бо умеди наҷоти ҷони худ ва эминӣ аз таъқибот дар Мянмар гурехтанд, ки дар он ҷо онҳо аз ҷиҳати этникӣ пок карда шуда буданд ва тамоми деҳаҳоро сӯзонданд ва наҷотёфтагон таъқиб ва кушта мешуданд. Аммо ҳукумати Бангладеш амнияти онҳоро таъмин накард. Аз ин рӯ, гурезагон аз оташ гурехта ба аланга афтоданд”.

Дар баёния ҳамчунин омадааст: “Вазъи гурезаҳои мусалмон дар Бангладеш ва дигар ҷойҳо гувоҳӣ медиҳад, ки ҳукуматҳои кунунии кишварҳои мусалмонӣ бо душманон ҳамдастӣ доранд. Мардум аз тарси марг, иттиҳомоти ифротгароӣ ва терроризм аз ватани худ фирор карданд ва ҳоло дар кишварҳое, ки паноҳандагӣ хостанд, дар таҳқиру зулм ба сар мебаранд.

 

Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».

16.02.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads