Мусалмонон дар Хилофат чӣ гуна мешаванд?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Мусалмонон дар Хилофат чӣ гуна мешаванд?

 Эй Мусалмонон! Шумо беҳтарин Уммате ҳастед, ки ба нафъи башарият ба вуҷуд омадаед.

Шумо пайравони Муҳаммад (с) ҳастед, ки мӯҳри (тасдиқкунанда)-и пайғамбарон ва имоми  тамоми  муҷоҳидон мебошанд. Шумо  авлоди  халифаҳои солеҳ ва сарлашкарони  бузург ҳастед. Шумо авлоди Носир Салоҳиддин ҳастед, ки салибдоронро  торумор карда, сарзаминҳои муқаддасро озод  намудааст. Ин ҳодисаҳо дар моҳи Раҷаби соли 583-и ҳиҷрӣ рух додаанд. Ва мо имрӯзҳо  дар ҳамон моҳ қарор дорем. Шумо авлоди Қутузу Байбарс мебошед, ки ҳуҷуми муғулҳоро боздоштаанд. Шумо аз авлоди Муҳаммади Фотеҳ мебошед, ки дар синни на бештар аз 23 солагӣ,  дар соли 857 ҳиҷрӣ Константинополро  фатҳ  намуд, ки ба соли 1453 рост меояд. Ин ҳамон сарлашкар аст, ки Расули Аллоҳ (с) дар ҳадиси Аҳмад аз Бишри Ҳасамӣ ӯро ситоиш кардаанд:

لَتُفْتَحَنَّ الْقُسْطَنْطِينِيَّةُ فَلَنِعْمَ الْأَمِيرُ أَمِيرُهَا وَلَنِعْمَ الْجَيْشُ ذَلِكَ الْجَيْشُ

«Константинопол албатта фатҳ хоҳад шуд! Чӣ зебост он амир ва чӣ зебост он лашкар!».

Шумо- авлоди Сулаймон ал-Қонунӣ ҳастед, ки соли 1525 Фаронса барои озод кардани шоҳи худ ба ӯ муроҷиат намуд. Шумо авлоди халифа Салими III ҳастед, ки дар замони ҳукмронии ў Иёлоти Муттаҳида андози ҳарсола месупорид, то ин ки киштиҳои амрикоӣ бехатар аз уқёнуси Атлантик ба баҳри Миёназамин  гузаранд ва флоти усмонӣ бошад дар Алҷазоир ба онҳо даст нарасонад. Аввалин бор Амрико маҷбур кунонида шуд, ки бо забони  давлати дигар, яъне бо забони Хилофати Усмонӣ-1210 ҳиҷрӣ/1795соли милодӣ — паймон ба имзо расонад. Шумо — авлоди халифа Абдулҳамиди II ҳастед, ки бар ивази маблағи ҳангуфти пулӣ ба яҳудиён дар Фаластин маскан гирифтанро иҷозат надод,  сарфи назар аз он ки давлат ба маблағ эҳтиёҷоти сахт дошт. Шумо – наберагони  онҳое мебошед, ки соатро ихтироъ намуданд ва як соатро ба Карли Кабир,  бузургтарин подшоҳи Аврупо дар он замон ҳадя карданд,  намояндагони шоҳ бошанд онро дида,  дар даруни он девҳо ва ҷинҳо зиндагӣ мекунанд гӯён фикр карда буданд. Чӣ қадар аз онҳо пешқадаму пешрафта будем!

Эй Соҳибони қудрат ва нуфуз!

Эй Авлодони Холид, Салоҳиддин ва Муҳаммади Фотеҳ!

Фақат шумо метавонед Умматро аз душманон муҳофизат намоед. Фақат шумо метавонед хориеро, ки кишварҳои мусалмониро фаро гирифтааст, боздоред. Оё намехоҳед ташаббускорони дигаргуниҳо шуда, орзуҳои Умматро ба рӯёб бароред?!  Баъди сухани шумо тамоми Уммат ва тамоми лашкарҳои он аз паси шумо пайравӣ менамоянд.  Шуморо ҳеҷ гоҳ танҳо намемонанд. Пас вазифаи худро дар назди Аллоҳ иҷро намоед! Ба Ҳизби Таҳрир барои барпо намудани Хилофати Дуввуми Рошида ёрӣ ва пуштибонӣ (нусрат) бидиҳед. Нусрат на танҳо роҳи барпо кардани Хилофат, балки  бузургтарин вазифа низ мебошад, зеро дар ин давлат тамоми қонунҳои Шариат татбиқ мешаванд, ҳамаи ҷазоҳо (ҳадҳо) иҷро мешаванд,  бидуни Хилофат  бошад на қонунҳо ҳаст ва на ҷазоҳо. Касе ки , дар ҳоли ба он қодир будан аз барпо намудани Хилофат ва интихоби халифа саркашӣ мекунад, ба дӯши худ гуноҳи кабира мегирад, марги ӯ бошад монанди марги замони ҷоҳилият аст, чуноне ки дар ҳадиси зерин гуфта мешавад:

وَمَنْ مَاتَ وَلَيْسَ فِي عُنُقِهِ بَيْعَةٌ مَاتَ مِيتَةً جَاهِلِيَّةً

«Касе бимирад ва дар гарданаш байъат надошта бошад, бо марги ҷоҳилият мурдааст.» (Муслим).

Эй Соҳибони қудрат ва нуфуз!

Эй Одамоне, ки ба ёрӣ додан қодир ҳастед!

Эй Лашкарҳои мусалмонон!

Аз байни шумоён Мусъаб ибни Умайр, Асъад ибни Зурора, Усайд ибни Ҳузайр ва ё Саъд ибни Муоз ёфт мешавад, ки ба Пайғамбари Аллоҳ(с) ёрдам намуданд ва  розигии Аллоҳро соҳиб шуданд?!

Ҳатто ба сабаби марги Саъд ибни Муоз Арши Аллоҳ  ҷунбид.  буд Дараҷаи ӯ дар Ислом чунин буд. Аз Ҷобир (р) ривоят мешавад, ки Пайғамбар (с) гуфтанд:

اهْتَزَّ الْعَرْشُ لِمَوْتِ سَعْدِ بْنِ مُعَاذٍ

«Арши Аллоҳ ба сабаби марги Саъд ибни Муоз ба ҷунбиш омад» (Бухорӣ).

Оё аз байни шумо марди солеҳе ёфт мешавад, ки ба Аллоҳу Расулаш(с.а.в.) ва ба барандагони даъват ёрӣ бидиҳад?! Уммат интизори сухани шумост. Ӯ интизори он аст, ки шумо кай каломи Аллоҳро олӣ менамоед ва он гоҳ ӯ ба шумо ҳамроҳ мешавад. Ӯ мехоҳад бубинад, ки чи хел шумо парчами Расули Аллоҳ(с)-ро мебардоред ва он гоҳ ӯ Аллоҳро ситоиш менамояд. Танҳо бо ёрии шумо Уммат аз нав соҳиби мақоми худ шуда, Хилофати Рошидаро барпо менамояд, ки он Исломро бапуррагӣ дар дохили давлат татбиқ намуда, онро ба тамоми дунё бо воситаи даъват ва ҷиҳод    паҳн менамояд. Ва он гоҳ Аллоҳ ба мусалмонҳо ёрӣ мерасонад:

إِنَّا لَنَنصُرُ رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيَوۡمَ يَقُومُ ٱلۡأَشۡهَٰدُ

Дарҳақиқат, Мо ба пайғамбарони Худ ва мӯминон дар зиндагии дунё ва он рӯзе, ки гувоҳҳо меистанд, ёрӣ хоҳем дод” (40:51).

Рӯзномаи «Ар-рая»

09.02.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads