Дар солҳои 60-уми асри гузашта дар Амрико моҷарои нажотпарастӣ ва миллатгароӣ хеле авҷ гирифта буд. Айнан дар ҳамон вақт Муҳаммад Алӣ Исломро пазируфт. Мусалмон шудани ӯ сабабгори ба Ислом даромадани ҳазорон ҷавонони сиёҳпӯст гардид. Бешубҳа дар ин кор Муҳаммад Алӣ саҳми беандоза дошт. Шоҳи бокс бо шинос шудан бо Ҳизби Таҳрир, ки дар зиёда аз 50 мамлакати дунё фаъолият мебарад, муваффақ гардид.
Бо саъю кӯшиши яке аз фаъолони Ҳизби Таҳрир — Доктор Муҳаммад Малкавӣ мафҳуми “Эҳёи ҳаёти Исломӣ ва Хилофат ба Осиёи Марказӣ” ворид шудааст.
Дар гузашта ӯ бо муштзани маъруф Муҳаммад Алӣ мулоқот карда будааст ва бо ҷумлаҳои зерин мазмуни сӯҳбаташро ба ёд меорад. Ман бо Муҳаммад Алӣ дар масҷиди АлФотир, ки дар қисми ҷанубии Чикаго ҷойгир аст вохӯрдам. Дар намози ҷумъа ман хутба кардам. Муҳаммад Алӣ хутбаи маро гӯш карда мутаассир шудааст. Вай баъди намоз бо умеди сӯҳбат мунтазири ман будааст. Мавзӯи хутбаи онрӯзаам бахшида ба аз ҷониби Давлати Хилофат бартараф сохтани қашшоқӣ, маҳалгароӣ ва миллатчигӣ, инчунин озод намудани аҳли башар аз ғуломӣ иборат буд. Зимни мулоқот Муҳаммад Алӣ маълум кард, ки агар кӯмак зарур шавад, вай таёр аст ёрдам кунад. Яке аз ҷавонони мо саросема гуфт: —
“Эй, чемпион, албатта мо ба кӯмаки шумо ниёз дорем.”
Муҳаммад Алӣ такроран пурсид:
“Чӣ мешавад, агар ман кӯмаки молӣ расонам?” Мо гуфтем: “На ба мо аз ҷиҳати молиявӣ лозим нест.”
Вай ба ҳайрат афтода ҷавоб дод:
“Аҷиб, дар зиндагӣ ман бори аввал мебинам, ки аз ман ғайри пул чизи дигареро талаб карда истода бошанд. Ман хеле мамнун ҳастам.”
Сониян Муҳаммад Алӣ ба ҷавонмардони мо имконияти истифодабарӣ аз масҷидҳоро фароҳам оварда дод. Яъне маҳз бо кӯмаки Муҳаммад Алӣ дар давоми солҳои тӯлонӣ дар масҷид хутбаҳо, дарсҳо ва ҳалқаҳо гузаронида мешуд. Худованди Бузург амалҳои неки ӯро дар охират ҳамроҳ намояд ва барояш подоши азим ато фармояд.