Муносибати Ислом ба нажодпарастӣ
Халқҳои мусулмон ва ғайримусулмон аз нажодпарастӣ ва табъизи этникӣ азият мекашанд. Ин яке аз бисёр бадиҳоест, ки мустамликадор дар натичаи бор кардани ақидахои худ ба ҳаёт, ки хилофи табиати инсон аст, ба мо дучор шуд. Онҳо ба кишварҳои мусалмонӣ ҳамла карда, моро аз ҷиҳати низомӣ ва фарҳангӣ мустамлика карданд.
Нажодпарастӣ ин қаноатмандӣ ё эҳсоси мансубият ба нажод, ранг ё сулолаи муайяне мебошад, ки он боиси кас худро аз дигарон болотар гирифтанаш мегардад. Баъзе нажодпарастон бартарии худро ба хадде мефахмонанд; гуё онхо хусусиятхои махсуси генетикиро ба мерос гирифтаанд, ки дигарон надоранд. Ба гуфтаи онҳо, ин генетик ба онҳо қобилиятҳои хосе додааст, ки онҳоро аз дигар нажодҳои инсонӣ фарқ мекунонад. Ин нажоди «болотар» як воҳиди сиёсиро ташкил медиҳад, ки аз дигар субъектҳои сатҳи поёнӣ хусусияти хос дорад.
Маҳз ҳамин қаноатмандӣ ва эҳсоси ботил боиси такаббурии ин тоифаи тирабахт гардида, дар байни миллатҳо манбаи бемории хатарнок гардид. Нажодпарастӣ дар байни одамон нафрат ва табъизи нажодиро ба вуҷуд меорад.
Фарҳанги ғарбӣ пур аз зуҳуроти нажодпарастист, ки бо куштори сиёҳпӯстон ва мусулмонон бо сабабҳои беасос муаррифӣ мешавад. Дар Амрико ва Фаронса бисёр вақт рӯй медиҳад, ки полис ин одамонро хунсардона бидуни ҳеҷ зарурат тирборон мекунад.
Ин амалҳои нафратангези нажодпарастона аз изҳороти сиёсатмадорони баландрутба, ба монанди суханони президенти Фаронса Макрон, «марди сафедпӯст будан як имтиёз аст» шунида мешавад. Инчунин ӯ дар бораи ислом чунин гуфт: «Ин дин дар саросари ҷаҳон бӯҳронро аз сар мегузаронад.»
Чунин изҳороти нажодпарастонаи франсузхо манбаи кинаю адоват нисбат ба онхо аз тарафи дигар давлатҳо гардид. Ин дар айни замон боиси аз ҳамаи мамлакатхои Африқо баровардани Фаронса мегардад.
Дар ҳоле ки Аврупо ва Амрико аз нажодпарастии худ ифтихор менамоянд, тамоми ҷаҳонро маҷбур мекунанд, ки даҳшати онро бичашанд. Ин боиси густариши хусумат, адоват ва хунрезӣ дар миёни мардумони тамоми рӯи замин шуда истодааст. Ислом бошад, сабабҳо ва сарчашмаҳои нажодпарастиро ба таври қатъӣ решакан кардааст. Ислом ҳама гуна зуҳури нажодпарастиро бо як чизи зишт ва қабеҳ рабт додааст, то нисбат ба он нафрат эҷод кунад ва мусалмононро аз ин беморӣ ҳифз намояд.
Ислом таваҷҷуҳи мардумро ба тафовути ранги пӯст ва забон ҷалб мекунад, то дар бораи офаридаҳои Офаридгор андеша кунанд. Аллоҳи мутаъол фармудааст:
وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافُ أَلْسِنَتِكُمْ وَأَلْوَانِكُمْ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّلْعَالِمِينَ
«Аз нишонаҳои қудрати Ӯ офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳо ва рангҳои шумост. Албатта, дар ин барои соҳибони ақл нишонаҳоест» (30:22).
Худованди мутаъол тафовути забонҳо ва рангҳоро сабаби тафаккур қарор додааст, на барои бартарии яке аз дигаре.
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) нақл мекунад:
كُنَّا فِي غَزَاةٍ فَكَسَعَ رَجُلٌ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ رَجُلًا مِنَ الْأَنْصَارِ فَقَالَ الْأَنْصَارِيُّ يَا لَلْأَنْصَارِ وَقَالَ الْمُهَاجِرِيُّ يَا لَلْمُهَاجِرِينَ فَسَمَّعَهَا اللَّهُ رَسُولَهُ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ مَا هَذَا فَقَالُوا كَسَعَ رَجُلٌ مِنَ الْمُهَاجِرِينَ رَجُلًا مِنَ الْأَنْصَارِ فَقَالَ الْأَنْصَارِيُّ يَا لَلأَنْصَارِ وَقَالَ الْمُهَاجِرِيُّ يَالَلْمُهَاجِرِينَ فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ دَعُوهَا فَإِنَّهَا مُنْتِنَةٌ
«Мо ҳамроҳи Паёмбар (с) дар ҷанг будем ва рӯзе яке аз муҳоҷир яке аз ансорҳоро ба пушташ зарбае зад. Он гоҳ ансорӣ фарёд кард: «Эй ансориҳо, [назди ман] оед!» Ҳамзамон муҳоҷир низ нидо кард: «Эй муҳоҷирон [Назди ман биёед], ». [Инро шунида] Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ин чӣ гуна даъват аз замони ҷоҳилият аст?» Ба Эшон (с.а.с.) гуфтанд: «Эй Расули Худо! Яке аз муҳоҷир яке аз ансорҳоро ба пушташ зарбае зад». Расули Аллоҳ (с.а.с.) дар ҷавоб фармуданд: «Бигузоред онро, зеро (вафодории қабилавӣ) бадбӯй ва фитнаангез аст».
Расули Худо (с) ба худи ин ҳодиса таваҷҷӯҳ накарданд, балки сабабҳои онро таҳқиқ намуда, ба даъвати ансору муҳоҷир диққату эътибор доданд ва аз он боздоштанд, то он ба хусумати бенатиҷаи байни қабилаҳо табдил наёбад.
Куръони карим нажодпарастиро бо Иблис — душмани башарият мепайвандад, то мардум аз он дур шаванд, зеро он аз кирдори шайтон аст. Ин такаббурест, ки Иблиси лаънатй бо он фарк кардааст. Аллоҳи мутаъол фармудааст:
قَالَ يَا إِبْلِيسُ مَا مَنَعَكَ أَنْ تَسْجُدَ لِمَا خَلَقْتُ بِيَدَيَّ أَسْتَكْبَرْتَ أَمْ كُنْتَ مِنَ الْعَالِينَ قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ
“Гуфт: «Эй Иблис! Чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар назди он касе, ки бо ду дастам офаридаам, боздошт? Оё мағрурӣ ё аз онон худро баланд мебардорӣ?» (38:75).
Ягона меъёри бартарии як шахс бар шахси дигар тарс ва тақво аз Аллоҳ аст, зеро Худованди мутаъол дар ин бора мефармояд:
يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوباً وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُواْ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ
«Эй мардум! Албатта, Мо шуморо аз як марду зан биёфаридем ва шуморо умматҳо ва қабилаҳо гардонидем, то якдигарро бишиносед ва гиромитарини шумо дар назди Худо парҳезгортарин аст. Албатта Худо донову огоҳ аст» (49:13).
Расули Аллоҳ (с) фармуданд:
يَا أَيُّهَا النَّاسُ، إِنَّ رَبَّكُمْ وَاحِدٌ وَأَبَاكُمْ وَاحِدٌ، أَلَا لَا فَضْلَ لِعَرَبِيٍّ عَلَى عَجَمِيٍّ، وَلَا لِعَجَمِيٍّ عَلَى عَرَبِيٍّ، وَلَا أَسْوَدَ عَلَى أَحْمَرَ، وَلَا أَحْمَرَ عَلَى أَسْوَدَ إِلَّا بِالتَّقْوَى، إنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللهِ أَتْقَاكُمْ
«Эй мардум! Албатта Парвардигори шумо як аст ва аҷдоди шумо як аст. Воқеан, миёни арабу аҷнабӣ бартарӣ нест, чунон ки миёни аҷнабиву араб бартарӣ нест. Ва сурхпӯст бар сиёҳпӯст бартарие надорад, ҳамон гуна ки сиёҳпӯст бар сурхпӯст бартарӣ надорад, магар бо сабаби тақво».
Расули Аллоҳ (с) касонеро, ки бо аҷдоду асли худ ифтихор мекарданд, сахт маҳкум карда, онро бо як чизи зишт муқоиса карданд, то инсон дар оянда ба чунин андешаҳо барнагардад. Расули Акрам (с) фармуданд:
لَيَنْتَهِيَنَّ أَقْوَامٌ يَفْتَخِرُونَ بِآبَائِهِمْ الَّذِينَ مَاتُوا، إِنَّمَا هُمْ فَحْمُ جَهَنَّمَ، أَوْ لَيَكُونُنَّ أَهْوَنَ عَلَى اللهِ مِنْ الْجُعَلِ الَّذِي يُدَهْدِهُ الْخِرَاءَ بِأَنْفِهِ، إِنَّ اللهَ قَدْ أَذْهَبَ عَنْكُمْ عُبِّيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ وَفَخْرَهَا بِالْآبَاءِ، إِنَّمَا هُوَ مُؤْمِنٌ تَقِيٌّ وَفَاجِرٌ شَقِيٌّ، النَّاسُ كُلُّهُمْ بَنُو آدَمَ، وَآدَمُ خُلِقَ مِنْ تُرَابٍ
«Бигзор одамон бо гузаштагони мурдаи худ, ки ангишти дӯзахро ифода мекунанд, фахр накунанд, вагарна онҳо дар назди Аллоҳ аз гамбӯсаке, ки бо бинии худ ахлотро тит мекунад, хортар мешаванд. Аллоҳ туро аз худситоии ҷохилӣ, ки бо гузаштагонашон мефахранд, пок кардааст. Ҳар яки шумо ё мӯъмини худотарсед ё худ дар гуноҳ ҳастед. Шумо фарзандони Одам ҳастед ва Одам аз гил офарида шудааст».
Агар мусулмонон дар мубориза бо нажодпарастӣ шеваи шаръиро риоя мекарданд, он гоҳ ин беморӣ аз решааш решакан мешуд ва дар кишварҳои мо осоре намемонд. Мутаассифона, ҳокимони мусулмон аз роҳи Шариат дур мешаванд ва барои нигоҳ доштани тахти худ бо иҷрои дастури хоҷагони ғарбии худ дидаву дониста ба ин беморӣ ғизо медиҳанд. Онҳо ҳатто дар байни мардумони Уммати воҳиди исломӣ оташи нажодпарастиро афрӯхтанд.
Ба унвони мисол ду усуле вуҷуд дорад, ки ҳокимон барои барангехтани адовати мутақобилаи нажодпарастӣ дар байни мусалмонон истифода мекунанд:
- Мақомоти Туркия маъракаи бераҳмонаи зидди забони арабиро оғоз намуда, ҳама лавҳаҳои бо хатту забони арабӣ навишташудаи ҳамаи кӯчаҳоро аз байн бурданд. Ба арабҳо ва забони онҳо бо таҳқир муносибат мекунанд, дар ҳоле ки мақомоти Туркия аз забонҳои дигар шикоят надоранд!
- Мақомоти Эрон дар ҳар фурсат таъкид мекунанд, ки номи дурусти Халиҷи Араб “Халиҷи Форс” аст. Онҳо, ҳатто вақте сухан дар бораи оштӣ миёни низомҳо меравад, инро таъкид мекунанд, ҳамчунон ки Вазири умури хориҷаи Эрон чанде пеш дар чаҳорчӯби оштӣ аз Арабистони Саудӣ боздид карда буд, чунин амалро иҷро кард.
Ин ду мисол миллатгароии туркӣ ва форсиро бар зидди арабҳо равшан нишон медиҳад, ки метавонад дар миёни арабҳо низ бар зидди бародаронашон — туркҳо ва форсҳо вокуниши мушобеҳеро ба вуҷуд орад.
Ҳалли решагӣ ва фарогири сиёсии раҳоӣ аз ин беморӣ танҳо бо таъсиси Хилофати Рошида имконпазир аст, ки бо муттаҳид кардани мусалмонон дар зери парчами эътиқоди Исломӣ, бидуни таваҷҷуҳ ба таассуби ҷаҳолати нажодӣ, ин гуна бадгумониро аз байн мебарад.
Рӯзномаи «Ар-роя».
28 Сафар 1445 ҳиҷрӣ
Аҳмад Хатавонӣ