Муносибатҳои Амрикову Русия собит мекунад, ки мардуми куфр (якдил) ҳастанд
Гейр Педерсен, фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия, дар мусоҳиба бо рӯзномаи саудӣ «Asharq Al-Awsat» аз қароргоҳи Лондон, гуфт, «тарафҳои умдаи» даст доштагон дар бӯҳрони Сурия гуфтанд: «Марҳилаи амалиёти низомӣ ба охир расид. Ҳеҷ кадоме аз тарафҳо дар бораи поёни низоъ сохтакорӣ намекунанд.»
Педерсен афзуд, ки миёни Амрикову Русия дар Сурия «ҳеҷ ихтилофи стратегӣ» вуҷуд надорад ва намояндагони ду кишвар дар мулоқоти Женева гуфтаанд, ки омодаанд дар тарҳи нав «қадам ба қадам» ширкат кунанд.
Дар сӯҳбати телефоние, ки ҳангоми дар Нью-Йорк будани Педерсен барпо гардид, вай бовар кунонд, ки дар мулоқот бо аъзоёни Шӯрои Амният вай барои пешбарии нақшаи худ оид ба «муайян намудани марҳала, дуҷонибӣ, реалистӣ, дуруст муайянкунии иқдомҳои тафтишшаванда ва қабули ҳамқадамӣ» байни тарафхои манфиатдор, ки боиси иҷрои резолюцияи байналхалқии таҳти рақами 2254 мегардад, «дастгирии катъӣ» гирифт.
Педерсен бо он ки Амрико аз идеяи «тағйири режим дар Сурия» даст кашидааст розӣ шуд, ва ҳоло дар пайи «тағйир додани рафтори режим» аст. Педерсен ба суоли изҳороти Вазири Корҳои Хориҷии Сурия Файсал Миқдод дар бораи рад кардани нақшаи нави фиристодаи махсуси СММ чунин посух дод: «Ман шод мешудам, агар ба Димишқ ангезаҳои аслии нақшаи «қадам ба қадам»-ро муфассалтар фаҳмондам. Умедворам, ки мо бо Кумитаи олии музокиракунандаи мухолифони Сурия ба таври дуруст ҳамкорӣ хоҳем кард, то дар моҳи оянда даври нави ҷаласаҳои Кумитаи конститутсионӣ ташкил карда, ба таҳияи мақолаҳо тамаркуз кунем.»
Намояндаи вижаи СММ гуфт, ки нерӯҳои демократии Сурия, ки сеяки Сурияро таҳти назорат доранд ва бо пуштибонии эътилофи байналмилалӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида қисме аз сарватҳои ин кишварро ба даст овардаанд, бахше аз раванди Женева бар асоси қатъномаи рақами 2254 аст, ки дар он аҳзоби мушаххас гурӯҳҳои мухолифанд. «Нерӯҳои демократии Сурия» бошад чунин нест.»
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
02.02.2022