Агар мо масъалаи “Низоми иқтисодӣ дар Ислом”-ро аз оятҳои Қуръон ҷустуҷӯ намоем, он ҷо ба таври равшан чизеро дарёб намекунем. Инчунин, Паёмбарамон Муҳаммад (с.а.с) низ дар суханҳо ва мавъизаҳои оммавӣ ин масъаларо бо ягон чиз муайян накардаанд, ки он асоси “Низоми Иқтисодӣ дар Ислом “ номида шавад. Танҳо шумораи зиёди оятҳо ва ҳадисҳо мавҷуданд, ки дар давоми 23 соли рисолати Расулуллоҳ (с.а.с.) ҳалли ҳар гуна муаммоҳои иқтисодӣ ва молия баён шудааст.
Аксар вақт масъалаи иқтисодӣ аз ягон рӯйдод гирифта мешавад, ки аз он ягон қоида ё ҳукми шаръӣ бароварда мешавад. Масалан, ҳукми шаръӣ оиди ҳуқуқи моликияти шахсии заминҳои хироҷӣ, ки бо зӯрӣ фатҳ карда шудааст, бо ҷиҳоди Хайбар алоқаманд мебошад. Ҳамин тавр, сурати умумии Низоми Иқтисодӣ ва баъзе аҳкомҳои шаръии дар ҳолатҳои қатъӣ баровардашуда аз Қуръон ва Ҳадис баромада меояд.
Барои асоснок кардани “Низоми иқтисодӣ дар Ислом” чор қоидаи зерин мавҷуд аст:
-
1. Идроки мавзӯи ризқ ва нақши ин мавзӯъ дар низоми иқтисодӣ.
Барои мукаммал тасвир кардани низоми иқтисодӣ бояд мавзӯи ризқ идрок карда шавад. Ба саволҳои ризқ чист ва Раззоқ кист ҷавобҳои возеҳ ва дақиқ бояд бошад. Аз нуқтаи назари Ислом ризқ аз ҷониби Аллоҳ меояд ва танҳо Ӯ Зотест, ки миқдори боигарие, ки ҳар як шахс дар давоми умри худ ҷамъ карда метавонад, муайян мекунад. Инсон барои ба дастории ризқ мекӯшад, аммо на кам на зиёд чизеро мегирад, ки Аллоҳ барояш муайян карлааст. Инсон барои музди кор меҳнат мекунад, ҳангоми гирифтани музди меҳнат ӯ бояд идрок намояд, ки онро танҳо Аллоҳи Азза ва Ҷалла барояш ато кардааст на каси дигар. Якчанд сабабҳое ҳастанд, ки бинобар онҳо муслим бояд чунин фаҳмишоти ризқро дар зеҳни худ устувор намояд:
Якум, Ислом шахсияро чунин тарбия мекунад, ки ҳангоми сарватманд шудан фурӯтаниро пеша мекунанд. Ба ҷои ҳисси такаббуриву худписандӣ, ӯ дарк мекунад, ки ин ризқи фаровонро ба ӯ Аллоҳи Раззоқ ато кардааст.
Дуюм, Ислом ҷомеаи саховатмандеро бунёд месозад, ки ҳангоми муносибат бо камбағалон бениҳоят ногузир аст.
Сеюм, баъзан ҳангоми зарурати эҳтиёҷ мӯъминон дар чорчӯбаи қонун андози иловагӣ супориданашон мумкин аст.
Чорум, Давлати Исломӣ бо як қатор ҳолатҳои ҷангӣ бархӯрдор шуданаш мумкин аст, ин ҳангом дастгирии сарватмандон ҳатмӣ мегардад.
Дар Қуръони Карим оятҳое ҳастанд, ки ба ризқ аз ҷониби Аллоҳи таъоло омаданаш ишора мекунад:
«Худост, ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё
касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд?» (30:40)«Эй мардум, неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ додааст (бо ба ҷой овардани шукр ва адои ҳаққи он), ёд кунед (ва сифла ва носипос набошед ва аз канори ин ҳама неъматҳо ва имконоту баракоти ҳаёт бепарво нагузаред, балки аз худ бипурсед). Оё ҷуз Худо офаринандаи дигаре ҳаст, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад? (не, асло не). Худое барҳақ, ҷуз ӯ нест, пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳаатон мекунад?» (35:3)
Мутаносибан, имони мӯъмин дар бораи ризқ он аст, ки он чизҳоеро, ки дар давоми умр соҳиб гаштааст, ҳаммаш атои Аллоҳи таъоло мебошад ва дар доираи тасарруфи инсон нест – ин яке аз пояҳои Ақидаи Исломӣ мебошад. Бинобар ин, вақте, ки аз мӯъмин молашро барои Аллоҳ сарф кардан талаб карда мешавад, ӯ бе ягон дудилагӣ итоат мекунад. Дар Қуръон дар бораи кофироне, ки мафҳуми ризқро идрок накарда буданду аз хӯрондани камбағалон даст кашиданд, оятҳое нозил гаштааст:
Ва чун гуфта шавад, ки аз он чӣ Худо рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Оё касонеро таъом диҳем, ки агар Худо мехост, худ онҳоро таъом медод? Шумо, (кофирон), албатта, дар гумроҳии ошкор ҳастед» (36:47)
Ҳамин тавр, фаҳмишоти дурусти ризқ мусалмонро ба сарфи молаш баҳри итоати Аллоҳ ва гузоштани саҳми худ ба таҳкурсии волотарин арзишҳои низоми иқтисодӣ ва молияи инсон бармеангезад. Низоми Иқтисодии Ислом бидуни ин арзишҳои воло ва мустаҳкам, агарчи хеле тараққӣ карда бошад ҳам, номуваффақ мегардад. Имрӯза низоми капиталистӣ, ки ягон арзишу ғояе надорад, ва пошхӯриаш ногузир аст, барои ҳама намунаи равшан мебошад.
Илова бар ин, Қуръон байни мусалмонон ин арзишҳои волоро, ки низоми иқтисодиро дастгирӣ мекунад устувор намуд, ва каҷравии низомеро, ки ҷомеаи Макка бо он зиндагонӣ мекард, ошкор намуд. Каҷравии низоми давраи ҷоҳилияти Макка дар сураи Ал-Фаҷр баён карда шудааст:
«На, чунин аст, (ки мепиндоред). Шумо ятимро гиромӣ намедоред ва якдигарро ба таъом додани мискин тарғиб намекунед ва меросро ҳарисона мехӯред» (87:17-20)
Ин чунин маъно дорад, ки Ислом барои бунёди ҷомеаи дорои маънавиёти баланде, ки нисбати камбағалону ятимон хасисӣ ва беэътиноӣ намекунад, инчунин боигариро бинобар ҳарис будан ба сарват, ҷамъ намекунад, кӯшиш менамояд.
Ислом аз рӯзҳои аввал таҳкурсии Низоми иқтисодии худро устувор карда, қарзҳои фоизноки рибохоронаро манъ карда буд. То замони шаръан ҳаром шудани рибохорӣ, Қуръони Карим ба рибо аҳамияти махсус дода, онро барои афзудани мол номақбул шуморид. Инчунин, бо ин роҳ ҷамъ кардани сарватро аз ҳисоби дигарон бой шудан номид. Судхӯрӣ бидуни истеҳсолот афзудани бойгарӣ аст. Қуръони Карим муносибатҳои судхӯриро маҳкум карда, хайрия ва кӯмак ба камбизоатонро ситоиш менамояд.
“Оё намебинед, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ва ё ӯро тангрӯзӣ месозад? Албатта, дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд! Ҳаққи хешовандон, мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки ваҷҳи Худоро меҷӯянд ва онҳо наҷотёфтагонанд. Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои ваҷҳи Худо аз бобати закот медиҳед, касоне, ки чунин кунанд, подоши дучанд доранд.”(30:37-39)
Бар ивази ин Аллоҳи Таъоло ба касоне, ки барои дастгирии дигарон қарзи ҳасана медиҳанд, аҷри дучанд ваъда намуд:
“Кист, ки Худоро қарзулҳасана (дар роҳи Худо садақа) диҳад, то барои ӯ дучандонаш кунад ва ӯро подоше некӯ бошад?” (57:11).
2. Фаровонии захираҳо.
Баръакси мафҳуми “маҳдудияти захираҳо”, ки низоми капиталистӣ тарғиб мекунад, Ислом ба “фаровонии захираҳо” диққати махсус зоҳир менамояд. Қуръони Карим борҳо такрор мекунад, ки Аллоҳи меҳрубон захираҳои заминиро барои манфиати мардум офаридааст. Қуръони Карим боз таъкид мекунад, ки захираҳои асосӣ камёфт нестанд. Аллоҳ онҳоро ба таври кофӣ офаридааст, ки тамоми инсоният метавонад аз он бемалол баҳра барад. Боз дар Китоби Аллоҳ қайд карда мешавад, ки ин захираҳо барои инсоният ҳамчун ризқ ва манфаат арзонӣ карда шудааст:
«Чаҳорпоёнро (чун гову, бузу, шутуру гусфанд) бароятон биёфарид, шуморо аз (пашм ва пусти) онҳо василаи гармо (дар баробари сармо аз қабилаи пӯшидани густурданӣ) дигар судҳост (чун насл гирифтан ва ширу саворӣ дарёфт кардан). Ва аз (гӯшти ҳалоли) онҳо мехӯред. Ва чун шабҳангом бозмегардонед ва бомдодон берун мефиристед, нишони зинату обрӯи шумоянд. Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки ҷуз ба ранҷи тан ба онҳо натавонед расид, ҳамл мекунанд, зеро Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст! Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зинати шумо бошанд. Ва Худо чизҳое офарида, ки шумо намедонед.» (16:5-8)
Инчунин, дар матни Қуръон дар бораи боигариҳои баҳру уқёнусҳое, ки Офаридгор онҳоро офаридааст, ёдрас карда мешавад, ки он моҳиҳо, сангҳои қимматбаҳо ва киштиҳои бодбондорро , инсон бо он шино карда метавонад, дар бар мегирад:
“Ӯст, ки дарёро ром кард, то аз он гӯшти тоза бихӯред ва зеварҳое берун оред ва хештан бо он биёроед ва киштиҳоро бинӣ, ки баҳрро мешикофанд ва пеш мераванд, то аз фазли Худо рӯзӣ биталабед, бошад, ки шукр гӯед!” (16:14)
Дар бораи он ки ин захираҳо ҳеҷ гоҳ коҳиш намеёбанд ё хушк намешаванд, Аллоҳ боз фармуд:
“Агар бихоҳед неъматҳои Худоро шумор кунед, ҳисобидан натавонед. Албатта Худо омурзандаву меҳрубон аст!” (16-18)
Ризқ – ин воситаи ҳастии ҳар як инсон ва ҳайвонот аст, аз тарафи Аллоҳ таъин карда шудааст.
Ар-Раззоқ – тақсимкунандаи озуқаворӣ, Атокунанда, Бахшанда барои ҳастӣ ва аз 99 яке аз исмҳои зебои Аллоҳ мебошад.
Муаллиф – Муҳаммад Малкавӣ.
Маҷаллаи “Ар-Рая”.