Мо – занҳои мусалмон – ба ин дом намеафтем!
قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ١ ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢ لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ
«Бигӯ: «Ӯ Худои якто аст ва Худо бениёз аст. Ӯ (фарзанде) таваллуд накардааст ва таваллуд нашудааст ва ҳеҷ кас ба Ӯ баробар нест» (112: 1-4).
Аллоҳ ягона аст ва ҷуз Ӯ ҳама чиз ҷуфт аст. Ин ҳақиқат дар Қуръон чунин баён шудааст:
وَمِن كُلِّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَا زَوۡجَيۡنِ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
«Ва ҳама чизро ба сурати завҷ [ҷуфт] офаридем; бошад, ки [таваҷҷуҳ кунед ва] панд гиред.» (51:49)
Ҳар чизе ҷуз Худо ба муқобили худ, ба муқобили навъи ҷинси худ; мусбат ба манфӣ, позитив ба негатив, замин ба осмон, шаб ба рӯз, зан ба мард ниёз дорад.
Ин бешубҳа яктарафа нест. Ин зарурати лозимӣ аст, ки барои ҷонибҳо пур кардани камбудиҳои якдигар ва вуҷуди ягонаи бутунро ба вуҷуд овардан зарур ҳастанд. Дар Ҳадисе, ки аз Тирмизӣ ривоят шудааст, гуфта мешавад:
.إِنّ النِّسَاءَ شَقَائِقُ الرِّجَالِ
«Занҳо нимаи дуюми (пурракунандаи) мардон ҳастанд.» (Тирмизӣ).
Чӣ тавсифи олиҷаноб! Ҳамин тавр нест? Дар ҳоле ки мардон ва занон фардҳои алоҳида ҳастанд, онҳо оила шуда як чизи бутунро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои мардон ва занон бояд дар ин формулаи олӣ сохта шаванд, то вазъи солим ва осоишта таъсис дода шаванд.
Дарвоқеъ, Ислом масъулиятҳоро аз рӯи хосиятҳои зану мард дар офаринишашон тақсим кардааст. Ислом кафолат медиҳад, ки ҳангоми иҷроиши вазифаҳои аз тарафи Аллоҳ таиншуда, Худованд ба онҳо дӯстӣ, меҳру муҳаббати ҳамдигарро ато мекунад.
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةًۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
«Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд» (30:21)
Вақте ки хати байни зану мард аз байн меравад, ҳама чиз нопурра ва нокофӣ мешавад. Ва оилае, ки ягонагии бутунро қатъ мекунад, осебпазир ва дари он ба ҳама гуна омилҳои манфии беруна боз мегардад. Дар андак ларза ин бино бо мурури замон канда мешавад. Аз ин рӯ, он чизе, ки ҳама чизро ба анҷом мерасонад (таъмини якпорчагии ҳама чиз) тақсими нақшҳо ва вазифаҳо аст, ки мувофиқи хусусиятҳои табиии мардон ва занон, аз рӯи табиати онҳост. Яъне, вақте ки Парвардигори мо барои зану мард масъулият ва вазифаҳоеро вогузор мекунад, мувофиқи фитрати онҳо ин корро мекунад. Масалан, зан метавонад таваллуд кунад ва нисбат ба мард дилсӯзтар мебошад.
Парвардигори мо тамоми нигоҳубини кӯдак, аз қабили таъом додан ё пӯшониданро мувофиқи табиати инсонӣ на ба мард, балки ба зан вогузор кардааст. Боз дар қиёс бо мардон занҳо нозуктар, ҳассостар ва заифтаранд. Дар ин ҷо низ Парвардигори мо масъулияти кор ва таъмини эҳтиёҷу ниёзи хонаро бар дӯши занон вогузор накардааст, баръакс, Худованд онро бар мардон воҷиб кардааст. Аз ин рў, азбаски тамоми масъулиятҳое, ки Худованди мутаъол бар ҷинсҳо муқаррар кардааст, ба табиати онҳо мувофиқ аст, дар ҳаёти зану шавҳаре, ки мувофиқи нишододаҳои Аллоҳ амал мекунанд, саодат ва оромӣ ҳукмрон мешавад. Вақте ки вазифаҳо ва ўҳдадориҳо иҷро нашаванд ва ё ҷои онҳо иваз шаванд, он гоҳ дар оила пошхӯрӣ сар мешавад ва дар натиҷа бо бад шудани вазъи оила дар худи ҷомеа нооромиҳои зиёде зуҳур мекунанд.
Ислом, дар як маҳал ва замоне пайдо шуда буд, ки мардон занонро ҳеҷ қадр намекарданд. Ислом барои анҷоми ин ҳама (барои таъмини якпорчагӣ) ба занон ва мардон нақшҳои ҷудогона гузоштааст.
Барои оилаҳои мусалмон мояи хушбахтӣ, иҷрои фарзҳое, ки Худованд фармудааст ва донистани он ки Худованд аз иҷрои ин вазифаҳояшон хушнуд аст. Охир ягона манбаи хушбахтии мусалмонон амал кардан ба хотири Аллоҳ аст.
Қаблан, вақте аз зан мепурсиданд, ки хушбахтӣ чист, тасвири ин расм барояш душвор набуд. Вақте сухан дар бораи бахту саодат мерафт, ба зеҳни зан ин фикрҳо меомад: бо марде, ки нигоҳубинаш мекунад, хонадор шавад ва ба ў чун ба амонати аз ҷониби Аллоҳ нигарад; корҳоеро кунад, ки писандида ва боиси хушнудии Худо мегардад; модар шудан; ба воя расонидани фарзандоне, ки ба Ислом содиқ бошанд ва Худо аз онҳо розӣ бошад. Он вақт дар байни занон чунин пиндор (менталитет) мавҷуд буд. Охир, онҳо аз асос медонистанд ва мефахмиданд, ки барои расидан ба саодат бояд ризои Аллохро ба даст овард.
Мехоҳам дар ин ҷо аз таърихи пуршарафи худамон як мисоли кӯтоҳе оварам, то ки мо дарки хушбахтиро, ки занони он замон доштанд, беҳтар тасаввур кунем.
Хансо (р), ки дар замони Умар (р) бо чаҳор писараш дар ҷанги Қодисия (с. 637) иштирок карда буд, ба писаронаш дастур дод, ки дар шадидтарин лаҳзаи ҷанг ба пеш бароянд, ақибнишинӣ накунанд ва холис барои Аллоҳ ҷанг кунанд, баҳри сохиб шудан ба неъмати умри човидон шаҳид шаванд ва чор писараш дар як шаб, дар ин ҷанг шаҳид шуданд.
Фақат гӯш кунед, ки Хансо ба хабари марги писаронаш чӣ вокуниш нишон медиҳад: «Сипос Худоро, ки маро бо шаҳодаташон гиромӣ кард. Парвардигорам маро дар зери сояи раҳмати худ бо онҳо бипайвандад!»
Ин мисол аз зиндагии саҳобаҳо шояд шуморо ба гузаштаи дур бурда бошад, пас биёед ба гузаштаи наздик назар андозем.
Ин дафъа мо ба соли 1915, дар ҷанги Галлиполи (ҷанги Дарданелл, ҷанги Чанаккале) таваҷҷӯҳ мекунем. Қиссаи танҳо як нафар аз ҳазорон сарбози шуҷоъ, ки дар набардҳои Чанакқалъа ширкат доштанд, кофист, қаҳрамонони ин набарди Чанакқалъа модарони мусалмон буданд.
Ҳасан — яке аз муҷоҳидоне, ки дар Чанакқалъа меҷангид, бо мӯи бо ҳино рангкардаи худ таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб мекунад. Командир ӯро ба наздаш даъват карда, аз ҳинаи мӯяш мепурсад. Ҳасан ҷавоб медиҳад: «Намедонам, модарам ҳаногоми гусел мӯи маро бо ҳина ранг кард, аммо ман сабаби инро напурсидаам!». Сардораш мегӯяд, ки ба модараш мактуб нависад ва аз ӯ бипурсад, ки чаро мӯйҳои ӯро бо ҳина ранг кардааст. Ҳасан мактуб навишта мефиристад. Пас аз муддати тӯлонӣ ҷавобе меояд, ки модари Ҳасан аз ин савол ҳайрон шуда чунин ҷавоб навиштааст: «Ин ҷо чӣ нофаҳмо аст?! Дар ин ҷо мо ба сари қурбониҳое, ки ба Аллоҳ бахшида мешаванд, ҳина мебандем. Аз он чаҳор писарам, ки туро бештар дўст медорам, ҳамчун қурбон дар роҳи Худо туро интихоб кардам. Барои ҳамин ман ба сари ту ҳина гузоштам!»
Оё шумо бомароқ, ҳастед ки бо Ҳасани мӯи сараш ҳинакардашуда чӣ шуд? Ӯ ҳамроҳ бо муҷоҳидини Ҳалабу Димишқ, Адирнаву Қарс даст ба даст, китф ба китф, паҳлӯ ба паҳлӯ меҷангид ва шаҳид шуд. Ба модараш пеш аз он ки ҷавоби мактуб ояд, баҳонае гузошт то ба сабаби шаҳидии ӯ боифтихор бошад.
Заноне, ки розигии Аллоҳро бахту саодат медонистанд, барои ба воя расонидани чунин наслҳо қодир буданд. Аз ин лиҳоз зани мусалмон дар манзили худ вазифаи чӯпониро бар дӯш гирифт. Вай кори хонаро мекард. Вақте ки шавҳараш дар ҷиҳод буд, ӯ масъулияти хонаро пурра ба дӯш мегирифт. Бо вуҷуди ҳама шароити душвори зиндагӣ, зани мусалмон як зани хеле қавӣ боқӣ мемонд. Ва вай бениҳоят хушбахт буд.
Дар замони татбиқи пурраи Ислом оила мисли як қалъа буд ва ҳар қадар шамол сахт бошад ҳам, ноҷунбон ва устувор меистод. Шароит ҳар кадар душвор бошад ҳам, дар хонаҳо хушбахтӣ ва сулҳ ҳукмфармо буд.
Вақте, ки бар болои сари Уммати Исломӣ абрҳои сиёҳ паҳн шуданд, деворҳои ин қалъа пай дар пай фурӯ рафтанд. Ниҳоят, баъди пошхӯрии Давлати Хилофат он беҳимоя ва беҳифозат монд.
Ғарб нисбат ба мусулмонон чунон кинадор буд, ки танҳо бо барҳам додани давлати онҳо маҳдуд нашуд. Ӯ ҳамчунин ба равобити онҳо дар дохили ҷомеа ҳамла кард, то мусалмонон ба по бархеста натавонанд. Ғарб муҳимтарин унсури оила, блоки асосии ҷомеа – занро ҳадаф қарор додааст.
Шахсияти занони ҷумҳуриявӣ тавассути тақлид ба Ғарб (плагиат) аз шахсияти занони муосири ғарбӣ сохта шудааст. Онҳо кӯшиш карданд, ки ин намуди навро бо ёрии маросимҳои рақс (бал) таъмин кунанд. Зани муосир, ки якҷоя бо мардон ба чунин маросимҳо рафта, валс меравад, ҳамчун як намуди идеалии зан тасвир шудааст.
Зани чумхурихоҳ мебоист таҷассуми муосир, маданият ва модари нек гардад. Албатта, ин тавр нашуд. Ҷумҳурие, ки модернизмро аз рӯи дараҷаи бараҳнагӣ ва кӯтоҳ шудани домани либос чен мекунад, занонро аз ҳуввият ва шахсият холӣ карда, наслхои бутунро дар хамон рӯҳе тарбия кардааст, ки то имрӯз давом дорад.
Вақте ҷаҳони Ғарб бо номи манфиатҳои капиталистӣ занро ба моли иқтисодӣ табдил дод, ба сари ҷомеаҳои мусалмонӣ захми бебозгашт ва ҷуброннашаванда расонид. Ин захм он қадар амиқ аст, ки мансубияти насл (яъне саволи падари биологӣ кист) тақрибан нисфи насли ба воя расида норавшан боқӣ мондааст. Ин рахна муносибатҳои оилавиро низ вайрон карда, чунин падидаеро ҳамчун оилаи солим боқӣ намонд.
Ҳама чиз, комилан ҳама чиз аз ҷониби истеъмол индексатсия карда мешавад. Фаромӯш шуд, ки зан модар аст ва ӯ ҳамчун маводи таблиғотӣ (реклама) истифода карда шуд ва ё ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ва боварибахши ҷинси муқобил истифода карданд. Албатта, ин нуқтаи назар ба сарзамини мо, ки дар он зиндагй мекунем, низ таъсир расонд. Бо овардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма ҳатто занони деҳаҳои мо зери назорати онҳо гирифта шуда, ба назари ин занҳо тасвири нави хушбахтӣ кашида, муаррифӣ карда шуд.
Дар ин тасвир ҳама чиз моддӣ аст: таҳсил кардан, касб кардан, кор кардан, пул ҷамъ кардан, ба поистода тавонистан, ҳеҷ гоҳ зери пои мард наафтидан, ҳама чизҳои зеботарин ва махсусро соҳиб шудан.
Зане, ки чунин тасвири хушбахтиро пазируфтааст, дар зиндагии тиҷории худ ба ҷустуҷӯи оромии рӯҳ шурӯъ кард. Вай аз субҳи барвақт бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор рафта, дар як гӯшаи нақлиёт ҷой мегирад, то аз зӯроварии ҷинсӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ худро пешгирӣ кунад. Вай дар ҷои кораш то бегоҳ таҳти назорати сардораш кор мекунад.
Пас аз он ки ӯ тамоми нерӯи худро дар ҷои кор сарф карда, соатҳо ба мардони бегона хидмат мекунад, шавҳару фарзандон ва падару модараш дар хона ба назараш таёрхӯр ва барояш бори гарон менамоянд. Ин барои зан боз ҳам душвортар аст! Барои шавҳараш хӯрок тайёр кардан барояш мушкил гашт. Барои шавҳараш таёр кардани қаҳва вазнин меояд. Баъзан ҳатто сари фарзандонашонро сила кардан душвор мешуд. Хондану кор кардан мушкилие пеш намеовард, вале муҳаббату эҳтиром нишон додан душвор ва тоқатнопазир гардид.
Муҳосираи зан чунон миқёсеро фаро гирифт, ки ӯ ҳатто дарк карда наметавонист, ки чӣ гуна зиндагӣ дорад. Ин вазъиятро худаш ҳам дарк карда наметавонад?! Воқеан, дар таҳсилаш, ки ба касбу ҳунар шавқманд буд, дар мағзи сараш андешаҳои ниҳоят маккорона ва хатарнок ҷорӣ мешуданд. Идеяи «баробарии гендерӣ» ҳанӯз дар мактаби ибтидоӣ ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин ақида зану мард бояд дар ҳама соҳа баробар бошанд, зан бояд ҳар кореро, ки мард анҷом медиҳад, омӯзад, онҳо бояд танҳо бо хона, нигоҳубини кӯдакон маҳдуд нашаванд, балки баръакс, ҳадафашон бояд машғул шудан бо тиҷорат бошад.
Илова бар ин, зани деҳотӣ дар телевизион, дар сериал ва филмҳо ҳамчун як зани камбағал, мазлум, истодагарӣ карда наметавонистагӣ, аз ҳисоби хонатозакунӣ пул кор карда, тамоми маошашро ба шавҳараш медиҳад, муаррифӣ мешуд. Ва зани шаҳриро ҳамчун зани тавоно, бомаърифат, собитшуда нишон медоданд, ки қодир аст, ба шавҳараш ба ҳадди зарурат муқовамат карда метавонад ва ба касе иҷозат намедиҳад, ки ба ӯ ситам кунад.
Ин занҳо бо шунидани таронаҳое ба воя расидаанд, ки дар онҳо калимаҳое ба мисли “Озод ба дунё омадаам, озод зиндагӣ мекунам, ғуломи ту нестам!” Ин гуна сурудҳо ба онҳо бори дигар озод буданро омӯхт.
Пас, оё занон тавонистаанд, ки бо дарёфти ин ҳама хушбахтиро пайдо кунанд? Албатта на! занҳое, ки нисбат ба хушбахтӣ чунин назар доштанд, онро пайдо карда натавонистанд. Баръакс, вай бадбахттар гардид ва ба зӯроварию азоб мубтало гардид.
Аз намоишҳои телевизионӣ, ки ӯ тамошо кардааст, сурудҳое, ки ӯ гӯш кардааст ва мактабҳое, ки ӯ таҳсил кардааст, тафаккури зан олуда шудааст. Агар қаблан ҳадафи ӯ ризогии Аллоҳ буд, ҷои онро ҳадафи дигар – касбу ҳунар ва тиҷорат кардан гирифт. Дар ҳоле ки модарӣ бузургтарин касби ӯ буд, ӯ кору тиҷоратро интихоб кард. Вай оромию хушнудии (тоъати) шавхарашро азоби азим гуфта мефаҳмидагӣ шуд.
Сабаби асосии ин, албатта, зани ғарбист, ки ба сифати намуна гирифта, ҳамчун идеал ба пеш гузошта шудааст. Ғарб барои ҳифзи зане, ки ба кору тиҷорат маҳкум кардааст, ҳама гуна қонунҳоро қабул мекунад, аммо наметавонад аз зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ алайҳи ӯ ҷилавгирӣ кунад. Дар мамлакати мо низ ҳамин гуна вазъиятҳо руй медиҳанд ва ҳалли проблемаҳои ба миён омадаро чун ҳамеша аз Ғарб мегиранд. Аммо сарчашмаи мушкилот худи фарҳанги Ғарб аст. Дар ин ҳолат ҳалли муамморо аз ин фарҳанг гирифтан, баробар ба худкушӣ аст. Конвенсияи Истанбул мисоли равшани ин аст. Таклифҳо барои ҳал, ки ба маданияти мо алоқаманд нестанд, қабул ва дар амал татбиқ гардиданд.
Интизор мерафт, ки табъиз ва зӯроварӣ нисбати занон пешгирӣ карда шавад. Аммо дар муддати кӯтоҳ маълум шуд, ки ин Конвенсия, барои ягон захми хунрав малҳам ва давое намегардад, баръакс ин Конвенсия бо худ мушкилоти нав ба навро ба бор овард.
Ин ҳукм, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз таҷовузи кӯдакон буд, баръакс оилаҳоро хароб кард ва боиси норозигии дубора шуд. Дар ин мавзӯъ мақолаҳои зиёде мавҷуданд, аммо яке аз онҳо барои мисол кофӣ аст.
Дар Кония марде, ки 7 сол пеш духтари 15-солаи аммаашро бо ризоияти волидайни ҳарду ҷониб, бо никоҳи шаръӣ издивоҷ карда, баъдан дар синни 18-солагӣ бо ҳамсараш расман имзо гузоштааст, ба иттиҳоми ҷиноӣ муттаҳам шуд. Нисбати ӯ бо иттиҳоми “зӯроварии тахассусии шаҳвонии кӯдак” парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, зеро ҳангоми издивоҷ ҳамсараш 15 сол доштааст. Дар натиҷа ӯ ба мӯҳлати 8 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум гардид.
Чӣ тааҷҷубовар аст, ки ниҳодҳои давлатӣ, ки ба ҳамкорӣ бо дуздҳо, сарпечӣ аз андозҳо, қаллобон ва издивоҷи ҳамҷинсгароён даст мезананд, ба Додситон гуфтаанд, ки духтари барои таваллуд ба беморхона омада, ноболиғ мебошад. Бо вуҷуди набудани даъво, додситон парвандаи кушод боз кард ва додгоҳ ӯро маҳкум намуд. Ҳамсари ин ҷавон дар ҳоли ҳозир ҳомиладор аст ва бо ду кӯдак дар даст беҳимоя мондааст.
Оё касе метавонад ба ман фаҳмонад, ки дар ин вазъият кӣ ҳифз карда шудааст? Духтари ҷавоне, ки бо розигии худаш ва хонаводааш ба шавҳар баромад? Пас чаро ӯ бо чашмони гирён хоҳиш мекунад, ки шавҳарашро озод кунанд? Магар боздошти шавҳараш барои ин духтари ҷавон ҷазое нест?
Чи хеле ки дар ин маврид дида мешавад, ҳадафи Конвенсияи Истанбул тавре ки онҳо мегӯянд, ҳимояи занон нест. Охир, ҳифзи зан маънои онро надорад, ки ӯро бесарпаноҳ ва бечора, бо кӯдакон дар даст вогузорӣ. Ҳадаф ҷудо кардани кӯдак аз оила, зан аз шавҳар, вайрон кардани ваҳдати оила, комилан ғарбӣ гардонидани оила, аз байн бурдани сохтори исломии он ва даровардани тартиботи аврупоӣ аст. Мутаассифона, онҳо оҳиста-оҳиста заҳри худро ба рагҳои мо рехта, ниҳоди оилаи моро ба модели муайянкардаи Ғарб табдил дода, ба ҳадафҳои худ мерасанд. Ин як фалокати бузург аст!
Пас, дар ин ҳолат мо бояд чӣ кор кунем?
Ҳамчун зани муслима, мо бояд тасвири хушбахтиро аз нав кашида, онро ранг кунем ва ҳама чизро ба асли худ баргардонем. Мо бояд фарҳанги Исломиро дар маркази зиндагиамон гузорем ва муносибатҳои оилавиро мувофиқи он фарҳанг танзим кунем.
Фарҳанги ғарбӣ на танҳо занон, балки мардону кӯдакон ва умуман ниҳоди оиларо фосид ва бадном кардааст. Муҳаббат ва эҳтиром дар оила аз байн рафт ва онҳо ба шарикии манфиатҳо табдил ёфтанд. Бинобар ин мо бояд ҳама чизро аз нав оғоз кунем.
Марди мусалмон бояд ба зан ҳамчун амонате аз ҷониби Аллоҳ нигоҳ кунад, ӯро аз ҳама чиз ҳифз кардан, қонеъ кардани ниёзҳои ӯ ва эҳтиром кардани ӯро оғоз кунад. Ҳамин тавр, зани мусалмон низ бояд дарк кунад, ки розигии шавҳараш аз ҷумлаи вазифаҳои ӯ аз тарафи Худованд аст. Ҳатто, агар зарур набошад ҳам, барои қонеъ гардонидани тамоми ниёзҳои ӯ, ба ӯ эҳтиром зоҳир кунад ва кӯшиш кунад, ки бо ӯ зиндагие, ки Аллоҳ аз он розӣ аст, дошта бошад.
Вақте ки ҳамин тавр мешавад, деворҳои харобшуда барқарор карда шуда, қалъаи оилавӣ аз нав сохта мешавад.
Сумая Авҷӣ
15.03.2020 с