Мавқеи волидайн дар масъалаи тарбияи фарзанд.
Шояд муболиға намешавад, вақте мегӯем, ки душвориҳои дучоршудаамон дар имрӯзи муосир дар масъалаи тарбияи фарзанд ҳеҷ замон дар чунин миқёс набуданд. Мо мебинем, ки озмоишҳои бо волидон дучор омада, нисбат ба ҳама озмоишҳои дигари ҷабҳаҳои зиндагӣ мушкилтар аст. Фарзандони шумо амалан дар пеши назар гудохта шуда, ахлоқи онҳо аз байн меравад, онҳо эҳсосоти динии худро комилан аз даст медиҳанд, шумо ҳамчун волидайн наметавонед ба онҳо таъсир расонед ва онҳоро зери тасарруфи худ бигиред. Агар шумо кӯшиши чораҳои сахттари ҷисмониро бубинед, пас ин дафъа шумо бо қонунҳои ба ном «дар бораи мубориза бо зӯроварӣ», ки дар натиҷаи фаъолияти созмонҳо барои «ҳуқуқи занон ва кӯдакон» ба вуҷуд омадааст, сарукор хоҳед дошт. Шояд фарзанди шумо дар мафҳумҳо ва пиндорҳои худ дар натиҷаи таҳти таъсири мактаб, одамони гирду атроф ё дӯстони дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдокардааш, тағйирот дида бошад, ва шумо маҷбур шудед, ки бо ӯ такрор ба такрор мубоҳисаҳо кунед, то ин вазъро ислоҳ намоед. Агар фарзанд аз ҷанҷол бо шумо хаста шуда бошад, пас онро ба осонӣ аз дасти шумо гирифтан мумкин аст. Ҳамин тавр, фарзандони мо амалан аз дасти мо мераванд. Мутаассифона, мо шоҳиди онем, ки баъзе оилаҳо аз тарси аз даст додани фарзандони худ маҷбуранд ақида, рафтор ва муносибати фарзандони худро, ки аслан барои онҳо қобили қабул нест, бипазиранд. Инчунин шоҳиди он ҳастем, ки дар баъзе оилаҳои ҳангоми чунин мушкилиҳо нисбати кӯдакон чораҳои сахттар дида, волидайн ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, ё фарзандонашон аз хонаҳояшон гурехта, оилаашонро тарк мекунанд.
Аз ин ҷо мо ба чунин хулоса меоем, ки барои ба зеҳнияти (мафҳумҳои) фарзандонамон таъсир расонида, эҳсосоти динии онҳоро ғизо додан, ҳадди аққал ҳар ҳафта, ба онҳо муҳите фароҳам овардан лозим аст, ки онҳо дар фазои исломӣ нафас кашанд.
Агар мо ба ақл ва ҳисси фарзандони худ таъсир расонда натавонем, каси дигаре ин корро, бо ниятҳои бад ва ғайриисломӣ иҷро мекунад. Аз ин рӯ, мавқеи оила дар ин масъала ва нишон додани ин мавқеъ ба кӯдакон хеле муҳим аст. Ғарб ва думравони он барои фатҳи ақлия ва шахсиятҳои фарзандони мо ба ҳама гуна нақшаҳои мураккаб даст зада истодааст. Мутаассифона, мо медонем, ки ин нақшаҳоро, гаҷетҳои технологӣ низ дастгирӣ мекунанд. Онҳо ба утоқҳои кӯдакон ва ҷаҳони орзуҳои онҳо даромада рафтаанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки кӯдаконро тавассути бозиҳо, романҳо, намоишҳои телевизионӣ ва филмҳо мутаассир кунанд. Ҳамаи мо медонем, ки воситаи дараҷаи якуми Иёлоти Муттаҳида ҷаҳони маҷозӣ ва платформаҳое мисли Youtube мебошанд, ки дар он баробари мундариҷаи мусбӣ сарчашмаҳои манфӣ низ хеле зиёд мавҷуданд. Миллионҳо блогнависони ҷавон фарзандони моро аз ҷаҳони воқеӣ канда, ба подшоҳии виртуалӣ мекашанд. Кӯдакон аз олами виртуалӣ хушҳоланд ва бо мурури замон онҳо чизеро ки мебинанд, тавассути либос, тарзи гуфтор ва рафтори худ тақлид ва ифода мекунанд. Кӯдакон қисми назарраси ҳаёти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Youtube, Twitter, Instagram ё Facebook мегузаронанд. Бояд ба истифодаи чунин платформаҳо диққати махсус дода шавад, зеро онҳо дар такмили рушди шахсият ҳангоми наврасӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд.
Фарзандоне, ки оилаҳояшон вазъиятро саривақт муаян намуда, онро ислоҳ накардаанд, баъди расидан ба синну соли муайян ин оилаҳоро тарк мекунанд ва мустақилона зиндагии худро месозанд. Ин гуна волидон, тавре қайд кардам, характери заиф доранд ва онҳо хомӯшона воқеаро мушоҳида мекунанд. Аммо онҳое, ки характери бартар доранд, кӯдаконро маҷбур мекунанд, ки аз сабаби фишор овардан аз хона гурезанд. Ин ҳамон ҳалқаи сарбастаест, ки онро “куҷое, ки равӣ – он ҷо муваффақият нест,” – меноманд. Бо вуҷуди ин, гарчи хеле душвор аст, роҳи ҳалли ин муаммо вуҷуд дорад. Дар ин ҷо сухан дар бораи ҳалли решагӣ намеравад, зеро ҳалли решагӣ ва ниҳоӣ, бешубҳа вақте имконпазир аст, ки қоидаҳо ва қонунҳои Аллоҳ дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт, аз сиёсати маориф, то назорати шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар веб-манбаъҳо аз тарафи Давлати Исломӣ муқаррар ва назорат карда шаванд… Албатта, ин набояд барои интизор шудани замонҳои беҳтар дастҳоро поён партофта ҳамчун пешниҳод қабул карда шавад ва воқеаҳои рӯйдодаистодаро пазируфта бо он розӣ шавед. Аллоҳ аз ин нигоҳ дорад, вагарна фарзандони мо яке аз паси дигар аз мо мегурезанд.
Пеш аз гузаштан ба ҳалли ин муаммо, ман мехоҳам хотиррасон намоям, ки ҳеҷ гуна кафолате вуҷуд надорад, яъне ҳалли он барои ҳама одамони ҷаҳон 100 фоиз мувофиқ намеояд. Ба ибораи дигар, ҳалли дар ин ҷо баррасишуда на барои ҳама мувофиқ мебошад. Зеро, зиндагӣ пур аз озмоишҳост ва касе наметавонад бигӯяд: «Агар шумо ин корро бикунед, пас шумо ҳатман чунин натиҷаро ба даст меоред.» Ҳатто ҳангоми эътимоди комил ба ин ҳал натиҷа метавонад ғайричашмдошт мусбӣ боошад ва шахси ба ӯ эътимодкарда хато карда бошад. Мо бояд инро ёдрас кунем, то гуфта нашавад, ки «Ман тавсияҳоро пурра риоя кардам, аммо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.» Аммо инҷо қайд кардан лозим аст, модоме ки мо мувофиқи фармудаҳои Аллоҳ амал мекунем, мо аз зиёнкорон нахоҳем буд. Ҳатто ҳангоми имтиҳон бо фарзандон, ҳамсарон, молу мулк, имкониятҳо ва ё аз даст додани онҳо, мо барои сабр қуввае пайдо карда, муборизаамонро идома хоҳем дод. Дар ин ҳол мо бо хости Худо дар зиён намешавем.
Ҳамчун ҳалли масъала, мо бояд ба ду ҷанба баробар диққат диҳем. Якум — бояд фарзандро аз ҳама роҳҳое, ки ба сӯи ҳаром мебарад, маҳрум созем ва ба ақлу ва ҳиссиёти ӯ таъсир расонем. Дуюм — ҳамчун волидайн, пеш аз ҳама шумо бояд ба гуфтаҳои мо пайравӣ кунед. Агар амалҳои шумо бо суханонатон зид бошанд, аллакай дар ибтидо шумо мавқеъро бой додаед. Танҳо баъд аз он ки мо худамон ба тағирёбӣ шурӯъ менамоем, имкон пайдо мекунем, ки фарзандони худро низ тағир дода тавонем. Падару модарон ва пеш аз ҳама сарварони оила вазифадоранд, ки ҳадди аққал ду соат дар як шабонарӯз, ва агар имконпазир бошад, тамоми рӯз дар як ҳафта ва ҳатто 6-7 соат дар як рӯзро барои оилаи худ ҷудо кунанд. Боз ҳам, чун аъзои оила, мо вазифадорем, ки ба эҳсосоти исломӣ диққат диҳем ва ин фазоро барои фарзандони худ ҳис кунонем. Пас аз тақрибан 10-солагии фарзандон, волидон бояд ба онҳо ҳадди аққал 30 дақиқа вақт ҷудо карда, бо онҳо муошират намоянд. Кӯдакон бояд ҳис кунанд, ки мо онҳоро қадр мекунем ва вақти худро ба онҳо махсус мебахшем. Албатта, чунин рафтор ба фарзанди мо таъсири судманд хоҳад дошт. Муошират дар бораи дин дар оила хеле муҳим аст, дар баробари ин, ман чунин мешуморам, ки дар байни наврасон, ки то 5-10 сол аз ҳам фарқ мекунанд ҳалқаҳо ташкил карда шавад, ва онҳо метавонанд нисбати хурдсолон ғамхорӣ кунанд ва дар назди онҳо масъулиятро ҳис кунанд. Ин чиз хеле муҳим аст. Калонтарони ин маҳфилҳо бояд дар ду мавзӯи муҳим сӯҳбат кунанд. Аввалан, бояд вобаста ба зеҳни кӯдакон ва эътиқоди онҳо мавзӯҳоро омода карда гуфтан лозим аст. Дар ин сӯҳбатҳо кӯдак бояд ҳадафи ҳастӣ ва мавҷудияти худро дарк намояд. Аҳамият дода шавад, ки дар натиҷаи ин гуфтугӯҳо кӯдакон ба инсон, ҳаёт ва коинот тавассути тирезаи дигар нигоҳ кунанд. Ҳар як наврас бояд ба марг бо назари ҷиддӣ нигоҳ кунад, то ки воқеаҳои баъди онро ҳақиқӣ дарк намояд. Вай инчунин бояд мавҷудияти Офаридгорро ҳамчун ҳастии худ ба таври возеҳ дарк кунад. Ӯ набояд дар ин масъала шубҳае дошта бошад ва бояд ба ҳар саволе, ки дар ин замина дучор меояд, посух гӯяд.
Бо истиснои сӯҳбатҳо дар бораи ақида, сӯҳбатҳо барои баланд бардоштани ҳиссиёти исломӣ ва тарбияи нафсӣ бешубҳа муҳиманд. Барои фаҳмидани аҳамияти ин сӯҳбатҳо, мо мисоли зеринро оварда метавонем. Агар эътиқод ба батареяи телефони мобилӣ монанд бошад, пас гуфтугӯҳои тарбияи нафсӣ пуркунандаи барқ мебошанд. Пас, тасаввур кунед, ки шумо телефони мобилӣ ва батареяи онро доред. Аммо, агар мо ин батареяро давра ба давра ба барқгиранда пайваст накунем, яъне агар фарзандро бо ақида ва амалҳое, ки нафсияшро тақвият мебахшад, обшор накунем, он гоҳ ӯ мисли телефони мобилии бебарқмонда ғайрифаъол хоҳад монд. Барои чӣ? Зеро, эҳсосоти онҳо бар зеҳни онҳо ғолиб хоҳад омад. Чунин кӯдак, ба ҷои он ки ба туфайли ақли худ ба охирати обод ҳадаф гирад, аз сабаби захираи сусти батарея (имон) дар ҷаҳони дигар гумроҳ мешавад — вай аз ҷиҳати динӣ нотавон хоҳад буд. Аз ин сабаб, мавзӯъҳо барои тақвияти нафс, мисли мавзӯъҳои ақида муҳиманд.
Дар ҳоле ки ҳамаи гуфтаҳои боло амалӣ шуда истодаанд, муҳим аст, ки ба хатои зерин роҳ надиҳем. Эҳтимол фарзандони мо, хусусан дар давраи наврасӣ, дар фаҳмидани чизи хуб ва бад душворӣ мекашанд. Инчунин, онҳо зери таъсири муҳити рафиқонашон монданашон мумкин аст. Ин таъсир баъзан метавонад ба қарори онҳо таъсири манфӣ расонад. Аз ин сабаб, дӯсти хуб метавонад ба фарзанди мо таъсири мусбӣ расонад, дӯсти бад таъсири манфӣ. Аз ин лиҳоз, мо бояд муҳити фарзандони худро бодиққат омӯзем. Агар имкон бошад, мо бояд кӯшиш кунем, ки дӯстони онҳоро низ ҷалб кунем. Яъне, агар муҳити фарзандони мо аз эҳсосоти исломӣ дур бошад, фарзандони мо вазифадоранд, ки онҳоро ба ислом ҷалб кунанд. Агар ба муҳити онҳо таъсир расондан ғайриимкон бошад, мо бояд кӯдаки худро фавран аз он муҳит берун оварем.
Хулоса, барои наҷоти фарзандони худ аз чанголи Ғарб, мо бояд дар дохили оила бо Ислом зиндагӣ ва амал кунем, инчунин барои оила ва фарзандон мунтазам вақт ҷудо кунем. Илова бар ин, агар имконият бошад, шумо бояд тавсияи Паёмбари мо (с.а.в) -ро гӯш кунед ва гоҳ-гоҳ сафар кунед:
«Сафар кунед, сиҳату саломат хоҳед буд.» (Аҳмад, 2/380; Аҷлуни 1/445).
Ҳамин гуна сафарҳоро метавон бо нигоҳ доштани робитаҳои оилавӣ (силаи раҳм) омехта кунем, аммо ин барои он аст ки аксар вақт бо оилаи худ бошем. Ва боз ҳам, кӯдакон бояд фазои ақида ва нафсияи дурустро дар аъзои хонаводаашон ва дар иҳотаи дӯстони дар синну солашон наздик бо онҳо бубинанд, то мисолҳои равшану возеҳ дошта бошанд.
Аллох хар як фарзанди Уммати Мухаммад (с.а.с) -ро ҳифзу ҳимоя кунад! Омин!
Меҳмет Айдин
20.12.2019.