Мавқеъҳои иззат дар замоне, ки мавқеъҳо иззат доштанд

Мавқеъҳои иззат дар замоне, ки мавқеъҳо иззат доштанд

Мавқеи Ҳабиб ибни Зайд (р) дар назди Мусайлимаи каззоб: Расулуллоҳ ﷺ Ҳабиб ибни Зайд (р)-ро ба сӯи Мусайлимаи каззоб бо номае, ки дар он ӯро барои гумроҳиаш сарзаниш мекард, фиристод. Ҳабиб ба назди Мусайлима омада расид ва номаро ба ӯ супорид. Вақте ки Мусайлима номаро хонд, синааш бо кинаву адоват пур шуд ва дар чеҳраи зарди хунолудаш бадиву хиёнат намудор гашт. Фармуд, ки Ҳабибро (р) занҷирбанд карда,  саҳарии рӯзи дигар ба наздаш биёранд. Вақте ки рӯзи дигар фаро расид, маҷлис бо роҳбарии Мусайлима кори худро шурӯъ кард. Аз тарафи рост ва чапи ӯ тоғутҳо аз ҷумлаи бузургони пайравони ӯ истода буданд. Ба оммаи мардум иҷозаи вуруд ба маҷлис дода шуд. Сипас фармон дода шуд, ки Ҳабибро оранд ва ӯро дар ҳоли занҷирбанд будан ҳозир карданд. Ҳабиб (р) дар миёни ин издиҳоми пур аз нафрат қоматашро афрохта, бо сари баланд истод. Мусайлима ба ӯ рӯ оварда гуфт: “Оё шаҳодат медиҳӣ, ки Муҳаммад ﷺ Расули Аллоҳ аст?” Ҳабиб (р) гуфт: “Оре, гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст”. Мусайлима ба ғазаб омада гуфт: “Ва шаҳодат медиҳӣ, ки ман низ расули Аллоҳ ҳастам?” Ҳабиб (р) писхандзанон гуфт: “Гӯшҳои ман барои шунидани ин суханат кар ҳастанд”. Ранги чеҳраи Мусайлима парид, лабонаш аз ғазаб ба ларза омаданд ва ба ҷаллод гуфт: “Як пора аз ҷасади ӯро бур”. Пас ҷаллод шамшерро боло карда, бо як зарба порае аз бадани Ҳабибро (р) бурид ва он ба замин ғелида рафт. Сипас Мусайлама ҳамон саволро аз ӯ баргашта пурсид ва Ҳабиб (р) низ ҳамон ҷавобро баргашта дод. Мусайлима фармуд, ки як пораи дигаре аз баданаш бурида шавад, пас он низ ба замин, ба канори пораи якум ғелида рафт. Одамон аз қатъият ва якравии Ҳабиб ба ҳаяҷон омада, бо чашми ҳайрат ба ӯ менигаристанд. Мусайлима пайваста ба ӯ савол медод ва ҷаллод пайваста бадани ӯро мебурид, дар ҳоле ки Ҳабиб пайваста мегуфт: “Ман гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст”. Тақрибан нисфи бадани ӯ пора-пора дар рӯи замин мехобид ва нисфи дигараш дард мекашид. Ниҳоят ӯ ҷон дод, дар ҳоле ки номи Паёмбар ﷺ, ки дар шаби Ақаба бо ӯ байъат карда буд, аз лабони покаш канда нашуд.

Мавқеи Ҳабиб ибни Адӣ (р) ва қиссаи кушта шудани ӯ: Бухорӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки ӯ гуфт: Расулуллоҳ ﷺ даҳ нафар саҳобагонро барои ҷосусӣ фиристода, Осим ибни Собити Ансориро, ки бобои Осим ибни Умар ибни Хаттоб буд, бар онҳо амир таъин кард. Вақте ки онҳо ба Ҳадаат ном ҷой, ки дар миёни Асфону Макка воқеъ аст, расиданд, яке аз қабилаҳои Ҳузайл бо номи Бану Лиҳён аз онҳо бохабар гашт. Пас бо наздик ба сад нафар аз мардони тирандоз ба сӯи онҳо раҳсипор гашта, асари онҳоро ҷустуҷӯ карданд. Ниҳоят хурмоҳои онҳоро дар манзиле, ки саҳобагон дар он истода буданд, пайдо намуданд. Баъд аз ҳосил кардани боварӣ ба он, ки хурмоҳо хурмоҳои Ясриб ҳастанд, онҳо асари саҳобагонро пайгирӣ намуданд. Вақте ки Осим ва ҳамроҳони ӯ душманро эҳсос карданд, ба як мавзеъ паноҳ бурданд. Аммо қавм онҳоро иҳота намуда гуфтанд: “Фароед ва мо ба шумо аҳд медиҳем, ки ягон нафари шуморо намекушем”. Пас Осим ибни Собит (р) гуфт: “Эй қавм. Аммо ман дар зери ҳимояи кофир намефароям”. Сипас гуфт: “Парвардигоро, хабари моро ба Набиат ﷺ бирасон”. Пас кофирон онҳоро бо тир парронда, Осимро куштанд. Баъд аз ин се нафар, аз ҷумла Ҳабиб, Зайд ибни Дасинна ва як нафари дигар, бинобар аҳду паймон фаромаданд. Вақте ки онҳо ба дасти кофирон афтоданд, кофирон се тори камонро кушода, бо он онҳоро бастанд. Марди сеюм гуфт: “Ин хиёнати аввалин аст. Қасам ба Аллоҳ, ки ман бо шумо намеравам. Онҳо — яъне кушташудагон — барои ман дарси ибрат ҳастанд.” Пас онҳо ӯро кашола карда, хостанд бо худ баранд, аммо ӯ аз ин кор саркашӣ намуд. Аз ин рӯ, онҳо бо Ҳабиб ва Зайд ибни Дасинна ба роҳ баромада, ҳардуро фурӯхтанд. Азбаски Ҳабиб (р) дар ҷанги Бадр Ҳорис ибни Омирро кушта буд, ӯро қабилаи Бану Ҳорис ибни Омир ибни  Навфал харидорӣ кард. Пас Ҳабиб (р) то замоне, ки онҳо ба қатли ӯ тасмим гирифтанд, дар асорати онҳо қарор гирифт. Як рӯз ӯ аз баъзе духтарони Ҳорис алмос пурсид, то бо он мӯяшро тарошад ва яке аз духтарон ин хоҳиши ӯро иҷро намуд. Баъдан ин зан бехабар аз он монд, ки як фарзандаш назди Ҳабиб рафтааст. Вақте ки ӯ ба назди Ҳабиб омад, дид, ки писараш болои рони Ҳабиб нишастааст, дар ҳоле ки Ҳабиб алмосро дар даст дорад. Зан гуфт: Пас ман чунон тарсидам, ки Ҳабиб (р) онро мушоҳида намуда гуфт: “Оё метарсӣ, ки ман ӯро мекушам? Ман ҳаргиз чунон намекардам”. Зан гуфт: “Қасам ба Аллоҳ, ман асиреро, ки аз Ҳабиб (р) беҳтар бошад, ҳаргиз надидаам. Қасам ба Аллоҳ, рӯзе дидам, ки ӯ як шингил ангурро дар даст дошта мехӯрд, дар ҳоле ки пойҳояш бо оҳан ба ҳам баста буданд ва дар Макка ягон мева мавҷуд набуд”. Ин зан мегуфт: “Ҳароина, ин ризқе буд, ки Аллоҳ ба Ҳабиб (р) ато намудааст”. Вақте ки онҳо Ҳабибро аз ҳарам бароварда, барои куштани ӯ ба ҳил (маконҳои атрофи ҳарам) оварданд, Ҳабиб (р) ба онҳо гуфт: “Бигзоред маро, то ду ракъат намоз хонам”. Онҳо ӯро вогузоштанд ва ӯ ду ракъат намоз хонд. Сипас ӯ гуфт: “Қасам ба Аллоҳ, агар аз “ӯ тарсид” гуфта гумон кардани шумо нигарон намебудам, намозро боз ҳам дарозтар мехондам”. Пасон ӯ гуфт: “Парвардигоро, адади онҳоро ҳисоб кун ва алоҳида-алоҳида ҳалок соз ва ягон нафари онҳоро зинда нагузор”. Сипас шеъри зеринро хонд:

فلست أبالي حين أقتل مسلمًا       على أي جنبٍ كان لله مصرعي

وذلك في ذات الإله وإن يشـأ       يبارك على أوصـال شلوٍ مـمزَّع

Парвое надорам аз он, вақте мусалмон кушта шавам

Ки дар куҷо дар роҳи Аллоҳ ба ман расад марг

Зеро марг дар роҳи ин зоте аст, ки агар хоҳад

Муборак созад аъзои ҷасади порашударо

 

Сипас Абӯсарваъа Уқба ибни Ҳорис ба сӯи ӯ бархоста, ӯро кушт. Ҳабиб (р) аввалин касе буд, ки намозро барои ҳар мусалмоне, ки босаброна маргро пешвоз мегирад, муқаррар кард.

Мавқеи Ҳаром ибни Милҳон (р) дар назди онҳое, ки ӯро куштанд: Анас (р) мегӯяд: Вақте тағоям Ҳаром ибни Милҳонро (р) дар рӯзи чоҳи Маъуна бо найза заданд, рӯй ва сараш пури хун шуд ва ӯ гуфт: “Қасам ба Парвардигори Каъба, ки ман бурд кардам”. Аз Анас ривоят шудааст, ки ӯ ҳафтод нафар ансориёнро ба ёд оварда мегуфт: “Чун шаб фаро мерасид, онҳо ба назди муаллиме дар Мадина рафта, шабро бо омӯзиши Қуръон мегузаронданд. Чун саҳар мешуд, баъзеи онҳо, ки боқувват буданд, ҳезум ҷамъ мекарданд (ва онро фурӯхта, пули он) ва обро ба аҳли масҷиди Паёмбар (аз ҷумла ба аҳли суфа)  садақа мекарданд. Касе, ки тавони молӣ дошт, гӯсфанд кушта, онро овезон карда мемонд. Вақте ки Ҳабиб (р) кушта шуд, Расулуллоҳ ﷺ ин ҳафтод нафарро ба қабилаи Бани Омир ибни Саъсаъа фиристод. Дар миёни онҳо тағоям Ҳаром (р) низ буд. Ҳангоме ки онҳо ба маҳаллаи Бани Салим расиданд, Ҳаром (р) ба амири гурӯҳ гуфт: “Оё хабар диҳам ба онҳо, ки ҳадафи сафари мо онҳо нестанд, то пеши роҳамонро кушоянд?”  Пас ба наздашон омада, ин суханонро гуфт. Аммо ӯро марде бо найза пешвоз гирифта, найзаро ба ӯ халонд. Вақте ки Ҳаром (р) эҳсос намуд, ки найза ба даруни шикамаш даромадааст, гуфт: “Аллоҳу акбар! Қасам ба Парвардигори Каъба, ки ман комёб гаштам!”  Сипас тамоми нафарони гурӯҳ кушта шуданд ва касе боқӣ намонд. Қаблан ман надида будам, ки Расулуллоҳ ﷺ аз мусибате, ки ба сари гурӯҳе меомад, ба ин андоза ғамгин шуда бошад”. Анас (р) гуфт: “Ҳароина, ман шоҳиди он будам, ки ҳар гоҳе ки Расулуллоҳ намози бомдод мехонд, дастҳояшро бардошта, он қавмро лаънат мекард. Сипас баъд аз чанд муддате, Абӯ Талҳа (р) ба назди ман омада пурсид: “Оё ту алайҳи қотили Ҳаром даъвое дорӣ?” Ман гуфтам: “Ба ӯ чӣ шудааст? Аллоҳ ӯро лаънат кунад!” Пас Абӯ Талҳа гуфт: “Ин хел нагӯ, зеро ӯ мусалмон шудааст”.

Мавқеи Товус ибни Кайсон (раҳимаҳуллоҳ) дар назди Ҳишом ибни Абдулмалик: Ибни Халликон дар китоби худ “Вафаятул-аъян ва анба-у абна-иззаман” қиссаи зеринро овардааст: “Гуфта мешавад, ки Ҳишом ибни Абдулмалик ба Байтулҳаром барои ҳаҷ кардан омад ва чун вориди ҳарам шуд, гуфт: “Ягон нафари саҳобагонро ба наздам биёваред”. Ба ӯ гуфтанд: “Эй амирулмӯъминин, ҳамаи онҳо вафот кардаанд”. Гуфт: “Пас ягон тобеинро”. Он гоҳ ба назди ӯ Товуси Яманиро оварданд. Чун Товус ба назди ӯ дохил шуд, кафшҳояшро дар канори гилем кашид ва ҳангоми салом додан лақаби “амир-ул-мӯъминин” ё куняи ӯро истифода накард, балки бидуни иҷозаи ӯ дар паҳлӯяш нишаст ва гуфт: “Ассаламу алайка, эй Ҳишом. Чӣ ҳол дорӣ?” Ҳишом ибни Абдулмалик аз ин рафтори ӯ чунон ба ғазаб омад, ки ҳатто хост ӯро бикушад. Аммо атрофиёни ӯ ба ӯ гуфтанд: “Эй амир-ул-мӯъминин, ту дар ҳарами Аллоҳ ва ҳарами Расулаш ﷺ қарор дорӣ. Ин кор мумкин нест”. Онгоҳ ӯ ба Товус гуфт: “Эй Товус, чӣ чиз туро ба ин коре, ки кардӣ, водор сохт?” Товус гуфт: “Ман чӣ кор кардам?” Пас ӯ боз ҳам сахттар дарғазаб шуда гуфт: “Кафшҳои худро дар канори гилеми ман кашидӣ. Ҳангоми салом додан лақаби “амир-ул-мӯъминин” ё куняи маро истифода накардӣ. Бидуни иҷозаи ман дар паҳлӯям нишаста, “Эй Ҳишом, чӣ ҳол дорӣ?” гуфтӣ”. Товус гуфт: “Аммо он ки кафшҳоямро дар канори гилеми ту кашидам, пас ман онҳоро ҳар рӯз панҷ маротиба дар назди Парвардигори иззат мекашам, вале аз Ӯ сарзанише намешунавам ва Ӯ аз ман дарғазаб намешавад. Аммо сабаби он, ки ҳангоми салом лақаби “амир-ул-мӯъминин”-ро истифода накардам, ин аст, ки на ҳамаи мӯъминон аз аморати ту розӣ ҳастанд. Аз ин рӯ, тарсидам, ки мабодо дурӯғгӯ шавам. Аммо дар хусуси он, ки туро бо куняат ном набурдам, бояд бигӯям, ки Аллоҳ Азза ва Ҷалла паёмбаронро номбар карда, “Эй Довуд, эй Яҳё, эй Исо” гуфтааст, дар ҳоле ки аз душманонаш бо истифода аз куня ном бурда гуфтааст: “Ҳалок бод ду дасти Абӯлаҳаб ва ҳалок бод ӯ”. Ту аз он, ки ман дар наздат нишастам, эътироз кардӣ ва ҳол он ки ман аз амир-ул-мӯъминин Алӣ ибни Абӯтолиб (р) шунидаам, ки ӯ фармуд: “Агар хоҳӣ ба марде аз аҳли дӯзах нигарӣ, ба марде нигар, ки худ нишастааст, вале қавм дар атрофи ӯ рост истодааст”. Ҳишом ба ӯ гуфт: “Маро панд деҳ”. Товус гуфт: “Аз амир-ул-мӯъминин (р) шунидам, ки мефармуд: “Дар дӯзах морҳое мисли кӯзаҳо ва каждумҳое мисли хачирҳо мавҷуд ҳастанд, ки ҳар як амиреро, ки ба зердастони худ адолат намекунад, мегазанд”. Сипас Товус бархост ва рафт”.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads