Мавлуди роҳи рост

Мавлуди  роҳи рост

Хонандаи азиз, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Ҳар боре, ки моҳи Рабиул-аввал фаро мерасад, мусалмонон таваллуди Паёмбари Худо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ﷺ-ро ба ёд меоранд. Бо таваллуди Эшон ﷺ офтоби илму адолат ва раҳмат бар тамоми ҷаҳониён равшанӣ андохта, торикии куфр ва беадолатиро пароканда кард.

Дар баробари наздик шудани ин моҳ мо бояд аз худ бипурсем: оё мо бо роҳи Паёмбари Аллоҳ ﷺ рафта истодаем, оё дар ҳақиқат дар роҳи рост ҳастем ё аз он гумроҳ шудаем? Зеро ки бо ёди мавлуди Паёмбар ﷺ, беэътиноӣ кардан, ба он чӣ Эшон ﷺ овардаанд, фоидае надорад. Барои мо ин ҷашн бояд боз як сабаби дигаре барои ёдоварӣ аз Паёму овардаҳои Расули Акрам ﷺ бошад. Ва  муҳимтарин бахши ин паёмҳо суханони Аллоҳи Мутаъол аст:

وَمَن لَّمۡ يَحۡكُم بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ

«Ононе, ки бо нозилкардаҳои Аллоҳ ҳукм намеронанд, пас онҳо кофиронанд»  (5:44)

Агар Паёмбар Муҳаммад ﷺ медиданд, ки мо ба ин оят беэътиноӣ мекунему ба ҳукми Қуръону Суннат бепарвогӣ дорем, ба ҷои он қонунҳо ва низомҳои куфрро қабул мекунем, ба мо чӣ мегуфтанд? Эшон дар бораи давраи ҳаёти мо ба Аллоҳ чӣ мегуфтанд? Оё Эшон барои мо шафоат мехостанд ё ин ки оятҳои Қуръонро такрор мекарданд:

وَقَالَ ٱلرَّسُولُ يَٰرَبِّ إِنَّ قَوۡمِي ٱتَّخَذُواْ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ مَهۡجُورٗا

«Паёмбар гуфт: «Парвардигоро! Мардуми ман ин Қуръонро тарк карданд».   (25:30)

Имрӯз вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо тамоми нерӯи худ барои барқарор кардани ҳукмронӣ тибқи қонунҳои Аллоҳ ва бо низомҳо ва конститутсияҳои куфр, ки дар болои мусулмонон татбиқ мешавад, муқобилият нишон диҳем.

Мо бояд аз фурсат истифода барем, то Рисолати Паёмбар ﷺ-ро дарк карда, ба он пайравӣ намоем. Дар мавриди Рисолат чанд нуктаро бояд қайд кард:

1 — Он барои ҳама одамон дар ҳама вақт ва дар ҳама ҳолатҳо мебошад. Аллоҳи Мутаъол мефармояд:

قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡ جَمِيعًا

«Бигӯ: «Эй мардум! Ман фиристодаи Аллоҳ бар ҳамаи шумо ҳастам» (7: 158).

2 – Он ҳама шариатҳои қаблиро лағв мекунад. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

ٱلَّذِينَ يَتَّبِعُونَ ٱلرَّسُولَ ٱلنَّبِيَّ ٱلۡأُمِّيَّ ٱلَّذِي يَجِدُونَهُۥ مَكۡتُوبًا عِندَهُمۡ فِي ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَٱلۡإِنجِيلِ

“Онон, ки аз ин Расул, ин паёмбари уммӣ, ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд”  (7:157)

3 — Ин паёми хотимавӣ аст. Худованд мефармояд:

مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَآ أَحَدٖ مِّن رِّجَالِكُمۡ وَلَٰكِن رَّسُولَ ٱللَّهِ وَخَاتَمَ ٱلنَّبِيِّ‍ۧنَۗ

«Муҳаммад падари ҳеҷ яке аз мардони шумо нест, балки  Паёмбари Аллоҳ ва мӯҳри паёмбарон (ё охирин паёмбарон, хотамуланбиё) аст» (33:40).

4 — Пас аз омадани Муҳаммад ﷺ бо рисолати паёмбарӣ ба Ӯ имон овардан  воҷиб шуд ва нобоварӣ ба Ӯ ба оташ мебарад. Аллоҳи Мутаъол мефармояд:

وَمَن لَّمۡ يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ فَإِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلۡكَٰفِرِينَ سَعِيرٗا

«Ҳар кас ба Худову паёмбараш имон наёварад, пас барои кофирон оташе омода кардаем» (48:13).

5 – Ба мардум амр шудааст, ки то фарорасии Қиёмат ба ин Рисолат пайравӣ кунанд.

6 — Пайравӣ ба Рисолат  аз зиндагии бадбахтона дар ин дунё наҷот медиҳад ва беэътиноӣ ба Рисолат ҳам дар дунё ва ҳам дар охират ба ранҷу азоб мебарад. Аллоҳ Таоло мефармояд:

فَمَنِ ٱتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشۡقَىٰ ١٢٣ وَمَنۡ أَعۡرَضَ عَن ذِكۡرِي فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةٗ ضَنكٗا وَنَحۡشُرُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَعۡمَىٰ ١٢٤ قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرۡتَنِيٓ أَعۡمَىٰ وَقَدۡ كُنتُ بَصِيرٗا ١٢٥ قَالَ كَذَٰلِكَ أَتَتۡكَ ءَايَٰتُنَا فَنَسِيتَهَاۖ وَكَذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمَ تُنسَىٰ

«Ҳар кӣ ба ҳидояти ман пайравӣ кунад, гумроҳ ва тирабахт намешавад. Ва ҳар кӣ аз зикри Ман рӯй гардонад, ӯро зиндагии сахте интизор аст ва дар Рӯзи Қиёмат Ӯро кӯр зинда мекунем». Ва гӯяд: «Парвардигоро! Чаро маро нобино зинда кардӣ, ҳол он ки ман (дар дунё) бино будам?» Худованд мефармояд: «Ин аст! Оёти Мо бар ту нозил шуд ва ту онҳоро фаромӯш кардӣ. Ҳамин тавр, имрӯз худат низ ба фаромӯшӣ меравӣ» (20:123-126).

Расули Акрам ﷺ :

تَرَكْتُ فِيكُمْ مَا إِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِ لَنْ تَضِلُّوا بَعْدِي أَبَداً: كِتَابَ اللهِ وَسُنَّتِي

«Ман дар миёни шумо ду чизро боқӣ мондаам, ки бо нигоҳ доштани он гумроҳ намешавед — Китоби Аллоҳ ва Суннати Расулуллоҳ!»

Ба мо лозим аст, ки танҳо ба Паёмбари Аллоҳ ﷺ пайравӣ кунем, чунон ки Худованд фармудааст:

قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ

«Бигӯ: «Агар Аллоҳро дӯст доред, ба ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад ва гуноҳонатонро биомӯрзад» (3:31).

 

Сармухаррири журнали «Ал-Вай» нашри № 6

1408 с.ҳ/1987 м.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads