Мақомоти Тунис ба далели қироати оятҳои дорои вожаи «табодулот» имомро барканор кард

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Мақомоти Тунис ба далели қироати оятҳои дорои вожаи «табодулот» имомро барканор кард

Мақомоти Тунис имом-хатиби масҷиде дар яке аз вилоятҳоро аз фаъолияташ боздошт, зеро ӯ оятҳои дорои калимаи (اِنْقِلَابٌ) “бозгашт” аст, ки ин ҳам ба маънои “табодулот, тағйир додан” мебошад.

Ҳодисаи мазкур ҳангоми намози шом дар як чорабинии соли нави ҳиҷрӣ рух дод, ки дар он вазири умури дин низ ширкат дошт.  Имоми масҷиди «Салом», Муҳаммад Зайниддин дар вилояти Набул таъйид кард, ки ӯ намози шомро рӯзи шанбеи гузашта имоматӣ кардааст, ки дар он вазири умури дин ҳузур дошт;  оятҳои 26-ум ва 144-уми сураи «Оли Имрон»-ро дар ракъатҳои якум ва дуюм қироат кардааст.

قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَن تَشَاء وَتَنزِعُ الْمُلْكَ مِمَّن تَشَاء وَتُعِزُّ مَن تَشَاء وَتُذِلُّ مَن تَشَاء بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَىَ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

«Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ,  молики мулк! Ба ҳар, ки  бихоҳӣ, мулк медиҳӣ,  ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ!»  [3:26]

وَمَا مُحَمَّدٌ إِلاَّ رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِ الرُّسُلُ أَفَئِن مَّاتَ أَوْ قُتِلَ انقَلَبْتُمْ عَلَى أَعْقَابِكُمْ وَمَن يَنقَلِبْ عَلَىَ عَقِبَيْهِ فَلَن يَضُرَّ اللَّهَ شَيْئاً وَسَيَجْزِي اللَّهُ الشَّاكِرِينَ

«Ҷуз ин нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар буданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба ойини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо сипосгузоронро подош хоҳад дод».  [3:144]

Имом гуфт, ки вазири умури дин Иброҳими Шайбӣ пас аз адои намоз бо ӯ дар бораи ояте, ки калимаи табаддулотро дар бар мегирад, шӯхӣ кард. Ҳамчунин вазир ҳангоми сўҳбат гуфт: «Эй Шайх, беҳтар аст аз ин гуна оятҳо бипарҳезед». Баъдан Муҳаммад Зайниддин гуфт, ки мақомоти вилоят бо ӯ тамос гирифта хабар додаанд, ки ӯро ба мӯҳлати 10 рӯз аз вазифааш маҳрум кардаанд ва парвандааш дар ҳоли баррасӣ аст.

 

Аз силсила хабарҳои рӯзномаи «Ар-Роя»,  №404

19 Муҳаррами соли 1444 ҳ.

 

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image саволҳо ва ҷавобҳо

Ба паймони НАТО дохил шудани Финляндия ва Шветсия

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ Ба паймони НАТО дохил шудани Финляндия ва Шветсия Савол: Финляндия ва Шветсия санаи 18 майи соли 2022 дар қароргоҳи паймон...
post-image Гуногун

Аҳодиси набавӣ — башоратдиҳанда ба нусрат, пирӯзӣ ва барпошавии амр то рӯзи Қиёмат

Аҳодиси набавӣ — башоратдиҳанда ба нусрат, пирӯзӣ ва барпошавии амр то рӯзи Қиёмат Аз Баро ибни Озиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят шудааст,...
Бештар
ads