بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Мақомоти Фаластин муаллим
Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷро дубора боздошт намуданд.
20 ДЕКАБРИ СОЛИ 2021
Маъмурияти Фаластин бо қарори додгоҳи марҳилаи аввали Байт Лаҳм муаллими мӯҳтарам Ҳусейн Абу ал-Ҳаҷро дубора бо ҳамон иттиҳоме боздошт намуд, ки нерӯҳои амниятӣ ӯро рӯзи 17 ноябр рабуда буданд ва пас аз он ӯ се ҳафта дар боздошти пулис, умури пешгирикунанда ва хадамоти таҳқиқӣ нигоҳ дошта шуда буд.
Айби муаллим дар он аст, ки ба шогирдонаш эҳтироми парчами Расули Аллоҳ ﷺ ва аҳамияти ваҳдати мусулмононро меомӯзонд. Пас аз се ҳафтаи ҳабси ғайриқонунӣ муаллимро озод карданд ва дубора боздошт намуданд.
Чунин ба назар мерасад, ки ба ҳукумат ва ниҳодҳои амниятӣ идкунӣ ва шодии сокинони Баттир, Ҳусан ва Байт Лаҳм барои раҳоии устодашон хуш наомадааст, зеро ин шодиву хурсандиҳо бешак дараҷаи муҳаббати мардуми Фаластинро ба парчами Ислом ва дараҷаи нафрати онҳоро нисбат ба байрақҳое, ки бо мустамликадорон омадааст нишон медиҳад.
Бародари гиромӣ Абу ал-Ҳаҷро бо қарори суд, яъне мувофиқи хоҳиши хадамоти махсус, бидуни тарс аз Аллоҳ ва андешаи пасомадҳои душманӣ бо Ислом ва парчами исломӣ дубора вориди зиндон намуданд.
Дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Фаластин дар шарҳи худ гуфтааст: «Бигзор ҳукумати Фаластин бидонад, ки фаластиниҳо ба дини худ ва Расули Аллоҳ ﷺ содиқанд ва ҳеҷ қуввае дар рӯи замин қодир нест, ки ин муҳаббатро несту нобуд намояд. Фарзандони шарифи Фаластин дар оянда ҳам хиёнатҳои маъмурияти Фаластинро фош ва маҳкум хоҳанд кард. Мардуми Фаластин ҳеҷ гоҳ ба монанди ҳукуматдорон ба зархаридоне табдил нахоҳанд ёфт, ки нисбат ба Ислом ва фаластиниҳо нафрат доранд ва ба Ғарб ва яҳудиён майл менамоянд».
Шарҳи хабарҳои рӯзномаи «Ар-рая».
15.12.2021