Маъною моҳияти ҳастии ман чист?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Маъною моҳияти ҳастии ман чист?

27.12.2021

Дар посух ба суоли «Маънои ҳастӣ чист?» аз як хонанда мактуб гирифтем, ки дар ин бора фикрашро баён кардааст.

Матни ин мактуб чунин аст:

Дар маҷаллаи «Ал-Ваъй» саволе ба миён гузошта шуд, ки «Маънои ҳастии шумо чист?». Ин саволи хубест, ки бояд муҳокима карда шавад. Аммо оё касе ҷуръат мекунад, ки ба он софдилона ҷавоб диҳад? Бале, мо «софдилона» мегуем, яъне на танҳо худи «ҷавоб». Яъне рафтори ҷавобдиҳанда бояд ба ҷавоби ӯ мувофиқ бошад.

Шахсе, ки ба омўзиши асрори дунё ва зиндагӣ қодир асту нерӯи зиёди зиндагиро доро мебошад, бо қобилияти равонии худ аз инсонҳои дигар фарқ мекунад. Пас маънои мавҷудияти ӯ чист?

Ҳама чиз дар рӯи замин ба инсон тобеъ аст. Материя ба ӯ тобеъ аст, то битавонад онро мувофиқи қобилияту хоҳишаш тағйир диҳад. Дигар мавҷудоти зинда ҳама ба инсон тобеъанд. Ӯ баъзе ҳайвонотро барои хӯрок истеъмол мекунад, баъзеро барои савор шудан, баъзеро барои ороиш истифода мебарад ва баъзеи дигарро комилан нест мекунад. Дар баробари ин, ҳам худи инсон ва ҳам мавҷудоти дигар барои ду чиз талош мекунанд: зинда мондан ва идомаи ҳастӣ.

Ҳар як мавҷудоти зинда аз рӯи талаботи ғаризаҳои худ мехӯрад, менӯшад, хоб мекунад ва тамоми чораҳоро меандешад, то худро ҳифз кунад, алоқаи ҷинсӣ ва дубора таваллуд мекунад. Аммо оё барои тамоми мавҷудоти зинда дар рӯи замин маънои ҳастӣ яксон аст?

Яке мегӯяд: «Инсон бо ақлаш аз ҳайвоноти дигар фарқ мекунад ва вазифаи ақл ноил шудан ба бахту саодат аст. Хушбахтӣ қонеъ кардани тамоми талаботҳои ҷисмонӣ ва лаззатҳоест, ки ба даст оварда мешавад.»

Дигаре мегӯяд: «Фақат зиндагии дунявии мо вуҷуд дорад. Мо мемирем ва таваллуд мешавем ва моро ба ҷуз вақт чизе нобуд намекунад.»

Баъзеҳо мегӯянд: «Ногузирии эволютсия ҳадаферо муайян мекунад, ки мо барои он мекӯшем. Эволютсия баъзе намудҳои маймунҳоро ба одам табдил дод.»

Бисёр одамон аз тарси ҷавоби якхела сари худро дар рег пинҳон мекунанд, зеро онҳо фарқияти байни ҳадафи зиндагии ва ҳадафи ҳайвони дигарро намебинанд. Инсон намехоҳад иқрор шавад, ки мисли ҳайвон зиндагӣ мекунад, чуноне ки Худованд дар Қуръон гуфтааст:

إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا

Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд? Инҳо чун чорпоёне ҳастанд, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.”  (25:44)

Бисёриҳо ҷуръат накардаанд, ки ин саволро ба худ бидиҳанд, дар посухи он  ба худ заҳмат эҷод накунанд. Баъзе одамон ба худ чунин савол доданро  ба хаёлашон ҳам наоварданд. Ташаккур ба маҷалла ва муаллифи савол, ки хонандагон мустақилона ба он ҷавоб дода метавонанд.

Ман моҳият ва маънии ҳастии худ ва маънии ҳастии ҳар шахсеро, ки бо волоияти худ дар миёни ҳамаи мавҷудот ифтихор дорад. Ин маъноро эътиқоди ман ва ақидаи асосие, ки ман қабул кардам, муайян мекунад. Бисёре аз оятҳои Қуръон ба ин далолат мекунанд:

وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ

“Мо фарзанди Одамро бартарӣ додем”  (17:70)

وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً

“Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае меофаринам,» (2:30)

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ

“Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки Одамро саҷда кунед,” (18:50)

لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ فِي أَحْسَنِ تَقْوِيمٍ

ки мо одамиро дар некӯтарин сурате биёфаридем.” (95:4)

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд” (51:56)

قُلْ إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحْيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман барои Худо — он Парвардигори ҷаҳониён аст.” (6:162) 

   يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَى رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ

 “Эй инсон, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, баъд аз он ба Парвардигори хеш дар рӯзи қиёмат дидор мебинӣ, пас мукофоти амалатро ба фазлу адли Аллоҳ хоҳӣ дид.” (84:6)

فَمَن زُحْزِحَ عَنِ النَّارِ وَأُدْخِلَ الْجَنَّةَ فَقَدْ فَازَ

“Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба биҳишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст.» (3:185)

Зиндагии дунё марҳалаест, ки вақташ маҳдуд аст, ба монанди толори имтиҳон, ки пас аз он тафтиш интизор аст. Пас касе, ки аз оташ дур карда, ба биҳишт дохил шавад, комёб мешавад. Ин натиҷаи дилхох, интихоби дилхоҳ ва роҳ ба он аст. Худованд мефармояд:

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ، وَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

Пас ҳар кас ба андозаи заррае некӣ карда бошад, подоши онро дар охират мебинад. Ва ҳар кас ба андозаи заррае бадӣ карда бошад, азобашро дар охират мебинад.”  (99:7-8)

لِّلَّهِ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ وَإِن تُبْدُوا مَا فِي أَنفُسِكُمْ أَوْ تُخْفُوهُ يُحَاسِبْكُم بِهِ اللَّهُ

Он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ аст. Ва агар он чиро дар дил доред, ошкор кунед ё онро пинҳон намоед, Аллоҳ шуморо бар он ҳисоб мекунад”  (2:284)

 

Пас, рисолату ҳадафи ман дар зиндагӣ ин аст, ки ҳастии ман барои Худованди Ҷаҳониён бошад. Ман дар роҳи Аллоҳ хизмат мекунам ва аз хидмати худ барои Аллоҳ ифтихор дорам, барои баланд бардоштани Каломи Ӯ ҳар кори аз дастам меомадаро мекунам, рисолати Ӯро ба башарият мерасонам ва ёдовар мешавам, ки Худованд барои инсон чӣ ҷойгоҳи баланде муқаррар кардааст.

Аз ин рӯ ман  аз маймун пайдо шудани инсонро инкор мекунам ва дигаронро аз афтодан ба сатҳи ҳайвонот огоҳ мекунам. Чи хеле, ки Худованд фармудааст:

 

إِنْ هُمْ إِلَّا كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ سَبِيلًا

Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд? Инҳо чун чорпоёне ҳастанд, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.” (25:44)

 

Моҳияти зиндагӣ

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads