Манъи гирифтани тӯҳфаҳо ва маблағҳои аз қабили «ғулул» ба шахсони мансабдор
Ҳадиси сиву шашум
«Ба мо Абӯ Бакр ибни Шайба… аз Абӯ Ҳумайрои Соъидӣ нақл карда шуд:
«Рӯзе Расули Худо (с) ба марде аз қабилаи Асд, ки номаш Ибни Латбиё буд, ба ҷамъ кардани закот дастур доданд (инро Амр аз Ибни Абӯ Умар ривоят кардааст). Чун ӯ баргашт, Расули Худо (с) аз ӯ ҳисобот гирифтанд. Дар ин асно ибни Латбиё гуфт: «Ин барои шумо аст ва ин ба ман ҳадя дода шуд». Расули Худо (с) ба ӯ гуфтанд: «Оё дар хонаи падар ё модарат нишаста интизор шавӣ ҳадя ба ту меомад?». Сипас, Расулуллоҳ (с) ба минбар баромада, ба Аллоҳ ҳамду ситоиш гуфтанд ва баъд: «Ман аз шумо якчанд нафарро ба коре, ки Аллоҳ маро фармудааст омил таъйин намудам ва баъзе аз шумоён омада мегӯянд, ки «ин аз они шумо ва ин ба ман ҳадя дода шуд». Агар ӯ ростгӯӣ бошад, чаро тӯҳфаро дар хонаи падар ё модараш нишаста интизор нашуд? Савганд ба Худое, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, касе аз шумо чизеро аз садақот бидуни ҳақ азхуд кунад, рӯзи қиёмат он чиз ба гардани ӯ кашол мешавад. Сипас, дастонашонро боло бардоштанд, ки сафедии зери бағалашон намоён шуд ва гуфтанд: «Парвардигоро, оё расонидаам?» [1].
Аз Абӯ Ҳурайра (р) ривоят шудааст:
«Пайғамбари Худо (с) касеро, ки дар салтанат ришва мегирад ва ришва медиҳад лаънат карданд.»[2]
Дар ривояти Савбон, ки онро Аҳмад овардааст инчунин калимаи «миёнарав дар байни онҳо» оварда мешавад. Ибни Асир дар китоби «Ан ниҳаяту фи ғариб ал ҳадис» мегӯяд: «ришвахӯрӣ» ин бо роҳи пора додан ба даст овардани эҳтиёҷоти худ мебошад. Калимаи мазкур аз калимаи «банд», ки бо воситаи он об дастрас мегардад, бармеояд. Калима «ар-рошиӣ», шахсест, ки ба шахси дигар барои расидан ба ноадолатӣ кӯмак намуда ришва медиҳад. «Ал-мурташӣ», шахсест, ки ришва мегирад. «Ар-роишу», миёнарав дар байни ришвадиҳанда ва ришвагиранда буда, вазифааш манфиати ин ё онро тарафдори намудан аст.
Ин ҳадисҳо ба манъи гирифтани ҳар гуна молу мулк барои мансабдорон ишора мекунад, ки бар ивази хизматашон меситонанд, дар ҳоле, ки аз давлат маош мегиранд. «Ғулул», маблағҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби волиҳо, омилҳо ва хизматчиёни давлатӣ, новобаста аз манбаи онҳо гирифта шударо мегӯянд, хоҳ аз моликияти мардум гирифта шуда бошад ва хоҳ аз моликияти давлатӣ бошад.[3]
Аз китоби Панчоҳ ҳадис дар бораи сиёсати шариат, муаллиф Исмат Авнии Салим Ҳаммурӣ.
- Саҳеҳи Муслим.
- Сунани Тирмизӣ, ҳадиси саҳеҳи ҳасан мебошад.
- Аз китоби «Амвол дар давлати Хилофат» муаллиф Абдулқадим Заллум.