Маҷаллаи фаронсавии «Charlie Hebdo» Исломро таҳқир намуд — «Köklü Değişim»
Маҷаллаи фаронсавии «Charlie Hebdo», ки бо душманӣ ва нафрати худ нисбати Ислом ва мусалмонҳо маъруф аст, бори дигар заҳри худро пошид. Ин дафъа аз ҳодисаи заминларза ҳазорон нафари бегуноҳ ҷонҳои худро бохтанд. Заминларзаҳои шадиди дараҷаашон 7,7 ва 7,6, ки маркази он дар Қаҳрамонмараш буд, дар 10 шаҳри Туркия ва Сурия ҷони ҳазорон нафарро рабуданд.
Дар карикатурае, ки дар маҷалла чоп шудааст, биноҳои харобшуда ва навиштаҷоти «Танкҳоро фиристодан ҳам лозим нашуд» нишон дода шудааст.
Зери ин карикатура чунин фикр ниҳон буд, ки кофирон дар фикри ҷанг бар зидди мусалмонҳо буданд, аммо баъд аз заминларза ба ин эҳтиёҷе намонд. Карикатура, ки олами равонии Ғарбро равшан тасвир мекунад, вокуниши шадиди оммаро ба бор овард.
Ин маҷаллаи фаронсавӣ қаблан аллакай карикатураҳоеро, ки Ислом ва Расули Аллоҳ ﷺ–ро таҳқир мекунанд, нашр карда буд. Он вақт ба идораи маҷалла ҳамла ба вуқӯъ пайваст ва кормандони маҷалла, ки карикатураҳои таҳқиромез кашида буданд, ба қатл расонида шуданд.
Шахсони расмии Анқара ҳатто дар маросими дафни карикатуракашони кушташуда ширкат варзиданд ва ҳукумати Туркия ба нахуствазири онвақта Аҳмад Довудоғлу дастур дод, ки бо дӯстони ғарбиашон даст ба даст дар кӯчаҳои Пориж раҳпаймоӣ кунад.
Акнун бошад маҷаллаи фаронсавии «Charlie Hebdo» карикатураи таҳқиромез ва ошкоро душманонаро оид ба заминларзаҳо нашр намуда, онро дар бахши «Расми рӯз» ҷой додааст.
Дар навбати худ Ғарб, душмани ашадии Ислом ва мусалмонҳо, чунин амалҳои нафратангезро чун озодии худифодакунӣ эътироф менамояд ва бо истифода аз ҳуқуқҳои машҳури демократӣ бо тамоми қудрат чунин пасткашиҳоро парасторӣ мекунад.