Мафҳуми «давлати амиқ»
Муаллиф: Набил Абдулкарим (Абӯ Мусъаб)
Истифодаи истилоҳи «давлати амиқ» (теневое правительство) дар таҳлилҳои сиёсӣ ба таври густурда ва бо якчанд роҳҳо ба роҳ монда шуд. Ин сабаби он гашт, ки истилоҳи мазкурро баъзе норавшаниҳо иҳота намуданд. Он далолатҳои гуногун дошта, аксари таърифҳои он ду унсурро (пинҳонкорӣ ва забоняккунӣ) дарбар мегирад. Маънои ин истилоҳ бо якчанд ном, аз ҷумла «давлати параллелӣ», «давлати дугона», «марказҳои қувва», «горди кӯҳна», «ҳукумати сояафкан» ва дигар номҳо омадааст. Аз ин рӯ, мо ба ин истилоҳ рӯшанӣ меандозем ва шояд ба ҳамин сабаб ин истилоҳ барои онҳое, ки онро мехонанду мешунаванд, равшан гардад.
Пайдоиши ин истилоҳ шояд хеле қадимӣ бошад, аммо ман онро аз наздиктарин таърих хоҳам гирифт. Бархе аз таърихнигорон мегӯянд, ки наздиктарин замони пайдоиши ин истилоҳ ба Ҷамъияти иттиҳод ва пешрафти Туркия рабт дорад, зеро истилоҳи «дериндевлет», ки маънои «давлати амиқ»-ро дорад, истилоҳи туркист, ки аз ҷониби Ҷамъияти иттиҳод ва пешрафт барои барҳам додани ҳокимияти Хилофат ва таъсиси ҷумҳурии Туркия истифода шудааст. Пас он яке аз натиҷаҳои давлати миллӣ ё ба ибораи дигар, насли қонунии давлати миллии муосир буда, қувваҳо, манфиатҳо ва шабакаҳои берун аз ниҳодҳои расмиро ифода мекунад. Ғарб онро барои барҳам додани давлати Хилофат истифода намуда, дар дохили давлат давлатро ба вуҷуд овард. Ин давлат василаҳои зӯровариро кор фармуда, ба дигарон ба таври пинҳонӣ, асосан барои таъсир ба элитаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, фишор меовард. Ҳамин тавр, он кафолати пешбурди сиёсатҳоеро, ки манфиатҳои муайянро ба рӯёб мебароранд, ба даст меорад. Ҳарчанд ин манфиатҳо зоҳиран дар доираи демократия ба даст меомаданд, вале дар асл манфиатҳои қувваҳои сиёсии ҷаҳонӣ буданд. Ин шабакаҳо бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла амнияти миллӣ, зарурати иқтисодӣ ва ғайра, аз болои ҳамаи соҳаҳо ҳукмрон гаштанд. Он замон истилоҳи «давлати амиқ» нисбат ба ҳозира ба таври баръакс истифода шуд, чун он барои несту нобуд кардани давлати мавҷуд, яъне Хилофати усмонӣ кор фармуда шуд. Аммо имрӯз он ҳамчун сипар барои ҳифзи давлат ва манфиатҳои давлатҳои бузург истифода мешавад. Аз ин рӯ, оид ба истилоҳи «давлати амиқ» гуфта шуд, ки он маҷмӯи иттифоқҳои тавоно ва зиддидемократӣ дар дохили низоми сиёсӣ буда, аз унсурҳои воломақом дар дохили хадамоти иктишофӣ (маҳаллӣ ва аҷнабӣ), қувваҳои мусаллаҳ, амният, суд ва мафияи ҳама соҳаҳо иборат аст. Бинобар ин, он ба давлат дар дохили давлат монанд мебошад. Инчунин гуфта шуд, ки он шабакаи манфиатҳоест, ки ба ҳам печида ва ба ҳам вобаста буда, аъзоёнаш якдигарро намешиносанд, вале барои як мақсад, ки ҳифзи манфиатҳо ва имтиёзҳои берун аз қонун, ҷомеа ва давлат мебошад, кор мекунанд. Яъне он «давлат аз болои давлат»-ро ифода карда, бо ёрии таърифи «муассисаҳои ноаён» шинохта мешавад.
Муфассалтарин таърифи истилоҳи мазкур чунин аст: он иттиҳоди амиқест, ки дар миёни худ сохторҳои гуногуни давлатиро сарҷамъ менамояд. Яъне он аз сохторҳои идорӣ, сиёсӣ, расонаӣ, ҳарбӣ, истихборотӣ, судӣ ва зиёиёну рӯҳониён ва ғайра иборат буда, онҳоро робитаи ягона, ки ҳифзи манфиатҳо ва имтиёзҳои хос аст, ба ҳам меоварад. Онҳо касоне ҳастанд, ки дар сурати тағъир ёфтани режим аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод буда, бо қуввае иртибот доранд, ки аз қувваи худи давлат болотар аст.
Бисёр таърифҳои дигаре ҳам зикр шудаанд, ки дар баъзе чизҳо ба ҳам монанд, вале дар баъзеи дигар аз ҳам фарқ мекунанд. Хулоса, давлати амиқ шабакаи одамонест, ки ба созмони ғайрирасмӣ мансуб мебошанд. Ин созмон манфиатҳои васеъ ва дар дохил ва хориҷи кишвар дасти дароз дорад. Нерӯи онҳо дар он аст, ки онҳо дар тамоми ниҳодҳо ва мақомоти ғайринизомӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ, расонаӣ ва амният одамони худро доранд ва метавонанд дар ҳама самтҳо ва дар сатҳи баландтарин дар як вақт ҳаракат кунанд. Онҳо қарори сиёсии давлатро дар даст доранд ё ба ибораи дигар, онҳо ба қабули қарор таъсири калон мерасонанд.
Давлати амиқ ду навъ аст: давлати амиқ дар дохили давлати миллӣ, ки сатҳи тасмимгирӣ ва иҷроиши он дар ҳудуди давлати миллӣ мебошад ва давлати амиқе, ки сатҳи тасмимгириҳои он ҷаҳонӣ мебошад. Маҳз ҳамин навъи дуюми давлати амиқ ҳама тасмимҳоро назорат карда, аз болои давлати амиқи дохилии миллӣ ҳукмрон мебошад. Биёед аз навъи аввал оғоз мекунем:
۞ Навъи якум: давлати амиқ дар дохили давлати миллӣ:
Яке аз муҳимтарин корҳои давлати амиқ ба хотири ҳифзи шабакаҳои манофеъ дар дохили худ ин истифода намудани зӯроварӣ дар доираи ҳолатҳои истисноие аст, ки аз доираи қонун берун буда, бо номи «вазъияти фавқулодда» машҳур аст. Дар вазъияти мазкур, бо даъвои ҳифзи амнияти миллӣ аз хатарҳои пешомада якчанд чораҳои амниятӣ дида мешаванд. Яъне бо даъвои он, ки онҷо доимо душмане вуҷуд дорад, ки зидди давлат камин гирифтааст, ҳамеша мухолифон ва ҳар касе, ки умуман аз давлат ва бахусус аз сиёсати он қаноатманд нест, саркӯб карда мешаванд. Онҳо бо истифода аз қонун вазъияти фавқулоддаи мазкуррро ба вуҷуд оварда, дар муддати хеле кӯтоҳ ҳамаро саркӯб менамоянд, зеро медонанд, ки соҳиби салоҳиятҳои васеъ буда, касе онҳоро таъқиб ё муҷозот карда наметавонад. Барои ин онҳо таълимоти махсусро мегиранд ва андозаи нерӯҳоеро, ки дар паси онҳо истодаанд, медонанд. Омода сохтани онҳо ба муддати тӯлонӣ ниёз дорад, ки ин омил онҳоро ба кормандони нодир, ки бояд аз онҳо ҳимоя намуд, табдил медиҳад. Онҳо бахшҳои бисёр доранд, ки муҳимтарини онҳо чунин ҳастанд:
Бахши сиёсӣ: Ин силоҳи хатарноктарин дар мубориза барои наҷот аст. Бо он онҳо аз болои тамоми паҳлӯҳои сиёсат ҳукмрон мегарданд, ҳатто мо мебинем, ки аҳзоби мухолиф ба онҳо пайравӣ мекунанд. Ин замоне ба мушоҳида мерасад, ки онҳо дар миёни ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолиф ҳамоҳангӣ эҷод намуда, барои рӯёби манфиатҳои давлати миллӣ ва манфиатҳои қувваҳои хориҷӣ зимоми корҳоро ба даст мегиранд.
Бахши ҳарбӣ: ниҳодҳои ҳарбӣ тамоми фаолиятҳои худро ба таври муқаррарӣ анҷом медиҳанд. Аммо мақомҳои роҳбарият ва ҳаракати қисмҳои ҳарбӣ ҳамроҳ бо истихбороти ҳарбӣ пурра зери идораи давлати амиқ қарор мегирад. Таъини қиёдатҳои артиш ва қабули қарорҳо аз ҷониби он сурат мегирад. Маҳз давлати амиқ аз хурдтарин тафсилот огоҳ буда, фармонҳои он бечунучаро иҷро мешаванд. Пас давлати амиқ ҳар як тафсилоти дақиқро дар даст дорад, ки боиси босуръат, муназзам ва бо ҳамомҳангӣ иҷро шудани қарорҳо мегардад. Ҳамин тавр, вай метавонад ҳар як ҳаракатро пешгирӣ намояд ё ҳаракати ҳар гуна ҷунбиши номатлубро дар дохили давлат фалаҷ кунад. Дар зери роҳбарии онҳо ҳамеша як қисм ё сохтори махсуси низомӣ мавҷуд аст, ки салоҳиятҳои васеъ ва буҷаҳои кушод дорад.
Бахши ташреъӣ (судӣ): Бахши ташреъӣ тамоми фармонҳои худро аз давлати амиқ мегирад. Тамоми ҳукмҳо ва қонунҳо аз ҷониби давлати амиқ тасдиқ карда шуда, ҳамчун қарорҳои судии омода фиристода мешаванд. Кори додрас фақат хондани ҳукмҳо мебошад, ҳарчанд онҳо ғайриқонунӣ бошанд ҳам. Давлати амиқ таъин кардани муҳимтарин додрасҳоро феълан роҳбарӣ намуда, дорои шабакаест, ки аз алоқаҳои дохилӣ таркиб ёфтааст. Ин чиз боиси он мегардад, ки вай метавонад ба воқеъ ба таври дуруст ва равшан баҳо дода, қабул шудан ё нашудани дилхоҳ қонунро, бидуни аҳамият додан ба эътирози ҳамагон, таъмин намояд.
Бахши молиявӣ: Иқтисод як қувваест, ки бояд онро ба ҳисоб гирифт. Аз ин рӯ, мо мебинем, ки онҳо ба таври зиште, ки аз ҳама тасаввурот фаротар аст, молҳоро азхуд мекунанд ва дар ҳама соҳаҳо мафияҳои ҳақиқиро дар дохили давлат роҳбарӣ намуда, ба онҳо имкон медиҳанд, ки пулҳои худ ва пулҳои пешвоҳояшонро шустушӯ кунанд. Илова бар ин, онҳо метавонанд бо пул ё бо воситаи фишор овардан тавассути муассисаҳои молиявие, ки зери дасти онҳо қарор доранд, дилхоҳ шахсро мутеъ гардонанд. Ғайр аз ин, масъалаҳои маблағгузории хориҷӣ, ҳисобҳои хориҷӣ ва ба таври ошкор таъмин намудани манфиатҳои аҷнабӣ чунон аён аст, ки ҳоҷат ба баён нест.
Бахши расонаӣ ва электронӣ: Васоити ахбор, бо шаклҳои гуногуни худ, баъд аз ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳокимияти чаҳорум маҳсуб меёбад. Ба далели таъсир ба раъйи умумии ватанӣ ва миллӣ ва ҷалби шахсиятҳо бо хоҳиши худ, он аҳамияти хеле баланд дорад. Он ба олуда кардани арзишҳо ва ахлоқ, иваз кардани мафҳумҳои дуруст бо мафҳумҳои бардурӯғ ва боло бурдани пасмондаҳои ҷомеа, ки баъдан соҳиби обрӯ гашта, ба ситора табдил меёбанд, тавоно ҳастанд. Васоити ахбори омма на барои эҷоди фикрҳои лозима, балки барои эҷоди фикрҳое ёрӣ медиҳад, ки ба фикрҳои давлат мувофиқ аст. Бар замми ин, вақте ки қудрати он бо пешрафти технологӣ ҳамҷоя гардид, он артиши электрониро ба вуҷуд овард, ки корбаронро назорат ва муҳосаба намуда, бо паҳни тафриқа ва овозаҳо ва ҳис кардани набзи кӯча ва ғайра машғул мешавад.
Бахши иҷроия ва амният:
Ин бахшест, ки қодир ба иҷрои ҳама гуна вазифаи дохилӣ ё хориҷӣ аст. Он ба таври дақиқ ва муназзам сохта шудааст, зеро он барои онҳо клапани эҳтиётӣ ва дасте маҳсуб меёбад, ки амалан фишори кӯчаро эҳсос карда, дар сурати таҳдид ба он зарба мезанад. Аз ин рӯ, ҳамаи бахшҳои амниятӣ, агарчи номашон гуногун аст, танҳо таҳти назорати давлати амиқ қарор гирифта, қариб ки дастнорас мебошанд.
Воқеан давлати амиқ тавассути ин бахш дандонҳои худро дар бадани давлат фурӯ бурд, зеро имкониятҳо ва тавоноии он аз тавоноии худи давлат болотар аст. Илова бар ин, вай дар қабул кардани қарор ва иҷроиши он суръати ба худ хос дорад, ки зери фишори мавҷудияти таҳдид ба даст меояд. Бо ибораи дигар, вай қудрати бераҳме аст, ки қарорҳои бераҳмона бароварда, заррае ҳам аз қарорҳои баровардаи худ масъулиятро ҳис намекунад. Чунки вай медонад, ки нерӯҳои пуштибоникунанда ва манфиатҳое дорад, ки бояд аз онҳо дифоъ намуд. Инчунин медонад, ки чӣ коре анҷом надиҳад, ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, вай метавонад дар ҳамаи масъалаҳо халқро мағлуб созад. Аммо агар тамоми халқ ба шӯриш ояд, дар ин сурат муқовимат бефоида аст, зеро мардум ҳама ниҳодҳоро чаппа хоҳад кард. Дар ин ҳол давлати амиқ ба саркӯбкунии ваҳшиёна рӯй меорад, зеро вай масъаларо масъалаи ҳаёту мамоти худ меҳисобад, чуноне ки дар Сурия рух дод, магар дар сурате, ки вай инқилобро аз байн барад, чунончи дар Тунис, Миср, Судон ва Алҷазоир рӯй дод.
Одатан одамон то сар задани инқилоб дар бораи ҳастии давлати амиқ чизе намедонанд. Асрори он ҳангоми сар задани инқилоб батафсил ошкор мешавад. Ин чиз дар инқилобҳои баҳори арабӣ, замоне ки истилоҳи «давлати амиқ» ба таври возеҳ эътироф шуд, ба мушоҳида расид. Одамон ҳис карданд, ки дар онҷо дастони пинҳонӣ мавҷуд ҳастанд, ки бо ҷомеа ва давлат сару кор доранд ва ин дастҳо дароз, боқувват ва дорои нуфуз мебошанд.
Аз ин рӯ, баъзе аз сифатҳои давлати амиқ ва одамони онро метавон чунин муайян кард:
— Давлати амиқ ба қувваҳои беруна такя мекунад. Ин қувваҳо ба манфиатҳои низоми ҷаҳонӣ алоқаманд ҳастанд ва инро мо баъдтар дар навъи дуюми давлати амиқ шарҳ хоҳем дод.
— Ба сабаби ҳастии онҳо тағъир додани вазъият душвор аст, зеро дигаргуншавии вазъ хушунатбор сурат мегирад, ки Сурия мисоли равшани он аст.
– Давлати амиқ бо ҳар фасодкори давлат, аз ҷумла бо тоҷирон, маъмурон ва рӯҳониёни фасодкор ҳамкорӣ мекунад ва барои ба даст овардани садоқати онҳо ба фаолияти онҳо мусоидат намуда, салоҳияти онҳоро васеъ мекунад. Аъзоёни давлати амиқ дар ҳар таназзул ва фасод барои онҳо оксиген пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар касе, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, аз чанголи онҳо раҳо ёфта наметавонад, чун агар ҳатто лаҳзае берун аз хоҳиши онҳо коре анҷом диҳад, муҷозот хоҳад шуд.
– Давлати амиқ барои заиф сохтани пойдеворҳои ахлоқӣ ва динӣ амал намуда, онҳоро ба тавре, ки ба манфиатҳои он хидмат кунанд, тағъир медиҳад. Вай мафҳумҳои наверо эҷод менамояд, ки халқро дар рӯбарӯи вай парокандаю парешон сохта, дар халқ розигӣ аз боқӣ мондан зери истибдодро ба вуҷуд меоранд. Вай давлати миллиро маъбуд қарор дода, ҷиҳати диниро зери назорат мегирад ва онро бо истеъмоли якчанд ном (итоат ба ҳоким, душманони дин, хавориҷ, терроризм…) ба манфиати худ истифода мебарад.
— Қонун барои онҳо дар ҳама ҳолатҳо чунон салоҳиятҳое додааст, ки онҳо метавонанд шахсони мансабдор ва шахсони воломақомро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ин чиз онҳоро ба қуввае табдил медиҳад, ки аз он болотар қуввае нест.
Тамоми ниҳодҳои давлатӣ ҳама гуна вазъиятро, ки аз ҷониби онҳо эҷод мешавад, бидуни пурсуҷӯ қабул менамоянд, гӯё масъалаҳое, мисли куштор, боздошт ё рабудани одамон, ба касе дахл надоранд.
Тамоми ниҳодҳои давлатӣ дар рӯбарӯи онҳо аз салоҳиятҳои худ қариб ки маҳрум шуда, дар дасти онҳо мисли лӯхтак мегарданд. Пас одамони давлати амиқ метавонанд ба ҳар лоиҳа, рушд ва тағъироте, ки ба самти онҳо мувофиқ нест, монеа эҷод кунанд.
Давлати амиқро пурра барҳам додан танҳо он вақт имконпазир аст, ки сабабе, ки онро ба вуҷуд оварда дастгирӣ мекунад, яъне қувваҳои беруна, аз байн бурда шавад. Инчунин аксарияти бахшҳо ва афроди он пинҳонӣ фаолият мебаранд. Аз ин рӯ, барои раҳоӣ аз ин давлати амиқ бояд тамоми рамзҳое, ки дар зери ҳокимияти он хидмат кардаанд, аз байн бурда шаванд, новобаста аз он ки онҳо кӣ ҳастанд. Ин танҳо тавассути инқилоби комил ва муассир ба даст оварда мешавад. Пас аз ин инқилоб мубориза бо қувваҳои беруна шурӯъ мешавад. Албатта ин ба шарте амалӣ мешавад, ки инқилоб аз ягон ҷиҳат ба низоми ҷаҳонӣ вобаста набошад, балки худ соҳиби низоми нави ҷаҳоние бошад, ки бар мабдаи нав барпо мешавад. Ин мабдаи нав ҳалли кӯҳнаи васатро мутлақо қабул намекунад ва ба ягон пойдевори низоми ҷаҳонӣ такя намекунад, балки он рақиби низоми ҷаҳонӣ буда, барои нобудсозии он кор мебарад.
Оё давлати амиқ ба баҳори араб таъсир расонд?
Воқеан инқилобҳое, ки дар Тунис, Миср, Алҷазоир ва Судон ба вуқӯъ пайвастанд, аз ҷониби давлати амиқ ба таври дақиқ ва моҳирона сарнагун карда шуданд. Бар хилофи ин, дар кишварҳое, ки гирифтори муборизаи байналмилалӣ ҳастанд, ба мисли Либия ва Яман, инқилобҳо идома ёфтанд. Аммо инқилобе, ки дар Сурия рух дод, ба куллӣ аз инқилобҳои дигар фарқ кард. Воқеияти он хеле дигаргун аст, ки бояд ба он таваққуф кунем:
Ҳодисае, ки дар Сурия рух дод, вазъияти махсус дошт, зеро онҳо натавонистанд онро аз байн баранд. Ин ба хислати хоси мардуми Сурия ва огоҳие, ки дар оғози инқилоб вуҷуд дошт, инчунин ба хатҳои сурхе (фурӯ рафтани режими Асад – тарҷумон), ки Ғарб ҳатто наздикшавӣ ба онро намехоҳад, вобастагӣ дошт. Бинобар ин, фармон дода шуд, ки инқилоб бо мушти оҳанин пахш шуда, инқилобгарон ба ҷанг кашида шаванд, то давлати амиқ бо ёрии одамони худ тавонад барои пешрафти инқилобгарон монеа эҷод намояд. Дар солҳои аввал давлати амиқ бо душвориҳои зиёд рӯбарӯ шуд, ки ин чиз вайро заиф ва боиси он гардид, ки қисми зиёди одамони худро гум кунад. Аммо Ғарб бо инқилоби Шом моҳирона рафтор кард. Азбаски инқилоб ба Ғарб сархам нашуд, вай одамони давлати амиқро дар байни мухолифон ҷой дод. Ин кор бо воситаи ҷудоӣ андохтан дар сафи инқилобгарон анҷом дода мешуд. Инчунин тавассути ба ҷойҳои бехатар интиқол додани баъзе одамони давлати амиқ дастони онҳо аз олуда шудан бо хун пок нигоҳ дошта мешуд, ба мисоли Форуқ Шаръ, ки тӯли ин муддат дар Русия истод. Ғайр аз ин, шахсиятҳои муҳим дар қиёдати бахшҳои амниятӣ, мисли Алӣ Мамлук, дар курсии мансаб нигоҳ дошта шуданд. Сарфи назар аз заъфи давлати амиқ, он метавонад худро барқарор кунад, агар одамон дигарбора ором ва аз воқеъ розӣ гарданд. Аммо барои ин солҳо лозим аст, то мушт ба ҳоли пешинаи худ баргардад. Аз ин рӯ, мо мебинем, ки бо сабабҳои бисёр, аз ҷумла кӯшиши барқарор намудани баъзе бахшҳои давлати амиқ, пешниҳоди ҳалли сиёсӣ ба таъхир афканда мешавад. Бо вуҷуди ин, мо мебинем, ки онҳо ба сарқонуни нав такя карда, барномаҳои нави рӯзро ба миён мегузоранд, ки ба онҳо барои баргардонидани бино имкон медиҳад ва дар сурати пеш омадани ягон монеа онҳо дар сарқонун моддаҳоеро хоҳанд гузошт, ки барои парешон сохтани Сурия ва бо ҳудудҳои хунин тақсим кардани он имконият фароҳам меорад. Албатта он чизе, ки мо ҳоло мегӯем, макри Ғарб ва гумоштаҳои он аст. Он ба воқеият ва ба чизе, ки дар оянда рӯй медиҳад, алоқае надорад. Зеро одамон метавонанд мизро ба сари ҳама чаппа кунанд, ба шарте ки онҳо шахсеро роҳбари худ созанд, ки асосҳои мубориза бо низоми ҷаҳонӣ ва муқовимат бо онро медонад, мабдаи алтернативӣ дорад ва метавонад киштиро ба соҳили бехатар расонда, ҳукмҳои нозилкардаи Аллоҳро татбиқ кунад, яъне инқилоб бояд чунон решагӣ бошад, ки одамони давлати амиқи собиқ ва ҳамкорони онҳо дар сохтори давлати нав маконе пайдо накунанд, зеро онҳо барои аз нав вайрон кардани он фаолият хоҳанд бурд.
۞۞ Навъи дуюм: давлати амиқ дар сатҳи ҷаҳонӣ:
Он қуввае мебошад, ки тамоми давлатҳои амиқи давлатҳои миллиро пуштибонӣ мекунад ва ҳар як қарори дохили ин давлатҳоро назорат мекунад. Аз ин рӯ, он тавассути ин шабакаи беохир, ки алоқаҳо бо кормандони гуногуни давлатиро ба танзим медарорад, бар онҳо ҳукмронӣ мекунад. Муҳимтарин афроди давлати амиқ бо давлати амиқи ҷаҳонӣ иртиботи мустақим ё ғайримустақим доранд. Давлати амиқи ҷаҳонӣ тамоми ниҳодҳои низоми ҷаҳонии кунуниро, ба монандаи Созмони Милали Муттаҳид, Шӯрои Амният, Бонки Ҷаҳонӣ ва ғайра, таҳти назорат дорад, зеро худи онҳо низоми ҷаҳонии кунунӣ, яъне низоми сармоядориро таъсис дода, мувофиқи он ҷаҳонро идора мекунанд. Ин қувваҳоро муассисаҳои ҷаҳонии ҳоким ё оилаҳое намояндагӣ мекунанд, ки ҳарчанд ягон мансабро ишғол намекунанд, дар як вақт ҳам қудрат ва ҳам пулро зери назорат гирифтаанд. Нерӯи шахсиятҳои ин оилаҳо махфӣ буда, онҳо аз болои ҳамаи ҳокимиятҳои ҷаҳонӣ дар тамоми соҳаҳо ҳукмронии ғайриоддӣ доранд. Онҳо солҳои зиёд нақшакашӣ карда, ҳама чизро ба таври илмӣ меомӯзанд, то нақшаҳои мукаммал созанд. Онҳо Исломро ба унвони як мабдаъ аз назари худ дур накарда, нақша доранд, ки бо ҳар роҳ аз зуҳури он дар майдони ҳаёт ҷилавгирӣ кунанд ва барои сиёҳ кардани симои он талош меварзанд. Дар ин ҷо ман як мисоли имрӯза ва боз як мисоли дигареро меорам, ки интизори дар оянда ба вуқӯъ пайвастани он ҳастам:
Созмони ДОИШ, ки иддао дошт, давлати Хилофатро барпо кардааст, як созмони нав ва номаълум аст. Бо вуҷуди ин, вай аз тамоми кишварҳои ҷаҳон, сарфи назар аз пароканда будани онҳо, пуштибонӣ гирифт. Шумори ин кишварҳо чунон бисёр шуд, ки номбар кардани онҳо душвор гашт. Ин созмон барномаҳои ғарбиро иҷро намуда, Исломро бо ҳар роҳ сиёҳ намуд, ҳатто номи “Хилофат”-ро дар назди уммат ғайри қобили қабул сохт. Замоне ки нақши он ба поён расид, мо пай бурдем, ки ҳама дар хотима додани он иштирок карданд, гарчанде ки хатари он, агар раҳо шавад, ҳоло низ хеле бузург аст.
Мисоли дигаре, ки ман интизори дар оянда ба вуқӯъ пайвастани он ҳастам: Онҳо медонанд, ки давлати Хилофати Рошида бо изни Аллоҳ барпо хоҳад шуд. Аз ин рӯ, онҳо як шахси ҳокимро, ки раисҷумҳури Туркия мебошад, ба зеҳнҳои одамон ҳамчун шахсе ҷилвагар намуда истодаанд, ки барои халифа шудан шоиста мебошад, агарчи ӯ фарсахҳо аз ин дур аст. Ин барои он лозим аст, ки шояд ҳангоми барпо шудани давлати ҳақиқии Хилофат, ӯ барои онҳо ҳамчун клапани эҳтиётӣ хизмат намуда, бо мақсади буғӣ кардани Хилофати ҳақиқӣ ва ба худ ҷалб намудани диққати одамон Хилофати Исломиро эълон кунад ва ба татбиқи шариат оғоз намояд. Хусусан бо эътибори он, ки ӯ дар назди одамон машҳур буда, ҳамчун ҳокими болаёқат шиносоӣ шудааст, дар ҳоле ки Хилофати ҳақиқӣ вуҷуди сиёсии нав дар майдони ҳаёт мебошад. Сарфи назар аз мавҷудияти нусусҳои равшан, аз ҷумла ҳадиси Расул ﷺ: «Агар ба ду халифа байъат дода шавад, дуюми онҳоро бикушед», дар тӯли зиёда аз сад сол аз дин дур мондани одамон заифиро дар зеҳнҳои мардум ба бор овардааст, ки боис ба татбиқ нарасонидани ин нусус мегардад.
Агар мо хоҳем, ки ин давлати амиқи ҷаҳониро аз байн барем, пас бояд бидонем, ки иҷрои ин кор аз ҷониби афрод ва давлатҳое, ки ба он вобаста ҳастанд, амри муҳол аст. Танҳо ҷанги мабдаӣ метавонад ҳастии он ва шабакаи саратонии онро, ки ба тори анкабут монанд гаштааст, нобуд созад. Ин фақат ва фақат бо вуҷуди давлати исломӣ имконпазир мебошад, зеро маҳз вай пайвандҳои ин давлати амиқро аз ҳам ҷудо сохта, онро комилан несту нобуд хоҳад сохт.
Падидаи давлати амиқ бо ҳамин маъно маҳсули низоми сармоядорист. Зеро ӯ, ҷуз бо оҳану оташ ва ҳила идора кардани ҷаҳон, чораи дигаре надорад. Бо татбиқи ҳилаи мазкур, як гурӯҳи хурди одамон сарвати оламро дуздида, ба башарият таъми бадбахтиву фақрро мечашонанд. Аммо дар низоми раббонӣ — Ислом, ки хайру баракаро ба ҷаҳониён меорад, чунин сохтор, ки кори аслии он гумроҳ сохтани башарият аст, вуҷуд надорад. Зеро давлати исломӣ бар адолат, баробарӣ, ғамхорӣ ба корҳои башар ва татбиқи арзишҳои ин дини ҳақиқӣ, ки мардумро аз парастиши мардум ба парастиши Парвардигори мардум ва аз зулми динҳо ба адолат ва нури Ислом мебарорад, асос ёфтааст. Хусусан имрӯз олам ба дини Аллоҳ, ки онҳоро аз ҳолати ногувор раҳо сохта, ақлҳою чашмҳоро бо нур рӯшан месозад, сахт мӯҳтоҷ мебошад.
Барои ба арсаи зиндагӣ баргардонидани Ислом фаолият бурдан ин на танҳо талаби мусалмонон, балки талаби башарият аст. Зеро ҷаҳон ба марҳилаҳои пасттарини худ расид ва мо дар арафаи дигаргуниҳо қарор дорем. Аз ин рӯ, мо махсусан ба даъватбарон ва умуман ба мусалмонон мегӯем, ки онҳо бояд босуръат ҳаракат намоянд, то дар вақти муносиб ба ҳадаф расида, ба набарди ҳалкунанда пурра омода бошанд, то мо бо изни Аллоҳ шоҳиди дамидани субҳи Ислом гардем, ки ҷаҳонро бо адолат ва нури худ равшан карда, моро мисли пештара ба уммати беҳтарини башарият табдил медиҳад. Ӯ Таъоло фармуд:
يُرِيدُونَ أَن يُطۡفِـُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَيَأۡبَى ٱللَّهُ إِلَّآ أَن يُتِمَّ نُورَهُۥ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ,
«Онҳо мехоҳанд нури Аллоҳро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва Аллоҳ мехоҳад нури худро ба камол расонад, ҳарчанд ин ба кофирон хуш наояд» (Сураи Тавба, 32).