Мафҳумҳои Исломӣ
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ
Шахсия
Инсон барои қонеъ кардани ғариза ва ниёзҳои узвии худ амалҳои муайянеро ба анҷом мерасонад. Ҳамаи ин рафторҳоест, ки ба дарки инсон нисбат ба ашё, амал ва ҳаёт алоқаманданд. Хулқу атвор чизест, ки шахсияти инсонро инъикос мекунад, ба нажод, бадан, намуди зоҳирии ӯ рабте надорад, зеро онҳо танҳо як қабати берунӣ мебошанд.
Бинобар ин, мафҳум ва майли ӯ асоси шахсияти ӯ мебошанд. Ба ибораи дигар, шахсияти инсон аз ақлия ӯ (як чизро фаҳмидан, идрок кардани ҳолати ҷорӣ) ва нафсияи ӯ (раванди қонеъ кардани ғаризаҳо ва ниёзҳои узвӣ) иборат аст.
Ақлия
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло дар Қуръон мефармояд:
وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱ لرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَ ٱ نتَهُواْۚ
“Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод биситонед ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед”. (Сураи Ҳашр — 7)
Чун инсон воқеиятро ҳис мекунад, онро бо маълумоти собиқа дар бораи он воқеият пайваст мекунад. Баъд аз ин вай асоси ғоявиро (қоидае, ки аз ақида бармеояд, ҳамчун ченаки идрок гирифта мешавад) муқоиса карда, дар бораи ин воқеият қарор қабул мекунад.
Масалан, вожаи нафт, ки онро «тиллои сиёҳ» меноманд, воқеиятест, ки инсон онро эҳсос мекунад ва ин эҳсос дар вай муҳаббати мулкро бедор мекунад. Дар натиҷа инсон ба хулосае меояд, ки ин воқеият, яъне нафт ғаризаи бақои инсонро қонеъ мекунад.
Аммо асоси мафкуравие, ки инсон онро дар қабули қарор ба сифати ченак қабул кардааст ба қарори пештара чизи дигаре зам мекунад. Мусалмон муътақид аст, ки ин нафт, ки ғаризаи бақои инсонро қонеъ мекунад, бояд мулки давлат бошад. Зеро, ҳар кас дар чамъият мисли ӯ ба ин ҳак дорад. Сармоядор нафтеро, ки ғаризаи бақои инсонро қонеъ мекунад, моликияти хусусӣ мешуморад ва хуқуқи дигаронро ба ҳисоб нагирифта мумкин аст, ки соҳиби он шавад.
Зани зебо воқеиятест, ки ба эҳсосоти ҷинсии мард таъсир мерасонад. Ва ӯ қарор мекунад, ки ин зан ғаризаи «навъ» -ро қонеъ мекунад. Аммо асоси мафкуравие, ки вай дар қабули карор ҳамчун ченак қабул кардааст, ба қарори аввал қарори дигаре илова мекунад.
Мусалмон занро, ки ғаризаи «навъ» -и мардро қонеъ мекунад, ҳамчун номус, қадру-қимат, ки бояд ғамхорӣ карда шавад, мефаҳмад. Дар баробари ин, сармоядор занро ҳамчун идомадиҳандаи насл, қонеъкунандаи ғаризаи «навъ» ва моле медонад. Вай занро ҳамчун қонеъкунандаи ғаризаи бақо, ки барои қонеъ карда кӯмак мерасонад ва ҳамчун ба рӯёб бароварандаи арзиши моддӣ, медонад.
Тафовути нигоҳи мусалмон ва сармоядор дар қарорҳои онҳо оид ба нафт ва зан дида мешавад. Зеро ин қарорҳо аз асосҳои мафкуравии гуногун, ки ба он асос ёфтаанд, шуоъ мекунад.
Ин чунин маъно дорад, ки ақидаи исломӣ, ки асоси тасмимгириҳои мусалмон аст, аз ақидаи сармоядорӣ, ки асоси тасмимгириҳои сармоядор аст, фарқ мекунад.
Бинобар ин, ақлия — идрок кардани ҳолати ҷорӣ, яъне як чизро фаҳмидан. Ба ибораи дигар, он воқеиятро бо маълумот ё маълумотро бо воқеият дар муқоиса бо як ё якчанд асосҳо алоқаманд мекунад.
Ақлияи исломӣ аз рӯи заминаи фикрие, ки дорад, яъне бар асоси ақидаи Ислом фикр мекунад ва барои фикрҳо дар бораи зиндагӣ бар пояи Ислом қарор қабул мекунад. Чунки қонунҳои шариат (он муносибати инсонро бо Офаридгор, бо худ ва дигар одамон ба танзим медарорад, ва ин қонунҳои шаръӣ аз ҷониби мусалмон ҳангоми қабули қарорҳо дар бораи чизҳо ва амалҳо истифода мешавад) аз ақидаи Исломӣ ба вуҷуд меояд. Мусалмон воқеиятро эҳсос мекунад, сипас онро бо маълумоти собиқа мепайвандад ва ба ин васила ин воқеиятро мефаҳмад, сипас дар ин маврид аҳкоми шаръиро меҷӯяд ва онро татбиқ мекунад. Аз эҳсоси дар боло зикршуда сар карда, бо татбиқи аҳкоми шаръӣ анҷом меёбад, ақлияи Исломӣ номида мешавад. Ҳар касе, ки ин воқеиятро дарк кунад ва дар қабули қарорҳо аз ин усул пайравӣ кунад, барандаи ақлияи Исломӣ аст. Дар шариати Ислом оиди дар бораи фарз будани ҷиҳод, мандуб будани садақа, ҷоиз будани себ, макруҳ будани муолиҷа бо наҷосат ва ҳаром будани зино қонунҳо вуҷуд доранд ва мусалмон бар асоси ин дар бораи чизҳо ва амалҳо қарор қабул мекунад. Бинобарин, ҳукми шаръӣ — хитоби Шореъ (соҳиби шариат, яъне Аллоҳ) аст, ки ба корҳои бандагон таалуқ дорад. Ва он ба ҷуз ин панҷ шарт (фарз, мандуб, мубоҳ, макрӯҳ, ҳаром) дигар наметавонад бошад.
Ҳар касе даъво дорад, ки қарор қонуни шаръӣ аст, онро аз далелҳои шаръӣ, ки аз Қуръон ва суннати нозилшуда бармеояд, мегирад. Яъне ин қонун аз ақидаи Исломӣ сарчашма мегирад.
Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таоло мефармояд:
وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱ لرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَ ٱ نتَهُواْۚ
“Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод биситонед ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед”. (Сураи Ҳашр — 7)
Саҳобаҳо (р) ақлияи беҳамтои Исломӣ доштанд. Онҳо воқеиятро аз нуқтаи назари Ислом мефаҳмиданд.
Ибни Ҳишом аз Заҳрӣ ва Ибни Исҳоқ дар бораи сулҳи Ҳудайбия чунин ривоят мекунад:
«Сипас Қурайшиҳо Суҳайл ибни Амрро аз қабилаи Бани Омир аз номи худ ба назди Паёмбари Худо (с) фиристодан ва ба ӯ: Ба назди Муҳаммад рафта бо ӯ сулҳ кунед, ба шарте ки имсол ба Макка надарояд. Арабҳои дигар гумон накунанд, ки Муҳаммад бо фишор вориди Макка шуд», гуфтанд. Суҳайл ибни Амр назди Расули Худо (с) омад ва бо ӯ сӯҳбатро оғоз кард. Сӯҳбат кашол ёфт ва ҳар ду тараф ба як қарор омаданд. Сипас онҳо созишномаи сулҳро имзо карданд.
Кор ба анҷом расид, фақат тартиб додани матни шартнома монад. Умар ибни Хаттоб аз ин воқеа хашмгин шуд ва назди Абубакр (р) омад ва ба ӯ нигариста: «Эй Абубакр! Оё ӯ Расули Худо нест?
Абу Бакр: Бале, ӯ Расули Худост! — — чавоб дод ӯ.
Умар пурсид: Оё мо мусалмон нестем?
Абу Бакр ҷавоб дод: Бале, мо мусалмонем.
Умар пурсид: Оё онҳо мушрик нестанд?
Абу Бакр ҷавоб дод: Бале, онҳо мушрик ҳастанд!
Умар пурсид: Пас чаро мо иҷоза медиҳем, ки дини мо табъиз шавад?
Абу Бакр: Эй Умар! Роҳи ӯро убур макун! Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ Расули Худост.
Абубакр (р) бо ақлияи ғайриоддии худ дарк кард, ки сулҳи Ҳудайбия, ки Расули Худо (с) ба он розӣ буданд, ҷоиз аст ва ба Умар (р), ки дар аввал қонунро нафаҳмида буд, гуфт: «Эй Умар! Роҳи ӯро убур макун! Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ Расули Худост». Яъне ба амри ў амал кун ва гувоҳӣ бидеҳ, ки ӯ Расули Худост.
Тасмими Абўбакр дар мавриди сулҳи Ҳудайбия бар асоси ақидаи Исломӣ буд, ки «Муҳаммад расули Худост». Дарҳақиқат, Расули Худо (с) аст, ки аз ҷониби Аллоҳ фармон мегирад.
Ҳазрати Умар низ нафсияи Исломии хоси худро дошт ва ба Абу Бакр: «Ман ҳам гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ Расули Худост», — гуфт, сипас назди Паёмбар (с) рафта:
Эй Расули Худо! Оё шумо Расули Худо нестед?
Расули Худо: Бале, ман Расули Худо ҳастам. — ҷавоб дод ӯ.
Умар пурсид: Оё мо мусалмон нестем?
Расули Худо (с) гуфт: Бале, мо мусалмонем.
Умар пурсид: Оё онҳо мушрик нестанд?
Расули Худо:Бале, онҳо мушрик ҳастанд!
Умар пурсид: Пас чаро мо иҷоза медиҳем, ки дини мо табъиз шавад?
Расули Худо (с) дар посух фармуд: Ман бандаи Аллоҳ ва Расули Ӯ ҳастам ва ҳаргиз нофармонии Парвардигорам намешавам ва Аллоҳ низ маро зоеъ намекунад.
Заҳрӣ ин суханони Умар (р) -ро ривоят мекунад:
«Ҳарчанд он вақт ин корро бо нияти нек кардам, вале аз гуфтаҳои худ тавба кардам, закот додам, рӯза гирифтам, намоз хондам ва бо озод кардани ғуломон кӯшиш кардам каффорат пардохт кунам».
Умар (р) бо суханҳои худаш: «Ман гувоҳӣ медиҳам, ки ӯ Расули Худост», гуфтани ӯ маънои онро дорад, ки ӯ ҳам мусулмон аст ва қонунҳоро аз Ислом гирифта истодааст. Сипас Умар (р) назди Паёмбар (с) рафт ва аз он ҳазрат созиши сулҳро қабул кард ва ба ин розӣ шуд
Аз ин рў, қоидаи асосие, ки инсон ҳамчун меъёри қабули қарор дар бораи воқеият қабул кардааст, шахсияро муайян мекунад. Пас, касе, ки воқеиятро аз нуқтаи назари Ислом мефаҳмад, ақлияи Исломӣ дорад ва касе, ки ба воқеият аз нуқтаи назари сармоядорӣ менигарад, ақлияи сармоядорӣ дорад. Ҳар касе, ки ба воқеият аз нуқтаи назари коммунистӣ назар мекунад, ақлияи коммунистӣ дорад. Ақлияи шахсе, ки воқеиятро дар асоси набудани ягон асос дарк мекунад, низ хусусияти хосе надорад.
Муҳаммад Ҳусайн Абдуллоҳ