Кӯшиши иҷрои талаботи шариат
Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф
Бародарони азиз, шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи «Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф» истиқбол мекунем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Дар китоби Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ «Фатҳул борӣ фи шарҳи саҳеҳ ал-Бухорӣ» дар боби «Биҳишт бар шаҳид воҷиб аст» ҳадисе омадааст:
Саид ибни Амр ва Сувайд ибни Саид аз Суфён, ӯ аз Амр ривоят кардаанд, ки Ҷобир гуфт:
قَالَ رَجُلٌ: أيْنَ أنَا يَا رَسُولَ اللهِ إنْ قُتِلْتُ؟ قَالَ فيِ الْجَنَّةِ فَأَلْقَى تَمَرَاتٍ كُنَّ فِي يَدِهِ، ثُمَّ قَاتَلَ حَتَّى قُتِلَ
«Марде пурсид: «Эй Расули Худо, агар кушта шавам, ба куҷо меравам?». Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Ба биҳишт», сипас (ин мард) хурмоеро, ки дар даст дошт, ба як суй партофт (ба ҷанг шитофт) ва то кушта шуданаш ҷангид».
Ин саҳоба Умайр ибни Ҳамом буд, ки дар нахустин таълимгоҳи исломӣ дар назди Паёмбари Худо (с) тарбия ёфта буд. Дар ҷанг буд ва саволе ба сараш омад: «Агар кушта шавам, ба куҷо меравам?». Умайр ҷавоби ин саволро медонист, аммо шахсан мехост онро аз Расули Худо (с) бишнавад ва «дар биҳишт»-ро шунид. Пас хурмои нимхӯрдаро партофта, ба ҷанг шитофт ва то кушта шуданаш ҷанг кард.
Ин як мисоли беҳтарин аз ҳаёти саҳобагони Расули Худо (с) аст, ки чун огоҳ шудем, моро ба талош барои иҷрои фармони Аллоҳ ташвиқ мекунад. Барои хӯрдани хурмо чанд қадар вақт лозим аст? Се дақиқа ё камтар? Умайр ин қадар вақтро хеле тӯлонӣ ҳисобид, то ба чизҳои омӯхтааш амал карданро ба таъхир гузорад.
Имрӯз мо ба амру наҳийҳои Аллоҳ чи гуна муносибат мекунем? Мо кадом қисми қонунҳои Аллоҳро риоя мекунем? Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки аксари мусалмонон аз аҳкомҳои Аллоҳ дур шудаанд. Кӣ метавонад ба Умайр пайравӣ кунад? Кӣ метавонад ба онҳое, ки барои олӣ гардонидани ин дин ва барпои Хилофате талош мекунанд, ҳамроҳ шавад, ки мусалмононро зери роҳбарии як Халифае, ки шариати Аллоҳро татбиқ мекунад, муттаҳид созад?
Эй Аллоҳ! Замони барпои Хилофати Рошидаро наздик бигардон, ки ҳукмронӣ дар он бо минҳоҷи нубувват сурат бигирад. Ин Хилофат тамоми мусалмононро муттаҳид карда, Умматро аз ранҷ наҷот медиҳад. Эй Аллоҳ, заминро бо раҳмати худ равшан бигардон! Омин!
То боздид бародарони азиз дар барномаи ояндаи мо «Бо ҳамроҳи ҳадиси шариф». Аллоҳ нигаҳбонатон бошад. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Абӯ Марям