Коргари кироя бо фоиз, бе маоши шартномавӣ

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Коргари кироя бо фоиз, бе маоши шартномавӣ.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Ҳоло бисёр одамон ҳангоми ба кор қабул кардани коргар калимаи «фоиз»-ро истифода мебаранд, яъне агар шумо ба миқдори муайян фурӯхта бошед, пас шумо барои ин ҳамчун маош – фоизи муайян мегиред ва агар шумо нафурӯхтед, яъне агар савдо нашуд, пас чизе намегиред. Оё ин ҷоиз аст? Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.

Ҷавоб:

Ва алейкум ассалом ва рахматуллохи ва баракотух.

Муздуре, ки дар дасти тоҷире, дар ҷои савдо кор мекунад, ҳатман бояд маоши муайяне дошта бошад ва ҷоиз мешавад, ки фоизи даромадро ба ин зам кунад. Масалан, маоши ӯ дар як моҳ 100 динор ва илова10% -и ҳаҷми даромаде, ки ӯ ба даст меорад.  Аммо, дар мавриди маоши ӯ танҳо аз фоизи даромад, яъне, агар ӯ фурӯхта бошад, 10 фоиз, нафурӯхта бошад, чизе намегирад, дар ин масъала фарқият вуҷуд дорад…

Дар бораи он ки агар муздур (коргар) маошашро бо услуби фоиз созиш карда бошад, яъне агар савдо кунад фоиз мегирад, агар савдо накунад, чизе намегирад раъйе вуҷуд дорад. Ин ба фаҳмишоти ман ҷоиз нест. Муздур ҳатман, бояд маоши муайяне бигирад. Ба ин (маоши муайян) илова кардани фоизи даромад ҷоиз аст, аммо ҷоиз нест, ки як муздур аз пули савдошуда фоиз гирад, яъне агар фурӯшад,  «фоиз» мегирад, агар савдое нашавад бемаош мемонад. Инро аз далелҳои зерин фаҳмидан мумкин аст:

Ибни Абӯ Шайба дар «Мусаннаф» -и худ аз Абӯ Ҳуайра ва Ибни Саид овардааст: «Ҳар кӣ муздурро киро кардааст, бигзор дар бораи маошаш ба ӯ бигӯяд».

Байҳақӣ сухани Абунурайраро дар «Сунан ас-Сағир» овардааст:

Расули Аллоҳ (с.а.в) фармудаанд:

“Мардикорро то хушк шудани арақаш маошашро бидиҳед.”

Аз ин рӯ, муздур бояд барои кори анҷомдодааш маош дошта бошад ва кори ӯ барои каси дигар бидуни пардохт эътибор надорад. Ин андешаи ман дар ин масъала мебошад. Худованд донотар ва ҳакимтар аст.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads