Кайфияти ҷустуҷӯи нусрат дар миёни қабилаҳои араб аз ҷониби Расулуллоҳ ﷺ

Кайфияти ҷустуҷӯи нусрат дар миёни қабилаҳои араб аз ҷониби Расулуллоҳ

Пас аз он, ки Расулуллоҳ ﷺ аз Тоиф баргаштанд, эшон ба қабилаҳои араб рӯ оварда, ба онҳо Исломро баён ва ба он дохилшавиро пешниҳод намуданд. Сипас эшон аз онҳо талаби ёрӣ ба Ислом ва барояшон ато кардани паноҳгоҳро карданд, то паҳни каломи Аллоҳ идома ёбад. Аз ҷумла, ин ҳолат дар мавсими ҳаҷ ва тиҷорат, ки вақти дар як мавзеъ ҷамъшавии арабҳо буд, рӯй медод.

Расули Худо ﷺ мувофиқи нақшаи равшан ва дақиқи сиёсӣ барномаи аниқи даъватро қабул карда, намояндагони қабилаҳо ва шахсони намоёнеро, ки аҳли ҳал ва ақд буданд, зиёрат менамуданд. Эшон Абӯбакри Сиддиқ ва Алӣ ибни Абӯтолибро (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод), ки таърих ва насабномаи қабилаҳои арабро хуб медонистанд, ҳамроҳи худ мегирифтанд. Ин ду саҳоба аз намояндагони қабилаҳо маълумотҳоеро ҷамъ менамуданд, ки барои муайян кардани табиати қабилаҳо ва фаҳмидани он чиз муфид буданд, ки оё онҳо барои ба паноҳи худ гирифтани Паёмбар ﷺ ва ёрӣ ба даъват имкон доранд ё на. Масалан мепурсиданд: Оё шумо истеҳком доред? Оё шумо мардҳои ҷангӣ доред? Шумораатон чанд аст? Ҳамаи ин пеш аз он, ки Расули Худо ﷺ ба онҳо рӯй меоварданд, сурат мегирифт.

Расулуллоҳ ﷺ даъвати қабилаҳои арабро аз қабилаи Кинд ва Калб сар карда, дар маҷмӯъ қабилаҳои зеринро даъват намуданд: Бани Омир, Ғассон, Бани Фазора, Бани Мурра, Бани Ҳанифа, Бани Солим, Бани Абс, Бани Наср, Бани Салаба ибни Уқоба, Бани Ҳорис, Бани Каъб, Бани Узро, Бани Қайс ибни Ҳотим ва Бани Абӯ Юср Анас ибни Абӯ Рофи. Эшон мегуфтанд: «Оё нафаре пайдо мешавад, ки маро назди қавми худ бурда, ҳангоми ба одамон расонидани рисолати Парвардигорам маро ҳимоя намояд, чун Қурайш маро аз расонидани рисолати Парвардигорам ба мардум бозмедорад?» (Аҳмад, Ибни Ҳишом).

Расули Худо ﷺ ба зулми бузург гирифтор шуданд. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ гуфт:

«Дар мавсими ҳаҷ дар Макка Паёмбари Худо ﷺ худро ба мардум муаррифӣ намуда мегуфт: «Оё миёни шумо касе ҳаст, ки маро назди қавми худ барад, чун ин қурайшиён дар роҳи ба мардум расонидани Каломи Парвардигорам монеъ ҳастанд?!» (Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Абӯ Довуд).

Расулуллоҳ ﷺ ба қабилаҳо зуд-зуд ташриф оварда, онҳоро ба Ислом даъват менамуданд, аммо онҳо ба эшон бо бадтарин тарз посух дода, он касро ба танг меоварданд ва мегуфтанд: «Қавми ӯ ӯро хубтар мешиносад! Касе, ки ба қавми худ бадӣ меоварад, чӣ гуна метавонад ба мо фоидае оварад?». Қурайшиён дар бораи эшон ҳар гуна овозаҳо паҳн карда, ин корро самаранок анҷом доданд. Ҳамаи ин барои Расулуллоҳ ﷺдардовар буд. Мудрик ибни Муниб аз падараш, ӯ аз бобояш (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят кардааст, ки бобояш гуфтааст:

«Ман Расули Худоро дар замони ҷоҳилият дидам, ки мефармуд: «Эй мардум, бигӯед, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва наҷот хоҳед ёфт!». Он рӯз мардум ӯро ором нагузоштанд. Нафаре аз онҳо ба рӯяш туф кард, нафари дигар ба болояш хок пошид, дигаре ӯро сарзаниш ва дашном дод ва ин кор то нисфирӯз идома ёфт. Сипас духтаре барояш дар зарфи калон об овард. Паёмбар рӯй ва дастҳояшро шуст ва фармуд: «Эй духтарам, натарс, ки касе падаратро мағлуб ё  ӯро хор мекунад». Пас ман пурсидам: «Ин духтар кист?». Гуфтанд: «Зайнаб духтари Расули Худо » (Бухорӣ, Табаронӣ). Илова бар ин, Абӯҷаҳл ва Абӯлаҳаб (лаънати Аллоҳ бар онҳо бод) аз озор додани Паёмбари Худо ﷺ даст намекашиданд.

Ҳамчун чораҳои эҳтиётӣ алайҳи фитнаҳои мушрикон Расули Худо ﷺ услубҳои зеринро кор мефармуданд:

  • Вохӯрӣ бо қабилаҳо ҳангоми шаб, то мушрикон ба ӯ халал нарасонанд. Вохӯриҳо бо Авс ва Ҳазраҷ шабона сурат гирифта буданд, аз ҷумла байъати якум ва дуюми Ақаба.
  • Боздид аз қабилаҳо дар урдугоҳҳояшон. Эшон Бани Калб, Бани Ҳанифа ва Бани Омирро дар урдугоҳҳошон зиёрат карданд, то қурайшиён ба изтироб наафтанд ва гуфтушунид ба таври муносиб сурат гирад.
  • Дар вохӯриҳо ҳамроҳи саҳобагон иштирок намудан. Абӯбакр ва Алӣ (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) дар якчанд вохӯриҳое, ки Расули Худо ﷺ бо баъзе қабилаҳо доштанд, ҳамроҳӣ намуданд. Шояд ҳадаф он буд, ки арабҳо гумон накунанд, ки эшон танҳо буда, аз ашрофону хешутаборони худ ёваре надоранд. Илова бар ин, ин асҳоб насабномаи арабҳо ва табиати қабилаҳоро хуб медонистанд ва метавонистанд аз миёни онҳо касонеро интихоб кунанд, ки ба ҳамли бори гарони даъват аз дигарон дида бештар омода буданд.
  • Ҳосил кардани боварӣ ба тавоноии қабила барои дифоъ аз худ. Барои ҳосилкунии боварӣ ба он, ки қабила ба таъмини амнияти худ қодир аст, қабл аз ба он рӯй оварда, талаби нусрат кардан, Расулуллоҳ ﷺ оиди истеҳком ва қувваи он маълумот ҷамъ менамуданд. Ин барои ҳифзи даъват аз қувваҳои бадӣ ва ҷаҳолат, инчунин аз ҷиҳати омодагии моддӣ ва маънавӣ барои тарсонидани душман, ҳифзи дин, идомаи даъват ва рафъи тамоми душвориҳои роҳ зарур буд.

Гуфтушунидҳо бо Бани Омир ибни Саъсаъ

Пас аз он, ки қабилаи Сақиф даъватро рад кард, Расули Худо ﷺ тасмим гирифтанд, ки бо Бани Омир, ки бо Соқиф мухолиф буд, иттифоқ банданд. Бани Омир қабилаи тавоно ва мӯътабар буда, яке аз панҷ қабилаест, ки дар замони ҷоҳилият ҳеҷ кас занони онҳоро ба асирӣ гирифта наметавонист. Инчунин он, дар баробари Қурайш, Хузоа ва Сақиф, ба касе хироҷ намедод ва тобеи ягон подшоҳ набуд. Дар китобҳои сират омадааст, ки намояндаи қабилаи Бани Омир бо номи Байҳара ибни Фирас чунин гуфт: «Қасам ба Аллоҳ, агар ман ин ҷавони қурайширо ба даст меовардам, бо ёрии ӯ арабҳоро фурӯ мебурдам». Сипас ӯ афзуд: «Агар мо ба ту пайравӣ кунем ва Аллоҳ дар мағлубсозии мухолифонат ба ту ёрӣ диҳад, пас аз ту қудрат аз они мо хоҳад буд? Ба ин чӣ назар дорӣ?». Расули Худо ﷺ дар ҷавоби ӯ фармуданд: «Қудрат комилан аз они Аллоҳ аст ва Ӯ онро ба ҳар касе, ки бихоҳад, медиҳад». Гуфт: «Ба хотири ту мо гарданҳоямонро зери шамшери арабҳо хоҳем гузошт, аммо чун Аллоҳ ба ту пирӯзӣ диҳад, чизе ба даст нахоҳем овард?! Мо ба пешниҳоди ту ниёзе надорем». Ҳамин тавр, онҳо ба Паёмбар ﷺ ҷавоби рад доданд. (Ибни Ҳишом, Абу Нуайм дар китоби «Ад-далоил», Ибни Саъд дар китоби «Мухтасар», Табарӣ дар китоби «Таърих»).

Гуфтушунидҳо бо Бани Шайбон

Аз Алӣ ибни Абӯтолиб (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ гуфт: «Вақте ки Аллоҳи Мутаъол ба Паёмбараш фармуд, ки аз қабилаҳои мухталифи араб паноҳ ва ҳимоя талаб кунад, ӯ аз хона берун шуд ва ман ҳам ҳамроҳаш будам…». Сипас гуфт: «…ва мо ба ҷамъомади дигар наздик шудем. Аз рӯи намуди зоҳирӣ онҳо одамони бошараф буданд. Ҳаракат ва суханрониашон оромона ва олиҳимматона буд. Абӯбакр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ба наздашон омад ва пурсид: «Шумо аз кадом қабилаед?». Гуфтанд: «Шайбон ибни Салаба». Абӯбакр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ба Расули Худо ﷺ рӯ оварда гуфт: «Падару модарам фидои ту бод! Ҳароина, инҳо одамони хубанд!». Дар миёни онҳо Мафруқ ном марде буд, ки дар зебоӣ ва суханварӣ аз дигарон бартар буд. Ӯ ду кокул дошт, ки бар сари синааш овезон буданд. Ӯ дар масофаи начандон дур аз Абӯбакр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) менишаст. Абӯбакр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) пурсид: «Шумори шумо чанд аст?». Мафруқ посух дод: «Мо аз ҳазор нафар зиёдем ва бар ҳазор нафар ғолиб гаштан душвор аст». Абӯбакр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) пурсид:  «Оиди тавоноии худатон чӣ метавонӣ гуфт?». Мафруқ дар ҷавоб гуфт: «Ҳангоми вохӯрӣ бо душман мо бадхашм ҳастем. Вақте ки мо хашмгин мешавем, то мурдан меҷангем. Ғамхории мо ба аспҳоямон аз ғамхории мо ба фарзандҳоямон бештар аст. Силоҳҳоямонро бошад аз шутурҳои ҷӯшоӣ дида сахттар эҳтиёт мекунем. Ғалаба аз ҷониби Аллоҳ аст ва Ӯ онро гоҳо ба мо ва гоҳо ба душманонамон медиҳад… Ва ту, ба эҳтимоли зиёд, бародари қурайшиён ҳастӣ?». Абӯбакр (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфт: «Агар хабари Расули Худо будани ӯ ба шумо расида бошад, пас инак, ӯ дар пеши назари шумост». Мафруқ пурсид: «Эй бародари қурайшиён, моро ба чӣ даъват мекунӣ?». Расули Худо ﷺ фармуданд: «Шуморо даъват мекунам, ки гувоҳӣ диҳед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳи ягона нест ва шарике надорад ва ман бандаи Аллоҳ ва Расули Ӯ ҳастам. Ман шуморо даъват мекунам, ки ба ман паноҳ дода, ҳифз намоед, зеро Қурайш Аллоҳро осӣ шуда, Паёмбарашро такзиб кард ва ботилро бар ҳақ бартарӣ дода, ба он қаноат намуд. Ҳол он ки Аллоҳ бениёз ва лоиқи ситоиш аст». Мафруқ пурсид: «Эй бародари қурайшиён моро боз ба чӣ даъват мекунӣ? Суханони ту зебост ва ман то ҳол чунин чизеро нашунидаам». Дар посух Расули Худо ﷺ ин оятро барояшон хонд:

Бигӯ: «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин, ки ба Худо чизеро ширк маёваред! Ва ба падару модар некӣ кунед!   Ва аз бими фақирӣ фарзандони худро макушед! Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем. Ва ба корҳои зишт, чӣ пинҳону чӣ ошкоро, наздик машавед! Ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, макушед, магар ба ҳақ! Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки ба ақл дарёбед!» (6:151).

Мафруқ гуфт: «Ту моро ба дини Аллоҳ, ба ахлоқи ҳамида ва амали солеҳ даъват кардӣ. Вой бар қавме, ки туро такзиб карда, худро бар ту бартарӣ додааст…». Сипас ӯ суханро ба Ҳани ибни Қубайс дод ва гуфт: Ин Ҳани аст, пири мо ва ҳомии дини мо». Ҳани гуфт: «Эй бародари қурайшиён, ман он чиро, ки ту гуфтӣ, шунидам ва фикр мекунам, ки пас аз як дидор бо ту динамонро тарк намуда, пайрави ту шудан қадами хеле ҷиддиест барои мо. Дар ин гуна масъалаҳо шитобкорӣ лозим нест. Мо ба гузаштаи худ яку якбора салавот гуфта, бидуни маслиҳат бо қавми худ ҳал баровардан намехоҳем. Беҳтар аст, ки мо ҳоло туро вогузошта, дар ин бора фикр кунем». Сипас ӯ суханро ба Мусанно ибни Ҳорис дод ва гуфт: «Ин Мусанно аст, пир ва фармондеҳи мо». Мусанно (ӯ баъдан Исломро қабул кард) гуфт: «Эй бародари қурайшиён, ман он чиро, ки гуфтӣ, шунидам ва ҷавоби ман ба ту дар мавриди рӯйгардонӣ аз динамон ва қабули дини ту айнан ҷавоби Ҳани ибни Қубайс аст. Ҳароина мо дар байни ду обанбор қарор гирифтаем. Яке дар Ямома аст, дигаре дар Самом». Паёмбари Худо ﷺ пурсид: «Онҳо чӣ гуна обанборҳо ҳастанд?». Мусанно дар ҷавоб гуфт: «Дарёҳои Хусрав ва чашмаҳои арабҳо. Агар дар бораи дарёҳои Хусрав сухан ронем, дар ин ҳол мо гуноҳи авфнопазир, ки узре надорад, содир хоҳем кард. Сабаб он аст, ки мо бо Хусрав ақд бастаем, ки ҷиноят намекунем ва ҷинояткоронро ба ҳимоя намегирем. Чизе, ки ту ба он даъват мекунӣ, чунон ки ман мефаҳмам, писанди подшоҳон ва хоҷагон нест. Агар хоҳӣ, ки туро аз онҳое ҳимоя намоем, ки дар паси чашмаҳои арабҳо зиндагӣ мекунанд, пас мо ба ин кор тайёрем». Расули Худо ﷺ фармуданд: «Дар ҷавоби шумо ҳеҷ хатое набуд, зеро рост гуфтед. Аммо дини Аллоҳро танҳо касе ҳақиқатан ҳимоя хоҳад кард, ки аз ҳар тараф онро иҳота мекунад… Агар дере нагузашта Аллоҳи Мутаъол заминҳои онҳоро ба дасти шумо диҳад ва хонаҳояшон ва занонашон ба дасти шумо гузаранд, оё шумо ба Ӯ ҳамду сано мегӯед?». Нӯъмон ибни Шурайк нидо кард: «Худоё! Агар ин тавр шавад, албатта ҳамду сано мегӯем!» (Абӯ Нуайм дар китоби «Далаил ун-нубувва»).

Аз ҳамаи гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки Паёмбар ﷺ барои ҳифзи даъват ва даъватбарон ва таъмини идомаи даъват дар миёни мардум талаби нусрат мекарданд. Аз сӯи дигар, барои ба дасти худ гирифтани зимоми ҳукумат ва татбиқи шариати исломӣ, ки заминро аз адолат пур мекунад, ин тадбири зарурист. Маҳз ҳамин аст тариқати Расули Худо ﷺ барои ба даст овардани ҳокимият. Ҳангоми омӯзиши дақиқ чизҳои зерин маълум мешаванд:

  • Талаби нусрат бо амри Аллоҳ сар шуда буд.
  • Талаби нусрат баъд аз он сурат гирифт, ки ҳамсари Паёмбар ﷺ Хадиҷа ва амакашон Абӯ Толиб, ки эшонро аз Қурайш ҳифз мекард, вафот карда, таъқиби мусалмонон ончунон шиддат гирифт, ки даъватбар дигар наметавонист амалҳои муассир андешад ва барои дарёфти посухи мусбӣ фазои муносиб фароҳам оварад.
  • Расули Худо ﷺ ба ҳар гуна нерӯе, ки мехост бар ивази кафолати дастёбӣ бар ҳукумат аз Ислом пуштибонӣ кунад, ҷавоби рад доданд, зеро даъвати исломӣ даъват ба сӯи Аллоҳ буда, шарти асосие, ки назди мӯъмин ва ансор гузошта мешавад, ин ихлос дар назди Ӯ мебошад.

Хонандаи азиз! Даъватбар бояд дарк кунад, ки роҳи даъват пур аз ранҷу азоб аст ва аз мо кӯшишу ихлос ва ғайрату суботкориро тақозо мекунад, зеро дар паси ин розигии Аллоҳ ва подош дар биҳиштҳои ҷовидона ниҳон аст. Пас бигзор мусалмон пеш аз он, ки ин дунёи фониро тарк карда, сипас «Парвардигоро! Маро ба замин баргардон, то корҳои шоиста анҷом диҳам!» бигӯяд, мухлисона саъй намояд. Зеро марг ба мо хеле наздик аст. Аз Аллоҳ мепурсем, ки моро аз зумраи касоне бигардонад, ки дар бунёди Давлати Исломии ваъдашуда саҳмгузор ҳастанд. Аз Ӯ мепурсем, ки Хилофати Рошидаи дуюм бар минҳоҷи нубуввутро ҳарчӣ зудтар ба рӯи замин баргардонад, то адолат дар ҷаҳон барқарор,  шариати Аллоҳ аз нав татбиқ ва ҳамаи мазлумон соҳиби паноҳ шаванд.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads