Капитализм ба одамон изтироб овард, Ислом бошад, сулҳу осоиш
16.01.2022
Яҳё Нисбет, сухангӯи Дафтари иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Британияи Кабир дар як изҳороти матбуотӣ таъкид кардааст, ки бо сабаби бартарии капитализм ва дунявият дар иқтисоди ҷаҳонӣ, фақр ба дараҷае афзоиш ёфтааст, ки ҳоло аз чор се ҳиссаи сарвати ҷаҳон дар ин кишвар мутамарказ шудаасту танхо як қисми он дар дасти ахолии ҷаҳон боқӣ мондааст.
Айни замон ӯ қайд намуд ки, одамони оддии Ғарб талоши беназорат ба даст овардани сарватро ҳис мекунанд, ки онҳоро капитализм рӯҳбаланд кардааст.
Ҳамчунин Яҳё Нисбет менависад: “Ибораҳои “қонуни ҷангал”, “зинда мондани пурқувваттарин” ва “ҳақиқат дар тарафи тавоно” барои тавсифи капитализм бо таълимоти дунявӣ будани он мувофиқтарин мақом шудаанд. Ноустувории иқтисодиёти капиталистӣ беш аз пеш равшантар гардид. Ин ташвишро дар дуньё ва дар дохили худи мамлакатхои капиталистӣ, масалан, Англия нобаробар тақсим кардани қудратҳо боз хам бештар мекунад. Оянда дурахшон нест … Агар вазъият тағйир наёбад, пас метавон гуфт, ки ин охирин «зимистон»-и норозигии кишвар нест.
Худованд ба Расули Худо (с.а.в.) роҳбарии низоми ҳукумат ва низоми иқтисодиро нозил кард, то нафси яккачинҳо (элита)-и ҳарис мардумро аз зиндагии шоиста маҳрум накунад. Низоми иқтисодии исломӣ, ки дар давраи Хилофат татбиқ шуда буд, байни моликияти хусусӣ ва ҷамъиятиро фарқ мекунад. Ислом “фурўши хизматрасониҳои коммуналӣ ба ширкатҳои хусусӣ» — ро иҷоза намедиҳад ва масъулияти ҳоким бояд на танҳо барои намояндаҳои ВАО боз бошад. Ин равиш доираҳои болоиро аз фасод пешгирӣ мекунад. Мушкилот аз бесамар будани ҳукумат хеле амиқтар аст. Вақти он расидааст, ки Худованд паёмбараш Муҳаммад (с.а.в.)-ро раҳмате ба ҷаҳониён фиристоданашро дарк кунем. Вақти он расидааст, ки одамон гунаҳкори ҳақиқӣ — идеяи капиталистиро нишон диханд. Худованд мефармояд:
وَمَنۡ أَعۡرَضَ عَن ذِكۡرِي فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةٗ ضَنكٗا وَنَحۡشُرُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَعۡمَىٰ
«Ва ҳар кӣ аз ёди Ман рӯй гардонад, ӯро зиндагии сахте интизор аст ва дар рӯзи Қиёмат нобино зиндааш мекунем» (20:124).
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
05/01/2022