Ҷӯлонӣ ва нақши ӯ дар нақшаи амрикоӣ барои нобуд сохтани инқилоби Шом (инқилоби мубораке, ки бо изни Аллоҳ Таъоло нобуд нашавад)

Ҷӯлонӣ ва нақши ӯ дар нақшаи амрикоӣ барои нобуд сохтани инқилоби Шом (инқилоби мубораке, ки бо изни Аллоҳ Таъоло нобуд нашавад)

۞  Инқилоби Шом ҳанӯз зинда аст ва пир нашудааст, балки касе пир шуд, ки бар зидди он дасиса карда, макру ҳила намуд. Забоняккунии байналмилалӣ, ки то ҳол таҳти сарварии Амрико идома дорад, натавонист ба ҳадафи худ, яъне аз байн бурдани инқилоб ё тобеъ сохтани он бирасад… Ва инак, имрӯз як боби нави забоняккунӣ алайҳи он кушода шуд. Боби нав ба Ҷӯлонӣ таслим кардани минтақаҳои мусалмононеро, ки режимро рад мекунанд, мефармояд, то ӯ инқилобро зери назорати ҳарбии худ тобеъ созад. Ин кор бо баҳонаи муттаҳид кардани сафи инқилобгарон анҷом дода мешавад. Баҳонаи дигар ин ба тартиб даровардани вазъи зиндагӣ дар ин манотиқ аст, то эҳтиёҷоти гуногуни ҳаётии он таҳти назорати “ҳукумати наҷот” бо раҳбарии Ҷӯлонӣ таъмин шавад. Аммо давлатҳое, ки идораи қазияи Сурия ба ӯҳдаи онҳо супорида шуда, дастонашон ба хуни мардуми Сурия ғарқ шудаанд (Эрон, Туркия ва Русия), нафақат нақши пешинаро дар ин боби забоняккунии амрикоӣ иҷро мекунанд, балки амалӣ намудани ин боб ба онҳо супорида шудааст… Охирин мавқеи якдилона, ки ҳокимони мусалмон дар мавриди ба оғӯши худ баргардонидани Башори ҷинояткор доштанд, танҳо нишонаи равшани он аст, ки онҳо низ дар ин боби нави забоняккунӣ даст доранд. Зеро ин ҳокимони ғулом чунон ба ҳам мухолиф ҳастанд, ки танҳо дар ҳоле, ки аз ҷониби муаллими амрикоӣ дастурҳои қатъӣ ворид шаванд, ба тавофуқ мерасанд.

Пас ин Ҷӯлонӣ худаш кист, ки нақши бузург дар нобудсозии инқилоб ба ӯ супорида мешавад? Дар бораи чӣ хел шахсият будани ӯ дар айёми инқилоб ва қабл аз он чӣ маълумоте вуҷуд дорад?

۞  Шахсияти Ҷӯлонӣ аз рӯзи аввали пайдо шудани номи ӯ бо номуайянӣ иҳота шуда буд. Ҳарчанд номи ӯ машҳур гардид, намуди зоҳирии ӯ ва насабаш маълум набуд ва дар бораи зиндагӣ ва тарҷумаи ҳолаш маълумоте вуҷуд надошт. Ӯ дар ҳамин ҳол то замоне, ки дар шабакаи ал-Ҷазира бо мақсади таблиғи худ баромад намуд, боқӣ монд. Маълум аст, ки ин шабакаи моҳвораӣ ба давлати Қатар, ки дар аксулинқилобҳо ширкат меварзад, тобеъ буда, яке аз воситаҳои муҳими он мебошад. Ҳарчанд ӯ баромад намуд, вале худро ошкор накард. Ӯ ба камераҳо на бо рӯй, балки бо пушти худ намудор гашт ва овозаш ҳам ҳақиқӣ набуд. Равшан буд, ки ҳадаф аз ин мусоҳиба ташвиқу тарғиби ӯ буд. Инчунин маълум аст, ки ҳар касе, ки мехоҳад дар чунин шабака баромад намояд, бояд сарпарастии байналмилалӣ ва таблиғоти қавие дошта бошад ва шахсияти ӯ набояд махфӣ бошад. Ӯ дар ин мусоҳиба эълон намуд, ки гурӯҳи ӯ равиши исломӣ ва ҷиҳодӣ дошта, бо воситаи он ӯ мусалмононро раҳбарӣ менамояд… Ал-Ҷазира ин мусоҳибаро чунон моҳирона анҷом дода, онро ҳамчун ҳангома ба навор гирифт, ки одамон аз пурсидани аслу насабаш ба ҷониби дигар, яъне ба нақше, ки барояш омода шудааст, ҷалб шуданд.

۞  Аммо дар бораи насаб ва асли ӯ то ҳол чизе маълум нест, ки ин нисбат ба ин шахс саволҳоро ба вуҷуд меорад, хусусан бо эътибори он, ки ин шахс дар ҷараёни инқилобе, ки Амрико барои аз байн бурдани он талош мекунад ва ҳеҷ роҳе намеёбад, нақши муҳим дорад. Дар бораи насаби ӯ суханҳое гуфта шудаанд, ки шубҳаро оид ба нақши ӯ боз ҳам зиёдтар кардааст. Масъалаи донистани насаб муаммои гузаранда нест, балки яке аз масоилест, ки дар миёни мусалмонон ба вуҷуд омада, боиси равона шудани ангушти иттиҳом ба сӯи бисёре аз ҳокимон ва мансабдорон шудааст. Масалан, дар бораи он, ки Арафот асли яҳудӣ дорад, бисёр гуфта мешуд, ки ин бениҳоят иттиҳоми ҷиддӣ буд. Инчунин Қаззофиро низ муттаҳам ба он карда буданд, ки асли модарии ӯ яҳудӣ мебошад… Кифоя буд, ки Ҷӯлонӣ ҳуввияти худро бо эълони сабти асноди хонаводааш дар минтақае, ки зодгоҳаш аст, собит созад. Бо вуҷуди он, ки ин кори хеле содда ва осон аст, ӯ онро анҷом надод. Ин чиз боис ба пайдо шудани саволҳои зерин мегардад: Дар паси ӯ кӣ меистад? Кӣ ӯро ба ин мавқеъ дар инқилоб расонида, ба ӯ чунин нақшро супоридааст? Оё ин Эрон аст ё режими Сурия? Ҳар яки ин эҳтимол далели худро дорад, ки ҷиддияти онро нодида гирифтан мумкин нест… Ба онҳое, ки кӯр-кӯрона Ҷӯлониро пуштибонӣ мекунанд, мегӯем: Аз Аллоҳ битарсед. Ин дини Аллоҳ аст. Пас барои хоиноне, ки асли худро махфӣ медоранд, барои зарба задан ба мусалмонон роҳ кушода надиҳед.

Ғайр аз ин, оё масъала бо ин иттиҳом ба охир мерасад? Ё ки иттиҳомоти дигаре, ки аҳамияти бузург доранд, низ ҳаст?

۞  Ҷӯлонӣ мавқеи худро ба таври назаррас тағъир дод. Дар аввал ӯ ДОИШ-ро тарк намуда, ба Ал-Қоида баъат кард. Аммо дертар алоқаашро бо Ал-Қоида канда, аз Ҷабҳат-ун-нусраи фаромарзӣ ба Ҷабҳаи фатҳи Шом, ки миқёси маҳаллӣ дошт, тағъири ном кард. Сипас ӯ аз таъсиси Ҳайати таҳрири Шом, ки он ҳам миқёси маҳаллӣ дорад, эълон намуд. Ҳатто либосаш ҳам дар баробари тағъири мавқеъҳояш дигар шуданд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои ин мард принсипҳои шаръӣ вуҷуд надоранд. Дар аввал ӯ либоси кӯтоҳи афғонӣ, ки либоси ҷиҳодиён аст, ба бар кард. Сипас онро ба куртаи низомие, ки Усома бин Лодан дар тан дошт, иваз кард. Пасон онро ба он чизе, ки хилофи афкори ӯ ва афкори ҷиҳодиён дар хусуси либос ва ҳаром будани тақлид ба кофирон аст, иваз карда, бо рӯзноманигор Мартин Смит якумин маротиба бо пиҷак — либоси муосири ғарбӣ дар тан мулоқот намуд. Ин чиз таваҷҷӯҳи ӯро ба беҳбуд бахшидан ба имиҷи худ дар Ғарб инъикос мекунад. Яъне ӯ мехоҳад ӯро ҳамчун шахси мӯътадиле тасаввур намоянд, ки аз терроризм дур буда, имкон дорад бо ӯ муомила кард ва ӯро як қисми ҳалли амрикоӣ сохт. Посухҳое, ки дар ин мусоҳиба садо доданд, ин мавқеи ӯро таъкид сохтанд. Ин рафтори Ҷӯлонӣ боиси тааҷҷуб гашт ва шарҳҳоеро, ки ӯро ба масхара мекашиданд, дар пай дошт. Ҳатто дафтари матбуоти Ҳайат маҷбур шуд, ки барои рӯшан кардани сабаб баёния барорад. Дар он аз ҷумла чунин омада буд: “Ба мо воҷиб аст, ки узлатнишиниро канор гузошта, бо ҳар роҳи имконпазири шаръӣ мавқеи худро ба халқҳои минтақа ва ҷаҳон расонем, ки ин ба рӯёби манфиат ва дур кардани зарар аз инқилоби мубораки мо мусоидат хоҳад кард”.

۞  Рӯзноманигори амрикоӣ Мартин Смит санаи 3 апрели соли 2021 милодӣ бо Ҷӯлонӣ дар Идлиби Сурия мусоҳиба анҷом дод, яъне ҳамон мусоҳибае, ки дар он Ҷӯлонӣ бо либосҳои дигар пайдо шуд ва муттаҳам ба он шуд, ки мавқеъҳои худро тағъир додааст. Дар он Ҷӯлонӣ чунин гуфта буд: “Ҳайати таҳрири Шом ба Иёлоти Муттаҳида ягон таҳдиде надорад ва ҳукумати Амрико бояд онро аз рӯйхати террористҳо хориҷ кунад”. «Пеш аз ҳама, ин минтақа — бо ишора ба минтақаи Идлиб — таҳдиде ба амнияти Аврупо ва Амрико надорад ва ин минтақа нуқтаи такягоҳ барои ҷиҳоди хориҷӣ нест”, — афзуд Ҷӯлонӣ. Вай эълом дошт, ки ҳамбастагии ӯ бо Ал-Қоида поён ёфт ва иддаоҳоро дар мавриди мунаққидони худро таъқиб кардани Ҳайъати таҳрири Шом рад карда гуфт, ки онҳо касеро мавриди шиканҷа қарор намедиҳанд… Вай возеҳ гуфт, ки ба созмонҳои байналмилалии ҳимоя аз ҳуқуқи башар дастрасӣ ба маҳбасҳоро иҷоза хоҳад дод, яъне созмонҳои ҳимоя аз ҳуқуқи башар метавонанд омада, зиндонҳоро тафтиш кунанд ё дар дохили онҳо сайругашт кунанд. Ӯ гуфт: “Муассисаҳои мо барои ҳар як шахс кушодаанд ва мо созмонҳоро хайрамақдам мегӯем. Хоҳишмандон метавонанд аз ин муассисаҳо дидан карда, вазъро арзёбӣ кунанд ва бинанд, ки оё корҳо равиши дуруст доранд ё на”.

۞  Пас аз 5 моҳ аз ин мусоҳиба, яъне дар моҳи сентябр, дар идомаи талошҳо барои тағъири симои худ дар Ғарб, бахусус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо ӯ боз як мусоҳибаи дигари журналистӣ, ки аз мусоҳибаи якум муҳимтар буд, анҷом дода шуд. Ин мусоҳибаро бо ӯ Маркази байналмилалии бӯҳронҳо гузаронд. Ин нишаст авҷи кӯшишҳои Ҷӯлонӣ барои тағъирот маҳсуб мешуд. Дар он ӯ чунон гузаштҳое кард, ки ин боиси он шуд, ки Марказ ба маъмурияти президенти Амрико Ҷо Байден тавсияро оид ба бознигарии таснифи Таҳрир-уш-Шом ироа кард. Дар гузорише, ки рӯзи чоршанбе 3 феврали соли 2022 милодӣ нашр шуд, Марказ изҳор дошт, ки «агар маъмурияти Байден хоҳад, ки сиёсати хориҷиеро, ки Вашингтон аз ҳад зиёд ҳарбӣ кунонидааст, ислоҳ кунад, пас яке аз имкониятҳои аз нав муайян кардани стратегияи ИМА барои мубориза бо терроризм дар Идлиб ниҳон аст”. Гузориш бар ин назар аст, ки «террористӣ» васф кардани «қавитарин гурӯҳи шӯришгарон дар Идлиб» оташбаси қатъиро халалдор сохта, роҳҳои эҳтимолиро барои ҷилавгирӣ аз муқовимати низомӣ мебандад, ки ин дар сиёсати Ғарб мавҷуд будани холигоҳро нишон медиҳад. Гузориш ба маъмурияти Байден тавсия медиҳад, ки бояд Амрико дар ҳамкорӣ бо ҳампаймонҳои аврупоӣ ва Туркия ба Ҳайати таҳрири Шом фишор оварад, то вай барои бартараф сохтани нигарониҳои асосии минтақавию байналмилалӣ чораҳои бештарро андешида, меъёрҳои дақиқи равшанро барои худ муайян кунад. Агар Ҳайати таҳрири Шом ин шартҳоро иҷро кунад, вай метавонад аз тавсифи “террористи”-и худ халос шавад… Маркази байналмилалии бӯҳронҳо ба маъмурияти нави ИМА бо раҳбарии Ҷо Байден чанд пешниҳодҳо кард. Онҳо барои ислоҳи сиёсати хориҷии Вашингтон, бахусус дар робита ба масоили низомӣ, нигаронида шудаанд. Марказ бар ин назар аст, ки “Идлиб фурсати муносиб барои аз нав муайян кардани стратегияи ИМА дар мубориза бо терроризм аст”… Ба аҳамияте, ки гузориш ба минтақаи Идлиб медиҳад ва ба нақше, ки иҷрои он дар ин минтақа аз Ҳайати таҳрири Шом талабида мешавад, як назар андозед!

۞  Кӯшиши Ҷӯлонӣ барои розӣ кардани Ғарб, аниқтараш Амрико, нав нест, балки аз замони маъмурияти Трамп оғоз шудааст. Ин чизро мо дар изҳороти гуногуни собиқ намояндаи махсуси ИМА дар Сурия, сафир Ҷеймс Ҷеффрӣ дидем, ки то моҳи ноябри соли 2020 милодӣ сиёсати маъмурияти Трамп дар Сурияро назорат мекард ва баъд аз президент интихоб шудани Ҷо Байден аз Департаменти давлатии ИМА хориҷ шуд. Ин фиристодаи амрикоӣ мавқеи маъмурияти Амрикоро дар замони Трамп, ки мавқеи ҳозираи маъмурияти Байден аст, ифшо карда гуфт, ки “Ҷӯлонӣ борҳо бо мо тамос гирифта буд ва ҳар дафъа мехост ба мо бигӯяд, ки ӯ террорист нест ва ташкилоти вай ба Штатҳои Муттаҳида таҳдид намекунад…”. Ӯ таъкид кард, ки «Вашингтон ҳеҷ гоҳ Ҷӯлониро ҳадаф қарор надодааст» ва «мавҷудияти дилхоҳ шахс дар Идлиб ба мавҷудияти қоидаи дохилӣ, ки аз ӯ ҳимоят мекунад, вобастагӣ дорад ва Ҳайъати таҳрири Шом дар ҳоли ҳозир минбари он аст”. Оид ба ҳамчун ҳалли сиёсии амрикоӣ дар робита ба авзоъ дар Идлиб баррасӣ шудани Ҳайати таҳрири Шом ва дар бораи ояндаи ин гурӯҳ ин фиристода дар сӯҳбат равшан гуфт, ки “ҳеҷ кас намедонад, зеро он чизе ки мо мегӯем, ин аст, ки мо ҳолати ниҳоӣ дорем, ки мувофиқи қарори дахлдори Созмони Милали Муттаҳид роҳи ҳалли сиёсӣ хоҳад буд. Аммо СММ аз қабули чунин қарор худдорӣ менамояд”. Қаблан  ин фиристода дар бахше аз мусоҳибае, ки 2 апрели соли 2021 милодӣ нашр шуд, гуфта буд, ки “шохаи суриягии Ал-Қоида барои стратегияи ИМА дар Сурия як “ганҷ” маҳсуб меёбад”, чунончи дар гузориши вебсайти амрикоии Responsible Statecraft омадааст. Дар мусоҳиба бо PBS News дар моҳи марти соли 2021 милодӣ ӯ гуфт, ки дар байни гузинаҳои (вариант) мухталиф дар Идлиб гурӯҳи мухолифи исломӣ Ҳайати таҳрири Шом «камтарин варианти бад» аст. Ин мақомдори собиқи амрикоӣ бар ин назар аст, ки Идлиб яке аз муҳимтарин ҷойҳо дар Сурия аст, дар ҳоле ки Сурия ҳоло яке аз муҳимтарин ҷойҳо дар Ховари Миёна мебошад. Мо инчунин мебинем, ки маъмурияти ИМА аз замони Трамп ба минтақаи Идлиб аҳамияти сахт медиҳад, зеро он минтақаест, ки дар сурати тобеъ шудан инқилоб барҳам дода мешавад!! Боз мебинем, ки вай ба нақше, ки Ҳайат барои рӯёби ҳадафи Амрико бояд иҷро кунад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад!!

۞ Аз ҷумлаи тағъироте, ки Ҷӯлонӣ дар сафари печидаи ҷиҳодиаш анҷом дод, ин ба тарафи мусалмонон ва бародарони дирӯза ва рафиқони ҷиҳодии худ равона кардани мили силоҳаш буд. Ӯ бародарии имониро як сӯ гузошта, барои розӣ кардани Ғарб ва нишон додани он, ки ӯ ба равиши нави худ содиқ аст, онҳоро пай дар пай  ба несту нобудкунӣ оғоз намуд. Ҷӯлонӣ ба ҷамоатҳои ҷиҳодии фаромарзӣ, ки муҳоҷир ва бо ӯ дар фикру ҳадафҳо хеле мувофиқ буданд ва ба Ал-Қоида иртибот доштанд, ҳуҷум намуд. Ӯ ба нобуд сохтани як қатор гурӯҳҳои “мӯътадил” ё “ифротгаро”, ки дар ақидаву манҳаҷ бо ӯ ҳамфикр буданд, ба мисли Ҷунд-уш-Шом, Ҳуррос-уд-дин ва Ансори Ислом, шурӯъ карда, як маъракаи густурдаро барои ба ҳабс гирифтани раҳбарон ва аъзои фаъоли онҳо ба роҳ монд. Инчунин, несту нобуд кардани раҳбароне, ки намехоҳанд зери раҳбарии ӯ фаолият баранд ва аз байн бурдани ин гурӯҳҳо ё заиф ва парешон сохтани онҳо ё аз минтақаи таҳти назорати худ берун кардани онҳо яке аз услубҳои Ҷӯлонӣ мебошад… Барои ҳамин мо мегӯем, ки Ҷӯлонӣ хуни мусалмононро рехт, ҳамон тавре ки режимҳои золим бо мардуми худ мекунанд. Ин як кори бисёр хатарнок ва гуноҳи он дар шариат хеле бузург ва бузург аст, ки ҳеҷ узри шаръӣ надорад ва чи хеле ки зикр кардем, барои ҷустуҷӯи розигии Амрико анҷом дода мешавад… Агар Ҷӯлонӣ ва ёварону мушовиронаш, ки ӯро иҳота мекунанд, ба ин нақша ғӯта зада бошанд, мо намеҳисобем, ки мусалмонон ҳатто бо як сухан ва ё овардани узр барои ӯ ӯро пуштибонӣ мекунанд ва умедворем, ки ҷанговароне, ки бо ӯ ҳамроҳ ҳастанд, фавран худро аз кори ӯ канор мекашанд. Зеро Аллоҳ Субҳонаҳу онҳоро ба сабаби он, ки онҳо дар кори ӯ шарик ҳастанд, ҳаргиз маъзур нахоҳад донист ва Ӯ Субҳонаҳу онҳоро бо суханони зерини худ огоҳ сохтааст:

﴿ إِنَّ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا كَانُوا خَاطِئِينَ﴾

“Ба дурустӣ, Фиръавн, Ҳомон ва лашкарҳои онҳо хатокор буданд” (Сураи Қасас, 8).

Акнун Ҷӯлонӣ аз ин сиёсати дурсозӣ, ки дар Идлиб пеш мебарад, чӣ мехоҳад?

۞ Ҷӯлонӣ талош дорад, ки дар муодилаи сиёсии ояндаи Сурия тибқи нақшаи Амрико ҷойгоҳе дошта бошад… Ӯ мехоҳад тавассути ин сиёсати дурсозӣ нишон диҳад, ки ӯ тавонотарин ва ягона дар раҳбарӣ буда, дар Идлиб рақибе надорад. Ӯ мехоҳад худро ҳамчун «мӯътадил» ва гурӯҳашро ҳамчун гурӯҳи маҳаллие, ки бо дигарон алоқае надорад, нишон диҳад. Бо ин вай мехоҳад нишон диҳад, ки ӯ барои музокира бо ҳама омода буда, ҳокимияти ӯ ҳокимияти маҳаллии мӯътадил аст, ки метавон бо он дар Идлиб ба мувофиқа расид… Ӯ ҳамчунин мехоҳад тамғаи «терроризм»-ро аз худ дур созад ва ҳатто мехоҳад дар мубориза бо терроризме, ки марзҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ғарбиро убур мекунад, ӯро ҳамчун шарик эътибор кунанд… Ӯ мехоҳад худро ҳамчун кафили сулҳ дар минтақаи Идлиб, ки Ҷеймс Ҷефрӣ онро «яке аз муҳимтарин ҷойҳо дар Сурия, ки ҳоло яке аз муҳимтарин ҷойҳо дар Ховари Миёна аст» гуфта буд, муаррифӣ кунад. Аммо мо мегӯем, ки розигии Амрикоро ба даст овардани Ҷӯлонӣ як саробест, ки Ҷӯлонӣ онро об меҳисобад, вале чун ба наздаш меравад, на об балки Аллоҳро, ки ҷазои кирдорҳояшро медиҳад, пайдо кунад ва Аллоҳ зудҳисоб аст…

Эй мусалмонони минтақа ва бахусус Шом! Он амалиёте, ки барои аз байн бурдани инқилоб дар Сурия бо дасти Ҷӯлонӣ анҷом дода мешавад, як нақшаи ғарбист ва Ҷӯлонӣ дар он танҳо абзор аст. Мо мусалмононро ҳушдор медиҳем, ки бо ӯ фирефта нашаванд, зеро дар рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ узре нахоҳанд дошт. Чунки ба ҳама маълум гашт, ки ӯ аз роҳе, ки дар аввал эълон намуда буд, яъне ҷанг барои ҳоким сохтани шариати Аллоҳ дар замин, берун шуда, дар гуноҳу таҷовуз зидди инқилоби Шом бо Ғарб ва Амрико ҳамкорӣ кард ва мафҳуми дӯстию душманӣ дар назди ӯ на аз шариат, балки аз манфиатҳое, ки ӯ тавассути онҳо ҳукмронӣ мекунад, гирифта мешавад.

Мо ба ҳамаи мусалмонони Сурия насиҳат мекунем, ки пойдевори инқилоби худро, ки аз оғози он эълом доштанд, ҳифз кунанд. Пойдевори мазкур он буд, ки мусалмонон мехостанд режимро бо сарқонун ва ҳокимони он сарнагун созанд ва ҳама гуна нуфузи Ғарбро дар минтақа аз байн бурда, ҳокимияти исломӣ – Хилофат бар минҳоҷи нубувватро барпо намоянд… Расулуллоҳ ﷺ ваъда дод, ки дар ин рӯзҳо “Шом маркази Дор-ул-Ислом мешавад”, сарфи назар аз хоҳиши душманон — Лавров, Валид ал-Муаллими мақбур (дафншуда) ва империяи бадӣ Амрико ва тамоми абзорҳои он.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads