Ҷудокунии дин аз ҳаёт ва оқибатҳои ногувори он барои мусулмонон

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҷудокунии дин аз ҳаёт ва оқибатҳои ногувори он барои мусулмонон

Масъалаи ҷудокунии дин аз ҳаёт дар замоне ба миён омад, ки зулми намояндагони калисо дар Аврупо вусъат ёфта буд. Ба ин беадолатӣ хотима додан лозим буд ва сипас олимону муфаккирон ба муқобили системаи калисо исён бардоштанд.

Ба гуфтаи манобеъи ғарбӣ, даргириҳо миёни ин ду гурӯҳ миллионҳо қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд. Низои мазкур бо созиш анҷом ёфт, ки он ҳокимияти диниро аз ҳаёти ҷомеа хориҷ мекард.  Дар асоси ин созиш онҳо ақидаи ҷудокунии динро аз ҳаёт қабул карданд ва ин маънои онро дошт, ки худи инсон барои ҳаёти худ қонунҳо ва низомҳоро муқаррар мекунад. Аз он вақт инҷониб қонунҳои динӣ ба ҳаёти ҷомеа ва давлат таъсири ҷиддие надорад. Бо тасмими худ, ки динро аз ҳокимияти дунявӣ ҷудо карданд, онҳо қонунҳои аз ақлу нафси инсонӣ баромадаро аз қонунҳои динӣ болотар гузоштанд.

Бо ибораи дигар, робитаи байни Офаридгор ва махлуқот аз тарафи инсонҳо гусаста шуд.  Беҳтар буд, ки онҳо дар ҷустуҷӯи пайванди мустаҳкамтару беҳтари байни замину осмон мешуданд, зеро онҳо аз аввал онро рад накарданд.  Агар аз пайғамбарон ва расулон пайравӣ мекарданд ҳатман ба хулосае меомаданд, ки Худованди Мутаъол пас аз Исо (а) Муҳаммад ﷺ -ро бо паёми абадӣ фиристод, то иртиботи инсонро бо Офаридгораш, бо худ ва бо дигар инсонҳо ба танзим дарорад. Онҳо дарк мекарданд, ки Аллоҳи Мутаъол Муҳаммад ﷺ -ро мӯҳри паёмбарон ва расулон қарор додааст, то башарият ҳаргиз ба бесарусомонии ақидавӣ ва қонунӣ наафтад. Аммо онҳо дар ҳалли созиши худ аклро афзалтар дониста, танҳо ҳамин ҳаёти моддиро ба назар гирифтанд. Дин, ваҳй ва илми ниҳонро инкор карданд.

Камбудии назаррастарин дар ин ақидаи бемаънӣ дар бораи “ҷудокунии дин аз ҳаёт” ин аст, ки он хилофи ақли солим буда, ба се саволи асосӣ ҷавоб дода натавонист: “Инсон аз куҷо омад?  Чаро ӯ зиндагӣ мекунад?  Ӯ куҷо меравад?»  Ақидаи мазкур бо посухҳои худ қодир нест, ки ақлро қаноатманд кунад, ба табиати инсон мувофиқ ояд ва дилро аз осоиш пур созад.

Аз сабаби нотавонии худ дар посух додан, дунявият ба худ мубоҳ донист, ки дин ва муқаддасотро таҳқир кунад ва инро пас аз ҳалли низоъ бо калисо мероси худ гузошт. Дунявиҳо (секуляристон) гузаштани хатҳои сурхро барои худ мубоҳ донистанд, ки ин барои шахсе, ки мехоҳад зиндагии худро ба таври лозима ба тартиб андохтан ва дар рӯзи қиёмат бо Офаридгораш ба таври нек дидор кунад, ҷоиз нест.

Пас аз он, ки дин дар қалби мардум заъиф шуд, ҳамла ба он осон гардид, зеро дар қонунҳои инсонӣ муҷозот барои таҳқири дин пешбинӣ нашуда буд ва ҳеҷ гуна ҳифозат аз динро таъмин намекард. Диндорон ба пасттарин табақаи ҷомеа табдил ёфта, хору зор ва аз ҳаёти ҷомеа дур монданд. Дар байни муфаккирон ва руҳониён зиддиятҳо ба миён омада, ақидаҳои аз калисо чудо кардани ҳаёт, идеяхои озодихоҳй ва ғайра ба вучуд омад;  мо ҳамаи комёбиҳои Ғарбро номбар намекунем, танҳо бо муҳимтарини онҳо иктифо мекунем.  Барҷастатарин тағйирот, ин ба мардум додани озодии қонунгузорӣ барои худ ва интихоби ҳоким аз миёни мардум аст ва инро онҳо демократия номидаанд.

Ин ақида Ғарб ва пайравонашро аз ҷумла мардуми ғайримусулмон ба доми худ кашид. Мусулмонон бошад, дар ҳоле, ки давлатдории худро доштанд, то андозае аз чунин тағйироти зишт дар эмин буданд.  Сипас, баъд аз заъиф шудани мавқеъ ва аз байн рафтани Хилофати Усмонӣ обрӯ ва нуфузи Ислом дар миёни кофирон коҳиш ёфт. Дар натиҷа капитализм ва таълимоти он ба сарзамини мо ворид шуда, ба қонунҳо, тарзи зиндагӣ ва рафтори мусулмонон таъсир расонд. Аввалин бор кофирон ба арзишҳои исломӣ таҷовуз карданд ва баъд аз онҳо мусалмонони бо маърифати ғарбӣ фирефта шуда низ аз онҳо пайравӣ намуданд.

Дар сарзамини мусалмонон давлатҳои хурде пайдо шуданд, ки аз рӯи қонунҳои куфр ҳукмронӣ мекарданд. Ин кишварҳо натавонистанд мушкилиҳои худро ҳал кунанд ва дар як ҳолати заиф ва хорӣ қарор гирифтанд, ба таҳқири дин, муқаддасот ва арзишҳои он ҷавоби муносиб дода натавонистанд. «Набудани ҷазо сабаби афзоиши беҷазоӣ мегардад» ва кофирон аз ин истифода карданд. Ҳодисаҳои сӯзондани Қуръон зиёд  ва кашидани расми Расули Худо (с.а.в.) ба як амри маъмулӣ табдил ёфтанд. Ахиран мақомоти ҳизби Бҳаратия Ҷанотаи Ҳинд паёмбар Муҳаммад (с)-ро ба иттиҳоми издивоҷ бо Оиша (р)-и «ноболиғ» таҳқир ва маҳкум карданд.

Имрўз кофирон мусулмононро хору зор мекунанд ва ба қатл мерасонанд, моли онҳоро ғорат карда, мусулмононро аз хонаҳояшон ихроҷ мекунанд. Ин вазъият тааҷҷубовар нест, зеро мусулмонон Имом — сипари худро аз даст доданд, ки дар паси он ҷангу дифоъ мекарданд. Аз он вақт инҷониб дин, арзишҳо ва муқаддасотҳои мо аз тарафи муҷримон, ки аз Ислом нафрат доранд, мавриди ҳамла қарор мегирад. Аллоҳи мутаъол мефармояд:

كَيۡفَ يَكُونُ لِلۡمُشۡرِكِينَ عَهۡدٌ عِندَ ٱللَّهِ وَعِندَ رَسُولِهِۦٓ إِلَّا ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّمۡ عِندَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِۖ فَمَا ٱسۡتَقَٰمُواْ لَكُمۡ فَٱسۡتَقِيمُواْ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

«Чӣ гуна мушриконро бо Худо ва паёмбари ӯ паймоне бошад? Магар онҳое, ки назди Масҷиду-л-ҳаром бо онҳо паймон бастед, агар бар сари паймонашон истоданд, бар сари паймонатон биистед. Худо парҳезгоронро дӯст дорад!». [9:8]

Саволе ба миён меояд, ки ба ин беадолатӣ ва беҷазоӣ чӣ тавр хотима бахшид? Ҷавоби он ягона аст, ин ҳам бошад, фаъолият бурдан барои бозгашти давлатест, ки дар он мусулмонон тамоми қонунҳои шариатро иҷро карда метавонанд ва он гоҳ Ислом ба ҳаёти инсонҳо бармегардад. Аллоҳи Таоло мефармояд:

فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا

«На, савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, ҳеҷ дилтанг нашаванд ва саросар таслими он гарданд». [4:65]

Имрӯз ин масъалаи ҳаёту мамот аст аз барои  воҷибияти боздоштани беадолатӣ ва ҷинояткорӣ, аз барои воҷибияти иҷрои пурраи Шариат дар сарзаминҳои мусалмонҳо ва инчунин аз барои воҷибияти бурдани  Ислом чун рисолат ва ҳидоят ба тамоми ҷаҳон тавассути  ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, то тамоми инсонҳоро бо хости Аллоҳ аз торикӣ ба рӯшноӣ, ба роҳи Тавонову Сутуда бароварда шавад.

إِنَّ فِي هَٰذَا لَبَلَٰغٗا لِّقَوۡمٍ عَٰبِدِينَ

«Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст!». [21:106]

 

Шайх Иссам Амира

14 Зулҳиҷҷаи соли 1443 ҳ.

13 июли соли 2022 м.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads