Ҷазои Амир барои фиреб додани тобеонаш.
«Шайбон ибни Фаррух ба мо гуфт: «Абӯ Ашҳоб аз ал-Хасан ба мо нақле кард: «Боре Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба аёдати Мокил ибни Ясори Музанӣ, ки бемори дами марг буд, омад.
Мокил ба ӯ гуфт: «Ба ту як ҳадисро мегӯям, ки аз Расули Худо (с.а.в.) шунидаам. Агар медонистам, ки боз зинда мемонам, ба ту намегуфтам. Аз Расули Худо (с.а.с.) шунидам, ки фармуданд:
مَا مِنْ عَبْدِ يَسْتَرْعِيهِ اللَّهُ رَعِيَّةً يَمُوتُ يَوْمَ يَمُوتُ وَهُوَ غَاشٌّ لِرَعِيَّتِهِ إِلَّا حَرَّمَ اللَّهُ عَلَيْهِ الْجَنَّةَ
«Ба касе, ки Аллоҳ ҳукмрониро бар тобеон вогузор кунад ва ӯ онҳоро фиреб диҳаду дар чунин ҳолат бимирад, Худованд ба ӯ Биҳиштро ҳаром месозад».
1 Дар ҳадиси дигар Расули Худо (с.а.в.) мефармоянд:
لِكُلِّ غَادِرٍ لِوَاءٌ يَوْمَ الْقِيَامَةِ يُرْفَعُ لَهُ بِقَدْرِ غَدْرِهِ أَلَا وَلَا غَادِرَ أَعْظَمُ غَدْرًا مِنْ أَمِيرِ عَامَّةٍ
«Дар рӯзи Қиёмат дар назди ҳар касе, ки хиёнат мекунад, парчам бардошта мешавад. Ва он ба қадри вазнинии хиёнати ӯ баландтар мешавад. Аммо хиёнати бузургтар аз хиёнати амири омм нисбат ба тобеон нест.»
Аз китоби «Панҷоҳ ҳадис дар бораи сиёсати Шаръӣ»-и Исмат Авнӣ Салим ал-Ҳаммурӣ.
- «Саҳиҳ» Муслим.
- «Саҳиҳ» Муслим.