Ҷанги Русия ва Украина пас аз гузаштани 3 моҳ

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҷанги Русия ва Украина пас аз гузаштани 3 моҳ

Ҳуҷуми Русия ба Украина  давоми се моҳ аст, ки идома дорад. Барои  хубтар идрок намудани  ҳодисаҳои рӯйдодаистода, зарурати равшан кардани мавқеъҳои ҷории тарафҳо дар ин низоъ ногузир мегардад.

Мавқеъи  ФР

Мавқеъи Федератсияи Русия дар ин низоъ душвори мураккаб аст. Аз сабаби нотавон буданаш дар гузаронидани манёврҳои сиёсии босамар дар арсаи байналхалқӣ  Русия ба доме афтод, ки аз тарафи ИМА омода шуда буд. Имрӯз  Украина барои Русия ба ботлоқе табдил ёфтааст. Он вартаеро  ба ёд меорад, ки СССР дар Афғонистон дармонда буд.

Дар шароити кунунӣ, Русия, ки бо афсонаи шикастнопазирии артиши Русия ҳавасманд карда мешавад, ки бо он амнияти дохили кишвар таъмин карда мешавад, маҷбур аст, ки фақат ба пеш равад, яъне шиддатнокиро боз ҳам пурзӯр намояд. Мағлубият дар ҷанги Украина, ҳатто сулҳ бастан ба мавҷудияти  худи режими Путин таҳдид пеш меорад.

Русия дар ин муноқиша тарафи идорашаванда аст.

Инро, азҷумла, худи Путин бо суханони зеринаш эътироф менамояд:

«Агар ақаллан як имконият мебуд, ки ин масъаларо бо дигар воситаҳои осоишта ҳал намоем, мо, албатта, аз ин имконият истифода мебурдем. Аммо онҳо ин имкониятро ба мо нагузоштанд,  надоданду тамом. Интихоби дигаре набуд».

Аз ин рӯ, мавқеъи Русия дар ин низоъ омӯзиши амиқро тақозо намекунад, зеро он содда ва оддӣ мебошад. Моҳияти ин мавқеъ дар тезутундкунии вазъият то ба ғалабаи пурра, бе ҳеҷ як имконияти созиш кардан мебошад.

Мавқеъи Аврупо, ба вижа — Олмон ва Фаронса

Ҳафтаву моҳҳои аввали низоъ Олмон ва Фаронса аз ҷасорати Русия, ки ба қаламрави Украина зада даромад, дар ҳайрат монданд. Сарфи назар аз он, ки Эммануэл Макрон дар ибтидо барои сӯҳбати телефонӣ бо Путин баъзе кӯшишҳо намуд, дар ниҳоят ӯ низ розӣ шуд, ки ба созиш расида намешавад.

Роҳбарияти ИА (Иттиҳодияи Аврупо) бо розигии Олмон ва Фаронса  паиҳам ба ҷорӣ кардани бастаҳои нави таҳримот шурӯъ намуд.

Ба ҳар ҳол вақт мегузашт ва таъсири зарбаи ҳафтаҳои аввал аз байн рафтан гирифт.

Ба ин чиз иқдомҳои қатъии ИМА мусоидат намуданд, ки барои ба даст овардани манфиатҳои худ дар ин низоъ равона шуда буданд.

Инак, 26 марти соли 2022 президенти ИМА Байден ба Полша сафар намуд ва дар он ҷо ҳангоми суханронии худ дар Варшава дар бораи бузургии халқҳои украинӣ ва лаҳистониҳо ва нақши муҳими онҳо дар мубориза бо бадӣ, ки ба тамоми ҷаҳони мутамаддин таҳдид мекунад, сухан гуфт. Бояд гуфт, ки Байден ягон маротиба Олмон ва Фаронсаро ёдрас накард, дар бораи нақш ва шоистагии онҳо дар ин муноқиша ҳарф назад.

Қабл аз ин, 17 март, Зеленский ба вакилони Бундестаги Олмон муроҷиат намуда, дар суханронии худ Олмонро барои сиёсати оромкуние, ки алайҳи Путин то 24 феврал пеш гирифта буд, барои он, ки тиҷоратро аз ҷони инсон боло мегузорад ва ҳамчунин барои ба таъхир андохтани интиқоли  силоҳҳои муосир интиқод намуд.

Олмон ва Фаронса оқибатҳои пассивии худро дарк намуданд, дар ҳоле ки ИМА ин ихтилофро ба сӯи ҳалле равона месозад, ки фақат ба фоидаи Амрико мешавад. Аз як тараф, бозингарони асосӣ дар симои Иттиҳодияи Аврупо аз қатъ шудани равобити иқтисодӣ бо Русия заиф мешаванд ва аз тарафи дигар, дар Аврупои Шарқӣ иттиҳоди Лаҳистон, Украина ва ҷумҳуриҳои назди Балтика ба вуҷуд меояд, ки агар Украина ба Иттиҳодияи Аврупо дохил шавад, лоббии амрикоиро дар дохили ин иттиҳоди сиёсӣ ба таври назаррас тақвият медиҳад.

Мавқеъи Англия

Аз сабаби маҳрум будан аз имконияти бурдани сиёсати таъсирбахши комилан мустақил дар партави заъфи умумӣ, Англия дар ин низоъ чун одат сиёсати ба манфиатҳои амрикоӣ хизмат намудан ва  айни замон ба рақибони худ дар Аврупо, чун Фаронса ва Олмон, зарба  заданро риоя мекунад.

Қаблан, то рӯйдодҳои 24 феврал Англия ба низоъи Донбасс ба оташ равған андохта меистод, инчунин ҳазорон комплексҳои зиддитанкии NLAW-ро дар чаҳорчӯбаи сиёсати  амрикоии  мусаллаҳсозии Украина равона сохт, ки Русияи кӯтоҳандеш онро ҳамчун чолиш (вызов) барои худ қабул намуда, ниҳоят ба  таҷовузи миқёсан куллӣ (пурмиқёс) даст зад.

Зиёда аз ин, Англия бо услуби ба худ хос ҷуръат мекунад, ки ҳатто ба Иёлоти Муттаҳида ҳамла кунад, аз ҷумла, барои таъхири таъмин кардани Украина бо намунаҳои амрикоии СРМС (Системаи реактивии мушакҳои сершумор) (MLRS) .

Оиди зарурати ин гуна таъминот дар мусоҳиба бо Bloomberg нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон сухан намуд. Ӯ гуфт, ки MLRS-и амрикоӣ «ба онҳо [украинҳо] барои мудофиаи худ аз ҳамлаҳои артиллерияи пурқудрати Русия ёрдам мекунанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд гузашт кунад».

Ҳоло Бритониё ба Украина пешниҳод мекунад, ки дар муқобили Брюссел як иттиҳоди нав таъсис диҳад, ки ба он бояд Англия, Лаҳистон, Украина, Литва, Латвия, Эстония ва бо мурури замон — Туркия дохил шаванд.

Бешубҳа, ин пешниҳоди сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсон бо розигии ИМА имконпазир шуд ва он ҳамчун омили фишор ба ИА дар остонаи нишасти ИА санаи 23 июн истифода мешавад, ки дар он масъалаи ба Украина додани мақоми кишвар-номзад барои аъзо шудан ба ИА ҳал мешавад.

Иттифоқи таклифкардаи Чонсон ба ИМА ҳеҷ гуна тахдиде надорад, бинобар ин он барои онҳо фоиданок аст. Чунки он аксарият аз кишварҳое иборат хоҳад буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар онҳо таъсири калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ доранд.

Чи хеле ки набошад, дар ин низоъ Англия гузаронандаи манфиатҳои амрикоист,  ҳамзамон бо зарба задан ба рақибони байналхалқии худ, азҷумла ҳатто ба ИМА.

Мавқеъи ИМА

Дар ин муноқиша Амрико баҳрабардори асосӣ мебошад. Охир ба касе пӯшида нест, ки дар ин моҳҳо заъиф шудани тамоми рақибонаш — Аврупо (дар симои Фаронса ва Олмон), Русия ва Чин, ки акнун дар бораи ягон иттифоқ бо Федератсияи Русия барои қувватнок шуданаш зидди Амрико орзу ҳам карда наметавонад.

Нисбати кишварҳои пешрафтаи Аврупо Иёлоти Муттаҳида мақсад мегузорад, ки ҳама гуна муносибатҳои иқтисодӣ бо Русия комилан қатъ карда шавад. Диққати махсус ба он дода мешавад, ки Олмон аз захираҳои энергетикӣ, нафт ва гази Русия даст кашад.

Дар асл, тасмими сиёсӣ дар бораи ин радкунӣ аз ҷониби Олмон ва умуман Иттиҳоди Аврупо дар ҳафтаҳои аввали ҷанг қабул карда шуда буд. Аммо дар амал татбиқ намудани ин қадамҳо, чуноне ки дар изҳороти худи раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфта мешавад, ҳадди ақал як сол вақтро мегирад.

Ҳамин тавр,  хеле зуд хотима ёфтани  бӯҳрони Украина барои Иёлоти Муттаҳида манфиатовар нест.

Вақте ки охири моҳи март Русия идрок намуд, ки гирифтани Киев ғайриимкон шудааст ва ин чун рӯз равшан аст, вай кӯшиш  намуд, ки ақибнишинии худро аз вилоятҳои Киев ва Чернигов ҳамчун  иқдоми хайрхоҳона дар чаҳорчӯбаи музокироти сулҳи Украина ва Русия дар Истанбул муаррифӣ кунад. Он вақт Русия аз нокомии ҳуҷуми босуръати аблаҳонааш, ки ҳадафаш ба даст овардани Киев  ва  иваз намудани роҳбарияти Украина буд, рӯҳафтода шуда буд. Дар он рӯзҳо аз Маскав оиди майл ба гуфтушунидҳо  ҳушдорҳо мерасиданд.

Баъд аз ин бисёр аз коршиносони ҳарбӣ дар бораи он  сухан оғоз карданд, ки агар Украина дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин аз кишварҳои ғарбӣ кӯмаки ҳарбӣ, бахусус – силоҳҳои намуди вазнин бигирад, пас ҳуҷуми ҷавобии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина метавонад дар давоми як моҳ оғоз ёбад ва дар давоми 3 моҳ   дар бораи пурра ба охир расидани муноқиша набошад ҳам,  дар бораи расидан ба марзҳои то 23 феврали соли 2022 сухан кардан мумкин аст.

Аз афти кор, ҳамин омил сабаби он буд, ки ИМА сарфи назар аз ҳама кафолатҳо дар бораи дастгирии мардуми Украина дар ҷанги онҳо бар зидди таҷовузи Русия, дар асл интиқоли системаҳои муҳими артиллерияро ба Украина суст кард.

Сухан дар бораи ду системаҳои реактивии мушакҳои сершумор (СРМС) — M142 HIMARS ва M270 MLRS меравад, ки дурии парвози тираш масофаи то 300 километрро ташкил медиҳад.

Ин системаҳо  дар садри рӯйхати силоҳҳое ҳастанд, ки Киев мехоҳад аз кишварҳои ғарбӣ бигирад. Оид ба ин рӯзи 21 май, дар арафаи гуфтушунидҳои онлайнии вазирони дифои беш аз 40 кишвар-узвҳои гурӯҳи тамосии «Рамштайн-2», президент Владимир Зеленский ошкоро гуфт.

«Ман сире надорам. Мо ба ҳама кишварҳо муроҷиат менамоем, ки  моро бо  системаҳои MLRS таъмин кунанд, то  бо кӯмаки онҳо Украина  ташаббусро ба даст гирифта, ба озод кардани қаламраваш шурӯъ намояд»-гуфт ӯ. Аммо дар ин ҷаласа дар бораи ба дасти украиниҳо додани ин системаҳо тасмим гирифта нашудааст.

Дар бораи шубҳаҳои маъмурияти амрикоӣ 18 май нашрияи «Politiko»  навишт. Як манбаи анонимӣ дар маъмурияти президенти ИМА ба нашрия гуфтааст, ки Вашингтон  намехоҳад чунин системаҳои тавоноро ба Киев интиқол диҳад.

Амрикоиҳо гӯё метарсанд, ки бо ба даст овардани чунин як силоҳи пурқудрат украиниҳо ба сӯи ҳадафҳо дар қаламрави Русия тирпарониро сар мекунанд.

28 май маълумоте пайдо шуд, ки ИМА  доир ба интиқоли ин яроқ тасмим гирифтанд.

Бо вуҷуди ин, воқеият равшан аст: Амрико пирӯзии зуди Украинаро намехоҳад, зеро ин  қадар вақт барои расидан ба мақсадҳои худ нисбат ба мамлакатҳои Европаи ғарбӣ, хусусан — Олмон ва Фаронса кофӣ нест. Амрико ба ягон ҷой саросема нест, зеро вақт ба дасти вай бозӣ мекунад.

Дар навбати худ Олмон ва Фаронса тасмим гирифтанд, ки аз ин таъхир истифода баранд, то ҷонибҳои даргирро сари мизи гуфтушунид шинонанд. Гуфтугӯҳо дар бораи зарурати гузаштҳо аз ҷониби Украина, аз ҷумла — ҳудудӣ, ба хотири ҷилавгирӣ аз шиддати боз ҳам бештар дар рӯзномаҳои аврупоӣ фаъолона садо доданд.

Чунин менамояд, ки дар роҳбарияти Украина, ҷиҳати  сунъии таъхири  интиқоли силоҳ аз Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаро дарк мекунанд.

Ин аст, ки мушовири раиси дастгоҳи президенти Украина Алексей Арестович 25 майи соли 2022 дар ҷараёни пахши мустақим дар «Ютуб» алайҳи он сиёсатмадорони аврупоӣ, ки ба Украина пешниҳод мекунанд, ки як қисми  қаламравҳои худро бар ивази сулҳ диҳанд бо луғати зишт сухан кард. Интиқоди ӯ аз мақомоти Амрико сабуктар буд. Ӯ қайд намуд, ки таъхир кардани интиқоли аслиҳаи муҳим ба Украина ба он оварда расонд, ки Русия тавонист захираҳоро ҷамъ кунад, ташаббусро ба даст гирад ва ба қӯшунҳои украинӣ зарбаҳои ҷиддие мерасонад, ки боиси талафоти зиёди қувваи зинда мегардад.

Қобили зикр аст, ки Арестович чунин намояндаи мақомоти Украина мебошад, ки ба ӯ иҷоза дода мешавад то мавқеи ҳукуматро дар  шакле (дағалона) ошкоро баён кунад, ки раисиҷумҳури Украина, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар сухангӯёни сатҳи болотар карда наметавонанд.

Бо вуҷуди ин, дар шароити кунунӣ ҳукумати  украиниро ғайри розӣ шудан бо ин суръати таъминоти аслиҳа дигар чорае нест,  чунки вазъияти иқтисодиёт ва ба яроқу аслиҳаи ғарб вобаста будани он ба бурдани сиёсати мустақил имконият намедиҳад.

Хулоса:

Бӯҳрони Украина бори дигар тасдиқ менамояд, ки халқҳо, соҳибихтиёрии онҳо, захираҳо, ҷон ва хуни онҳо гаравгони муборизаи байниҳамдигарии абарқудратҳо мебошанд.

Ва ҳатто он давлатҳои абарқудрате, ки худро дӯсту мададгори халқҳои мазлум нишон медиҳанд, дар асл иғвогарони асосии низоъҳо ва баҳрабардорони асосӣ аз онҳо мебошанд. Ҳамаи он суханҳо ва хитобҳои зебо оиди ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва   истиқлолият, ҳуқуқи инсон, арзиши ҳаёти инсонӣ ва ғамхорй дар бораи занҳо, мӯйсафедону кӯдакон ба ҷуз пардаи дудӣ барои бурдани  сиёсати зишти худ чизи дигаре нест.

Ин ҳолат то замоне боқӣ хоҳад монд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳукмронии ҳақиқии илоҳӣ дар шакли Хилофати Дуввуми Рошида бар минҳоҷи пайғамбарӣ барқарор нашавад. Барои ин давлати бузург ғамхорӣ дар бораи саодати тамоми инсоният ғояи ҳақиқӣ мешавад, на шиори холӣ.

فَسَيُنْغِضُونَ إِلَيْكَ رُءُوسَهُمْ وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَ ۖ قُلْ عَسَىٰ أَنْ يَكُونَ قَرِيبًا٥١

«Аммо онҳо сар меҷунбонанд ва мегӯянд:«Ин кай рӯй медода бошад?» Бигӯ: «Шояд ба зудӣ рӯй диҳад!». (Исро: 51)

 

Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб ут-Таҳрир

Сардори Дафтари иттилоотии Ҳизб ут-Таҳрир дар Украина

Фозил Амзаев

30.05.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads