Ҷанги навори Ғазза — ҷанги байни Ислом ва куфр аст

Ҷанги навори Ғазза — ҷанги байни Ислом ва куфр аст

Хабарҳо: Амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ва Ҷанги Ғазза.

Эзоҳ: Пеш аз ҳама мехоҳам эҳтироми худро ба қаҳрамонони ҳақиқӣ, муҷоҳидини Ғазза баён кунам, ки номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Бо изни Аллоҳ, амалҳо ва муқовимати онҳо дар биҳиштҳои ҷовидон онҳоро боло мебарад.

Чӣ гуна метавон дар чанд сатр ин ҳодисаи бузургро, ки моҳияти низоъ бо куфрро ошкор мекунад, тасвир кард?!

Пӯшида нест, ки Ғарб  бунёди яҳудиёнро дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ ва расонаӣ пуштибонӣ мекунад: ҳавопаймоҳои амрикоӣ, киштиҳои ҷангии Бритониё, ихтиёриён аз тамоми ҷаҳон ва ҳатто Олмон ҳавопаймоҳои ҷангиро мефиристад!

Котиби давлатии ИМА Блинкен гуфт: «Ман ба ин ҷо на танҳо ҳамчун котиби давлатии ИМА, балки ҳамчун як яҳудӣ омадаам.» Байден боре гуфта буд: «Агар Исроил вуҷуд намедошт, мо бояд онро эҷод ва бунёд мекардем.» Аз рӯи изҳороти сершумори онҳо дар сатҳҳои гуногун, ҳама ба як чиз бармеояд: «Бунёди яҳудӣ фарзанди мост, он пояи пешрави мо дар қалби Уммати Исломӣ аст». Аслан ин ихтилоф байни Ислом ва куфр аст.

Аммо Уммати исломӣ чӣ гуна метавонад вориди ин муноқишаи хунини таърихӣ шавад?!

Пеш аз ҳама, мусулмонон бояд ҳамчун як уммати муттаҳид амал кунанд, на ҳамчун қавму миллатҳои ҷудогона. Уммат бояд бо лашкари тавонои худ аз Миср, Туркия, Алҷазоир, Урдун, Покистон, Ҳиҷоз ва дигар кишварҳо ба ин даргириҳо ворид шуда, ҳамзамон аз нафт ба унвони аслиҳа ва фишор истифода кунанд. Уммат бояд аз иттиҳоди низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ бо пуштибони асосии бунёди яҳудӣ, бо сарвари куфр, Амрико ва дигар абарқудратҳо раҳо шавад.

Уммати исломӣ ба ин ва бисёр дигар корҳои бештар  қодир аст, аммо онро режимҳои хиёнаткор, ки  сиёсатҳои Амрикоро пайравӣ мекунанд, маҳдуд месозанд!

Пас биёед аз ин низомхо берун шавем ва ояндаи навро мувофики он чи Аллохи таъоло аз он розӣ бошад, созем! Ояндаи нав бо чеҳраи Хилофати Рошида Умматро дар атрофи як халифа муттаҳид мекунад, аслиҳаи худро меофарад ва лашкарҳояшро сафарбар мекунад, то фитнаҳои вуҷуди яҳудиён ва тамоми Ғарбро абадан дафн кунад.

Касе меояду мегуяд, ки мо аз қоидахои системаи байналхалкӣ дур шуда наметавонем!

Гӯё ин шахс надида бошад, ки чӣ гуна муҷоҳидини Ғазза ин ҳама қоидаҳоро вайрон карда, саддиҳоро бо булдозерҳо вайрон карданд. Гузашта аз ин, онҳо аз болои яҳудиён парвоз карда, ба қалби шаҳракҳои онҳо ворид шуданд, кофиронро мекуштанд ва асир мекарданд. Дар баробари ин, онҳо имкониятҳои хоксорона доштанд, аммо имон ва иродаи қавӣ дар онҳо мавҷуд буд. Ин корнамоии қаҳрамонона ҳамаро ба ҳаячон овард ва равшан нишон дод, ки баҳонаҳои «мо наметавонем» асос надоранд.

На! Қасам ба Аллоҳ ки, мо метавонем!

Аллоҳи Бузург мефармояд:

وَلَن يَجْعَلَ اللهُ لِلْكَافِرِينَ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ سَبِيلاً

“Аллоҳ ҳаргиз барои кофирон  ба зиёни мусалмонон роҳе накушодааст. (ба кофирон ғалаба намедиҳад)” (4:141)

فَمَنِ اعْتَدَى عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَى عَلَيْكُمْ

“Пас, ҳар ки ситам кард, ба ҳамон гуна ки бар шумо ситам кардааст, бар ӯ ситам раво доред ва ба Аллоҳ таоло тақво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло бо парҳезкорон аст” (2:194)

Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб-ут-Таҳрир.

Усама Сувайнӣ, Қувайт

2 Рабиус-сони 1445 ҳиҷрӣ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads