Ислом – тарзи муайяни ҳаёт аст
Ислом – ин тарзи муайяни ҳаёт аст, ки аз дигар мабдаҳо фарқу тафовути зиёд дорад.
Аз мусулмонҳо тибқи низоми муайяни тағйирнаёбанда зиндагӣ кардан ва риоя намудан ба ин низом талаб карда мешавад, бидуни ин онҳо оромии фикрӣ ва рӯҳиро, инчунин саодатмандиро барои худ намеёбанд. Ислом ин маҷмӯи пиндорҳо дар бораи ҳаёт аст, ки нуқтаи назари муайян дорад. Ин пиндорҳо дар шакли умумианд, яъне ин тасаввуроти умумие, ки ҳамаи муаммоҳои инсониро дар ҳаёт ҳал менамояд.
Аз ин тасаввуротҳои умумӣ, ҳалҳои амалии ҳар як муаммои инсон бармеояд ва ҳамаи ин бар асосӣ фикрӣ собит шудаааст, ки тамоми фикрҳо дар бораи ҳаёт дар назар дошта мешавад. Онҳо асоси фикриро ҳамчун меъёр қабул мекунанд, ки ҳар як фикр бар он асос ёфтааст. Ислом ин қонунҳоро (қарорҳо, андешаҳо,фикрҳо) аз ақида мебарорад. Ҳамин тавр, он ба инсон фикрҳоро муайян намуд, вале ақли инсонро маҳдуд накард, балки ӯро озод намуд. Рафтори ӯро дар ҳаёт бо фикрҳои муайян маҳдуд карда, худи инсонро маҳдуд накард.
Мусалмон ба ҳаёти дунё ҷиддӣ ва ҳақиқӣ нигоҳ мекунад, ба он баҳои лозимиро медиҳад, яъне он худ аз худ барои ӯ мақсад намебошад ва ҳамчун мақсад набояд бошад, аммо аз он лаззат бурдан мумкин аст. Мусалмон дар саросари замин гаштугузор мекунад ва аз Аллоҳ ҳадяҳо мегирад (ризқ) ва аз ҳамаи ин неъматҳо, ки Аллоҳ ба инсон инъом намудааст дар ҳаёт, лаззат мебарад. Ӯ идрок мекунад, ки ин ҳаёт танҳо кӯпрук асту ҳаёти ҷовидон ин Охират аст.
Қонунҳои Ислом барои инсон масъалаҳои савдоро бо низоми муайян ва инчунин, масълаҳои намозро ҳал мекунанд; муаммоҳои издивоҷро ва масъалаҳои ҳаҷро низ бо низоми муайян ҳал менамоянд. Масъалаҳои аҳд ва муносибатҳоро бо низоми ба худ хос фаҳмонда медиҳанд, инчунин чи гуна ба Аллоҳ муроҷиъат намуданро мефаҳмонанд; масъалаҳои ибодат, ҳудуд, қасос ва дигар намудҳои муҷозотро шарҳ медиҳанд, чи хеле ки азобҳои Дӯзахро ва неъматҳои Ҷаннатро баён мекунанд. Онҳо шакли ҳокимиятро ва тариқати онро нишон медиҳанд, инчунин қувваи водоркунандаро, ки инсонро барои татбиқ кардани қонунҳо такон медиҳад, муайян мекунанд, то ки Аллоҳ Таъоло аз ӯ розӣ бошад. Инчунин, қонунҳо ба муносибати давлат бо дигар давлатҳо, миллатҳо ва халқҳо ишора мекунанд, инчунин паҳн намудани Исломро ба ҳамаи инсонҳо ишора намуда, мефармоянд, то инсон некахлоқ бошад, аз барои он, ки ин ахлоқ қонуни Аллоҳ мебошад ва на хислати неки одамон.
Ҳамин тавр, Ислом тамоми муносибатҳои инсонро бо худаш ва бо одамон муайян намуд, инчунин муносибатҳои ӯро бо Аллоҳ, дар як навъи тафаккур ва тасмим муайян кард. Инсон бояд бо роҳи муайян ва бо мақсади муайян дар ин ҳаёт зиндаги кунад. Ислом ба ҳамаи одамон ба риоя намудани танҳо ин низом фармуд ва онҳоро огоҳ кард, то ки онҳо як қадам ҳам аз ин низом берун нараванд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи татбиқ намудани ақидаи Ислом, мусулмон дар ин ҳаёт ба таври муайян зиндаги мекунад. Ӯ бояд ба фармонҳои Аллоҳ таслим шавад ва қонунҳои Исломро риоя намояд. Мусулмон бояд аз рӯи тарзи фикрронии хос ва пиндори муайян дар бораи ҳаёт, ки инро далелҳои равшан дар Қуръон ва Суннат тасдиқ мекунанд, зиндагӣ кунад. Ислом на танҳо дини пиндорҳои рӯҳӣ, балки Ислом ин тарзи муайяни ҳаёт аст, ки ҳар як мусулмон бояд мувофиқи он зиндагӣ кунад.