Ислом сарфароз мешавад ва ҳеҷ чиз аз он сарфароз нахоҳад шуд
Хабар: Маҷаллаи бритониёии New Statesman мақолаи Оиша Алӣ Хонро нашр кард, ки худро феминистзани мусалмон муаррифӣ мекунад. Ин матлаб таҳти унвони “Занони мусалмон медонанд, ки ба Эндрю Тейт дар Ислом ҷой нест” нашр шудааст.
Матлаби мазкур вокуниш ба изҳороти собиқ муштзан ва чеҳраи маъруфи расонаҳоест, ки аз қабулкунии Ислом хабар додааст. Дар интернет наворҳои намозхонии Тейт маъруфият пайдо кардаанд. Муаллиф дар мақола изҳор дошт, ки Тейтро ба ҷомеаи мусулмонӣ қабул намекунад, зеро сабаби қабул накарданаш изҳороти қаблии ӯ дар бораи ҷинси зан будааст. Ба ақидаи муаллиф, Тейт бояд ақидаи худро дар бораи занон ки ақидааш консепсияҳои феминистӣ аст, тағйир диҳад. Ин матлаб дар шабакаҳои интернетӣ ҳазорон твит ва тавзеҳот гирифт ва тайи як ҳафтаи охир дар бисёре аз расонаҳо дар бораи даромадани Тейт ба дини Ислом шадидан баҳс карданд. Қобили зикр аст, ки Тейт барои шарҳҳои манфиаш дар бораи занон аз чаҳор шабакаи асосии иҷтимоӣ маҳрум шудааст. Қаблан ӯро ба таъқиб ва изҳороти таҳрики хушунат алайҳи занон муттаҳам карда буданд. Андешаҳои бадхоҳона ва изҳороти хашмгинонаи ӯ миллионҳо пайравон ҷамъ оварда, дар миёни фаъолони ҳуқуқи мардон дар Ғарб маҳбубият пайдо кардааст ва бархе аз ҷонибдорони бонуфузи ифротгароӣ аз ҳимояти ӯ аз мардонагӣ ва зиддифеминизмро пазируфтаанд.
Шарҳ: Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки ақидаҳои Тейт, ки зӯроварӣ нисбати занон, ҳодисаҳои таҷовуз ва ғайра пеш аз қабули Ислом буданд, вақте ки ӯ атеизм ва дигар бидъатҳоро тарғиб карда, мавҷудияти Аллоҳи Таолоро инкор мекард. Пеш аз он ки ӯ Исломро қабул карда буд, наворҳои ӯ ба 13 миллиард тамошо расидааст; Новобаста аз мундариҷаи ин наворҳо, шумо бояд фаҳмед, ки бо қабулкунии Ислом тамоми корҳои ношоями шахсеро, ки қаблан ба ҷо оварда буд, нест мекунад. Пас аз пазируфтани Ислом, рафтораш бояд ба арзишҳо ва мафҳумҳои Ислом мувофиқ бошад, ки нафсашро пок сохта, ҳар як инсонро бо ҳуқуқҳояш таъмин мекунад.
Эндрю Тейт, муштзани собиқ дар мусоҳиба бо яке аз шабакаҳои «YouTube» изҳор намуд, он чизеро, ки муддати тӯлонӣ меҷуст, дар дини Ислом пайдо кардааст. У баён кард, ки Аллоҳ дили ӯро ба Ислом боз кард ва дар он чизеро пайдо кардааст, ки ақли ӯро қонеъ кард ва руҳашро ором бахшид. Пас аз зиндагии дилхушӣ ва фароғат, ӯ ба гедонизм (таълимоте, ки аз рӯи он лаззат олитарин неъмат ва маънии зиндагӣ аст) беэътиноӣ кард. Ба андешаи Тейт, ин гуна дидгоҳҳо дар бораи зиндагӣ боиси болоравии инсон ва устувории равонии ӯ намегардад ва хоҳиши қонеъ кардани ғаризаҳо на қаноатмандии воқеӣ, балки пас аз лаззат танҳо харобиро меорад.
Мувофиқи гедонизм, ки Тейт рад кардааст, роҳи дурусти зиндагӣ он чизест, ки сатҳи баланди хушбахтиро барои шумораи зиёди одамон таъмин мекунад. Ин фалсафа ду чизро дарбар мегирад, ки якумаш амалҳо, новобаста аз он ки онҳо чигуна ҳастанд, бояд барои расидан ба бузургтарин дараҷаи хушбахтӣ ташвиқ кунанд. Дуюм ин аст, ки ин хушбахтиро ҳарчи бештар паҳн бояд кард. Бо ин равиш адолат дар кайфу сафо ба даст меояд, яъне лаззат ва кайфу сафо барои инсон аз рӯи назари онҳо ҳадафи олӣ аст. Воқеан, ин бархӯрд ба ҳаловат ҷуз эътирофи “қонуни ҷангал” ва аз даст додани мувозинат дар ҷомеа чизи дигар нест.
Бо бозгашт ба матлаби боло бояд гуфт, ки дар Ислом мафҳумҳое чун феминизм ва ё маскулизм ҷой надорад, қимати ҳар як мусалмонро риояикунии ба дастуроти Парвардигораш муайян мекунад. Имрўз як ақаллияти овозадор фикру андешаҳоеро, ки онҳо муқаддас ва баланд бардоштаанд, бар сари мо бор карданӣ мешаванд, ки онҳо онро ҳамчун дин эътироф намуданд! Онҳо нафси худро ба ҷои Аллоҳ мепарастанд, ки барои онҳо ченаки қабул ё рад кардани фикрҳо шудааст. Мо инсонро, ақида ва андешаи ӯро муқаддас намегардонем, чи қадар шахсияти «бузург» набошад ҳам, танҳо Аллохи Мутаолро, ки офаридгори тамоми оламу инсонҳо аст, мепарастем ва ба гуфтаҳои шахсони маъруфу машҳур эътибор намедиҳем.
Хатари бузург на дар шахсони алоҳида, новобаста аз он, ки онҳо ки ҳастанд. Хатари бузург ин аст, ки андешаҳои нодурусте, ки ба табиати инсонӣ созгор нест ва хилофи Ислом ва мафҳумҳои поки он аст. Аз Аллоҳи мутаол дуо карда мепурсем, ки ҳар касеро, ки Исломро пазируфтааст, дар он устувор гардонад, моро ба роҳи рост ҳидоят кунад, қалбҳоямонро устувор гардонад, имонамонро зинда кунад ва дар ҳолати мӯъмин буданамон ҷон таслим кунем. Аз Аллоҳ мепурсем, ки ба ҷои мо дигаронро наорад ва ба васвасаҳо гирифтор нашавем. Парвардигоро, пас аз он ки моро ба роҳи рост ҳидоят кардӣ, дилҳои моро ба куфр барнагардон!
ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا رَّجُلًا فِيهِ شُرَكَاءُ مُتَشَاكِسُونَ وَرَجُلًا سَلَمًا لِّرَجُلٍ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا الْحَمْدُ لِلَّهِ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
«Худо масале мезанад: «Мардеро, ки чанд тан дар ӯ шариканд ва бар сари ӯ ихтилоф доранд ва марде, ки танҳо аз они яке бошад. Оё ин ду бо ҳам баробаранд? Сипос Худоро. Балки, бештарашон намедонанд. [39:29]
Махсус барои радиои Бахши марказии иттилоотӣ Ҳизби Таҳрир
Умму Яҳё бинти Муҳаммад
13 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.