Ислом  дар ҳар давру замон низоми сиёсии мукаммал мебошад!

Ислом  дар ҳар давру замон низоми сиёсии мукаммал мебошад!

«Мағлубшуда (шикасхӯрда) ҳамеша маҷбур аст, ки дар принсипҳо, тарзи либоспӯшӣ, ҳунар, одат, дар бисёр расму оинҳо ва анъанаҳо ба ғолиб тақлид намояд.  Дар симои ғолиб камолотро дида, ба хидмати ӯ шурӯъ мекунад. Дар назари ӯ шахси пирӯз ё ба хотири эҳтироме, ки ба ӯ гузошта мешавад комил менамояд, ё ин ки мағлубшудагон ноҳақ ва беасос чунин мепиндоранд, ки шикаст ба камолоти ғолиб рабт дорад. Ин фикри хато асоси рафторро ташкил медиҳад» (Ибни Халдун).

Ин манзарае, ки Ибни Халдун чандин асрҳо пеш таъриф додааст, ҳарф  ба ҳарф, ҷумла ба ҷумла манзараи имрӯзаро инъикос менамояд. Дар ҳоле ки мо дар ин мақола таърифи дар боло зикршудаи мутафаккир ва арбоби давлатии Тунис Ибни Халдунро, ки 7 садсола пеш гуфта буд, иқтибос меорем, дигар мутафаккир ва арбоби давлатии муосири тунисӣ  ва пешвои ҷунбиши «Ан-наҳда» («Ҳизби Наҳзат»), маъруф ба ҳизби «исломӣ»-и Тунис, Рашид ал-Ғаннушӣ, (7 аср пас аз Ибни Халдун) дар конфронси созмондодаи «TRT World Forum»  дар Истанбул баромад намуда, гуфт: «Он чизе, ки мо  «Исломи демократӣ» меномем, роҳи ҳалли тамоми муаммоҳои олами араб мешавад». Бо ин суханон ӯ ба низоми сиёсат ва тафаккури Ғарб мафтун будани хешро намоиш дод. Бо изҳор доштани он, ки ҷавонон дар сарзаминҳои араб мехоҳанд адолати иҷтимоӣ, инчунин арзишҳоеро аз қабили адолат, озодӣ ва шаъну шараф барпо созанд, ал- Ғаннушӣ фикрҳояшро дар бораи демократия чунин баён намуд: «Мо боварӣ дорем, ки ин ҳаракати ҷавонон метавонад ба ҳадафҳои худ бирасад. Ҷавонон бар ин назаранд, ки танҳо барпо кардани демократия басанда нест, онҳо барпо шудани адолати иҷтимоиро мехоҳанд. Мо боварӣ дорем, ки онҳо ба ин ноил мешаванд».

Имрӯзҳо шакку шубҳае намондааст, ки тафаккури сиёсии ғарб сарчашмаи тамоми бадиҳо, бесарусомонӣ ва терорризм дар  ҷаҳон мебошад. Дар партави ин, сӯҳбатҳо дар бораи      «камолоти демократия»-ро танҳо бо комплекси нопуррагӣ, чунон ки Ибни Халдун муайян кардааст, яъне ба «камолот»-и  ғолиб мафтун шуда мондан гуфта маънидод кардан мумкин асту халос.

Ибни Халдун дар иқтибоси худ мавҷудияти муборизаи давомдорро аз лаҳзаҳои аввали бунёди дунё инъикос намудааст, гарчанде инро рӯирост изҳор    накардааст. Аз ин рӯ, табъи ғолиб ва мағлуб дар ҳама гуна мубориза яксон аст, ки он дар муборизаи некӣ ва бадӣ, ҳаққу ботил низ инъикос  меёбад. Имрӯз дар муборизаи байни ҳақ ва ботил кӣ мағлуб шуд? Оё Исломи ҳақиқӣ?! Ин хел  бошад кӣ ғолиб шуд? Наход демократияи ботили капиталистӣ?! Ғолибу мағлубро аз рӯи кӣ ва чӣ бояд муайян кунем? Шояд бино бар гуфтаҳои Фрэнсис Фукуяма, ки иншои «Анҷоми таърих ва охирин инсон»-ро навиштааст» («The End of History and the Last Man»)?! Ё бо фикри шахси мағлубшуда, ки дар кӯшишҳои тақлид ба капитализм ва азбар кардани услуби он принсипҳои капитализмро ғолиб эълонкардаи Фукуямаро ихтиёр  намуда, пас аз ҳамаи ин   дар ҳолати хандаовар қарор гирифт?!

Рашид Ғаннушӣ — раҳбари ҷунбиши «Ан-Наҳда», ки дар интихоботи порлумонии соли 2019 дар Тунис, ки танҳо 41,32 дарсади аз 7 миллион интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ  рафтанд, 17.5%-и овозҳоро ба даст оварда, дар ин интихобот  ғолиб гардид – дар асл, ба қавли Ибни Халдун, ба «мағлубшуда» мувофиқат мекунад, зеро ал-Ғаннушӣ ҷавонони мусалмонро ба демократия даъват мекунад, дар ҳоле ки беш аз нисфи мардуми Тунис онро қонунӣ намедонанд, ба он бовар надоранд ва ягон манфиате аз он интизор ҳам нестанд.

Фукуяма пас аз ба охир расидани «Ҷанги сард» капитализм ва демократияро чун кулминатсия (авҷи олитарин)-и инкишофёбии идеологии инсоният меҳисобид. Ӯ тасдиқ менамуд, ки низомҳои иқтисодӣ ва сиёсии Ғарб, яъне капитализм ва демократия дар ин мубориза батамом ғалаба карданд ва таърих ба охир омада расид.  Фукуяма чунин меҳисобад, ки   рӯйдодҳои таърихӣ метавонанд идома ёбанд, аммо ихтилофи фундаменталӣ (бунёдӣ) дар қафо боқӣ мондааст. Аз суханҳои ӯ, акнун дар ҷаҳон либерализми капиталистии ғарб ҳукмронӣ хоҳад кард. Бинобар фикри Фукуяма, низоми иқтисодӣ ва либералии ғарбӣ  дар дохили худ  низомҳои алтернативии иқтисодӣ ва сиёсӣ эҷод карда метавонад, аммо ягон низоми алтернативии иқтисодӣ ва сиёсӣ аз берун ҳеҷ гоҳ барои Ғарб хатар эҷод карда наметавонад.

Рашид Ғаннушӣ ба амалӣ гардондани он чи ки дар рисолаи Фукуяма гуфта шудааст, даъват менамояд: ӯ изҳор мекунад, ки дар низоми либералии капиталистии Ғарб демократия кифоя нест ва бояд адолати иҷтимоӣ барпо карда шавад. Вай кӯшиш дорад, ки муаммоҳо ва камбудиҳои демократияи капиталистиро, ки онро мукаммал мешуморад, бо ёрии адолати иҷтимоӣ, яъне бо ёрии формулаҳои алтернативии дар дохили низом эҷодшуда ҳал намояд. Ӯ  ба тафаккури алтернативӣ ва низоми сиёсии беруна довталаб нест. Аммо агар ӯ ба берун назар афканад, афкори сиёсии исломӣ ва низоми идории Исломро мебинад.

Фикри «фарҷоми таърих»-и Фукуяма ба он нигаронида шуда буд, ки дигар ягон низоми рақобаткунанда ба сифати алтернатива бар зидди низоми ғарб баромад накунад ва ин изҳороте буд, ки ба худи раванди таърихӣ ихтилоф мекунад. Дар асл, ин рисола ба онҳое низ  – монанди Ғаннушӣ —  таъсир расонд, ки  дар интихобот пирӯз шуд, аммо дар воқеъ ӯ шикаст хӯрд. Аммо фактҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки мафтуни камолоти ғолиб шудан на аз ғалабаи табиӣ (бохти ҳақиқӣ) ба вуҷуд омадааст, чунки агар ин тавр мебуд, на танҳо Ғаннушӣ ва баъзе тунисиҳое, ки монанди ӯ фикр мекунанд, балки тамоми халқи Тунис ва ҳатто тамоми мусалмонҳо бо камолоти ғолиб розӣ мешуданд. Бо дигар лафзҳо гӯем, ин шикаст шикасти Ислом набуд, зеро ин шикаст, шикаст  дар ҷанги воқеъӣ нест, ки пайваста дар давоми сездаҳ аср  миёни Уммати Исломӣ ва кофирон идома дорад. Баръакс, ин мағлубият дар ҷанги мафкуравии зидди капитализми ғарб буд. Яъне,  Ислом шикаст нахӯрдааст, балки танҳо касоне шикаст хӯрдаанд, ки бо даъвои «Мо мусалмон ҳастем» — барои ҳукмрон шудани Ислом бар зиндагӣ мубориза набурданд ва ба ғолиб кафкӯбӣ карданд; ана киҳо дар асл дар нақши мағлуб буданд. Ислом ҳеҷ гоҳ мағлуб намешавад! Аммо аспе аз лашкаре, ки мағлуб шудааст, то кай метавонад дар майдони ҷанг бимонад?

Ҳарчанд Фукуяма  даъво дорад, ки бо капитализм таърихи муқовимат ба охир мерасад, аммо мо мебинем, ки низоъ ҳатто пас аз «Ҷанги сард», ки дар охири асри ХХ ба охир расид, бо суръати тез идома дорад. Ғайр аз ин, ҳозир барои капитализми ғарбӣ рақиби хеле пурзӯр пайдо шудааст. Ғарб бисёр хуб медонад, ки дар мубориза бар зидди Ислом афкори сиёсӣ надорад, аммо Шарқ, ки Исломро муаррифӣ мекунад, аз ин нерӯ, низоми тафаккури исломӣ ва модели идораи давлатӣ дар Ислом огоҳӣ надорад. Мутаассифона, онҳое, ки ба рисола оиди «фарҷоми таърих» бештар аз сокинони Ғарб бовар доранд, ба низоми тафаккури ғарбӣ  сифати камолотро нисбат медиҳанд, ки  онро сазовор нест. Аммо, дар бораи ин, мутаассифона,  ҳатто гумон ҳам намебаранд ва ба ин нерӯи «азимҷусса», ки ба торҳои шикории тортанак монанд аст, сар хам мекунанд.

Мо изҳор менамоем ва боварӣ дорем, ки Ислом дар ҳама давру замон низоми мукаммалтарини сиёсӣ  на танҳо барои Шарқ, инчунин барои Ғарб низ мебошад ва чунин изҳор менамоем: «Мо кӯшиш дорем то ин низоми Исломро пешсаф ва ҳукмрон гардонем».

Чунки моён ба ваъдаи Аллоҳи Таъоло — Зоти аз ҳама олӣ, комилан бовар кардаем. Суханҳои зерини Аллоҳ, бешубҳа, кафолати бузургтарин барои моён мебошад:

وَكَانَ حَقًّا عَلَيۡنَا نَصۡرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

«Вазифаи мо ёрӣ додан ба мӯъминон аст» (30:47).

Пас, ваъдае, ки Аллоҳ додааст, албатта ба рӯёб мебарояд. Зеро Аллоҳи Мутаъол дар ин оят ғолиб гардондани мӯъминонро барои Худаш воҷиб гардонидааст ва Ӯ инчунин пирӯзиро чун ҳадя ва неъмат аз ҷониби Худаш  ҳаққи мусалмонҳо қарор додааст. Аллоҳ инро бо изҳороти қатъӣ, ки ягон шубҳае намемонад, тасдиқ намуд.

Бархе аз одамони бо пирӯзии капитализм мафтуншуда   бар хилофи ваъдаи Аллоҳ изҳор менамоянд,  ки низоми сиёсӣ ва давлате, ки тарзи зиндагии исломиро аз нав оғоз менамоянд наметавонад дубора дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо шавад, гӯё ин ҳама — хаёлот аст. Ин нишон медиҳад, ки имони онҳо ба Ислом ва ба ваъдаи Аллоҳ заъиф ё ин ки хомӯш шудааст. Айни замон ин дар мусалмонҳо тасаввуроти зараровареро оиди он эҷод менамояд, ки  давлатҳо ва низомҳои ғарбӣ зафаровар ва тавоно, устувор ва шикастнопазиранд. Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки бори дигар хусусиятҳои  хоси Исломро баррасӣ намоем, то ин гумроҳиҳои рӯҳафтодакунандаро, ки дар дохили Уммат ба вуҷуд омадаанд, барбод диҳем.

Ислом — мукаммалтарин низоми сиёсии ҳама давру замон мебошад! Уммати Ислом ақидаи саҳеҳ ва ақлӣ дорад. Ин ақида на бар модда, балки бар рӯҳ асос ёфта, моддаро бо рӯҳ пайваст менамояд. Ақидаи Исломӣ, ки бидуни ихтилоф ба арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, инсонӣ ва моддии ҷомеа мувофиқат мекунад, ба чанори чуқур решадавонда монанд аст. Ин сифатҳои ақидаи исломӣ дар ягон ақидаи дигар дида намешавад. Дар ақидаи исломӣ ченаки амалҳо ҳалол, яъне писандидаи Аллоҳ, ва ҳаром, ки  ғазаби  Аллоҳро ба бор меорад, мебошад. Дар мафкураҳои дигар ченаки амал хоҳиши дар сатҳи олӣ чашидани лаззатҳои моддӣ дар зиндагии дунявӣ, яъне ба даст овардани фоидаи моддӣ ва манфиат мебошад. Вақте  мо ба ҷаҳони муосир назар меандозем, мебинем, ки мафкураҳои берун аз Ислом арзи вуҷуддошта қодир нестанд ба суолҳои башарият нисбати зиндагӣ посух диҳанд. Боз ҳам, дар давраҳои ҳукмронии ин мафкураҳо мардум аз зиндагӣ тамоман лаззат бурда наметавонистанд. Ислом бошад, аз тарафи дигар, ба одамон Паёме меорад, ки барояшон саодати ду дунёро ваъда медиҳад. Тамоман истисно нест,  ки инсоният ин Паёмро пай бурда, ба сӯи он мешитобад, ҳатто баръакс, ин кор дар ояндаи хеле наздик ба амал меояд. Инсоният, ки аз нооромӣ, бесарусомонӣ ва афсурдагии равонии мафкураи капиталистӣ хаста шудааст, дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳи амн мебошад. Ин паноҳгоҳ, бе ягон шубҳа, Ислом аст.

Ислом — мукаммалтарин низоми сиёсии ҳама давру замон  мебошад! Зеро бо вуҷуди тафовути ранги пӯст, забон, миллату халқиятҳо Ислом ба муваффақият ноил шуда, комёб шудааст, ки аз Уммат  ҷомеаи ягона ташаккул диҳад. Расули Аллоҳ ﷺ дар нимҷазираи Араб ва гирду атрофи он аз унсурҳои ширк рӯй гардонда, дар як муддати кӯтоҳ ин сарзаминҳоро ба Дорул-Ислом табдил доданд. Дар давраи оянда Ислом — бар хилофи гуногунрангиашон — сарзаминҳои форсии Ироқу Эронро, ки дар он зардуштиён, насрониён ва яҳудиён зиндагӣ мекарданд, дар деги гудозандаи худ ҷамъ кард. Инчунин сарзаминҳои Шом, ки дар он ҷо арманиҳо, яҳудиён ва ашӯриён  зиндагӣ мекарданд, фатҳ ва исломӣ шуданд. Дар давраи хилофати Умавиён Ислом дар шарқ ба Хитой расида, Самарқандро фатҳ намуд ва дар ғарб ба Андалусия низ расид.

Оё ташкили як Уммати ягона дар чаҳорчӯбаи дин, забон, маданият ва қонунҳои ягона аз халқҳое, ки натанҳо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ аз ҳамдигар дуранд, балки аз ҳамдигар хеле  сахт фарқ ҳам мекунанд ва баъзан – аз нуқтаи назари урфу одатҳо, анъанаҳо, дин, забонҳо, маданиятҳо ва қонунҳо дар муносибат бо якдигар дар ихтилофанд, кори осон буда метавонад? Оре, танҳо Ислом ба ин кори бузург ноил шудааст. Ин фақат муваффақияти ақидаи исломӣ, афкори сиёсии исломӣ ва Давлати Исломӣ аст. Ислом, ки дирӯз ҳамаи ин халқҳоро зери як гумбазу зери як парчам гирд оварда, тамоми масоили фардӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҷамоии онҳоро ҳал намуд, имрӯз ҳам комилтарин низоми сиёсӣ мебошад. Боз ҳам, афкори сиёсие, ки ин ваҳдатро ба вуҷуд меорад, дар ягон мафкурае ғайр аз Ислом вонамехӯрад.

Агарчи имрӯз тамоми ҷаҳони ғарб дар атрофи як мафкураи ягона муттаҳид шуда бошад ҳам, аммо вай натавонист, ки халқҳояшро аз миллатҳои гуногун дар атрофи як воҳиди сиёсии ягона муттаҳид созад. Саъю кӯшиши Наполеон барои муттаҳид намудани тамоми Европа ба ноумедӣ дучор гашт. Ихтилофҳо дар асоси миллатчигӣ дар Европа ба ду ҷанги харобиовари ҷахонӣ оварда расонд. Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки дар асри ХХ таъсис ёфтааст, ҳатто дар масъалаҳои иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсати хориҷӣ натавонист ягонагӣ пайдо кунад. Қарори Британияи Кабир дар бораи «Brexit» далели равшани ин аст. Чӣ хел ИА, ки ба ташаккул додани иттиҳоди маҳдуд дар соҳаи иқтисод, тиҷорат ва қувваҳои мусаллаҳ нигаронида шудааст, ягонагиро дар масъалаҳои  иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ  ташкил диҳад?

Ислом — мукаммалтарин низоми сиёсии ҳама давру замон  мебошад! Воқеан, аз нуқтаи назари иқтисодӣ таърихи Ислом ба мо сатҳи одилонаи зиндагиро пешниҳод менамояд, ки башарият хеле ва хеле кам  шоҳиди он мегардад. Низоми иқтисоди исломӣ дар тӯли раванди таърихӣ ҳеҷ гоҳ одамонро маҷбур накардааст, ки ба маънои томи калима бӯҳрони иқтисодӣ, афсурдагӣ ва бесарусомониро эҳсос кунанд. Дар баробари ин, Ислом тамоми ниёзҳои заруриро барои ҳар як фарди ҷомеа таъмин менамояд, баъдан имконияту василаҳое фароҳам меорад, ки то ҳадди имкон дар сатҳи боҳашамат таъмин шудани ин ниёзҳоро кафолат медиҳад. Муҳимтарин ниҳоди иқтисодӣ, ки ин тавозуни одилонаро барпо менамояд, ниҳоди закот мебошад. Аллоҳи Мутаъол дар Қуръон мефармояд:

وَٱلَّذِينَ فِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقّٞ مَّعۡلُومٞ

«Онон дар молу мулкашон (барои камбағалоне, ки мепурсанд ва ҳам намепурсанд) саҳми муайяне доранд» (70:24).

Ислом — мукаммалтарин низоми сиёсии ҳама давру замон мебошад! Зеро, бо вуҷуди  тамоми фарқиятҳо дар доираи оилавӣ ва ҷамъиятӣ, маҳз ниҳоди оила дар ҷомеъаи исломӣ мутобиқӣ ва ҳамоҳангӣ  дошт, ки дар ягон ҷомеъаи дигар набуд. Бале, пештар ҳамин тавр буд, аммо вақте ки Ислом аз ҳаёти сиёсӣ комилан дур карда шуд, сохтори оила ва ҳаёти иҷтимоӣ хароб шуд. Наслҳои нав ба фасод дучор карда шуданд. Ҳама гуна муносибатҳои каҷравона, фаҳш ва бадахлоқона  ҳамчун талаботи фикрҳои демократӣ ҳавасманд  карда мешаванд. Паҳн шудани ин муносибатҳои зишт ва ғайриинсонӣ ҳатто дар кишварҳои мусалмонӣ имрӯзҳо ба шарофати тафаккури сиёсии демократӣ ба амал меояд. Ислом барои ҳалли ин муаммоҳо ақида (фикрат) ва роҳ (тариқат) дорад. Маҳз Ислом аст, ки ин ҳама ҳуҷумҳоро ба қалъаи ниҳоди оила рафъ намуда, азнав зиндагии хушбахту шукуфонро дар арсаҳои иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ барқарор месозад.

Ислом — мукаммалтарин низоми сиёсии ҳама давру замон  мебошад! Зеро Уммати Исломӣ дар тӯли сездаҳ аср дар сатҳи ҷаҳонӣ сиёсати қавӣ ва давлати абарқудрат  дошт. Ин давлат сездаҳ аср ҳукмронӣ намуда,  давлати пешқадами ҷаҳон гардид. Ҳатто ҳамин  хусусияти ягонаи Уммати Исломӣ нишон медиҳад, ки он соҳибихтиёрӣ ва ҳукмронии худро дар арсаи сиёсӣ азнав барқарор месозад. Ин таърихи мунаввар барои Уммате, ки мехоҳад ба гузаштаи дурахшони худ баргардад, хеле муҳим аст. Ғайрату шавқу ҳавас барои бурдани фаъолият баҳри азнав барқарор намудани давлати бузурге, ки ниёгонамон барпо намуда буданд,  аз ҳамин таърихи дурахшон сарчашма мегирад. Имрӯз мо хайрхоҳии Уммати Исломиро барои барқарор сохтани давлатдории худ мебинем. Мавҷудияти чунин хайрхоҳӣ ва онҳое, ки баҳри барпо сохтани ин давлат саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, амалҳо ва ташаббусҳои онҳо нишон медиҳад, ки Ислом рӯзҳои наздиктарин  ба ҳукмронии сиёсӣ ноил мегардад. Ин ҳукмронии сиёсӣ танҳо тавассути ба даст овардани қудрати сиёсӣ имконпазир аст. Ин қудрат давлат мебошад, ин давлат бошад — Хилофати Рошида аст!

Аммо имрӯзҳо, вақте ба таври ҷиддӣ талабҳои муттаҳид намудани Уммат дар таҳти ҳокимияти исломӣ ва оиди азнав барқарор намудани Хилофат баррасӣ мешаванд, баъзе рисолаҳо бошуурона ва қасдан ба миён гузошта мешаванд. Нахустини ин рисолаҳо, ки аз ошхонаи Ғарби мустамликадор пайдо шудааст, — тасдиқ кардани он аст, ки «Ислом аз ҷиҳати сиёсӣ таъсире надорад», яъне «Ислом ҷанбаи сиёсӣ надорад, ба  қудрати давлатӣ даъво надорад». Ин изҳорот бевосита аз ҷониби Ғарб таҳия мешавад, дунявиҳои маҳаллӣ бошанд баъдан онро таблиғ ва тарғиб мекунанд.  Ана барои чӣ  моён, ба суханҳои онҳо нигоҳ накарда, ба низомҳои пӯсидаи онҳо ҳамла намуда, изҳор менамоем: «Ислом — мукаммалтарин низоми сиёсии ҳама давру замон мебошад!».

Рисолаи дуввуми онҳо мегӯяд: «Мусалмонҳо ба Ислом омода нестанд ва Хилофатро намехоҳанд». Онҳое, ки ин рисоларо пешбарӣ мекунанд, шарқшиносон мебошанд, ки аз фарҳангу маърифати Ғарб ғизо мегиранд. Онҳо аз сабаби ишғоли фикрӣ, маданӣ, сиёсӣ ва низомӣ, ки тақрибан як аср   идома ёфта меояд, мегӯянд: «Мусалмонҳои тамоми дунё демократия ва озодӣ мехоҳанд, на тарзи зиндагии исломӣ».

Мо медонем, ки ин — фикри модернистӣ аст, зеро Ғарб, бешубҳа, бовар дорад, ки мусалмонҳо Исломро мехоҳанд. Ғарб дар бораи ин ҳақиқат бештар аз дигарон медонад. Воқеан, Ғарб зуҳури ин таҳдидро дар айни замон  мебинад ва бо тамоми қувваш талош дорад онро пешгирӣ намояд.

Тарғиби саввум —  иддаъои  «Хилофат — ин хаёлот аст», ки барои маҳрум сохтани мусалмонҳо аз умеди азнав барқарор намудани Давлати Исломӣ ва Хилофат пешбинӣ шудааст. Ба онҳое, ки фирефтаи гуфтаҳои «барпо кардани давлати Хилофат хаёлот аст» шудаанд, ёдовар мешавем, ки бояд ба пуррагӣ ба ваъдаи Аллоҳ итоат намуд, ба хушхабари Расули Аллоҳ ﷺ имон овард ва ба Уммати Исломӣ бовар намуд. Ва мо мехоҳем ин корро тавассути суханони зерини Шайх Тақиюддини Набҳонӣ дар китоби «Давлати исломӣ» анҷом диҳем: «Давлати исломӣ на хобу хаёл, балки ҳақиқат аст, ки муддати сездаҳ аср саҳифаҳои таърих бо он пур гаштаанд. Вай дар гузашта ҳамин тавр буд ва боз дар ояндаи наздик чунин хоҳад шуд. Зеро милҳои пайдоиши он, ҳарчанд замона инро махфӣ нигоҳ медорад ё набардро бар зидди омилҳои мазкур пурзӯр мегардонад, аз кӯшиши замона қавитар аст. Имрӯз ҳар як ҳушманд инро бо пуррагӣ дарк мекунад ва Уммати Ислом, ки ташнаи иззату бузургвории Ислом аст, орзуманди чунин давлат мебошад.

Давлати Исломӣ – матлабе нест, ки ҳаваси он ба қалбҳо нақш баста бошад, балки фарз(ӯҳдадорӣ)-ест, ки Аллоҳ ба мусалмонҳо фарз гардонидааст. Аллоҳ бар мусалмонҳо барпо сохтани онро фармуд».

Ислом — мукаммалтарин низоми сиёсии ҳама давру замон мебошад ва бояд дар чаҳорчӯбаи иттиҳоди сиёсӣ талош ба харҷ дод, то низоми сиёсии Ислом дубора дар ҷаҳон пешсаф бошад. Чунки мафкураи Уммат мисли сӯзишворӣ дар муҳаррик аст ва ин сӯзишворӣ хосиятҳои бепоён дорад. Эҳтиёҷ ба халабон ё ронанда ҷой дорад, то сӯзишворӣ муҳаррикро ба ҳаракат орад. Ҳизби сиёсии мафкуравӣ ҳамчун халабон (ронанда)-е, ки муҳаррикро идора мекунад, амал мекунад, зеро чунин ҳизб муҳаррикро ба кор  медарорад, то низоми сиёсии Исломро пешсаф гардонад. Бе чунин ҳизб дар кори фош сохтани фикрҳои нодуруст дар ақлҳои «мағлубшудагон», ки ба Ғарби мустамликадор мафтун шудаанд; дар муҳосабаи ҳокимони кишварҳое, ки бо Ғарб ҳамкорӣ мекунанд, моликияти Умматро медузданд, ба хотири соҳиб шудан ба вазифа ва мақомҳои сиёсӣ одамонро фиреб намуда, манфиатҳои онҳоро муҳофизат намекунанд,  инчунин дар ифшои аъмоли зишти онҳо ба муваффақият ноил гашта намешавад. Имрӯз чунин ҳизб вуҷуд дорад ва ин ҳизб барои эҳёи ин мабдаъ бо  тағйир додани афкор, ҳисҳо ва низомҳои ҷомеа ва тарбия намудани давлатмардони сиёсии мабдавӣ дар дохили Уммат фаъолият мебарад. Мавҷудияти чунин ҳизб — аз муҳимтарин бартариятҳои Уммат аст, то Исломи бузург дубора ҳукмрон шуда тавонад ва ба мартабаи баланди давлати пешсафи ҷаҳон ноил гардад. Ин ҳизб (гурӯҳбандӣ) «Ҳизб ут-Таҳрир» мебошад. Мисоли равшани муваффақияти «Ҳизб ут-Таҳрир» дар ин муносибат он аст, ки вай сарҳадҳои сунъиро, ки мустамликадор гузаронидааст ва мехоҳад онро абадӣ гардонад паси сар карда, фарзандони Умматро дар сафҳои худ ҷамъ намуд. Он ҳақиқат, ки фарзандони Уммат аз тамоми кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла мусалмонҳое, ки дар кишварҳои ғарбӣ зиндагӣ мекунанду ҳамроҳи ин ҳизб баҳри барпои Хилофат фаъолият мебаранд, нишондиҳандаи равшани он аст, ки барпо намудани давлати Хилофат — ин воқеият аст, на хаёлот.

Агар  ба ин ҳама дар заминаи Ибни Халдун ифоданамуда назар афканем, метавонем чунин хулоса кард: Уммат дар аксарияти худ ҳеҷ гоҳ ба Ғарб, ки мекӯшад, худро ғолиб муаррифӣ кунад, мафтун нашудааст  ва ба камолоти он бовар намекунад. Касоне, ки ин корро мекунанд – шумораи андаке дар дохили Уммат мебошанд. Аз ин рӯ, ин ҳолати печида ва нобоваронаи онҳо ба тамоми Уммат паҳн нашудааст ва дар оянда низ паҳн нахоҳад шуд. . Бо фикрҳои худ  онҳо ҳамеша манқурт буданду  ҳам дирӯз ва ҳам имрӯз ақаллиятро ташкил медоданд ва пас аз ин аз болои Уммат нуфуз ба даст овардани онҳо душвор хоҳад буд. Қариб ҳар рӯз мусалмонҳо дар кишварҳои худ бар зидди ҳукуматҳо, режимҳо ва низомҳо қиём мекунанд, ба хиёбонҳо мебароянд, зидди беадолатӣ ва зулм баромад мекунанд. Онҳо эътироф намекунанд, ки ба камбағалию қашшоқӣ маҳкум шудаанд. Ин нишондиҳандаи қобили ҳаёт будани Уммат мебошад.

 

Ислом — мукаммалтарин низом дар ҳама давру замонҳо мебошад ва ин Уммат дар ояндаи наздиктарин, бо кӯмаки Аллоҳ, Исломро аввал дар сарзаминҳои мусалмонии мо ва пас аз он — дар тамоми ҷаҳон пешсаф ва ҳукмрон мегардонад!

 

Маҳмуд  Қор

10.12.2019

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads