Ин қабри кист? Оё исломгароӣ афтод?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ин қабри кист? Оё исломгароӣ афтод?

06.12.2021

Ҳақиқати тағйирнаёбанда: муборизаи рост ва дурӯғ, байни Ҳақ ва ботил.

Барҳам додани Давлати Хилофати Усмонӣ бо дасти Ғарби кофир ва сокинони маҳаллӣ яке аз лаҳзаҳои ҳалкунанда дар муборизаи ҳақ ва ботил аст.

Дар тӯли таърих муборизаи байни ҳак ва ботил  бисёр ва машҳур намоён шудааст. Охир, муборизаи байни Ҳақ ва Ботил на задухӯрди имрӯз саршуда, балки душмании хеле қадим аст, ки гузаштаи он дар тамоми таърихи инсоният чун ришта мегузарад. Ин мубориза то даме, ки инсоният вучуд дорад, бемайлон (пайваста) давом мекунад. Мубориза байни ҳақ ва ботил ҷанге нест, ки дар он тарафҳои иштироккунанда номаълум бошанд. Баръакс, онҳо хеле машҳур ҳастанд. Иштирокчиёни ин мубориза аз як тараф мӯъминон ва аз тарафи дигар кофирон — душманони  Аллоҳ мебошанд.

— Ҳабси ҳазрати Юсуф (а) дар зиндон,

— кӯшиши сӯзонидани Иброҳим (а) дар оташ;

— Таъқиб ва фитнаҳое, ки Расули Худо (с.а.в.) доштанд,

— ҷангҳои  Бадр ва Уҳуд, ҷанги Мўъта ва фатҳи Макка аз ҷониби Расули Худо (с.а.в.)

— наздик шудани аскарони Хилофат ба худи деворҳои Вена,

— ҳуҷумҳои салибӣ ва тохтутози муғулҳо,

— чи тавр фармондеҳи англис Эдмунд Алленби, ки 11 декабри соли 1917 вориди Ерусалим шуд, қабри Салоҳиддин Айюбиро бо суханони: «Канӣ бархез, мо баргаштем!» бо пояш зада буд.

Ин ва боз бисьёр чизҳое, ки мо зикр накардем, инъикоси зиддиятхои байни Ҳақ ва Ботил мебошад.

Бузургтарин мусибате, ки мусалмонон аз замони фиристодани Паёмбари Худо (с.а.в.) бо рисолати нубувватии худ дучор шудаанд, барҳам додани Давлати Хилофат аст, ки он ягона тариқати шаръии татбиқи Ислом аст. Муборизаи Ғарб ва Ислом, ки асрҳо идома дошт, бо барҳам додани Хилофат ба анҷом расид. Дар ҳоле, ки барҳам додани Хилофат ба кофирон шодӣ бахшид, ба мусулмонон андӯҳи зиёдеро ба бор овард ва ин ҳодиса ба таърихи онҳо ҳамчун рӯзи сиёҳи бадбахт дар таърихи Ислом ворид шуд. Вақте ки Хилофат пош хӯрд, Вазири хориҷаи Бритониё Керзон аҳамияти Хилофатро дар Ислом бо ин суханон қайд кард: “Туркия  (Исломро дар назар дошт) воқеан тамом шуд. Баъд аз ин вай ба по намехезад, зеро мо ба қувваи маънавии вай хотима додем. Ин қувва Хилофат ва Ислом буд!”

Аммо нуқтаи асосие, ки дар ин ҷо бояд қайд кард, ин аст, ки душманони беимони Аллоҳ, як лаҳза хам адоватро нисбат ба мусулмонон пинҳон намедоранд. Яъне таҳаммулнопазирии онҳо нисбат ба Ислом онҳоро ба ҳар гуна ҳамлаҳо тела додааст. Уилям Юарт Гладстон, нахуствазири Бритониё, тамоми ҳаёти сиёсии худро ба нобудкунии Ислом ва барҳам додани Хилофати Усмонӣ бахшидааст. Шояд барои беҳтар ифода кардани муборизаи байни ҳақиқат ва ботил, гуфтани нутқи навбатие, ки Гладсон дар парламент эрод кард, ба мақсад мувофик бошад. Дар солҳои охири асри XIX Гладстон,  дар парлумони Бритониё  Қуръон дар даст суханронӣ мекард, гуфт: «То даме, ки ин китоб дар дасти мусулмонон боқӣ мемонад, мо наметавонем қудрати воқеиро бар болои онҳо ба даст орем. Дар чунин вазъият мо бояд чӣ кор кунем? Мо бояд ё аз Қуръон халос шавем, ё ба дур шудани мусулмонон аз ин китоб ноил гардем”.

Дар ин матлаб як навъ андешаи зеринро низ аз созишномаи Лозанна  зикр мекунем, ки душмании кофирон нисбат ба Ислом, ҳатто пас аз лағви Хилофат идома доштанашро нишон медиҳад: «Мо бояд нақшае таҳия кунем, ки насли пас аз сӣ сол омадаро маҷбур кунад, ки Қуръонро бо дасти худаш нобуд созад.”

Мубориза ва душмании кофирон комилан бар зидди Ислом нигаронида шудааст, ки барои амалӣ кардан мумкин аст. Дигар хел карда гӯем, Исломи сиёсиеро, ки бар Куръону Суннат асос ёфтааст, ҳадаф қарор додаанд. Таваҷҷуҳи асосии онҳо Ислом дар сатҳи идеологӣ аст. Лю Рэнс Браун дар китоби худ “Ислом ва Исроилият” гуфтааст, ки то чӣ андоза онҳо аз Ислом метарсанд ва нигаронии аслии онҳо худи Ислом аст: “Дарвоқеъ, бузургтарин хатар дар Низоми Исломӣ аст. Зеро Ислом динест, ки метавонад паҳн шавад. Аз ин рӯ, ягона низоме, ки метавонад ба мустамликадории Аврупо муқовимат кунад, Низоми Исломӣ аст.” Тавре дар оғози мақола гуфта будем, ин зуҳуроти мубориза бо Ислом, ки дирӯз сурат гирифт, имрӯз идома дорад ва фардо давом меёбад. Чунон ки шоир гуфтааст:

Забонҳо ва китобҳои даврони мо ба мо мегӯянд,

Ки Абӯлаҳаб фитнагари имон мурдааст.

Абӯлаҳаб намурдааст, бовар макун, Муҳаммад, ин хабар.

Ӯ зинда аст ва ҳамроҳи Абуҷахл саргардон мешавад.

Лоиҳаи Ғарб – Исломи дунявӣ

Таъсири созмонҳои таҳлилии марказҳои «think-tank»  дар ташаккули қадамҳо ва сиёсатҳои Амрико раднашаванда аст. “RAND” яке аз самараноктарин намуди чунин ташкилотҳо мебошад. «RAND», ки ба вижа дар бораи ҷаҳони Ислом гузоришҳо мунташир мекунад, шеваи амалҳои Амрикоро дар кишварҳои мусалмонӣ муайян мекунад. Яке аз гузоришҳоеро созмони «think-tank» бо номи «Исломи шаҳрвандии демократӣ: шарикҳо, захираҳо ва стратегияҳо» нашр кардааст.

Дарвоқеъ, ҷаҳони Ғарб мехост, то исломеро, ки ба дилаш писанд аст, ихтироъ кунад. Аз ин рӯ, барои таҳрик додани тағйирот дар ҷаҳони Ислом ба сӯи демократияи васеътар, модернизм ва эҳтиром ба низоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳони Ғарб бояд таҳқиқоти хуберо анҷом диҳанд, ки кадом унсурҳо, тамоюлҳо ва қувваҳои дохили исломро таҳким хоҳанд дод, ҳадафҳои воқеии душманон ва шарикони онҳо, инчунин оқибатҳои эҳтимолӣ, ки ин барномаи васеътар метавонад ба вуҷуд ояд. Азбаски зикри тамоми стратегияҳои мубориза дар ин мақола ҳаҷми маводро афзоиш медиҳад, мо мехоҳем танҳо бо чанд нуқтаи бевосита ба мавзӯи мо алоқаманд маҳдуд шавем. Гузориши “RAND” нуқтаҳои зеринро дар бар мегирад:

— зарур аст, ки  исломгароии муосир (современний)-ро дастгирӣ карда, ғояҳои он ба барномаи таълимии Исломӣ ворид карда шаванд;

— дунявият ва модернизм бояд ҳамчун фарҳанг ба ҷавононе, ки зери таъсири исломгароӣ қарор гирифтаанд, талқин карда шавад;

— тасаввуф (сӯфигӣ)-ро, (ки ба ҷанбаи сиёсии Ислом рабте надорад ва исломро як дини ирфонӣ медонад) тақвият додан (дастгирӣ кардан) лозим аст.

— бояд идеяи “дин ва давлат-ро аз ҳам ҷудо кардан мумкин аст ва ин ба эътиқод осеб намерасонад, балки баръакс, онро мустаҳкам мекунад,» — дастгирӣ карда шавад.

Ҷумлаи дар боло оварда — “Нақшае бисозем, ки насли пас аз сӣ сол омадаро маҷбур созад, ки Қуръонро бо дастони худ аз байн баранд” ва нуқтаҳои зикршуда далели нақшаву ниятҳои бад ва маккоронаи кофирони мустамликадор аст, ки барои аз байн бурдани  Ислом аз рӯйхати динҳои мавҷуд ва эътирофшуда дар ҷаҳон равона карда шудааст. Мутаассифона, онхо аз рӯи ҳамин гуфторҳо амал карда, дар ин ҷода муваффакиятҳои намоён ба даст овардаанд. Ва боз, мутаассифона, мо инро на дар сухан, балки дар зиндагй мебинем.

Ғарб пас аз барҳам додани Давлати Хилофат талошҳои ноумедона мекунад, ки Исломро аз шуури мусалмонон берун кунад, онро ҳамчун як низоми зиндагӣ аз байн бибарад, аз амалия хориҷ кунад ва Исломро ба як дини рӯҳонии шабеҳи насронӣ ва яҳудӣ табдил диҳад.

Ҳамчунин маълум аст, ки Ғарб дар чорчӯбаи суханҳои пасипардаи «исломияти мурда» барномаҳо ва лоиҳаҳои махфие дошт, ки ҳадафи он ҳама ҷараёнҳои мусулмониро пахш кардан, андешаҳои онҳоро дар бораи ояндаашон ғарқ кардан, мусулмононро бо маҷбуран аз ҳама намудҳои фаъолияти сиёсй ноумед кардан, яъне дар ҳама гуна кӯшиши шикастани андеша ва ҳукмронии ғарбӣ, ҳамчунин таҳкими дунявият ва ақидаҳову равияҳои сиёсии бар асоси он дар Уммат мебошад. Чунин шароит фароҳам оварад, ки ҷунбиши исломӣ Исломро рад карда дар фаъолиятҳои сиёсии худ ба таври ошкоро дунявият (секуляризм)-ро бипазиранд.

Дар натиҷаи талошҳои мустамликадорони Ғарб, Ислом — ягона низоми зиндагӣ, ки ба табиати инсон мувофиқ аст, барҳам дода шуда, бар болои харобаҳои давлати фурўпошидаи Хилофати Усмонӣ демократия ва дунявияти бегона бунёд гардид. Ҳоло ин сарзамини бостонӣ, ки дар қаламрави он замоне Хилофат буд ва он солҳои тӯлонӣ низоми исломиро амалӣ мекард, ба як давлати дунявӣ табдил ёфтааст. Вақте ки дунявият ба ҳаёти мо ворид шуд, бо мо, наслҳои мо ва намояндагони ҷаҳони мусулмонӣ чунин ҳолат рух дод. Чунон ки шоир гуфтааст:

Чӣ моро водор кард, ки худро ба як бегонаи аз дур омада иваз кунем?

Мо сабақҳои гузаштаро фаромӯш карда, зуд тағьир ёфтем.

Тиреза ба Аврупо — дарвозаи ҷаҳаннам —  ҷониби мо васеъ кушода аст,

Боди сард аз Ғарб ба мо бадбахтӣ овардааст.

Замоне буд, ки кӯдакон дар сояи давлати Хилофат эмин ба воя мерасиданд ва ҳоло қурбони таҷовуз ва хушунатҳои низоми дунявӣ ҳастанд.

Замоне кулли наслҳо  аз наздик шудан ба он чизе, ки Аллоҳ ҳаром кардааст, саркашӣ мекарданд ва ба он чизе, ки Ӯ ҳалол кардааст, мешитобанд, вале ҷавонони имрӯза ҷойи калимаҳои “ҳаром” ва “ҳалол”-ро иваз кардаанд.

Пештар ҷавонон ҳаргиз аз кишти Қуръон дар дилу забон лаҳзае бознамеистоданд, вале ҳоло ба сӯи Ғарб, ки ба тамоми соҳаҳо нуфуз рондааст, нигоҳи мафтуни худро моил мекунанд.

Дар зери гумбази капитализм муҳити амният, сулҳу осоиш ва оромӣ бо муҳити нооромй, ноамнӣ ва ноустуворӣ иваз карда шуд.

Мусулмононе, ки новобаста аз мансубияти нажодӣ ҳамдигарро бародар медонистанд, аз таъсири ақидаҳои нажодпарастӣ ва миллатгароӣ нисбат ба ҳамдигар душманӣ пайдо карданд.

Нисбати пиронсолон, ки ҳангоми дар паҳлӯяшон будан аз ҳурмату эҳтиром овоз баланд намекарданд, ба афроде табдил ёфтаанд, ки нодида мегиранд, таҳқир мекунанд ва бар замми ин  латукӯб ҳам мекунанд.

Одамоне, ки барои паррандагон лона сохта мемонданд, ҳозир нисбат ба ҳайвонҳои бесоҳиб хашмгинона рафтор мекунанд.

Насле, ки аз “сангҳои садақа1”, ки дар Давлати Усмонӣ мегузоштанд, ба қадри зарурӣ гирифта, ба боқимондааш даст намезаданд, ба насле иваз шуданд, ки дар ҳар шаш дақиқа як хонаро ғорат мекунанд.

Менталитети одамоне, ки тартибу одобро риоя мекарданд, бо менталитети нопок, ки аз ҳар гуна одоб холӣ аст, иваз карда шуд.

Ин қабр  фаҳмиши исломи дунявӣ-демократӣ  аст.

Тақрибан 20 сол аст, ки баҳсҳо ва сӯҳбатҳо идома доранд, ки исломгароӣ дар ҷаҳони ислом мурдааст ё фурӯ рафтааст.

Хулоса, ки шикасти Ислом на аз сабаби мувофиқат ё номутобиқатии ақидаҳо ва равишҳои ҷунбишҳои исломӣ бо Ислом, балки аз сабаби раҳбарон ва аъзои ин ҷараёнҳо, ки мусалмонанд, ба интизориҳо мутобиқат накарданд. Ин хулосаро мустамликадорони кофир бевосита ба миён меоваранд. Мустамликадорони душмани Ислом пас аз пажӯҳиш ва коркарди пуршиддат тасмим гирифтанд, ки бо ҳамла ба Ақидаи Исломӣ тавонистанд Исломро комилан аз байн баранд, то таълимоти дунявиятро, ки бар асоси принсипи ҷудо кардани дин аз ҳаёт мавҷуд аст, бо дасти ҳокимон, мутафаккирони ғарбпараст ва донишмандони кишварҳои мусалмонӣ ба вуҷуд оранд.

Мутаасифона, онҳо тавассути ҳизбҳое, ки сарварон ва аъзоёнашон мусулмонанд,  равиши дунявӣ ба ҳукумат пешбарӣ кардаанд. Мутаассифона онҳо тавонистанд ин Уммати беҳтаринро, ки бо демократия оштӣ ва ҳамгироӣ надоштанд, бо гуфтор ва ангезаҳои “исломӣ” бифиребанд.

Онҳо мусулмононро ба дунявият (секуляризм) даъват карданд. Аммо аҳзоб ва ҷунбишҳои демократии таҳти сарварии мусалмонон ҳеҷ гоҳ Исломро муаррифӣ накардаанд. Аз ин рӯ, агар касе имрӯз мурда бошад, он мурда — низоми демократии дунявӣ ва ҳизбҳои таҳти раҳбарии он мусулмонон аст. Агар касе аз байн рафта бошад, пас ин  капитализм аст, аммо умуман Ислом ва низоми он нест.

Оё бо такя ба чанд мисол ва таҷриба фикр карданд, ки исломгароӣ аз фурӯпошӣ осеб дидааст? Ё ин ки фурӯпошӣ ба демократия ва капитализм ишора мекунад, ки бо шиорҳои исломӣ  мусалмононро фиреб карда умри худро дароз карданӣ мешаванд?

Пас ман мехоҳам бипурсам:

— Оё истеъмоли миллиардҳо литр машрубот дар кишварҳои мусалмоние, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, хидмати низоми дунявии демократӣ нест, ки пас аз аз байн рафтани низоми Исломӣ ба роҳ монда шуд?!

— Магар ба сабаби низоми маърифати дунявӣ нест, ки синни истеъмоли маводи мухаддир ба сатҳи мактаби ибтидоӣ поин рафтааст?!

— Магар ин натиҷаҳои идеяи озодиву модернизм (муосирият) ва меваҳои талхи демократия нестанд, ки ҷавонон ба майзадагӣ, ҳатто то ба комаи майзадагӣ ва марг гирифтор мешаванд?!

— Оё насле, ки ҳуввияти исломии худро аз даст дода, дар гирдоби фасод ғарқ шудааст, натиҷаи ҷаҳонбинии демократӣ нест?

— Волидоне, ки ба сабаби духтаронашон дар ботлоқӣ танфурӯшӣ ғарқ шуд, «зиндаи мурда» гашт, бояд бар ин низоми бадхоҳ «шукр» кунанд?!

— Ғаму андӯҳи волидоне, ки фарзандони худро ба ғояи озодӣ — самараи демократия қурбонӣ кардаанд, магар муваффақияти низоми дунявӣ нест?!

— Магар ин низом ҷавобгар нест, ки фарзандони мо маҷбуранд бо ҳамҷинсгароён (гомосексуалҳо) аз як ҳаво нафас гиранд?!

Боз мепурсам: оё сохти дунявии демократӣ, ки инсониятро дар сатҳи табиӣ нобуд карда, ба зиндагӣ ба таври ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ маҳкум кардааст, фурӯ рехт ё Ислом, ки кафолати аз зулмот ба рӯшноӣ баровардани инсониятро дорад?

Оё Ислом мемирад ё демократия? Ё ба таври дигар бипурсем: кадоме маргро ба тамоми мавҷудоти зинда меорад — Ислом ё дунявят (секуляризм)?!

Бале, ҳама розӣ ҳастанд, ки қабре вуҷуд дорад. Қабре, ки баъзеҳо онро ба исломгароӣ нисбат медиҳанд, аммо он воқеан ба фаҳмиши Исломи  демократӣ  тааллуқ дорад. Ин дафни сохти капиталистӣ, идеалҳои дунявӣ ва демократияи он мебошад.

Намояндагони хокимияти ин система низ эътироф карданд, ки интиҳои ногузири капитализм ва шакли идоракунии он — демократия фаро расидааст. Биёед иқтибосҳои зерини Номзади ҷумҳурихоҳ ва конгрессмени собиқи Техас Рон Полро ба ёд меорем: «Ба фикрам, мо ба охир расида истодаем, зеро афзудани қарз ва хароҷоти ҳарбии ИМА дар ниҳояти кор ба харобшавии система оварда мерасонад, чунон ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯй дода буд».

Бори дигар далели он гардид, ки сохти демократӣ борҳо дар давраи бӯҳронҳо канда шуда буд, наметавонад ҳалли мушкилоти башариятро таъмин кунад.

Дар айни замон бечорагӣ ва сарбастаи мафкураи инсонӣ аз ҳеҷ як ақлу виҷдони солим пинҳон шуда наметавонад. Комилан возеҳ аст, ки ягона идеологияи имрўз нерўи рушди башарият дошта, Ислом ва татбиқи он – Хилофат аст, зеро пеш аз инҳо он башариятро ба сўи рушд ва ҳалли решагӣ аз мушкилот раҳнамоӣ карда буд.

Гузашта аз ин, инро гузорише бо номи «Харитаи ояндаи ҷаҳонӣ» — «Mapping the Global Future» мекунад, ки Шӯрои миллии иктишофии ИМА (NIC) аз агентиҳои иттилоотии ИМА иборат аст. Он барои маъмурияти ИМА идеяҳои стратегии миёна ва дарозмуддат омода мекунад. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар соли 2020 даъвати Исломӣ  посух хоҳад гирифт ва тамаддуни исломӣ бо анҷоми тағйироти ҷаҳонӣ ба нафъи Хилофат ба решаҳои худ бармегардад.

Дар натиҷа, ин қабр на ба Ислом, балки ба демократия ва дунявӣ тааллуқ дорад. Боз ҳам ин қабр ба Исломи поку равшан тааллуқ надорад, балки ба «ислом»-и дунявӣ ва демократӣ тааллуқ дорад. Шубҳае нест, ки абрҳои сиёҳи демократия ва беимонӣ, ки гирди ҷаҳони моро иҳота кардаанд, рӯзе аз офтоби Ислом пароканда мешаванд ва зулм ва бесарусомоние, ки  бар сари мо боридааст, бо изни Худо ба поён мерасад. Бешубҳа, ин як Исломи сиёсӣ аст, ки ҷаҳони торики моро равшан мекунад. Ягона кафили ин Хилофати Рошида тибқи тариқати нубувват аст.

Аллоҳи Бузург мефармояд:

يُرِيدُونَ أَن يُطۡفِ‍ُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَيَأۡبَى ٱللَّهُ إِلَّآ أَن يُتِمَّ نُورَهُۥ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ

“Кофирон мехоҳанд нури Аллоҳ (дини Ислом)-ро бо даҳони худ бо суханони дурӯғ ва шубҳаҳояшон хомӯш кунанд ва Аллоҳ қабул намекунад, магар он ки нури худ (дини Ислом)-ро комил созад. Ҳарчанд кофиронро хуш наояд.»   (9:32)

 

Абдуллоҳ Имомӯғлу

  1. Дар роҳҳои давлати Усмонӣ сангҳои садақа вуҷуд доштанд, ки мардум метавонистанд дасташонро андозанд ва миқдори пуле, ки барои эҳтиёҷоти худ лозим аст, бигиранд ва ё садақа мегузоштанд. Ва касе намедонист, ки чаро ин ё он кас дасташро андохт — гирифтан ва ё садақа гузоштан?

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads