Имони зиёд ё кам…

Имони зиёд ё кам…

Онҳое, ки амал бахше аз имон аст мегуфтанд, табиист, ки бо чунин мушкилот рӯбарӯ шуданд: имон зиёд мешавад ё кам мегардад, боло меравад ё паст мефарояд.

Вақте ки бораи ҷузъи ҷудонашавандаи имон будани амал  қарор карда шуд, муодилаи зерин муқаррар гардид. Имони намозгузор ва бенамоз яксон нест. Яъне имони аввалӣ зиёд, имони дуюмӣ бошад кам мешавад. Ҳамин тавр, онҳо ба хулосае омаданд, ки имон дар баробари анҷом додани амал зиёд мешавад.

Онҳо барои исботи ақидаашон ҳадиси зеринро овардаанд:

«Имон беш аз ҳафтод ё шаст шоха дорад, ки беҳтарини онҳо гуфтани калимаи «Нест маъбуде ба ҷуз Аллоҳ» (Ла илаҳа иллаллоҳ) ва хурдтаринаш дур кардани он чизест, ки (ба мардум) зиён мерасонад. Ва ҳаё яке аз шохаҳои имон аст» (Абу Довуд).

Амири Ҳизб-ут-таҳрир Шайх Ато ибни Халил Абӯ ар-Рашта дар китоби «Сабуккунӣ дар асосҳои тафсир» зимни баррасии масъалаи зиёд ва ё кам шудани имон  мефармояд, ки инсон агар  чизеро, ки ба мардум зиён мерасонад, аз роҳ дур накунад, кофир намешавад, чунон ки дар ҳадиси боло омадааст. Сипас дар мавриди ин ҳадис ва оятҳои ба ҳамин монанд тафсиршуда истидлол мекунад, ки онҳо ба мафҳуми дараҷаи имон наомада, балки ба маънои тақвияти имон омадаанд.

«Мардум ба онҳо гуфтанд: «Халқ бар зидди шумо ҷамъ омадаанд. Аз онҳо битарсед». Аммо ин кор имонашонро афзун кард ва гуфтанд: «Худо моро басанда аст ва ин вакил ва валию сарпараст чӣ гуна аҷиб аст».  (3:173).

Аз ин рӯ, зиёдшавӣ/афзоиши имон, ки дар ин оят ва дар бисёре аз оятҳои дигар ба кор рафтааст, ба маънои тақвият, яъне мутмаин (оромӣ, эътимод) вомехӯрад. Ин ба маънии зиёд ва кам шудани имон (зиёда ва нуксон) аз лиҳози миқдорӣ нест.

Аз тарафи дигар, имон як изҳороти қатъӣ аст, ки дар асоси далелҳои қатъии мувофиқ бо воқеият ба вуҷуд меояд. Аз ин сабаб, инсон метавонад ба чизе бо итминон бовар кунад ё накунад. Аз нигоҳи шариат набояд имонро бо тақсими фоиз баҳо дод. Содда карда гӯем,  кас наметавонад ба Аллохи Мутаъол 99% имон оварда, бигӯяд, ки «Ман1% шубҳа дорам». Ин гуна ки имон ба маънои миқдор зиёд ё кам шуда наметавонад. Инсон метавонад ба чизе бовар кунад ё бовар накунад.

Мавод аз китоби «Такфир» дар нашриёти маҷаллаи «Köklü Değişim» ба табъ расидааст.

Куртулуш Севинч

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads