Хусиҳо, бидонед! Нафрати Худо бузург аст, ба он ки чизеро мегӯед, худ онро намекунед!
22.01.2022
Пас аз содир шудани фармони додситонии Санъо дар бораи озодии се узви боздоштшудаи Ҳизби Таҳрир, Вазорати Умури Дохилии “Ҳукумати Наҷот” ҳамагӣ ду нафарро раҳо кард, ҳарчанд асноди ҳамаи боздоштшудаҳо ироа шуда буд.
Дар ин робита Дафтари марказии иттилооти Ҳизби Таҳрир изҳороти Шафиқ Хамисро аз Яман нашр кард, ки дар он гуфта мешавад: “Дирӯз худи Ҳусиҳо заъиф буданд ва аз худхоҳии Алӣ Солеҳ, ҳукумати золим ва хадамоти амниятии ӯ ранҷ мебурданд, ки одамонро барои эътиқодашон таъқиб менамуданд, бе ягон асос ба зиндону боздоштгоҳҳо мепартофтанд. Акнун онҳо озод шуданд.»
Дар идомаи баёния гуфта мешавад: «Асли мусалмон тахмин ба бегуноҳии ӯст. Аммо Ҳусиҳо ин аслро тарк карданд. Минбаъд аз низомҳо, қонунҳо ва ахлоқи онҳо сухан наронем ҳам мешавад. Ҳусиҳо борҳо такрор мекунанд, ки онҳо дар болои харобаҳои режими пешин низоми нав эҷод карда истодаанд. Аммо чаро онҳо мисли режими пештара рафтор мекунанд?! Худованд мефармояд:
كَبُرَ مَقۡتًا عِندَ ٱللَّهِ أَن تَقُولُواْ مَا لَا تَفۡعَلُونَ
“Худованд сахт ба хашм меояд, ки чизе бигӯеду ба ҷой наёваред.” (61:3)
Ҳамчунин, ҷаноби Ҳомис менависад: “Ҳусиён бидонанд, ки танҳо татбиқи Ислом метавонад кафолати истиқрори адолат миёни мазлумону ситамкорон бошад. Аммо ин танҳо дар Хилофати дуввуми Рошида мувофиқи тариқати нубувват имконпазир аст, ки Ҳизби Таҳрир баҳри он кор ва фаъолият мебарад. Аъзоёни Ҳизб аз мушкилот, ҳабс ва зиндон наметарсанд. То он гоҳ ки парчами Расули Аллоҳ (с.а.в.) дар болои Уммати Исломӣ баланд нашавад, аз корашон ақиб намераванд.
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
01/12/2022