Ҳукми ҷашни Соли нав. Аҳмад ал-Қасас, Триполи, Лубнон.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳукми ҷашни Соли нав.

Аҳмад ал-Қасас, Триполи, Лубнон.

 

Расули Аллоҳ (с.а.с.) гуфтанд: «Ҳар кас навовариеро дар кори мо ворид созад, ки ба мо дахл надорад, рад карда мешавад». Инчунин Расули Аллоҳ (с.а.с.) фармуданд: «Ба ҳеҷ ваҷҳ навоварӣ ҷорӣ насозед! Ҳар навоварӣ — бидъат ва ҳар як бидъат-гумроҳӣ аст». Дар мавриди идҳои хоса Аллоҳи Бузург на бештар ҳамагӣ ду рӯзро қонунӣ кардааст: инҳо Иди Фитр ва Иди Қурбон мебошанд. Анас (р) ривоят мекунад: «Вақте ки Расули Аллоҳ (с.а.с.) ба Мадина омаданд, мардуми маҳаллӣ ду ид доштанд, ки дар он рӯзҳо бозиҳо ташкил мекарданд. Расули Аллоҳ(с.а.с.) ба онҳо гуфтанд: «Аллоҳи Бузург ин ду идро ба ду ҷашни дигар, ки беҳтар аст — Иди Қурбон ва Иди Фитр иваз намуд».

Таҳия кардани идҳои нав ба истиснои ду иди мавҷуда ҷоиз нест, гарчанде ки иди нав ангезаи Исломӣ дошта бошад ҳам. Ин чунин маъно дорад, ки мусулмонҳо умуман ҳуқуқи таҷлили идҳоеро, ки аз дигар динҳо гирифта шудааст надоранд. Аз ин рӯ, даъвати мусалмонон ба ширкат дар ҷашни Соли нав  маънои бо насрониён дар шиорҳои онҳо иштирок карданро дорад, ки ин дар Ислом комилан ҳаром аст. Расули Аллоҳ (с.а.с.)аз пайравӣ аз роҳи кофирон манъ карда, фармуданд: «Шумо ба роҳи касоне, ки пеш аз шумо омадаанд, ваҷаб ба ваҷаб, оринҷ ба оринҷ пайравӣ хоҳед кард. Агар онҳо ба сӯрохии сусморе дароянд ҳам, шумо аз паи онҳо хоҳед рафт». Пурсидем: «Эй Расули Аллоҳ! Оё шумо яҳудиён ва насрониёнро дар назар доред?» Он кас ҷавоб доданд: «Боз киро мешуд?»

Вакте ки Расули Аллоҳ (с.а.с.) дар дасти саҳҳобаи машҳур Умар ибни Хаттоб (р) саҳифаеро аз Таврот диданд, хашмгин шуданд ва ба ӯ гуфтанд: «Оё ба он (ояти Қуръон) шубҳа менамоед, эй писари Хаттоб? Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст! Ман бо ҳамин ба назди шумоён омадам, поку сафед! Аз онҳо чизе напурсед, ки шояд онҳо ба шумоён сухани ҳақро гӯянд ва шумоён бошед онро ботил меҳисобед ва ё онҳо ботилро хабар медиҳанд, шумоён бошед онро ҳақиқат меҳисобед. Ва Қасам ба Зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, агар Мӯсо зинда мебуд, чорае дигар ҷуз пайравӣ аз ман надошт».

Аз ин рӯ, мо ба кулли мусалмононе, ки дар ин чорабиниҳо ширкат намуда, Соли навро таҷлил карданианд, бо маслиҳати самимӣ муроҷиат менамоем: Худро аз гуноҳ нигоҳ доред ва роҳи ростро интихоб намоед!

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads