Ҳокимони Халиҷи форс наздик шудан бо яҳудиёнро давом медиҳанд

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Ҳокимони Халиҷи форс наздик шудан бо яҳудиёнро давом медиҳанд

  Дар масъалаи он, ки ҳокимони мусалмонҳо, аз ҷумла ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форс, василаи асосии ҳалли муаммои Фаластин бар нафъи вуҷуди яҳудӣ мебошанд сухан кардан зиёдатӣ шуда монд. Ин ҳокимон ба дастурҳо аз Вашингтон ва Лондон пайравӣ менамоянд; гоҳе суръати равандро метезонанд, гоҳе суст мекунанд.

Шӯрои иттиҳодияи кишварҳои Халиҷи Форс рӯзи чаҳоршанбеи гузашта изҳор дошт, ки ҳамаи шаш кишвар аз муаммои Фаластин нигарон ҳастанд ва ин мушкил ба арабҳо ва дар навбати аввал – ба мусалмонҳо дахл дорад. Онҳо инчунин изҳор доштанд, ки  таъсис додани давлати Фаластинро бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар сарҳадҳои 4 июни соли 1967 дастгирӣ менамоянд.

Ин изҳоротҳо дар заминаи вокуниш ба ҳамлаҳои ахири вуҷуди яҳудӣ ба масҷиди Ал-Ақсо садо дод. Тахмин мерафт, ки онҳо барои халқи Фаластин мусбӣ  мешаванд. Аммо онҳо мавқеъи шармандаовари кишварҳои Халиҷи Форсро фош намуданд, зеро онҳо аз дастгирии Фаластин дар сарҳадҳои 4 июни соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ изҳор доштанд. Дигар хел гӯем, онҳо озодшавии Фаластин ва ихроҷи яҳудиёнро аз он ҷо намехоҳанд; онҳо мехоҳанд, ки  80%-и замини Фаластинро бидиҳанд, онҳо Байтулмуқаддасро ба шарқӣ ва ғарбӣ тақсим намуда, як қисми шаҳрро ба яҳудиён тӯҳфа карданд. Онҳо мехоҳанд бар ивази таъсис додани давлати кӯчак бо номи Фаластин аз чор се ҳиссаи замини муборакро бидиҳанд. Ҳамаи ин аз рӯи лоиҳаи амрикоии соли 1959 мебошад. Ин лоиҳа ба яҳудиён имконият дод, ки сарзамини муборакро, ки дар қалби Уммати Исломӣ ҷойгир шудааст забт, бехатар ва барои худаш босубот гардонад.

Онҳо изҳор доштанд, ки муаммои Фаластин — муаммои арабҳо ва  дар навбати аввал аст – муаммои мусалмонҳо мебошад. Онҳо ин ҷо ҳақ ҳастанд, агар сухан дар бораи мардуми оддӣ равад. Фаластин, Қудс, Ақсо — дар қалби мусалмонҳоанд ва ин сарзамини муборак бо Ислом, бо Муҳаммад ﷺ, бо сураи Исро («Сафари шабона»), — порае дар гулӯи мустамликадорон,  яҳудиён ва ҳокимони фурӯхташуда аст. Агар дар ин изҳорот онҳо худро дар назар дошта бошанд, ки муаммои Фаластин — муаммои онҳост, пас ин дурӯғи маҳз аст. Ҳамаи мавқеъҳои онҳо — кӯҳна, нав ва ё оянда — ба бартараф намудани муаммои Фаластин , на ба ёрӣ расонидан, инчунин ба манфиатҳои мустамликадор дар минтақа хизмат намудан нигаронида шудааст.

Вақтҳои охир тамоми ҷаҳон таҷовузи қатънашавандаи яҳудиёнро ба муқобили халқи Фаластин мушоҳида менамояд. Дар айни замон бошад ҳокимони Халиҷи Форс ҷуръат намуда, лоиҳаҳои ба эътидол овардани равобит бо вуҷуди яҳудиро ошкоро дастгирӣ мекунанд, гӯё ки дар худи Фаластин ҳеҷ чиз рух надода истодааст.

Солҳои ахир миқёси забоняккуниҳои ҳокимони мусалмонӣ, азҷумла ҳокимони Халиҷи Форс равшан шуд. Онҳо бо муносибати худ ва пулҳои дуздидаашон барои батараф  кардани муаммои Фаластин мусоидат намуданд. Аз як тараф онҳо бо вуҷуди яҳудӣ равобити ошкору пинҳонӣ барқарор намуда, бо ин васила барои худи яҳудиён ба кишварҳои мусалмонӣ роҳ мекушоянд,  азҷумла — барои корҳои тиҷоратӣ, аз тарафи дигар, онҳо бо баъзе гурӯҳҳо дар навори Ғазза ва ҳукумат робита доранд то ин ки муқовиматро суст намуда, халқи Фаластинро ба зону шинонанд.

Маъмурияти кунунии амрикоӣ ва он маъмурияти пеш аз он дар ҳокимони Халиҷи Форс чизи дилхостаашонро пайдо карданд, хусусан ҳозир, ки ин ҳокимон бо тамоми қувва онҳоро хушнуд кардан мехоҳанд. Ин ҳокимон ба  Амрико ва Англия, ки аз сабаби ҳирс  ва тарси худ бо хости Амрико розӣ шуд,  хидмат мекунанд. Маъмурияти Трамп  ҳокимони маҳаллиро ба таври даҳшатовар истифода бурд. Ӯ боигарии онҳоро ғорат карда, маҷбур намуд, ки миллиардҳо доллар пардохт намоянд. Сипас, барои ба рӯёб баровардани манфиатҳои худ дар Шарқи Наздик онҳоро барои ба эътидол овардани муносибатҳо бо вуҷуди яҳуд  дар  доираи созишнома бо номи «Созишномаи Иброҳим» водор сохт. Пасон Байден омад ва роҳи ӯро идома дод. Нақши АМА ва Баҳрайн дар он ифода меёфт, ки  муносибатҳо бо «Исроил»-ро ба эътидол оварад. Нақши Қатар назорати Ғазза, гурӯҳҳое, ки он ҷо қарор доранд ва ҳукумати он буд. Аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар сурати васеъ паҳн накардан ба эътидол овардани муносибатҳо, бозиҳои пасипардагӣ ва сафарҳо мушоҳида мешуд. Инчунин дар бораи сафарҳо ва муносибатҳо бо Уммон низ маълумот буд. Ҳамин тавр, кишварҳои Халиҷи Форс дар амалӣ кардани нақшаҳои амрикоӣ ва яҳудӣ дар минтақа ташаббусро ба дасти худ гирифтанд.

Аён аст, ки ҳокимони Халиҷи Форс мисли дигар ҳокимони минтақа – ҳокимони Миср, Урдун, Туркия, Марокаш ва Тунис – ҳамаашон пора (фигура)-ҳои шоҳмот дар дасти абарқудратҳои ғарбӣ мебошанд. Ғарб бо сарварии Амрико даҳсолаҳо пеш  дар бораи зарурати пурқувват намудани яҳудиён дар сарзамини муборак, омода намудани фазо ва муносибатҳо барои таъмини амният ва зинда мондани онҳо дар қалби Уммати Исломӣ стратегия қабул намуд. Моён мебинем, ки ҳокимон саросемавор ҷамъ мешаванд, то садоқат ва итоати худро ба Ғарб нишон диҳанд, равобит барқарор мекунанд, Фаластинро талаву тороҷ ва тақсим мекунанд ва аз кӯчактарин бархӯрд бо мустамликадор ва вуҷуди яҳудӣ дурӣ меҷӯянд.   Ана барои чӣ моён ба наздикӣ дидем, ки саҳюнистҳоро маҳкум ва айбдор карданҳои онҳо  зери назорат  гирифта шуда, чун пештара дар шакли хашмнок ва душманона садо намедиҳанд. Сабаби ин дар он аст, ки онҳо бо тамоми ҳастиашон бо саҳюнистҳо ва Ғарб ҳамроҳ мебошанд.

 Фаластин ва муқаддасотҳои  он мунтазири озодшавии худ ҳастанд ва пирӯзиву бузургӣ танҳо бо кӯмаки артиши Уммат ва фармондеҳони самимии он ба даст хоҳад омад. Даъвати доимии халқи Фаластин ба Уммат ва артиши он барои озод намудани ин сарзамини муқаддас хоби даҳшатноки  мустамликадор ва яҳудиён   гардидааст. Ба зудӣ, бо хости Аллоҳ, ин кор ба амал меояд.

 

Газетаи «Ар-роя»

15.06.2022

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads