Ҳокимони ғарбпарастро сарнагун карда, Хилофатро баргардонед!
14.01.22
Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Покистон бо нашри як изҳорот чунин баён кард: “Ҳокимони гумоштаи Покистон аз бӯҳрони шадиди башардӯстона дар Афғонистон истифода карда, Толибонро маҷбур мекунанд, ки ҳукумати услуби ғарбӣ ташкил кунанд.
Ин аз тариқи нишасти ғайринавбатии Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ сурат мегирад, ки воқеан ин созмон барои ҷилавгирии ваҳдати мусалмонон ва таъсиси Хилофат бунёд карда шудааст.”
Дар баёния ҳамчунин омадааст: «Ҳокимони хиёнаткор то ҳол ҳукумати Толибонро ба эътибор нагирифтаанд, ҳарчанд қаблан бо дархости Амрико вокуниши хеле зуд нишон дода, режими дар замони ишғоли Афғонистон эҷодшударо эътироф карда буданд.»
Дар он боз таъкид мешавад: «Ҳамаи ин ҳокимон ҳар чизеро, ки ба Амрико мувофиқ аст, мегӯянд. Ваъдаи кӯмаки андаке бо шартҳои таҳқиромез баробар ба ришва аст, то ҳукумати Толибонро ба гузашткуниҳои минбаъда маҷбур созад.”
Ҳизби Таҳрир дар муроҷиати худ ба нерӯҳои мусаллаҳи Покистон менависад: “Афғонистон ва Покистон аз назари дин, ҷуғрофиё ва таърих як миллатанд. Шумо ҳатман дар рӯзи Қиёмат аз гуруснагии кӯдакон пурсида мешавед. Дастгирии мусулмонони гурусна кори ҷомеаи ҷаҳонӣ нест, балки вазифаи Уммати Исломӣ аст. Пас режими амрикоипарасти Покистонро сарнагун кунед ва ба ҷои он Хилофати одилонаро бо тариқи нубувват барпо кунед!”
Дар хотима гуфта мешавад: «Мусулмонони Афғонистон, Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик тайёранд, ки шуморо кабул кунанд. Уммат мунтазири Халифаи худ аст, ки кишварҳои мусалмониро ҳимоят мекунад ва рисолати исломро дар саросари ҷаҳон паҳн менамояд.»
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
29.12.2021