Ҳоким метавонад ваколатҳои қозиро ба ӯҳда бигирад
Ҳадис
«Абдул-Азиз ибни Абдуллоҳ ба мо гуфт… «Урва ибни Зубайр ба ман гуфт, ки Зайнаб бинти Умму Салама ба ӯ гуфтааст, модараш Умму Салама (р) ҳамсари Паёмбар ﷺ ба ӯ гуфтааст:
أنه سمع خصومة بباب حجرته فخرج إليهم فقال إنما أنا بشر وإنه يأتيني الخصم فلعل بعضكم أن يكون أبلغ من بعض فأحسب أنه صدق فأقضي له بذلك فمن قضيت له بحق مسلم فإنما هي قطعة من النار فليأخذها أو فليتركها
«Рӯзе Расули Худо ﷺ дар назди дари хонаи худ баҳсу мунозираро шуниданд. Он ҳазрат ﷺ ба сӯи баҳс баромада гуфтанд: «Ман танҳо як одам ҳастам ва мардум бо даъвоҳои худ назди ман меоянд ва мумкин аст, ки яке аз шумо нисбат ба дигаре боварибахштар бошад. Ва ман мепиндорам, ки ӯ рост гуфтааст ва ба нафъи ӯ бар асоси шунидаам, ҳукм мекунам. Аммо, агар [ба хато] тасмим гирам то он чизеро, ки ба [мусулмонони дигар] тааллуқ дорад, ба ӯ бидиҳам, ин ҷуз бахше аз оташи дӯзах нест! Пас ҳар кас, ки (ба нафъи ӯ қарор бароварда шуд) онро бигирад ё аз он даст кашад». (1)
Аз китоби «Панчоҳ ҳадис дар бораи сиёсати Шариъат», муаллиф Исмат Авнӣ Салим ал-Ҳаммурӣ.
(1). «Саҳиҳ»-и Бухорӣ.