بسم الله الرحمن الرحيم
Ҳоким кист? Кӣ ҳуқуқи қонунгузориро дорад? Аллоҳ Таъоло ё инсон?
Соир Салома, Абӯ Молик
Мо дар хулосаи ин китоб (Қуттии сиёҳи фикри ғарбӣ) ва дар матни он барои ин савол заминаи фикриро таъсис додем, зеро он саволи меҳвариест, ки китоб дар атрофи он давр мезанад. Дар ин китоб мо баёни мушкилоти душвори фикриро, ки дар натиҷаи ба башарият супоридани қонунгузорӣ ба вуҷуд меояд, ниҳодем. Дар ин ҷо бошад мо ҳалҳоеро пешкаш мекунем, ки масъаларо ба ҷои дурусти худ бармегардонанд. Қонунгузориро аз дасти башарият гирифта ба дасти Холиқ баргардонидан чӣ натиҷаҳо медиҳад? Чаро ин корро анҷом додан барои мо воҷиб аст? Чаро зарур аст, ки барои некии башарият, рӯёби ҳақ, барпои адолат ва танзими дурусти ҳаёт мо бояд шариати исломиро бо хислатҳои мӯъҷизавии он ҳамчун манҳаҷ бигирем?
Ҳар як давлат дар ҷаҳон бар ду принсипи асосӣ бунёд меёбад: сиёдат ва салтанат[1]. Сиёдат ҷиҳатеро ифода мекунад, ки дар давлат аз қудрати олӣ, ки аз доштани салоҳияти қонунгузорӣ баромада меояд, бархӯрдор аст (соҳиби сухани ниҳоӣ дар ҳалли баҳсҳо ва муноқишаҳо дар масъалаҳои мухталиф). Чунин соҳибӣ ё тавассути соҳибҳуқуқ сохтани иродаи омма амалӣ мешавад ё тавассути идоракунии иродаи омма бо қонунҳо ва ташреоти муайяне, ки аз ҷониби ин ҷиҳат гузошта шуда, тасарруфоти ин иродаи оммаро ба ин сиёдат дар тамоми ташреоте, ки ин ҷиҳат, яъне соҳиби сиёдат мебарорад, тобеъ менамояд, то ки иҷроиши аҳком дар ҳамаи алоқаҳо ва дар рафтори фард, ҳатто дар алоқа бо чизҳо инъикос гардад. Ин сиёдат, аз замони пайдоиши умматҳо, ё аз они Аллоҳ буд ё аз они инсон. Вақте ки сиёдат аз они инсон мешавад, он шаклҳои гуногунро мегирад. Гоҳо он дар як шахс маҳдуд мешавад, ба мисоли Фиръавн, ки мегуфт: “Ман парвардигори олии шумоям!” (79:24), “Ман барои шумо худоеро, ҷуз худам, намешиносам” (28:38). Гоҳо он дар ҳизби ҳоким таҷассум меёбад, ба мисоли ҳизби коммунистӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ. Пеш аз инқилоби Фаронса сиёдат дар дасти калисо буд, ки “ҳаққи илоҳӣ” ном чизро баҳона мекард. Сипас, баъди инқилоб он ба “халқ”, ки онро парлумон намояндагӣ мекунад, кӯчид. Дар воқеъ, касони бо қонунгузорӣ машғулбуда танҳо як гурӯҳи ҳуқуқшиносон ва қонундонҳои конститутсионӣ буда, парлумон танҳо ба ташреоти онҳо овоз медиҳад ва мардум, чуноне ки гумон меравад, қонун қабул намекунад. Бо вуҷуди гуногунии шаклҳои чунин сиёдат, сифати умумии онҳо ин аст, ки онҳо салоҳияти қонунгузориро ба инсон медиҳанд. Пас аз он, ки Аллоҳ Муҳаммад ﷺ-ро фиристод, сиёдат танҳо бо Аллоҳи ягона маҳдуд шуд ва эшон давлаташонро дар ин замина барпо карда, ҳар ҳукми бар хилофи ин асосро тоғуте эътибор карданд, ки бояд ба он кофир шуд… Аз гуфтаҳои мазкур маълум мешавад, ки салоҳияти қонунгузорӣ ва ҳукм бар корҳо ду сарчашма дорад. Сеюме вуҷуд надорад. Ё он аз они Аллоҳ (шариат) аст ва ин чизест, ки Расулуллоҳ ﷺ овардаанд, ё он аз они инсон аст, ки бо (ақл[2]/ҳавас) номҳои гуногун[3] зикр мегардад.
Илму санъат, адабиёт, фалсафа, таърих, фиқҳ ва забон, эҳё ва пешрафти башар ва тамаддунҳое, ки ӯ бунёд кардааст, пешрафти маърифат ҳамчун маърифат, ҳамаи инҳо маҳсули ақл ва аз ин рӯ маҳсули тафаккур ҳастанд. Маърифат ҷавҳари ҳастии инсон ва меваи натиҷаи ақлии ӯст. Он меваи омӯзиши умқи ҳастӣ ва майдонҳои ҳаёт буда, маҳз ҳамин меваҳост, ки ё мартабаи инсонро баланд бардошта, ӯро беҳтарин махлуқот мегардонад ё ӯро ба дараҷаи аз чорпоён ҳам пасттар мефарорад. Тавассути он инсон бо худ созгор гашта, дар ҷараёни зиндагӣ таскин меёбад ва ё он ҳастии инсонро аз умқаш ба ларза оварда, боиси нигаронӣ ва шакку шубҳа мегардад. Он аст, ки ё оламро ба инсон тафсир мекунад ё ӯро дар гумроҳӣ қарор медиҳад.
Ҳамин тавр, инсон дар ин ҳастӣ мавҷуди марказӣ аст, ки коинот бо мадорҳо, ҷирмҳои осмонӣ ва низоми омода ба хотири қабули ҳаёт офарида шуда, ҳаёт бо аҷоибот ва мўъҷизаҳояш барои қабули инсон пайдо карда шудааст. Пас олитарин чиз дар доираҳои ҳаёт инсони оқил буда, маҳз ақл мартабаи ин инсонро баланд мегардонад.
Ақл воситаест, ки бо ёрии он инсон Офаридгори худро мешиносад, сирри ҳастии худро дар зиндагӣ дарк мекунад ва бисёре аз асрори ин ҳастиро мекушояд. Он воситаест барои тафсири ҳастӣ, ки ба тариқи пайвастани оқилона, фаҳм, идрок, тавлиди фикрҳо, баҳс, истинбот ва омӯзиш ба даст меояд. Ақл мавзеи таклиф (манотут-таклиф) мебошад.
Азбаски ақл соҳиби ин мартабаи бузург дар “нақшаи ҳастӣ” буда, дар тафовути инсон аз махлуқоти дигар ва дар такя кардан ба ақл дар масъалаи идроки алоқа бо Холиқ нақши назаррас мебозад, бешубҳа он воситаи бениҳоят муҳим ва боқувват мебошад. Бешак ҳукме, ки он ҳангоми истидлол ба Холиқ ё ҳангоми тафсири ҳастӣ мебарорад, ҳукмест, ки бар асоси далелҳо бунёд гашта, бо аниқие, ки қатъиятро ифода мекунад, ҳамҷоя шудааст. Аз ин рӯ, он ҳукми қатъӣ мебошад, ки бидуни тараддуд гирифтани он бароямон воҷиб аст. Вале вақте ки қудрати ақлро ба баровардани ҳукмҳои масъалаҳое, ки аз масъалаҳои эътиқод дида эътибори камтарро соҳибанд, омӯхта мебароем, масалан баъзе аҳкоми ба танзими ҳаёти инсон муталлиқ, ба мисоли ҳукм ба зебоӣ ё зиштии ягон кор, ё ҳукм ба хайр ё шар будани он, ё савоб ё ҷазо доштани он, ё зиндагии инсонро ислоҳ ё фосид сохтани он, дармеёбем, ки ақл ба мисоли ин ҳукмҳоро бароварда наметавонад. Муҳим ба зикр аст, ки сабаб нотавонии ақл ба баровардани аҳком аст, на мамнӯият ба баровардани онҳо. Зеро ақл ба абзорҳо, қудратҳо ва маълумотҳое, ки тавоноӣ ба баровардани аҳком аз онҳо вобастагӣ дорад, соҳиб нест. Агар фаразан ақл ба баровардани ҳукми зебоӣ ва зиштӣ ё ҳукми хайр ва шар қодир мебуд, ҳукми вай бояд қатъан ба ҳукми шаръӣ мувофиқ мешуд, ҳол он ки ҳукми ҳарду ба ҳам мухолифанд. Пас ин қатъиян ба он далолат мекунад, ки ақл ба баровардани аҳком тавоно нест. Бинобар ин, вақте ки дар ягон ҷои ин баҳс мо мегӯем, ки мумкин ҳукми баровардаи ақл хато бошад, ба ҳам зид ояд ё мегӯем, ки баровардани ҳукм салоҳияти ақл нест, мо ҳавои нафс ё майлҳои инсониро дар назар дорем, на худи ақлро. Чунки ақл тавони баровардани ҳукмро надорад. Бо вуҷуди ин, инсон аз баровардани ташреот ва аҳком бознамеистад ва ҳавои нафсашро, на ақлашро, ҳоким мегардонад[4]. Ҳазорати ғарбӣ мақоми ақлро чунон баланд сохт, ки ҳатто ба ӯ ҳаққи оиди ҳамаи чизҳо баровардани ҳукмро дод. Аз ин рӯ, чун мо дар ин ҷо масъаларо ба равиши дурусташ мегузорем, ҳарчанд ҳангоми рад кардани ақлонияти либералӣ ва илмонӣ калимаи ақлро истифода мебарем, дар асл ҳавоҳо ва майлҳоро дар назар медорем.
Аммо чаро ақл ба баровардани аҳком (ташреот) қодир нест? Сабаб ин аст, ки ақл бешубҳа маҳдуд ва муқайяд мебошад. Он маҳдуд аст, чунки тафаккури вай дар доираи муайян маҳдуд буда, ақл танҳо дар хусуси чизе метавонад фикр ронад, ки онро ё асарашро эҳсос мекунад, ба шарте ки байни он ва асараш алоқаи возеҳ мавҷуд бошад, масалан алоқаи ниёзмандии дуҷониба, алоқаи сабабият ё иллатмандӣ ё пайвандӣ ё иштирок. Дар акси ҳол, ақл ба зиддият ва хато дучор мегардад. Агар ақл хоҳад, ки аз ин доира берун ояд, ба абзорҳо мӯҳтоҷ мешавад, то онҳо онро ҳимоя намуда, ҳукмашро аз сифатҳои бофтабарорӣ ва хатокунӣ нигаҳ доранд. Он маҳдуд аст, зеро ба маълумоти собиқае мӯҳтоҷ мебошад, ки барояш воқеъро тафсир мекунанд. Бинобар ин, бидуни мавҷудияти чунин маълумоти собиқа, ақл ба пайдо кардани афкор ё аҳком нотавон аст.
Ақл муқайяд аст, чунки он ба ченаке мӯҳтоҷ мебошад, ки тавассуташ дурустии фикрҳо ва натиҷаҳои онҳоро, инчунин дараҷаи қуввати онҳоро санҷида, худро аз хатокунӣ дар ҳақиқатҳо ҳифз менамояд. Он ба чизҳое мӯҳтоҷ аст, ки ба вай омилҳои дурустеро, мисли маълумоти собиқа оиди воқеи шарҳдодашаванда, ки бояд ба ҳукмаш муассир бошанд, равшан месозанд. Инчунин дигар омилҳоеро равшан месозанд, ки бояд ақл онҳоро ҳангоми баровардани ҳукм истисно кунад, то онҳо ба сиҳҳати ҳукм таъсир нарасонанд, ба мисли раъйҳои пешинаи шахс, ки шояд ба ҳукм таъсир карда, онро фосид созанд ва ё виҷдон, макон ва замони ташреъ. Инчунин ҳудудҳое мавҷуданд, ки агар ақл аз онҳо берун равад, дар кори мамнӯъ воқеъ гашта, маърифатеро ба бор меорад, ки ҳатман нодуруст мебарояд, монанди баҳс оиди чизҳое, ки ҳам худ ва ҳам асарашон ғайримаҳсусанд (метафизика). Барои ҳамин, ақл бояд тариқати саҳеҳи тафаккурро дар мавриди чизҳое, ки берун аз табиат ҳастанд, риоя намояд, то ки натиҷаҳои дуруст [5] ба даст оварад.
Нигоҳи равшани кунҷковона ба мо нишон медиҳад, ки ақл бо омӯзиши далелҳое, ки тамоми ҷанбаҳои ҳастиро пур кардаанд, ба доирае ворид мегардад, ки дар он ба баровардани ҳукм бар дурустӣ, саҳеҳӣ ва қатъияти натиҷаҳои далелҳо тавоно мебошад, зеро ақл маълумоти собиқа, ҳақиқатҳои ошкор ва асосҳоеро дорост, ки бо ёрии онҳо метавонад далелҳоро дар хусуси ба воқеи омӯхташаванда мувофиқ будани онҳо ба дараҷаи яқин, қатъият ва ҳақиқат боло барад ё дар доираи гумон боқӣ мононад ё ба дурӯғ буданашон ҳукм барорад. Аз ин ҷост, ки ақл ба баровардани аҳком дар масъалаҳои эътиқодӣ қодир аст, масалан дар масъалаи мавҷудияти Холиқ ва дурустии алоқа байни Холиқ ва ҳастиву инсон, хоҳ ин алоқа алоқаи танзим бошад, хоҳ алоқаи эҷод ва хоҳ алоқаи фармонҳою боздоштҳо тавассути расулон.
Дар айни ҳол, агар ақл ба доирае ворид гардад, ки ба баровардани аҳком аз болои корҳо, манфиатҳо, оқибатҳо, хайру шар, зебою зишт, савобу ҷазо ва адолату зулм тааллуқ дорад, ҳарчанд ақл ба баъзе абзорҳо (монанди фаҳмидани табиати воқеъ) соҳиб аст, вале вай ба баъзеи дигар, ки барои чунин баҳс зарурӣ ҳастанд, соҳиб нест. Масалан ақл оқибатҳои ояндаи ин воқеъро намедонад, ки оё ин воқеъ барояш некӣ хоҳад буд ё бадӣ, манфиатовар аст ё зараровар, оё манфиат дар фоидаи моддӣ аст, масалан, ё дар арзишҳои ахлоқӣ, инсонӣ ё руҳӣ ва ҳоказо. Инҳо масъалаҳои душворе ҳастанд, ки ақл онҳоро ҳал карда наметавонад. Аз ин рӯ, вай бояд аз баровардани ҳукмҳо ва ташреот бозистад, зеро вай ба он хусусиятҳо ва маълумотҳое, ки барои анҷоми амалиёти фикрӣ баҳри ба даст овардани ҳукм, ташреъ ва қонунгузорӣ лозиманд, соҳиб нест. Бинобар ин, вақте ки инсон ба худ иҷозаи қонунгузориро медиҳад, ӯ на ба зеҳни худ, балки ба хоҳишоти худ вазифаи қонунгузориро бор мекунад. Ин хоҳишот ӯро водор мекунад, ки ба умқи он чизе ғӯта занад, ки ақл дар бораи он чизе гуфта наметавонад. Боз ӯ ин вазифаро ба майлҳое бор мекунад, ки ӯро ба фикри ботиле мебаранд, ки манфиат он чизест, ки ба майлҳои ӯ мувофиқ мебошад. Ҳангоме ки мо аз ақл, ба далели он, ки вай бузургтарин восита ва аҷибтарин махлуқи Аллоҳи Мутаъол аст, қонунгузориро мунтазир мешавем, мо ба мисли касе мешавем, ки аз мошини бениҳоят комил, зебо ва дақиқ интизор аст, ки он дар ҳаво бидуни доштани абзорҳои барои парвоз лозим парвоз мекунад.
Пас барои баҳо додан ба қудрати ақл бар ташреъ бояд омӯхт, ки ақл (ё шореъ) то чӣ андоза ба сифатҳои муайян, ки ба вай ташреъ ва баровардани аҳкомро имконпазир месозанд, аслан соҳиб аст. Зеро барои ба ҳукм “Он барои танзими ҳаёти инсон шоиста аст” гӯён баҳо додан мавҷудияти сифатҳои муайяне, ки ҳукмбарорӣ тақозо мекунад, маърифат ё илми муайяне, ки каси ҳукмбарорро аз дигарон ҷудо месозад, ва натиҷаҳои муайяне, ки аз ин ҳукм ҳосил мешаванд, ҳатмӣ мебошад.
Ҳоҷати инсон ба ташреъ ва низоми ҳаёт: пиндорҳо оиди чизҳо ва пиндорҳо оиди ҳаёт
Инсон вақте ки ба чизҳое рӯбарӯ мешавад, ки Аллоҳ онҳоро барояш сархам кунонидааст, оидашон тафаккур намуда, дар бораашон пиндорҳое ҳосил мекунад (пиндорҳои оиди чизҳо). Пиндорҳои мазкур дар ҳамаи одамон қариб якхелаанд. Пас ҳама медонанд, ки пиёзро хӯрдан мумкин аст, аммо на заҳрро, чун хӯрдани он инсонро ба марг мебарад. Девор аз фурӯравӣ нигоҳ медорад, никоҳ ғаризаи навъро қонеъ месозад ва ҳоказо. Аммо рафторе, ки ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо ин чизҳо аз инсон тақозо мешавад, яъне оё хӯрдани пиёз ё хук ҷоиз аст ё не, оё нӯшидани об ё хамр ҷоиз аст ё не, оё музораъаи замин (бар ивази ҳиссаи муайяни ҳосил заминро барои киштукор додан) ҷоиз аст ё не, оё колоеро, ба мисли хамр, фурӯхтан ҷоиз аст ё не ва оё ғаризаи навъро тавассути хонадоршавӣ ё зинокорӣ қонеъ гардонидан ҷоиз аст ё не, чунин рафтор ба пиндорҳое оиди ҳаёт, ки барои инсон дар хусуси корҳо ва тасарруфотҳояш ченакеро ташаккул медиҳанд, ниёз дорад. Ба ибораи дигар, пиндорҳои инсон оиди ҳаёт бар пиндорҳои ӯ оиди чизҳо ҳоким гашта, онҳоро ба тартибу интизом медароранд. Ҳадаф аз ин боло бурдани инсон аст, то ӯ аз ҳайвоне, ки ҳоҷатҳояшро, чӣ тавре ки рост ояд, бидуни тартибу интизом қонеъ месозад, фарқ кунад, чун ҳамин тартибу интизом барои некӯаҳволии ҷомеа зарур мебошад. Ба вуҷуд овардани ин пиндорҳо бошад танҳо пас аз ҳалли муаммои бузург имконпазир аст.
Азбаски инсон табиатан мавҷуди иҷтимоӣ аст, ӯ дар истифодабарии чизҳо ба чунон танзиме эҳтиёҷ дорад, ки рафторашро, яъне амалҳои ҳаётиашро, ки бо ёрии онҳо ғаризаҳо ва ҳоҷоти узвиашро қонеъ мегардонад, ба ҷомеае, ки ӯ худро ба он нисбат медиҳад, аз ҷиҳатҳои фикриву ҳиссӣ мувофиқ месозад. Пас ҷомеа ниёз ба танзим дорад.
Инчунин, танзими ҷомеа боиси сабук сохтани вазни масъулиятҳои инсон дар қонеъсозии ҳоҷоти асосӣ ва камолии ӯ мегардад ва ба таври имконпазир расидан ба колою хизматрасониҳоро ба ӯ кафолат дода, ҳаёти осоишта ва некӯаҳволиро барояш фароҳам меорад.
Бинобар ин, ҳарчанд ҳар як шахс тавоно аст, ки ҳангоми дучор шудан бо чизҳои дар боло зикргашта тибқи хоҳишоташ амал намояд, вале ин чиз боиси пешрафт ва бедории фикрии инсон намешавад, балки ӯро ба зиддиятҳо гирифтор мекунад. Зеро дар озодии тибқи хоҳишот барпо намудани кор шояд озоре ниҳон бошад, ки ба ӯ ё дигар инсон азият пеш орад. Ё мумкин аст дар он манфиати кӯтоҳмуддате вуҷуд дошта бошад, ки аз пасаш зарари ногузир меояд ва ё баръакс. Аз ин рӯ, ҳаёт бидуни ҷомеа саҳеҳ нест ва ҷомеа бидуни танзим ва ҳифзи ин танзим саҳеҳ нест[6].
Бисёр одамон дар зиндагӣ бе ҳидоят қадам мезананд, аз ин рӯ, аъмоли худро бидуни миқёсе, ки бо он андоза кардан мумкин аст, анҷом медиҳанд. Барои ҳамин, мебинӣ, ки онҳо корҳои зиштеро анҷом дода, онҳоро зебо меҳисобанд ва аз корҳои зебо парҳез карда, онҳоро зишт мепиндоранд. Аз ин рӯ, шахс, хоҳ ӯ мусалмон бошад, хоҳ ғайримусалмон, бояд миқёсе дошта бошад, ки амали худро бо он андозагирӣ кунад, то пеш аз анҷоми амал моҳияти онро бифаҳмад. Пас ин ченакҳо ва хусусиятҳо кадоманд, ки шахс барои баровардани ҳукми дурусте, ки хайрро ба рӯёб мебарорад, бояд дошта бошад? Меъёрҳое, ки ба мо дурустӣ ё нодурустии ин миқёсҳоро нишон медиҳанд, кадоманд? Чаро мавҷудияти миқёсҳо, хусусиятҳо ва ченакҳои муайяне, ки ба ҳукм таъсир расонида, дар натиҷа ба он сифати дурустӣ ё фасодӣ, ношоямӣ ё шоистагиро ато мекунанд, зарур аст? Чӣ гуна инсон метавонад ба ин чизҳо ба таври қатъӣ ё дуруст даст ёбад, то доимо муайян кунад, ки фалон чиз хуб аст ё дар он ҳамеша некӯаҳволии ӯ ва ҷомеаи ӯ вуҷуд дорад? Чӣ гуна ӯ метавонад ин корро кунад, дар ҳоле ки ақлҳо маҳдуд ва ҳархела буда, хоҳишот ва майлҳо ҳукмрон ҳастанд ва масъалаҳое, ки дурустии ҳукми зебоӣ ё зиштӣ аз онҳо вобаста аст, печида ва ё маълумот оиди онҳо нисбӣ ё нопурра мебошад, ки ҳатман ба ҳукмҳои ӯ таъсир мерасонад? Аз ин рӯ, инсон бо сабабҳое, ки пештар гуфта гузаштем, метавонад кори зиштро зебо пиндорад ё аз барпои кори зебо рӯй гардонида, кори зиштро анҷом диҳад. Бинобар ин мебинем, ки Ислом барои инсон миқёсеро, ки масдари он фикри куллӣ, яъне ақида аст, қарор дода, чизҳоро бо он чен мекунад ва ҳамаи он муаммоҳо ва нуқсонҳоеро, ки дар боло зикр шуданд, бартараф месозад. Дар натиҷа, инсон фарқи зебою зиштро фаҳмида, аз кори зишт парҳез ва ба кори зебо даст мезанад. Ин миқёс танҳо шариат буда, он корҳое, ки шариат зебо ҳисобидааст, зебо ва он корҳое, ки шариат зишт ҳисобидааст, зишт мебошанд. Ин миқёс доимӣ буда, ҳаргиз зебо ба зишт ва зишт ба зебо табдил намеёбад. Балки чизе, ки шариат онро зебо гуфтааст, зебо ва чизе, ки шариат онро зишт гуфтааст, зишт боқӣ мемонад. Ба масъалаи хайру шар низ айнан ҳамин гуфтаҳо рост меоянд. Ин миқёс барои ҳамаи одамон дар ҳар замону макон ченаки шоиста буда, ҳаёти онҳо, манфиатҳои онҳо ва ҳоҷоти онҳоро ба таври дуруст ба танзим медарорад, дар ҳоле ки дунявият ва либерализм танзими ҳаётро ба ихтиёри башарият гузоштааст. Миқёсҳои гузошта ва қабулкардаи дунявиятро, бо изни Аллоҳи Мутаъол, хоҳем омӯхт.
Ақидаи куллӣ бояд имкони сарчашмагирии низомро дарбар гирад, то дар асоси он муносибатҳои ҷомеаро ба танзим дарорад[7]. Ин дар навбати худ кафолат медиҳад, ки интизоми фардҳо дар ҷомеа мувофиқи низоми мушаххаси аз ақидае, ки онҳо ба он эътиқод доранд, сарчашмагиранда хуб ба роҳ монда шуда, вақте ки манфиатҳои онҳо ба ҳам зид меоянд ё назари онҳо ба ин низом ба ҳам мухолиф мешавад, вай ба онҳо нишон медиҳад, ки барои ҷомеа ва ҷамъияти онҳо кадом низом шоиста мебошад, яъне барояшон “манфиати умумӣ” ном чизро муайян менамояд. Ин манфиати муайяншуда барои ба таври дуруст ҷалб намудани манфиатҳо ва ҷилавгирӣ кардан аз фасод асос шуда, аз хоҳишоти як гурӯҳ одамон ё аз нуқтаи назари як гурӯҳи кӯчак, ки бо назари гурӯҳи дигар мухолиф аст, таъсир намегирад. Вагарна, ақидае, ки аз он низоми ҳаёт сарчашма намегирад ё низоми аз он сарчашмагиранда тамоми паҳлӯҳои зиндагиро фарогир нест (масалан, илова бар ҳолатҳои шахсӣ ва ибодат), танҳо ақидаи руҳӣ ва коҳинӣ боқӣ монда, шоистаи идора намудани башарият ва бедор намудани он намешавад. Ақида танҳо замоне куллӣ мешавад, ки агар он дорои миқёсҳою аҳкоме бошад, ки муаммоҳои инсон ва ҷомеаро ҳал менамоянд. Аз дигар ҷиҳат, ҷомеае, ки низомҳояш бо ақидае, ки ба он бовар дорад, иртибот надоранд, ангезаҳои ботиниро барои риоя намудан ба низомҳо пайдо нахоҳад кард. Аз ин рӯ, он ба зиддият байни майлҳои аз ақида сарзананда ва низомҳои ба он бегона дучор гашта, ҳаёти пурихтилоф хоҳад дошт.
Барои кафолати дурустии ташреъ ва кафолати он, ки қонунгузор дорои салоҳият ба танзими ҳаёти инсон аст, мо масъаларо аз шаш ҷиҳат баррасӣ мекунем. Ҷиҳати якум ба сифатҳои касе мутааллиқ аст, ки бо қонунгузорӣ ва ташреъ машғул гашта, ин сифатҳо дурустии ташреъ ва салоҳияти шореъро кафолат медиҳанд. Ҷиҳати дуюм ба фаҳмиши воқеъе марбут аст, ки барояш ташреъ ё қонун гузошта мешавад. Ҷиҳати сеюм хусусиятҳое ҳастанд, ки дурустии ташреъро кафолат дода, ба татбиқи он дар воқеъ дахлдор мебошанд, то он самараи муайяне дода, дурустӣ ва салоҳияти ташреъ дар тавоноии он бар эҷоди самара дар воқеъ инъикос ёбад ва ғояҳою мақсадҳои муайянро ба рӯёб барорад. Ҷиҳати чаҳорум омилҳои ҳатмӣ ва эҳтимолиеро меомӯзад, ки ба воқеият, дарки он ва ё ба татбиқи ҳукм вобастаанд. Ҷиҳати панҷум таъсири ҳолатҳои табиӣ ва истисноӣ ба ҳукм. Ҷиҳати шашум кафолати ҳамгироии ҳукму ташреъ бо аҳкоми дигар низом, ки ба масъалаҳои шабеҳ ё мутааллиқ вобастаанд (масалан, масъалаҳои низоми иҷтимоъ ё низоми иқтисод) ва мухолифат надоштан бо онҳо, то ки низом бо маҷмӯи худ ба ҳадафҳои муайян ноил гардад. Бо эътибори моҳияти маводи ин китоб ва андозаи бузурги баҳсҳое, ки ба ин ҷиҳатҳо марбут аст, мо дар ин ҷо ба таври мухтасар дар бораи бархе аз ин ҷиҳатҳо гуфта мегузарем, зеро онҳоро дар китобамон “Мӯъҷизаи ташреъи исломӣ: хусусиятҳо ва унсурҳо” батафсил баён кардаем.
Сифатҳое, ки шоистагии ташреъро кафолат дода, шореъ бояд онҳоро дошта бошад
а) Соҳиб будан ба қудрате, ки ба ҳоким барои гузоштани ташреъот ва аз номи ҷамоат кор бурдан дода шудааст, то дар асоси ин ташреъот ҳокимияте ба вуҷуд ояд, ки сарчашмаи қонунии подошу ҷазо мегардад. Зеро ҳадаф аз мавҷудияти ташреъот фард ва ҷомеаро ба татбиқи он водор намудан мебошад. Азбаски “ин татбиқ ба иродаи худи фард барои итоат ва иҷрокунӣ вобаста аст, ҳосилшавии ин ирода дар ҳоле кафолатнок аст, ки агар ӯ барои худ қонун гузорад[8]”. Аммо мо ба далели ниёзи инсон ба ҷомеа ниёзи ӯро ба қонунгузории ҷониби дигар собит кардем ва ин дигар ё гурӯҳ аст ё давлат ва ё дин. Вале итоати фард ба дигарон вобаста ба он аст, ки оё онҳо ба қудрате соҳиб ҳастанд, ки ин фард ё ҷамоат барои гузоштани қонунҳои бар ӯ татбиқшаванда ба онҳо додааст. Чунончи мо дар китоб ва хулосаи он исбот намудем, демократия, дунявият ва либерализм натавонистанд ташреъ ё қонунеро эҷод кунанд, ки аксарияти мутлақи ба истилоҳ «иродаи умумӣ»[9] -ро ифода мекунад.
Ҳатто агар мо фаразан принсипи сиёдати умматро, яъне мавҷудияти иродаи аз иродаи афрод новобастаро қабул намоем ҳам, аз ҷиҳати воқеӣ иродаи уммат танҳо шакли иродаи аксарияти мутлақи афроди умматро, ки дар амал ба вуҷуд овардани он бениҳоят душвор аст, гирифта метавонаду халос. Дар ин ҳол, сиёдат на аз они тамоми уммат, балки аз они аксарият мешавад. Пас сабаби қонунӣ барои сархам намудани ақаллият ба аксарият[10] ва маҳрум сохтани ақаллият аз анҷоми корҳои сиёдат кадом аст? Аз ин рӯ, вазъият чунин шуд, ки аксарият иродаи умумиро сӯиистифода намуд ва ақаллият аз ҳуқуқи собити худ маҳрум гашт. Барои ҳамин, вақте ки фалсафаи демократӣ нуқтаи назарашро бар асоси даъвои он, ки сиёдат аз они тамоми халқ аст, бино кард, аммо сипас аз қисми калони ин халқ ҳаққи кори сиёсиро кашида гирифт, худро ба зиддият андохт. Бинобар ин, демократия хатарнок аст, чунки он занҷирҳоро бо ранги халқӣ рангубор мекунад[11]. Демократия дар эҷоди кафолатҳое, ки рӯёби ташреъ ва дустурро барои некӣ ва манфиати умумӣ ба таври доимӣ таъмин мекунанд, ноком монд. Он ба механизме расида натавонист, ки ба он рӯй оварда тавонад ва дар эҷоди пойдеворҳои мардумӣ, ки метавон дар масаъалаҳои матраҳшаванда ва муайянкунии манфиати умумӣ бо вай машварат кард, ноком гардид. Яъне демократия дар таъмини ба вуҷуд овардани ҳокимияти қонунгузоре, ки ҳаққи аз номи ҷамоат баровардани аҳкомро дошта бошад, муваффақ нашуд. Ба ҷои ин кор, вай ташреъро ба дасти чанд тан аз қонундонҳо, ҳуқуқшиносон ва ҳизбҳои сиёсие, ки аксарияти курсиҳои парлумонро ишғол кардаанд, супорид, ҳол он ки мо исбот кардем, ки онҳо аксарияти мутлақи интихобкунандагонро намояндагӣ намекунанд. Ҳамин тавр, демократия унсури асосиро аз даст дод, ки он ба ҳокимияте, ки барои қонунгузорон барои гузоштани ташреъот дода мешавад, соҳиб гаштани онҳо аст. Ин дар навбати худ итоат ба қонун ва ташреъро кори ғайритабиӣ ва ҳатто беасос мегардонад, чун номаълум аст, ки тоифаи қонунгузор ба ин ҳақ аз куҷо соҳиб шуд. Ба ин ҳол, ҷуз васфи диктатура ва тасаллут бар ҷомеа, васфи дигаре рост намеояд. Илова бар он, ки демократия ба омиле ниёз дорад, ки ба итоат ва риоя тела медиҳад, барои баъзе бандаҳо қонун гузоштани баъзеи дигар ин баъзеи дигарро ба ҷои Аллоҳ худо қарор медиҳад. Чунки қонунгузорӣ сар хам намудан ба қонунгузор, итоат ба ӯ ва тибқи назари ӯ зиндагӣ намуданро тақозо мекунад. Ин бошад ба он зид аст, ки одамон озод ва ҳамчун бандаи Аллоҳ офарида шудаанд. Бар хилофи ин ҳама, ташреъи аз ҷониби Аллоҳ содиршаванда ҳукмест аз ҷониби Холиқ, Рабб[12], Илоҳ, Молик, Мудаббир ва Дайян.
б) Қонунгузор бояд аз хатогӣ маъсум бошад. Ин дар навбати худ тақозо мекунад, ки ӯ тамоми маълумотеро, ки дар бандҳои в) ва г) омадааст, донад. Ӯ бояд аз воқеъшавӣ ба зиддият, ихтилофҳо, камбудӣ, айб ва беҳудагӣ маъсум бошад. Ӯ бояд мавсуф ба адолату инсоф бошад ва касеро зулм накунад ва бо ташреъи худ эминиро ба рӯёб барорад. Ӯ бояд бо бетарафие мавсуф бошад, ки дар покӣ аз ғараз, аз ҳавасу майл ба хоҳишот ва манфиатҳои танги гузаранда ифода меёбад. Пас қонунгузор набояд ба як шахс нисбати шахси дигар бартарӣ диҳад. Дар ҳамин ҳол мо мебинем, ки қонунгузорони башарӣ аксар вақт аз табъ худ, ҳавою ҳаваси шахсии худ ва элитаҳо ва аз тарафгирии отифӣ ва ғаразнок таъсир мегиранд.
Бешак, бетарафӣ ва рӯёби ҳақ, ки манфиати умумиро ба вуҷуд оварда, онро муайян мекунад, то мардум адолатро барпо намоянд, инчунин аз хато дар баровардани аҳком пок будан аз тафовути қудрати ақл бар ташреъ, яъне аз нигоҳи ақл оиди ҳалҳои муаммоҳо ва қонунигардонии онҳо таъсир мегирад. Инчунин он аз дахолати сақофатҳо, одатҳо, муҳитҳо, рағбатҳо, тамоюлҳо, ҳавасҳо ва аз натиҷаи тафовути қудратҳои ақлӣ, тахассусҳо ва қуввату заифии майлҳои фитрӣ ва ғаризаҳо ва таъсири ҳамаи онҳо ба қудрати ақл барои ташреъ ва баровардани аҳком таъсир мегирад.
Инак, тавоноии ақлҳо аз ҷиҳати қуввату заифӣ ва аз ҷиҳати муайянкунии зарару манфиат гуногун буда, аҳкоми баровардаи онҳо аз ҳавасҳою майлҳо таъсир мегирад. Аз ин рӯ, аҳком дар байни одамон ҳархела мегардад. Пас агар шахсе як ҳукмро зебо пиндорад, шахси дигаре онро зишт меҳисобад. Бинобар ин, ақлҳо дар муайянкунии роҳҳое, ки манфиатҳои умумиро ба рӯёб мебароранд, ба ҳам мухолиф ҳастанд. Онҳо дар фаҳмидани ҳамоҳангсозии қонунҳо бо қонуни асосӣ дар давлат, ки бояд рӯёби қиматҳо ва ҳадафҳои ташреъиро амалӣ созад, бо ҳамдигар тафовут доранд. Ғайр аз ин, ақлҳо дар омӯзиши омилҳои бисёри гуногуни ба масъала таъсиргузор ва бартарӣ додани баъзеи онҳо бар баъзеи дигар аз ҳам фарқ мекунанд. Осори ҷорӣ ё ояндае, ки аз ҳамаи чизҳои мазкур ҳосил мешаванд, ва боз сабабҳои дигар омилҳое ҳастанд, ки мавҷудияташон инкорнопазир буда, иқрори он ҳақиқатро ҳатмӣ мегардонанд, ки ақл бар ташреъ нотавон буда, онро аз кори ташреъ манъ намудан зарур аст.
в) Қонунгузор бояд оиди табиати инсонӣ илми дарбаргиранда дошта бошад. Ӯ бояд бидонад, ки барои одамон дар зиндагиашон ва охираташон чӣ судовар буда, онҳоро, зиндагиашонро ва амалҳояшонро ислоҳ менамояд ва кадом чизҳо барояшон тоқатфарсо ва тоқатнофарсо мебошанд. Ӯ бояд бидонад, ки кадом корҳо сахтӣ ва душвориро аз дӯши одамон бардошта, барои тамоми замону маконҳо ва ҳолатҳо чунон ҷавобгӯ аст, ки ҳақро ба рӯёб бароварда, адолатро доимо таъмин месозад.
г) Қонунгузор бояд аз табиати воқеъе, ки барояш қонун мебарорад, пурра огоҳ бошад. Ӯ тамоми масъалаҳо, вазъиятҳо ва ҳолатҳоеро, ки дурустии ҳукм бар зебоӣ ё зиштӣ аз онҳо вобаста аст, ё ба воқеъ таъсиргузор ҳастанд, бояд бидонад. Зеро бешубҳа ин масъалаҳо шохаҳои зиёд дошта, аксар вақт таъсири онҳо ба натиҷаи умедшуда зид меояд ва ниёз ба тарҷеҳи байни онҳо ба вуҷуд меояд (масалан, дар хамру қимор барои одамон баъзе манфиатҳо мавҷуданд, лекин гуноҳи ҳарду бузургтар аз манфиаташон аст). Ё мумкин аст, ки ин масъалаҳо барои ақли инсонӣ ба таври нисбӣ ва нокомил маълум бошанд. Аз ин рӯ, пурра бохабар будан аз табиати муаммоҳои гуногун (иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳоказо) корест, ки мавҷудияти ихтисосҳои қонунбарорӣ ва фанниро, ки ғолибан дар парлумон дар дараҷаи норасо қарор дорад, тақозо мекунад. Агар дар мисли ин масъалаҳо ба мутахассисон рӯй оварда шавад, пас дар ин ҳол муаммо дар он аст, ки онҳо салтанатеро, ки ба онҳо барои баровардани аҳком дода шуда бошад, соҳиб нестанд. Пок набудани онҳо аз анҷоми хато ва аз таъсиргирӣ аз ҳавою тарафгирӣ, ниёзи онҳо ба ҳокимияте, ки ба онҳо ҳаққи ҳалли масъалаҳоро ато намуда, раъяшонро ифодагари иродаи умумӣ мегардонад, инчунин ихтилофи нуқтаи назари онҳо нисбати масъалаҳо ва ҳалли онҳо (гуногунии райъҳои донишгоҳҳои иқтисодӣ ва бо вуҷуди доштани ихтисоси иқтисодӣ, дар мавриди мушкилиҳои иқтисодӣ соҳиби илми аниқ набудани онҳо беҳтарин далели ин аст) монеаҳои назаррас ва ҳассосе ҳастанд, ки ба рӯёби ҳақ, шоистагии аҳком ва идроки саҳеҳи манфиати умумӣ таъсир мерасонанд. Инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки ақл аз иҳотаи онҳо нотавон буда, ба Холиқ вогузоштани ташреъро ҳатмӣ месозанд.
д) Ин мушкилот бо тарҷеҳ додани ҳукми ақли як шахсе бар ақли шахси дигар ё ҷамоат ё бо сарчашма қарор додани ақлҳои як гурӯҳе барои ақлҳои боқимонда ҳаллу фасл намегардад, зеро ҳамаи ақлҳою хоҳишҳо ба ин камбудиҳо ва ниёзҳое, ки барои дурустии ҳукми бароянда лозиманд, гирифтор ҳастанд. Мушкилот бо гузаронидани ҳисоботҳо оиди таъсири ягон ташреъ дар ҷомеа низ ҳал намешавад, масалан бо омӯхтани теъдоди ҳолатҳои аз ҳам ҷудошавии оилаҳо. Чунки омилҳои теладиҳанда, шароит, ҳолатҳои нафсӣ ва таъсири ҳар яки онҳо ба ин натиҷаҳо бениҳоят гуногун ва печида ҳастанд. Ҳалли мушкил бо анҷоми омӯзиши илмӣ ва таҷрибавӣ ҳам ба даст намеояд, ба далеле, ки таҷриба бар такрори падидаи табиӣ дар лаборатория ё бар дучор кардани модда ба шароити муайян ва мушоҳидаи рафтори он дар ин шароит такя намуда, бар ин асос мушоҳида ва натиҷагирӣ анҷом дода мешавад. Дар ҳоле ки муомилаи инсон бо рӯйдодҳо ба реаксияи атом монанд нест. Бар хилофи модда, ки метавон онро ба таҷриба мутеъ сохт, инсон метавонад низомҳои сабабии иҷтимоиро нақшакашӣ карда, бар онҳо ҳукмронӣ намояд. Инчунин, таҷриба наметавонад дар хусуси ченакҳою теладиҳандаҳои барои баровардани ҳукм лозимӣ ё ба кор таъсиркунанда, мисли хайр ва шар, иродаи озод, хоҳиш, қиматҳои руҳӣ ва ғайра чизе гӯяд, зеро онҳо масъалаҳои ғайбӣ мебошанд, ки берун аз ченаку қиёс ҳастанд.
[1] Салтанат дар Ислом аз они Уммат аст. Дар луғат чунин гуфта шудааст: سلطه - ба ӯ салтанат ва қудрат бахшид, سلطه عليه - ӯро аз болои вай ҳоким сохт, вайро ба ӯ сархам кунонид, تسلط عليه - бар ӯ ҳоким шуд, бар ӯ салтанат ба даст овард. Султон қувва ва нерӯ буда, султон касеро гӯянд, ки дар давлат соҳиби ҳокимият ва ҳукмфармоӣ аст. Пас ҳокимият, подшоҳӣ ва салтанат ба як маъно ҳастанд. Он қудрате аст, ки аҳкомро иҷро мекунад. Салтанат танҳо дар ду кор ба рӯёб мебарояд. Якум, риояи манфиатҳо, яъне манфиатҳои тамоми мардумро бо аҳкоми муайян (низоми ҳокимият ва низомҳои давлат) риоя намудан. Дуюм, нерӯе, ки раъиятро ҳимоя ва аҳкомро татбиқ мекунад, яъне эминӣ. [2] Бо омӯхтани Қуръони Карим, ки барои расидан ба ҳақиқатҳои ҳастӣ ва барои истидлол бар дурустии эътиқод ба истифодаи ақл, тафкир, тадаббур ва тааммул мефармояд, мебинем, ки он ақлро дар ягон ҷо сарзаниш накардааст. Вақте ки қавмҳо ба ташреъ ва ҳалолсозии ҳаром ҷуръат карданд, онҳо дар асл пайрави ҳавои нафс гаштанд. Аз ин рӯ, мушкил дар ин аст, ки ташреъ аз они кист? Аз они Аллоҳ ё аз они ҳавои нафс? “Ташреъ ҳаққи кист: Аллоҳ ё ки ақл?” гуфтан бошад нодуруст аст. [3] “Чаро маҳз Хилофат?”, муаллиф устоз Мозин Даббоғ, аз рӯзномаи “Роя”. [4] Доктор Маҳмуд Абдулҳодӣ Фоъур, баррасии китоби “Қуттии сиёҳи фикри ғарбӣ”. [5] Баҳси ин мавзӯъро мо дар китоби “Назарияи маърифат ва манҳаҷҳои тафкиру истидлол” батафсил овардаем. [6] Масалан, ақидаи исломиро бигирем. Ислом ақидаро фикри куллӣ гардонида, бо ин оиди тамоми чизҳо ҷавоб медиҳад. Ислом аз ин ҷавоб мафҳуме пайдо кард, ки инсон ҳангоми дучор омадан ба воқеи муайян онро миқёс қарор медиҳад. Пас ин миқёс барои инсон дар мушкилиҳои ҳаёт қиёдати фикрӣ гашта, аз мафҳумҳои ақидавӣ оиди ҳаёт муолиҷаҳои муаммоҳои ҳаёт сарчашма мегиранд, яъне аҳкоме баромада меоянд, ки корҳои ҳаётии инсонро ба танзим медароранд. Ҳамин тавр, низоми исломӣ байни воқеъ ва ҳалҳои барои зиндагии инсон лозимаро пайваст менамояд. [7] Мабдаъ (идеология) чунин таъриф дода шудааст, ки он ақидаи ақлист, ки аз он низом сарчашма мегирад. Пас ақидаи куллӣ ба ҳар чизе, ки инсон онро ё асарашро дар коинот, инсон ва ҳаёт эҳсос мекунад, тафсири куллӣ медиҳад. Агар аз ин ақида низоми шомиле барои тамоми муаммоҳои ҳаёт ва ҷомеа сарчашма гирад, он ба мабдае табдил меёбад, ки барои бедокунии ҷомеаҳо шоиста аст. [8] Доктор Муҳаммад Малковӣ [9] Назарияи демократия асли қудратро ё сарчашмаи онро ба иродаи умумии уммат нисбат медиҳад ва эълон менамояд, ки ҳокимият танҳо замоне қонунӣ мегардад, ки аз иродаи умумии уммат тавлид шавад. “Миёнарав дар қонуни дустурӣ”, доктор Абдулҳамид Мутаваллӣ, саҳифаи 125; Чунки уммат дар сиёдати мутлақ фақат дар он ҳоле метавонад аз ҳаққи худ баҳраманд гардад, ки қонун ифодагари иродаи уммат бошад. “Асосҳои қонуни дустурӣ”, доктор Сайид Сабрӣ, саҳифаи 52, табъи 4-ум, 1949. [10] “Қонуни дустурӣ”, доктор Абдулфаттоҳ Соирдор Ҳомиш, саҳифаи 63. [11] Доктор Маҳмуд Холидӣ, “Ислом ва усули ҳокимият”. [12] Лафзи “рабб” дар забони арабӣ бо ду маъно меояд: 1) хоҷа, яъне тасарруфкунанда, мудаббир, фармондиҳанда, боздоранда, ҳоким ва қонунгузор; 2) молик, яъне молики чиз, ки ба ӯ ҳаққи тасарруфи айнро медиҳад. Назар андозед ба китоби доктор Масъарӣ “Ҳокимият ва сиёдати шариат”, саҳифаҳои 28-29. Ибни Форис гуфтааст: “Ро” ва “бо”-и Рабб ба реша далолат мекунанд. Пас маънои решаи он ислоҳи чиз ва нигоҳубини он аст. Аз ин рӯ, Рабб Молик, Холиқ ва Соҳиб мебошад. Ӯ ислоҳкунандаи чиз аст. “Рабба фуланун зайъатаҳу” мегӯянд, яъне фалонӣ шуғлашро ислоҳ намуд. Рабб ислоҳкунандаи чиз буда, Аллоҳ Азза ва Ҷалла Рабб аст, зеро Ӯ ислоҳкунандаи аҳволи махлуқоташ мебошад”,- Муъҷаму мақойисил-луғат. “Рабб аслан масдар аст бо маънои “тарбия”. Мазмуни тарбия чизеро оҳиста-оҳиста ба камол расонидан буда, ба тамоми неъматҳо рост меояд. Сипас, барои ифодаи муболаға, Аллоҳ бо он васф карда шуд, ба мисоли ифодаи “совм” ва “адл”. Боз гуфта мешавад, ки “рабб” васфест аз “раббаҳу, яруббуҳу” ва аслан он “рабибун” буд, ки баъдан идғом карда шуд. Моликро рабб номанд, зеро ӯ чизи доштаашро ва тарбиянамудаашро ҳифз мекунад. Аммо нисбати ғайри Ӯ Таъоло ин ном танҳо ҳангоми мавҷудияти қайд истифода бурда мешавад, чунончи дар сухани Ӯ Таъоло омадааст: “Ба назди рабби худ баргард” (12:50). Ибни Ҷузай гуфтааст: Рабб чаҳор маъно дорад: илоҳ, сайид, молик ва ислоҳкунанда, ки ҳамаи онҳо ба “Рабби оламиён” мувофиқ меоянд. Вале фаҳмидани он ба маънои “илоҳ” беҳтар аст, чун он ба Аллоҳи Мутаъол хос мебошад”,- Тафсирул баҳрил мадид, Ибни Уҷайба. Абӯ Ҳайёни Андалусӣ дар “Баҳрул муҳит” чунин гуфтааст: “Маънои рабб сайид, молик, собит, маъбуд, ислоҳкунанда буда, баъзеҳо соҳибро низ илова мекунанд”.