Ҳоким бояд атрофи худро бо одамони солеҳ иҳота кунад
Ҳадиси дувоздаҳум
Ба мо Мӯсо ибни Амири Мурӣ нақл кард: «Валид ба мо гуфт: Зуҳайр ибни Муҳаммад ба мо аз Абдурраҳмон ибни Қосим ва ӯ аз падараш ва ӯ аз Оиша (р) ривоят кардааст:
إِذَا أَرَادَ اللَّهُ بِالْأَمِيرِ خَيْرًا جَعَلَ لَهُ وَزِيرَ صِدْقٍ إِنْ نَسِيَ ذَكَّرَهُ وَإِنْ ذَكَرَ أَعَانَهُ وَإِذَا أَرَادَ اللَّهُ بِهِ غَيْرَ ذَلِكَ جَعَلَ لَهُ وَزِيرَ سُوءٍ إِنْ نَسِيَ لَمْ يُذَكِّرْهُ وَإِنْ ذَكَرَ لَمْ يُعِنْهُ
«Ҳар гоҳ Худованд ба ҳоким некӣ бихоҳад, ба ӯ вазири содиқро мефиристад, ки агар ҳоким фаромӯш кунад, ёдоварӣ мекунад ва агар ҳоким ба ёд орад, вазир ёриаш мекунад. Вақте Аллоҳ ба ҳоким бадӣ хоҳад, ба ў вазири бад мефиристад, ки агар [масъулияташро] фаромўш кунад, ёдоварӣ намекунад ва агар ҳоким ба ёд орад, вазир ёриаш намекунад». [1]
Дар ин хусус ояти Қуръон низ далолат мекунад:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا بِطَانَةً مِّن دُونِكُمْ لَا يَأْلُونَكُمْ خَبَالًا وَدُّوا مَا عَنِتُّمْ قَدْ بَدَتِ الْبَغْضَاءُ مِنْ أَفْوَاهِهِمْ وَمَا تُخْفِي صُدُورُهُمْ أَكْبَرُ قَدْ بَيَّنَّا لَكُمُ الْآيَاتِ إِن كُنتُمْ تَعْقِلُونَ
«Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ зараре дар ҳаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!». [3:118]
Ибни Касир дар тафсири ин оят чунин гуфтааст: «Худованд бандагонашро аз муомила бо мунофиқон ҳушдор дод ва мусалмононро наҳй кард, ки ононро дӯсти наздик ё наздики худ нагиранд, то имкони омӯхтани сир ва нақшаҳои мӯъминон бар зидди душманонро надошта бошанд. Мунофиқон аз ҳар роҳе, ки мўъминонро ба иштибоҳ меандозанд, мухолифат мекунанд ва ба онҳо зарар мерасонанд, барои ин ба макру найранг даст мезананд. Ба мӯъминон бадтарин ва сахттарин шароитро орзу мекунанд. «Онҳоеро, ки аз шумо нестанд, ба наздикии худ нагиред», яъне пайравони динҳои дигарро ба худ наздик нагиред. Сабаби ин дар он аст, ки наздикони шахс ба сирру асрори ӯ дастрасӣ пайдо мекунад.
Ҳамчунин Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар шарҳи ин оят ва ҳадиси саҳеҳи дигаре дар ин мавзӯъ чунин навиштааст: «Абӯ Убайда чунин ақида дошт, ки вожаи (битонатун) -и сураи 3 ояти 118 маънои наздик гирифтан аст ва калимаи «خَبَالًا» ба маънои бад омадааст. Наздикон касоне ҳастанд, ки бо ҳоким дар донистани сирру асрор шарик бошад, ҳоким ба онҳо аз асрори худ хабар медиҳад, он чиро, ки аз кори тобеонаш бар ӯ пинҳон аст, огоҳ мекунад ва бар асоси он чизе, ки мешунавад, ҳоким амал мекунад. <…> Дар мавриди калимаи:
وَبِطَانَةٌ تَأْمُرُهُ بِالشَّرِّ
«…онҳо (наздикӣ гирифта шудагон) ба бадӣ фармон медиҳанд …»
пас дар нусхаи Авзоӣ чунин омадааст:
وَبِطَانَةٌ لَا تَأْلُوهُ خَبَالًا
«…онҳо (наздикӣ гирифта шудагон) фурсатро аз даст намедиханд, ки ба ӯ зарар расонанд…»
Ин маънои онро дорад, ки чунин ҳамкорони наздик фурсатро аз даст намедиҳанд, ки ба манфиати худ тартиботи ҳокимро таҳриф кунанд. Вожаҳое, ки дар тафсири Авзоӣ зикр шудаанд, маънои каломи Худованди мутаъолро иқтибос меоранд:
لَا يَأْلُونَكُمْ خَبَالًا
«Онҳо фурсатро аз даст намедиҳанд, ки ба шумо осеб расонанд.» [2]
Ривояти Бухорӣ, Насоӣ ва дигарон ҳадис, ки онро бисёриҳо ривоят кардаанд, аз ҷумла Юнус, Яҳё ибни Саид, Мӯсо ибни Уқба, Ибни Абу Атик ва дигарон аз Зуҳрӣ ва ӯ аз Абусалом, ва ӯ аз Абусаъид (р) ва ӯ аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
مَا بَعَثَ اللَّهُ مِنْ نَبِيٍّ وَلَا اسْتَخْلَفَ مِنْ خَلِيفَةٍ إِلَّا كَانَتْ لَهُ بِطَانَتَانِ بِطَانَةٌ تَأْمُرُهُ بِالْمَعْرُوفِ وَتَحُضُّهُ عَلَيْهِ وَبِطَانَةٌ تَأْمُرُهُ بِالشَّرِّ وَتَحُضُّهُ عَلَيْهِ وَالْمَعْصُومُ مَنْ عَصَمَ اللَّهُ
«Ҳангоме ки Аллоҳ паёмбаре фиристод ё ҷойнишине баргузид, онҳо ду гурӯҳ шарике доштанд:
1) ба некӣ фармудан ва ба он ташвиқ кардан;
2) ба бадӣ фармудан ва ташвиқ ба он.
Он касе, ки (аз муҳити бад) ҳифз шудааст, ҳамон касест, ки Аллоҳ ӯро ҳифз мекунад».[3]
Ибни Абӯҳотим мегӯяд: Падарам ба мо гуфт: «Абӯ Айюб Муҳаммад ибни Ваззон ба мо гуфт: «Исо ибни Юнус ба мо аз Абуҳайёни Таимӣ ва ӯ аз Абӯ Зинбаъ ва ӯ аз Ибни Абӯ Даҳкана: «Рӯзе ба Умар ибни Хаттоб (р) гуфтанд: «Ҷавоне [4] аз сокинони Ҳиро, ки котиб ва ботаҷриба аст. Чаро ўро котиб таъин намекунед?» Умар (р) гуфт: «Маълум мешавад, ки ман як ғайри мусулмонро ба наздикии худ гирифтаам».
Аз китоби «Панчоҳ ҳадис дар бораи сиёсати шариат» муаллиф Исмат Авни Салими Ҳаммурӣ.
24.02.2021
- Абӯ Довуд, Аҳмад, Абдулқодири Арнаут саҳеҳ будани ҳадисро, ки Абӯ Довуд овардааст, тасдиқ кардааст. Нававӣ гуфтааст, ки исноди ин ҳадис хуб аст (ҷайид). Баззор низ ин ривоятро овардааст, дар ривояти Ҳайсамӣ иқтибос оварда шудааст: “Ҳамаи ривояткунандагони он, аз ривояткунандагони ҳадисҳои саҳеҳ ҳастанд.
- «Фатҳул-борӣ»-и Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ.
- «Саҳеҳ»-и Бухорӣ.
- Ин ҷавон ғайри мусалмон буд.