Ҳизби Таҳрир ба Иттиҳоди адвокатҳои Фаластин мактуб фиристода, аз онҳо даъват кард, ки ба ғасби қудрат муқобилат кунанд.
Ҳизби Таҳрир дар Фаластин бо ирсоли мактуби дуввум ба Иттиҳоди адвокатҳои Фаластин масъулият ва ӯҳдадории онҳоро дар муқобила бо ҷиноятҳои Маъмурияти Фаластин алайҳи мардуми худ таъкид кардааст. Ҳизб дар номаи худ чунин навиштааст:
«Маъмурияти Фаластин аз ибтидои мавҷудияти худ бо нияти бадқасд кор карда, мехост, ки мардуми Фаластинро мутеъ гардонад ва онҳоро ба тӯъмаи осони душманон табдил диҳад. Гоҳ ҷиноятҳои худро бо қонун рӯпуш мекарданд ва гоҳе аз ин қонунҳо беэътиноӣ мекарданд. Мустамликадорон ин ҳукуматро ба кор андохта, роҳеро муайян карданд, ки манфиатҳои худро бар зидди мардуми Фаластин амалӣ карда, онҳоро аз дину ҳуввияташон маҳрум созад. Маъмурияти Фаластин ба мардуми ин кишвар беэътиноӣ кард ва қонунҳои беадолатонаи қабул кардаашро ҳамчун «меъёрҳои қабулшуда» номида онро тасдиқ кард. Онҳо ба пасандозҳои мардум забоняккарда, ба муқобили арзиши коргар ва музди меҳнати ӯ баромада, қонуни таъминоти иҷтимоиро қабул карданд.
Қонунҳои шаҳрвандӣ, тичоратӣ, ҷиноятӣ ва бисёр дигар қонунҳо ҷорӣ карда шуданд. Ин қонунҳои ноадолатона мардумро ба талаби ҳуқуқи худ водор кард. Бесарусомонӣ авҷ гирифта, ҷомеа хароб гардид, оромии дохили кишвар вайрон шуд. Мо бо мардуми Фаластин ҳастем, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод, то фарзандон ва оилаҳои худро ҳифз кунем. Мо муборизаро барои баланд бардоштани парчами Ислом идома хоҳем дод. Мо минбаъд низ аз низомиёни мусалмон барои озод кардани сарзамини муборак нусрат талаб мекунем. Мо, шумо ва тамоми мардуми Фаластинро бо тамоми иттифоқ ва отрядҳои худ даъват менамоем, ки ба ин маъмурият му-қобилат кунанд. Мо зарурати ягонагии мавқеъи худро таъкид менамоем ва ин кӯшиши пешгирӣ барои он аст, ки МФ аз қабули чунин қонунҳо ҷилавгирӣ карда, ҳамаашро бе муҳокима ва ислоҳ бекор кунад, зеро оқибатҳои ин қонунҳо барои мардуми Фаластин ва мушкилоти онҳо фоҷиабор ва харобиовар хоҳад буд.
Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя» рақами 404.
12 Муҳаррами соли 1444 ҳ.
10 августи соли 2022 м.