Ҳизб-ут-Таҳрир… даъватбари ягонаест, ки ба барпои Хилофати Рошида фаро мехонад
Ҳизб-ут-Таҳрир бар асоси фармудаи зерини Ӯ Таоло барпо шудааст:
﴿ وَلْتَكُن مِّنكُمْ أُمَّةٌۭ يَدْعُونَ إِلَى ٱلْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِٱلْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ ٱلْمُنكَرِ ۚ وَأُو۟لَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ﴾
“Бояд аз миёни шумо гурӯҳе бошад, ки ба сӯи некӣ даъват ва амри маъруф ва наҳйи мункар мекунад ва онон растагоронанд” (Сураи Оли Имрон, 104).
Ҳадафи он азнавсаркунии ҳаёти исломӣ бо воситаи барпои Хилофати Рошида мебошад. Ин фарзест, ки бидуни он Ислом татбиқ нахоҳад шуд. Ин фаолият фарз буда, онро танҳо ҷамоат ё ҳизб бурда метавонад. Равиши ягонае, ки бо он Хилофати Рошида барпо мегардад, тариқати Расулуллоҳ ﷺ ва анҷом додани ҳамон амалҳое мебошад, ки ӯ ҳамчун аҳкоми шаръӣ барпо намудааст. Маҳз ҳамин амалҳо, ба монанди ба вуҷуд овардани гурӯҳбандӣ, сақофати марказнок, ки ӯ барои тарбияи саҳобагон истифода намуд ва сақофати ҷамоӣ, ки бо воситаи он ӯ дар маҷлисҳо ва нишастҳои кофирон нозилкардаҳои Аллоҳро таблиғ намуда, муборизаи фикрӣ ва сиёсиро дар ҷомеае, ки дар он даъват сар задааст, ба амал меовард, боис ба барпои давлати исломӣ гаштанд…
Имрӯз, бо вуҷуди теъдоди зиёди гурӯҳҳое, ки даъво ба амалӣ намудани тағъирот доранд, то ҳол ягон гурӯҳ ҷуръат накардааст, ки ин фарзро табаннӣ намуда эълон кунад, ки вай барпо кардани ин фарзи бузургро мехоҳад… Сабаби ин равшан аст. Давлатҳои Ғарб, ки бар кишварҳои мусалмонӣ ҳукмронӣ мекунанд, бо ҳамдастӣ бо ҳокимони гумоштаи бераҳм касонеро, ки бо барпои ин фарзи бузург машғул ҳастанд, бо баҳонаҳои гуногун, ки охирини онҳо “мубориза зидди терроризм” мебошад, бо шиддат таъқиб мекунанд… Танҳо Ҳизб-ут-Таҳрир барои барпои ин фарзи бузург аз рӯзи аввали таъсиси худ ҳаракат мекунад. Пас ин намунаи ихлос дар даъват буд, ки ҳизб бо пайравӣ ба рафтори Расул ﷺ дар роҳи рости Аллоҳ қарор гирифт. Ҳизб аз Аллоҳ умед дорад, ки Ӯ Таоло вайро аз тоифаи хайре мегардонад, ки дар охири замон ба он нусрат дода, бо воситаи он Хилофати Рошидаро, ки Расул ﷺ ваъда додаанд, барпо менамояд. Зеро Расул ﷺ ваъда додаанд, ки баъд аз ҳокимияти зӯроварона Хилофати Рошида бармегардад. Аз Ҳузайфа ибни Ямон (р) ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ гуфт:
«تَكُونُ النُّبُوَّةُ فِيكُمْ مَا شَاءَ اللهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ خِلَافَةٌ عَلَى مِنْهَاجِ النُّبُوَّةِ، فَتَكُونُ مَا شَاءَ اللهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ اللهُ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ مُلْكًا عَاضًّا، فَيَكُونُ مَا شَاءَ اللهُ أَنْ يَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ مُلْكًا جَبْرِيَّةً، فَتَكُونُ مَا شَاءَ اللهُ أَنْ تَكُونَ، ثُمَّ يَرْفَعُهَا إِذَا شَاءَ أَنْ يَرْفَعَهَا، ثُمَّ تَكُونُ خِلَافَةً عَلَى مِنْهَاجِ نُبُوَّةٍ ثُمَّ سَكَتَ»
«Нубувват дар байни шумо то вақте, ки Аллоҳ онро мехоҳад, идома меёбад. Сипас Аллоҳ онро, вақте ки аз байн бурдан мехоҳад, аз байн мебарад. Сипас Хилофат бар минҳоҷи нубувват арзи вуҷуд мекунад ва то вақте, ки Аллоҳ онро мехоҳад, идома меёбад. Сипас Аллоҳ онро, вақте ки аз байн бурдан мехоҳад, аз байн мебарад. Сипас подшоҳии золимона ба вуҷуд меояд ва то вақте, ки Аллоҳ онро мехоҳад, идома меёбад. Сипас Аллоҳ онро, вақте ки аз байн бурдан мехоҳад, аз байн мебарад. Сипас подшоҳии бедодгарона ба вуҷуд меояд ва то вақте, ки Аллоҳ онро мехоҳад, идома меёбад. Сипас Аллоҳ онро, вақте ки аз байн бурдан мехоҳад, аз байн мебарад. Сипас Хилофат бар минҳоҷи нубувват арзи вуҷуд хоҳад кард. Пас аз ин, Набӣ ﷺ сукут кард ” (Муснади Аҳмад).
Пас ин Ҳизб-ут-Таҳрир кист, ки дар тӯли ҳафтод сол дар миёни уммати исломӣ дар танҳоӣ бо даъват ба ин фарзи бузург машғул аст?
Ҳизб-ут-Таҳрир худро ба таври зайл муаррифӣ мекунад: “Ҳизб-ут-Таҳрир ҳизби сиёсӣ мебошад, ки ақидааш Ислом буда, сиёсат кори ӯст ва Ислом мабдаи он мебошад. Вай дар миёни уммат ва ҳамроҳ бо уммат фаолият мебарад, то ки уммат Исломро ҳамчун масъалаи ҳаётии худ пазирад ва то ки ҳизб умматро сӯи ба ҳаёт баргардонидани Хилофат ва ҳукмронӣ бо нозилкардаҳои Аллоҳ раҳнамоӣ кунад. Пас Ҳизб-ут-Таҳрир гурӯҳбандии сиёсӣ аст, на гурӯҳбандии руҳӣ, на гурӯҳбандии илмӣ ё таълимӣ ва на гурӯҳбандии хайриявӣ. Фикрати исломӣ руҳи он, мағзи он ва сирри ҳаёти он мебошад..”. Пас фикрате, ки Ҳизб-ут-Таҳрир бар асоси он ташкил шуда, дар тамоми аъзоҳояш муҷассам мешавад, фикрате, ки ҳизб бо ёрии он барои бедор кардани уммат ҳаракат менамояд, то уммат онро ҳамчун масъалаи ҳаётии худ қабул кунад, ин фикрати исломӣ, яъне ақидаи исломӣ ва аҳкому афкоре, ки аз он сарчашма мегирад, мебошад. Ҳамчун ҳизби сиёсие, ки барои дар ҳаёт пайдо намудани Ислом, яъне барои дар ҳокимият, муомилаҳо ва корҳои дигари ҳаёт таҷассум намудани Ислом кор мебарад, ҳизб аз миёни ин фикрат миқдореро, ки ба вай лозим аст, табаннӣ кард ва онҳоро дар китобу рисолаҳои худ бо баёни далелҳои муфассали ҳар як ҳукм, раъй, фикр ва мафҳум ба таври муфассал шарҳ дод.
Аммо тариқате, ки ҳизб дар ҳамли даъват аз он пайравӣ мекунад, аҳкоми шаръӣ буда, аз тариқати Расул ﷺ дар ҳамли даъват гирифта шудааст, чун пайравӣ ба он воҷиб мебошад. Аллоҳ Таоло мефармояд:
﴿ لَّقَدْ كَانَ لَكُمْ فِى رَسُولِ ٱللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌۭ لِّمَن كَانَ يَرْجُوا۟ ٱللَّهَ وَٱلْيَوْمَ ٱلْـَٔاخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرًۭا﴾
“Ҳароина барои шумо дар Расулуллоҳ намунаи зебое ҳаст, барои касе, ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират умед дорад ва Аллоҳро бисёр зикр менамояд” (Сураи Аҳзоб, 21).
Инчунин Ӯ Таоло мефармояд:
﴿ قُلْ إِن كُنتُمْ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِى يُحْبِبْكُمُ ٱللَّهُ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ ۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌۭ رَّحِيمٌۭ﴾
“Бигӯ: Агар Аллоҳро дӯст доред, пас ба ман пайравӣ кунед. Аллоҳ шуморо дӯст медорад ва гуноҳонатонро мебахшад ва Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст” (Оли Имрон, 31).
Боз мефармояд:
﴿ وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمْ عَنْهُ فَٱنتَهُوا۟ ۚ وَٱتَّقُوا۟﴾
“Он чиро, ки Паёмбар ба шумо овард, бигиред ва аз он чӣ шуморо манъ кард, бозистед” (Ҳашр, 7).
Оятҳои зиёде ҳастанд, ки ба зарурати пайравӣ аз Расулуллоҳ ﷺ ва ибрат гирифтан аз ӯ далолат мекунанд. Бинобар ин, ҳизб тариқати худро ба се марҳила тақсим намуд:
Якум: марҳилаи бо сақофат тарбия намудани шахсҳо, ки бо эҷоди шахсҳои ба фикрати ҳизб ва тариқати он имоноварда ҷисми ҳизбро ба вуҷуд меорад.
Дуюм: марҳилаи таъсирасонӣ ба уммат. Дар он ҳизб ба уммат Исломро бардошта мебарояд, то уммат Исломро ҳамчун масъалаи худ қабул намуда, барои дар майдони ҳаёт зинда кардани он фаолият барад.
Сеюм: марҳилаи ба даст гирифтани ҳокимият, пурра татбиқ намудани Ислом ва ҳамли рисолати он ба олам.
Марҳилаи якуми ҳизб дар Байтулмуқаддас дар соли 1372 ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 1953 милодӣ аз ҷониби олим ва муфаккири бузург, сиёсатмадори тавоно шайх Тақюддини Набҳонӣ (Аллоҳ ӯро раҳмат кунад), ки дар маҳкамаи апеллятсионии Байтулмуқаддас вазифаи қозиро адо мекард, оғоз карда шуд. Дар ин марҳила ҳизб ба афроди алоҳидаи уммат фикрат ва тариқати худро ба таври фардӣ пешкаш мекард ва касеро, ки ин даъвати ҳибро мепазируфт, ба омӯзиши мутамарказ дар ҳалқаҳои ҳизб фаро мегирифт. Ҳамин тавр, ҳизб ӯро бо фикрҳо ва аҳкоми исломӣ, ки ҳизб табаннӣ кардааст, гудохта, ба шахсияти исломӣ табдил медод. Ин шахсият бо Ислом пайваст шуда, ақлия ва нафсияи исломӣ дошт ва ба одамон Исломро мерасонд. Вақте ки шахс ба ҳамин дараҷа расида, ба ҳизб даромаданро хоҳиш мекард, ҳизб ӯро ба қатори аъзоёни худ дохил мекард. Ин айнан он чизе мебошад, ки Расулуллоҳ ﷺ дар марҳилаи якуми даъват, ки се сол давом кард, анҷом дод, яъне ӯ фардҳои алоҳидаро даъват намуда, ба онҳо чизҳоеро, ки Аллоҳ ба ӯ нозил карда буд, пешкаш менамуд. Касонеро, ки ба ӯ имон меоварданд, Расул ﷺ бар асоси ин дин ба гурӯҳбандии худ пинҳонӣ дохил намуда, ба онҳо Исломро таълим медод ва қироати оятҳои Қуръонро, ки ба ӯ нозил мешуданд, ёд медод. Ҳамин тавр, ӯ онҳоро бо Ислом мегудохт. Расул ﷺ бо онҳо махфиёна вомехӯрд ва ва дар ҷойҳое, ки аз назари дигарон пӯшида буд, пинҳонӣ ба онҳо таълим медод. Ибодатҳои онҳо низ пинҳонӣ сурат мегирифт. Сипас дар Макка овозаҳо дар бораи Ислом паҳн гашт ва одамон дар байни худ онро муҳокима карда, гурӯҳ-гурӯҳ ба он дохил шуданд.
Дар ин марҳила, марҳилаи сақофат, ҳизб ба бунёди ҷисми худ, афзоиш додани шумораи аъзоён ва дар ҳалқаҳо бо сақофати мутамаркази ҳизбӣ сақофатнок сохтани шахсҳо аҳамият дод, то битавонад аз ҷавонҳое, ки бо Ислом гудохта шуда, фикрҳои ҳизбро табаннӣ кардаанд ва онҳоро дар худ таҷассум намуда, ба одамон онҳоро мерасонанд, гурӯҳбандии ҳизбӣ ба вуҷуд орад… Баъд аз он ки ҳизб гурӯҳбандии ҳизбиро ба вуҷуд оварда тавонист ва ҷомеа онро эҳсос намуда, бо он ва фикрҳои он шинос гардид, ҳизб ба марҳилаи дуюм, марҳилаи таъсиррасонӣ ба уммат гузашт, то ба уммат Исломро расонида, дар он ваъйи умумӣ ва нисбат ба афкор ва аҳкоми исломие, ки ҳизб табаннӣ намуд, раъйи умумиро эҷод кунад. Бо пайдо шудани раъйи умумӣ, ҷомеа ин афкорро афкори худ ҳисобида, барои дар майдони ҳаёт ба вуҷуд овардани онҳо кор мебарад ва баҳри барпои давлати Хилофат, баргузидани халифа, азнавсаркунии ҳаёти исломӣ ва ҳамли даъвати исломӣ ба олам ҳамроҳи ҳизб фаолият мекунад. Дар ин марҳила ҳизб ба даъвати оммавии тӯдаҳои одамон оғоз намуда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
1 – дар ҳалқаҳо ба шахсҳо додани сақофати мутамарказ. Ҳадаф аз ин афзоиш додани ҷисми ҳизб ва эҷоди шахсиятҳои исломие аст, ки тавони пешбурди даъват ва муборизаи фикрӣ ва сиёсиро доранд.
2 – бо афкор ва аҳкоми исломӣ, ки ҳизб табаннӣ кардааст, ба таври ҷамоӣ сақофатнок сохтани тӯдаҳои уммат. Ин кор дар масҷидҳо, клубҳо, нишастгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин тавассути рӯзномаҳо, китобҳо ва варақаҳо анҷом дода мешавад, ки ҳадаф аз ин дар уммат пайдо намудани ваъйи умумӣ ва ҳамкорӣ бо вай мебошад.
3 — муборизаи фикрӣ зидди ақидаҳо, низомҳо ва афкори куфр, зидди ақидаҳои фосид, афкор ва мафҳумҳои ғалат бо воситаи баёни ботилӣ ва хатогии онҳо ва баёни зиддияти онҳо ба Ислом пеш бурда мешавад, то уммат аз онҳо ва таъсири онҳо халос шавад.
4 — Муборизаи сиёсӣ ба таври зайл анҷом дода мешавад:
а) мубориза бо давлатҳои мустамликадори кофир, ки бар кишварҳои исломӣ ҳукмронӣ ва нуфуз доранд, яъне мубориза бо тамоми намудҳои истеъмор: истеъмори фикрӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ ва фош сохтани нақшаҳо ва забоняккуниҳои он, то ҳизб умматро аз ҳукмронии он наҷот дода, аз таъсири нуфузи он озод намояд.
б) муқовимат ба ҳокимон дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ, фош кардани онҳо ва муҳосабаи онҳо, ҳар гоҳе ки онҳо ҳуқуқи умматро поймол ё дар адои вазифаҳои худ дар назди уммат бепарвоӣ кунанд ё ягон муаммои онро беэътибор гузоранд ва ё ба аҳкоми Ислом мухолифат варзанд. Ҳизб барои нобуд сохтани ҳокимияти онҳо ва ба ҷои он барпо намудани ҳокимияти исломӣ фаолият мебарад.
5 – Табаннӣ кардани манфиатҳои уммат ва бар асоси аҳкоми шаръӣ нигоҳубин намудани корҳои он.
Ҳизб ҳамаи ин корҳоро ба корҳое, ки Расул ﷺ баъди нозил шудани сухани зерини Ӯ Таоло анҷом дод, пайравикунон барпо намуд:
﴿ فَٱصْدَعْ بِمَا تُؤْمَرُ وَأَعْرِضْ عَنِ ٱلْمُشْرِكِينَ﴾
“Ҳар чиро, ки ба он амр шудаӣ, сареҳу баланд бигӯ ва аз мушрикон рӯйгардон бош” (Сураи Ҳиҷр, 94).
Зеро Паёмбар даъвати худро ошкор намуда, Қурайшро ба кӯҳи Сафо фарёд кард ва ба онҳо хабар дод, ки Паёмбари мурсал мебошад. Ӯ аз онҳо талаб кард, ки ба ӯ имон оваранд ва даъвати худро ба ҷамоатҳо пешкаш карданро оғоз намуд, чунончи қаблан онро ба фардҳои алоҳида пешкаш мекард. Паёмбар ﷺ ба қурайшиён, худоёни онҳо, ақидаҳо ва афкори онҳо зид баромада, ботилӣ, фасодӣ ва хатоҳои онҳоро баён кард ва ба онҳо ҳамла намуд, чуноне ки ба ҳамаи ақидаҳо ва фикрҳои мавҷуда ҳамла мекард. Оятҳо пай дар пай нозил шуда, корҳоеро, ки онҳо анҷом медоданд, аз қабили рибохӯрӣ, зинда ба зинда гӯронидани духтарон, тарозузанӣ ва зинокорӣ, сарзаниш мекарданд. Инчунин, оятҳо ба пешвоён ва раҳбарони Қурайш ҳуҷум карда, онҳо, падарони онҳо ва ақлҳои онҳоро сарзаниш медоданд ва дасисаҳои онҳоро, ки алайҳи Расул ﷺ, даъвати ӯ ва саҳобагони ӯ мекашиданд, фош месохтанд.
Дар ҳамли афкори худ ва зиддият ба фикрҳои дигар ва ба гурӯҳбандиҳои сиёсӣ, дар муқовимат ба давлатҳои мустамликадори кофир ва ҳокимон, ҳизб кушоду равшан амал намуд ва онҳоро ба майдон хонд. Дар амалҳои вай заррае дурӯягӣ, лаганбардорӣ ва хушомадгӯӣ дида намешуд. Вай сарфи назар аз натиҷаҳою вазъиятҳо, тинҷӣ ва бехатарии худро андеша накард ва ҳар як фикреро, ки ба Ислом ва аҳкоми он зид буд, ба майдони мубориза хонд. Ин боиси он гашт, ки ҳокимон ҷавонони ҳизбро ба сахттарин азобҳо, аз қабили зиндонбандкунӣ, шиканҷа, бадарғакунӣ, таъқиб, эҷоди халал дар ризқ ва манфиатҳо, манъ аз сафар ва қатл, гирифтор карданд. Воқеан ҳокимони золим дар Узбекистон, Ироқ, Сурияву Либия даҳҳо аъзоёни онро куштанд. Инчунин зиндонҳои Урдун, Сурия, Ироқ, Миср, Либия, Тунис, Туркия, Покистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Ӯзбекистон ва зиндонҳои давлатҳои дигар пур аз ҷавонони он шуданд. Ҳизб ҳамаи ин корҳоро бо пайравӣ аз Расулуллоҳ ﷺ анҷом дод. Паёмбар ﷺ низ бо рисолати Ислом омада, бо имони комил ба ҳақиқате, ки ба он даъват менамуд, тамоми ҷаҳонро ба майдони мубориза хонд ва алайҳи одамони сурху сиёҳ ҷанг эълон намуд ва одатҳо, тақлидҳо, динҳо, ақидаҳо, ҳокимон ва оммаи мардумро ба ҳисоб нагирифт ва ба чизе ҷуз рисолати Ислом эътиборе надод. Дар ҳақиқат, ӯ аз сарзаниш кардани худоҳои қурайшиён оғоз намуда, ақидаҳои онҳоро аҳмақона номид, ҳол он ки ӯ шахси танҳо буд, ки ҷуз имони амиқ ба рисолати Ислом, ки ба ӯ фиристода шуда буд, на омодагӣ, на ёрирасон ва на силоҳе дошт.
Ҳизб дар равиши худ ошкорсухан ва устувор буданро лозим донист, аз ин рӯ бо корҳои сиёсӣ маҳдуд шуд ва зидди ҳокимон ё зидди касоне, ки дар роҳи даъвати вай мамониат эҷод мекунанд, ба корҳои моддӣ даст назад. Ин корро низ вай ҳамчун пайравӣ ба Расулуллоҳ ﷺ анҷом медиҳад. Расул ﷺ дар Макка бо даъват маҳдуд шуда, то ҳиҷрат ба ягон кори моддӣ даст назад ва ҳангоме ки аҳли байъати дуюми Ақаба аз ӯ барои бо шамшерҳо алайҳи аҳли Мино ҷанг намудан изн пурсиданд, чунин посух дод:
» لَمْ نُؤْمَرْ بـِذَلِك” [الطبقات الكبرى]
“Мо ба ин фармуда нашудаем” (Табақот-ул-кубро)
Аллоҳ Субҳонаҳу аз ӯ талаб кард, ки монанди паёмбарони пешин ба озорҳо сабр намояд ва ба ӯ чунин гуфт:
﴿ وَلَقَدۡ كُذِّبَتۡ رُسُلٞ مِّن قَبۡلِكَ فَصَبَرُواْ عَلَىٰ مَا كُذِّبُواْ وَأُوذُواْ حَتَّىٰٓ أَتَىٰهُمۡ نَصۡرُنَاۚ﴾
“Ба дурустӣ, паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, вале онҳо, то омадани нусрати мо, бар он такзибу озор сабр карданд” (Анъом, 34).
Барои дифоъ аз худ ё бар зидди ҳокимон аз нерӯи ҷисмонӣ истифода накардани ҳизб ба мавзӯи ҷиҳод ҳеҷ иртиботе надорад, зеро ҷиҳод то рӯзи қиёмат идома дорад. Пас агар душманони кофир ба ягон кишвари исломӣ ҳамла кунанд, мусалмононе, ки дар он зиндагӣ доранд, бояд онҳоро дафъ кунанд ва ҷавонони Ҳизб-ут-Таҳрир дар он кишвар бахше аз мусалмонон ҳастанд, ки бар дӯши онҳо низ ҷанг бо душман ва дафъ намудани ӯ ҳамчун мусалмон воҷиб аст. Агар ягон амири мусалмон барои олӣ сохтани каломи Аллоҳ ва сафарбар кардани мардум ба ҷиҳод бархезад, ҷавонони Ҳизб-ут-Таҳрир дар он кишваре, ки сафарбарӣ сурат гирифтааст, ҳамчун мусалмон лаббайгӯён посух хоҳанд дод.
Сипас ҷомеа ба иллати аз даст рафтани боварии уммат ба пешвоён ва раҳбаронаш, ки макони умеди вай буданд, дар пеши ҳизб шах шуд. Иллати дигар шароитҳои вазнине буд, ки ба минтақа бо мақсади татбиқи нақшаҳои дасисаҷӯёна бор карда шуданд. Инчунин, шиддати зӯроварие, ки ҳокимон зидди халқҳои худ ва озоре, ки онҳо ба ҳизб ва ҷавонони он мерасониданд, бетаъсир намонд… Вақте ки дар натиҷаи ҳамаи ин ҷомеа шах шуд, ҳизб аз касоне, ки ба додани нусрат тавоно ҳастанд, талаби нусра кард. Талаби нусра ду ҳадаф дошт:
Якум: ҳадафи ҳимояи худ, то ҳизб даъвати худро бе хавф ба пеш бурда тавонад.
Дуюм: расидан ба ҳокимият бо мақсади барпои Хилофат ва татбиқи Ислом.
Ҳарчанд ҳизб талаби нусра мекунад, вай иҷрои тамоми корҳоеро, ки қаблан анҷом медод, идома дод. Бинобар ин, омӯзиши мутамарказ дар ҳалқаҳо, сақофатноксозии ҷамоӣ, ки барои ба дӯши уммат бор кардани Ислом ва дар он пайдо намудани раъйи умумӣ равонида шудааст, мубориза бо давлатҳои мустамликадори кофир, фош кардани нақшаҳо ва забоняккуниҳои онҳо, муқовимат ба ҳокимон, табаннӣ намудани манфиатҳои уммат ва нигоҳубини корҳои он, ҳамаи ин корҳоро ҳизб идома дод ва аз Аллоҳ умед дорад, ки Ӯ Таоло ба ҳизб ва уммати исломӣ пирӯзӣ, комёбӣ ва нусратро ато хоҳад кард. Ана онгоҳ марҳилаи сеюм, марҳилаи расидан ба ҳокимият ва барпои Хилофати Рошида фаро расида, мӯъминон аз нусрати Аллоҳ шод хоҳанд шуд.
Ғояи Ҳизб-ут-Таҳрир
Ғояи ҳизб азнавсаркунии ҳаёти исломӣ ва ҳамли даъвати исломӣ ба тамоми олам мебошад. Ин маънои ба ҳаёти исломӣ, ки дар Дор-ул-Ислом ва дар ҷомеаи исломӣ ҷараён хоҳад гирифт, баргардонидани мусалмононро ифода мекунад. Яъне маънои онро дорад, ки тамоми корҳои ҳаёт дар он мувофиқи аҳкоми шаръӣ ба роҳ монда шуда, нуқтаи назар дар он ҳалолу ҳаром хоҳад гашт. Ин танҳо дар сояи давлати исломӣ, ки давлати Хилофат мебошад, имконпазир мебошад. Дар он мусалмонон халифаро интихоб карда, ба ӯ бино бар гӯшандозӣ ва итоат, бино бар ҳукмронии китоби Аллоҳ ва суннати Расули Ӯ, бино бар ҳамл шудани Ислом ба тамоми ҷаҳон бо даъвату ҷиҳод байъат медиҳанд.
Ҳизб мақсад дорад, ки умматро бо воситаи фикри равшан ба бедории дуруст расонад. Вай талош дорад, ки умматро дубора ба сарбаландӣ ва иззат баргардонад, то он зимоми пешдастиро аз давлатҳо, умматҳо ва халқҳои дигар кашида гирифта, давлати он бори дигар ба давлати абарқудрати ҷаҳон, ки ҷаҳонро тибқи аҳкоми шаръӣ идора мекунад, мубаддал гардад. Инчунин ҳизб мақсад дорад, ки инсониятро ба роҳи ҳидоят ва умматро ба роҳи мубориза бо куфр, низомҳо ва афкори он равона созад, то Ислом тамоми заминро фаро гирад.
Тариқати ҳизб барои бедор кардани мусалмонон ва ҷаҳон
Азбаски инсонро фикр дар бораи ҳаёт, коинот ва инсон ва алоқаи онҳо ба моқабли ҳаёти дунё ва мобаъди он бедор месозад, бояд фикри инсонро пурра ва ҳамаҷониба тағъир дод ва ба ҷои он фикри дигарро эҷод кард, то ӯ бедор гардад. Зеро фикр мафҳумҳоро оид ба чизҳо пайдо карда, ин мафҳумҳоро мутамарказ мегардонад ва инсон тарзи зиндагии худро мувофиқи ин мафҳумҳо муайян месозад. Фикре, ки бо болоравии он бедорӣ ҳосил мешавад, ба нуқтаи назар дар бораи ҳаёт ва он чизҳое, ки ба он марбут аст, алоқаманд мебошад, чунки болоравии инсон ифодаи онро медиҳад, ки ӯ аз ҷанбаи сирф ҳайвонӣ ба ҷанбаи инсонӣ мекӯчад. Сабаб он аст, ки ҳарчанд фикр дар бораи ёфтани ғизо фикр аст, он фикри пасте аст, ки аз ғариза баромада меояд. Аммо фикре, ки ёфтани ғизоро ба танзим медарорад, фикри аз он болотар маҳсуб меёбад. Монанди ҳамин, фикр дар хусуси ба танзим даровардани корҳои оила фикр аст, аммо фикр дар бораи ба танзим даровардани корҳои қавм аз он болотар меистад. Бинобар ин, фикре, ки корҳои инсонро ҳамчун инсон, на ҳамчун фарди алоҳида, ба тартиб медарорад, фикри олитарин ҳисоб мешавад. Аз ин ҷост, ки бедориро маҳз ҳамин намуди фикр ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин, бояд барои пайдо намудани ин фикр ва асоси фикрҳои дигар сохтани он кӯшиш кард. Инчунин бояд илму маориф бар асоси ин фикр бино гардад.
Ҳизб ут-Таҳрир меҳисобад, ки бедорӣ болоравии фикрӣ мебошад. Аммо пешравии иқтисодӣ бедорӣ эътибор карда намешавад. Монанди ҳамин, болоравии ахлоқӣ бедорӣ нест. Бедорӣ метавонад дуруст ва метавонад нодуруст бошад. Дуруст ё нодуруст будани бедориро асосе, ки ин бедорӣ бар он бунёд шудааст, муайян месозад. Агар асоси бедории фикрӣ асоси руҳӣ бошад, ин бедорӣ бедории дуруст аст, зеро фикр дар он ба асосе такя мекунад, ки ҳосилшавии камбудӣ дар он амри муҳол аст. Аз ин рӯ, хатогӣ ба асоси чунин фикр роҳ ёфта наметавонад. Бинобар ин, асоси ин фикр эмин буда, равиши он устувор ва натиҷаҳояш қатъӣ мебошад. Вале агар болоравии фикрӣ бар асоси руҳӣ бунёд нагардад, ҳарчанд бедорӣ номида шавад ҳам, вай бедории нодуруст ҳисобида мешавад. Зеро фикр дар он ба асосе, ки ҳосилшавии камбудӣ дар он амри муҳол аст, такя накардааст ва аз ин рӯ ба хатогӣ, иштибоҳ, изтироб, гумроҳӣ ва ҳар гуна нуқсон дучор мешавад. Аммо бо вуҷуди ин, вай бедориро ба амал меорад. Масалан Амрикову Аврупо кишварҳои бедор ҳастанд, аммо бедории онҳо бедории нодуруст мебошад, чунки он на бар пояи руҳӣ, балки бар пояи ақидаи ҷудо кардани дин аз ҳаёт асос ёфтааст, яъне асоси руҳиро аз ҳаёти амалии худ тамоман берун мекунад. Аз ин рӯ, Ҳизб-ут-Таҳрир бовар дорад, ки ба ғайр аз бедорӣ бар асоси фикрати исломӣ, яъне ба ғайр аз бедории исломӣ, бедории дурусти дигар вуҷуд надорад, чунки фақат вай бедории фикрӣ, ки бар асоси руҳӣ бунёд шудааст, маҳсуб меёбад.
Бале, Ҳизб-ут-Таҳрир шеваи ба вуҷуд овардани бедориро муайян кард ва гуфт, ки он метавонад танҳо дар сурате ҳосил шавад, ки ҳокимият ва салтанат бар асоси ақида, ки роҳи ҳалли ҳамарӯзаи мушкилоти зиндагӣ, яъне низомҳо, қонунҳо ва ҳукмҳо аз он сарчашма мегиранд, барпо гардад. Расулуллоҳ ﷺ ҳангоме ки дар Мадина қудратро ба даст гирифт, айнан ҳамин корро карда, ҳокимиятро бар асоси ақидаи исломӣ барпо намуд. Паёмбар ﷺ фармуд:
» أمرت أن أقاتل الناس حتى يشهدوا أن لا إله إلا الله وأن محمدًا رسول الله، ويقيموا الصلاة، ويؤتوا الزكاة، فإذا فعلوا عصموا مني دماءهم وأموالهم إلا بحقها وحسابهم على الله”
“Ман ба он фармуда шудаам, ки то одамон гувоҳӣ надиҳанд, ки ҷуз Аллоҳ маъбуди дигаре нест ва Муҳаммад расули Ӯст, то намозро барпо надоранд ва закотро надиҳанд, бо онҳо биҷангам. Ва агар ин корҳоро анҷом диҳанд, хуну молҳояшонро, ҷуз ҳаққи Ислом, аз ман нигоҳ медоранд ва ҳисобу китоби онҳо бар зиммаи Аллоҳ аст”.
Яъне Паёмбар ба фикрат даъват намуда, аввал дар Мадина, сипас дар арабҳо ва баъдан дар ҳар як халқе, ки Исломро, яъне фикратро қабул намуд ва корҳояш бар асоси ҳамин фикрат, яъне фикрати исломӣ, нигоҳубин карда шуд, бедориро ба вуҷуд овард. Ҳизб-ут-Таҳрир ҳамаи инро далели қатъии он меҳисобад, ки роҳи ба вуҷуд овардани бедорӣ бар асоси ақидаи сиёсӣ барпо намудани ҳокимият мебошад…
Пас барои мо як роҳ барои бедорӣ мавҷуд аст, ки он азнавсаркунии ҳаёти исломӣ мебошад. Яъне мо бояд дар Дор-ул-Ислом ва дар ҷомеаи исломӣ ҳаёти исломӣ дошта бошем. Афкор ва дарёфтҳо дар ин ҷомеа исломӣ буда, бар он низомҳо ва аҳкоми Ислом татбиқ мегардад. Ҳамин тавр, тамоми корҳои ҳаёт дар ин ҷомеа мувофиқи фармудаҳо ва боздоштҳои Аллоҳ Таоло ба роҳ монда шуда, ченак ҳалолу ҳаром мегардад. Ба ин мо танҳо он вақт ноил мегардем, ки Исломро комилан ҳамчун мабдаъ қабул намоем, яъне ҳамчун ақидае қабул намоем, ки муаммои бузурги инсонро ҳал карда, нуқтаи назари ҳаётро барои ӯ ба вуҷуд меорад, инчунин ҳамчун низомҳое қабул кунем, ки аз ин ақида сарчашма мегиранд. Асоси ин мабдаъ китоби Аллоҳ Таоло ва суннати Расули карим буда, сарвати сақофии он сақофати исломӣ, аз ҷумла фиқҳ, ҳадис, тафсир, луғат ва ғайра мебошад. Роҳи ягона барои азнавсаркунии ҳаёти исломӣ барпои давлати исломӣ буда, танҳо бо воситаи ҳамли қиёдати фикрии исломӣ амалӣ мегардад. Ҳамли қиёдати фикрии исломӣ бо даъват ба Ислом, инчунин тавассути барои дар майдони ҳаёт, дар давлат ва ҷомеа пурра татбиқ намудани Ислом фаолият бурдан ва барои ҳамчун рисолат ба тамоми олам бо воситаи даъват ва ҷиҳод паҳнкунии он кор бурдан ба рӯёб мебарояд. Ин аст роҳи ягонаи бедорӣ барои мусалмонон: расонидани қиёдати фикрии исломӣ ба мусалмонон барои азнавсаркунии ҳаёти исломӣ ва сипас ба воситаи давлати исломӣ ба тамоми инсоният расонидани он.
Ӯ Таоло мефармояд:
﴿ وَلَقَد وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنكُمۡ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَيَسۡتَخۡلِفَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ كَمَا ٱسۡتَخۡلَفَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمۡ دِينَهُمُ ٱلَّذِي ٱرۡتَضَىٰ لَهُمۡ وَلَيُبَدِّلَنَّهُم مِّنۢ بَعۡدِ خَوۡفِهِمۡ أَمۡنٗاۚ يَعۡبُدُونَنِي لَا يُشۡرِكُونَ بِي شَيۡٔٗاۚ وَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ﴾
“Аллоҳ ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишин кунад, ҳамчунон ки мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишин кард ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад ва тарсашонро ба эминӣ бадал кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизро ба Ман шарик намесозанд. Онҳо, ки аз ин пас ношукрӣ кунанд, нофармонанд” (Сураи Нур, 55).